Consulate General of the Republic of Tajikistan in Dubai

Consulate General of the Republic of Tajikistan in Dubai

Share

Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай

27/06/2026
Photos from Consulate General of the Republic of Tajikistan in Dubai's post 27/06/2026

Таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ!

25 июни соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндагони диаспораи тоҷикон, соҳибкорон, донишҷӯён, варзишгарон, ходимони илму фарҳанг ва меҳмонони хориҷӣ, ки дар Аморот иқомат менамоянд, ширкат варзиданд.

10/06/2026

ЭЪЛОН

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб ба таваҷҷуҳи ҳамватанон ва шаҳрвандони муқими кишвари маҳалли иқомат мерасонад, ки ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июни 2026, аз соати 18:00 то 20:00 дар бинои Намояндагии дипломатӣ дар шаҳри Абу Забӣ ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор мегардад.

Барои иштирок дар чорабинӣ метавонед худро тариқи пайванди электронии зерин ба қайд гиред:

https://form.jotform.com/261541347412451

Photos from Consulate General of the Republic of Tajikistan in Dubai's post 26/05/2026

26 майи 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард, иштирок ва суханронӣ намуданд.

On 26 May 2026 President of the Republic of Tajikistan, the Leader of the Nation, His Excellency Emomali Rahmon participated and delivered a statement at the opening ceremony of the Fourth High-Level International Conference on the International Decade for Action: “Water for Sustainable Development, 2018–2028” which has been commenced in Dushanbe, Tajikistan.

[Матни суханронӣ]

Олиҷанобон,

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба сарзамини бостонии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегуям!

Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.

Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад.

Мо иштироки фаъол ва саҳмгузории шуморо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об баланд қадр менамоем.

Иштирокчиёни гиромӣ,

Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешид.

Дар ин ҷода кишвари мо тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош варзид.

Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об - сарвати бебаҳои ҳаёт – иборат аст.

Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронидашуда мебошад.

Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт мебошад.

Илова бар ин, баргузории муваффақонаи Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 таҳти мизбонии Тоҷикистону Нидерландия зарурати уҳдадориҳои ҷаҳониро барои тезонидани амалҳо дар соҳаи об возеҳан нишон дод.

Мо дар доираи Раванди оби Душанбе ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома дода, имрӯз, чун анъана, ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро аз саросари ҷаҳон барои дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои марбут ба об гирди ҳам овардаем.

Бояд эътироф кард, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзӯи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст.

Ҳоло миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд.

Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.

Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.

Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.

Соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.

Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад.

Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.

Воқеияти зикршуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад.

Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд.

Иштирокдорони муҳтарам,

Ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои марбута, Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ низ чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳалавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардидааст, ки аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар мекунад.

Барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 қабул гардидаанд.

Ин санадҳо афзалиятҳои дарозмуддат ва тадбирҳои мушаххасро барои рушди соҳаи об муайян менамоянд.

Мо ният дорем, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳем.

Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем.

Мо тасмим гирифтаем, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳем.

Дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.

Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намоем.

Дӯстони гиромӣ,

Мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳаммияти хоса медиҳем.

Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳимми об ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор менигарад.

Вобаста ба ин ва бо дарназардошти мушкилоти муосир ва ниёзҳои кишварҳои минтақа, мо ҷонибдори такмили сохтори ин фонд ва дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ ҳастем.

Ин комиссия метавонад ҳамчун як абзори муҳимми таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва таъмини рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал хизмат намояд.

Ҳозирини муҳтарам,

Дар солҳои охир, Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам сохтанд.

Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.

Барои бартараф кардани ин монеаҳо, дар саросари ҷаҳон, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд, ки бояд ягонагӣ ва ҳамкориро дар самти об тақвият бахшанд.

Дар ин росто, мо ба талошҳои мутавозин, муассир ва фарогири манфиатҳои муштарак ниёз дорем.

Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба мақсади тавсеаи ин талошҳо ва амалисозии онҳо имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст.

Аз ин лиҳоз, мо пешниҳод менамоем, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад.

Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.

Ҳозирини гиромӣ,

Мо ба марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” наздик мешавем.

Зарур аст, ки аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем.

Иқдомҳои мо дар ин ҷода бояд аз дастовардҳои Даҳсола, Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.

Ёдовар мешавам, ки мо дар пешорӯи баргузории силсила ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 қарор дорем.

Ҳамзамон бо ин, дар соли 2028 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид хоҳад гардид, ки аз Даҳсолаи ҷории байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» натиҷагирӣ хоҳад кард.

Бар ин боварам, ки натиҷаҳои ин ҳамоишҳо ба ташаккули Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 мусоидат хоҳанд кард.

Дар ин раванд, расидан ба натиҷаҳои амалӣ, маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ, инчунин, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи нави обро ташкил диҳанд.

Дар ин замина, «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд.

Хонумҳо ва ҷанобон,

Комёб гардидани мо дар ин масир, пеш аз ҳама, ба ҳамкории боэътимод, дарки муштараки мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо вобастагӣ дорад.

Биёед, аз имкониятҳои конфронси имрӯза ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаллу фасли масоили об истифода намоем.

Ҳамаи мо масъулияти муштараки муҳим дорем – ганҷинаи бебаҳои сайёра, яъне захираҳои обро бояд барои наслҳои имрӯзу оянда оқилона ва самаранок идора намоем.

Ҳозирини гиромӣ,

Дар хотима, мехоҳам эълон намоям, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.

Ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.

Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

https://president.tj/event/news/55706

[Text of Statement]

Dear Excellencies,

Heads of delegations,

Ladies and gentlemen,

First of all, I would like to sincerely welcome each of you to the ancient land of Tajikistan!

We are proud that today, within the framework of the Dushanbe Water Process, the Fourth High-Level International Conference on the "International Decade for Action: Water for Sustainable Development, 2018–2028" is being held.

This conference will help to shape our shared commitment to strengthen cooperation and accelerate action to address one of the most pressing issues of our time.

We highly appreciate your active participation and contribution to advancing the global water agenda.

Dear participants,

In recent years, Tajikistan has taken a series of practical measures to place water at the center of the international development agenda.

In this regard, our country has made continuous efforts through its initiatives in the field of water, which have always been supported by the United Nations General Assembly.

At the heart of our efforts is the issue of improving the status and value of water, the invaluable resource of life.

Tajikistan continues to advocate for a balanced, inclusive, and results-oriented approach.

The proclamation of the International Decade for Action “Water for Sustainable Development” stands as a clear testament to our collective efforts in this direction.

Moreover, the successful holding of the historic United Nations Water Conference in 2023, hosted by Tajikistan and the Netherlands, clearly demonstrated the need for global commitments to accelerate actions on water.

Within the framework of the Dushanbe Water Process, we continue our efforts to create an inclusive and transparent international platform, and today, this conference, as a tradition, brings together governments and other stakeholders from around the world to advance the implementation of water-related commitments.

It should be recognized that despite the progress made on water, the world still faces a number of challenges that continue to impede progress toward the achievement of Sustainable Development Goal 6.

Billions of people currently lack access to safe drinking water and sanitation services, with nearly 4 billion people experiencing severe water shortages for at least one month each year.

Current trends indicate that these challenges will intensify significantly in the future.

According to new expert research, the world's demand for drinking water will increase by at least 25 percent by 2050, requiring the production of 50 percent more food for the growing population.

At the same time, almost half of the world's urban population will face water shortages.

New and rapidly growing sectors, including “green” industries, urban development, food production, and digital infrastructure, will further increase water demand.

These trends redouble the need for a transition to water-efficient technologies, efficient resource management, and better coordination of water, energy, and food policies.

Moreover, the impact of climate change, including droughts, floods, rapid glacier melting, and rising sea levels, is further exacerbating the current situation.

This reality continues to place additional pressure on already fragile systems.

These indicators are not mere predictions but a serious warning and a call to action for each of us.

Dear participants,

To address related problems, Tajikistan is also taking necessary measures at the national and regional levels.

Under the Water Sector Reform Program, the legal and institutional framework for the phased implementation of integrated water resources management has been significantly strengthened, and key infrastructure has been modernized, which is already improving the efficiency and sustainability of water use.

To accelerate progress toward the achievement of Sustainable Development Goal 6 in our country, the National Water Strategy for the Period up to 2040 and the State Program for Drinking Water Supply and Sanitation for 2025–2029 have been adopted.

These documents identify long-term priorities and specific measures for the development of the water sector.

We intend to ensure the full implementation of coordinated water resources management at the national and basin levels by 2030, and to establish a modern, science-based, sustainable, and efficient system.

Simultaneously, we are committed to ensuring access to centralized water supply for at least 90 percent of the population by 2040.

Through this measure, we are determined to guarantee access to clean drinking water for every citizen.

At the same time, Tajikistan plans to scale up water-saving technologies by more than forty times, making the efficient use of this invaluable resource a key tool for climate change adaptation.

Furthermore, we aim to increase the digitalization of water resources management to 80 percent by 2040, thereby ensuring transparency, efficiency, and sustainability of related decision-making.

Dear friends,

We attach particular importance to the development of transboundary cooperation in the water sector.

We will continue to strive to further strengthen trust, partnership, and constructive dialogue in Central Asia on addressing critical water issues.

Tajikistan views the International Fund for Saving the Aral Sea as a helpful regional platform for discussing and resolving a range of water issues for sustainable development.

In this regard, and taking into account the current challenges and needs of the countries of the region, we support the structural improvement of this fund and the establishment of an Interstate Energy Commission for Central Asia within its framework.

This commission could serve as an important tool for strengthening regional cooperation and ensuring sustainable development of the Aral Sea basin.

Dear audience,

In recent years, the International Decade for Action on Water and the Water Action Agenda have provided a solid foundation for addressing water-related challenges.

Nevertheless, we continue to encounter significant obstacles in tackling these challenges for the well-being of the planet both now and in the future.

To overcome these obstacles, significant initiatives are being taken around the world at the national, regional, and global levels, which should strengthen unity and cooperation on water.

In this regard, we require balanced, effective, and inclusive efforts that encompass our shared interests.

Tajikistan believes that in order to expand these efforts and implement them, there is a need to move to a new stage of global cooperation in the water sector.

In this regard, we propose the establishment of a “Dushanbe Water Framework.”

This framework can strengthen ongoing processes on water and provide a favorable basis for coordination and integration of joint efforts to achieve practical results.

Dear audience,

We are approaching the concluding phase of the International Decade for Action “Water for Sustainable Development.”

It is necessary to start thinking now about the global water agenda after 2030.

Our actions in this direction should be built on the achievements of the Decade, the Water Action Agenda, and the experience of the Dushanbe Water Process, and should be directed at addressing the growing challenges related to water.

I wish to recall that we are preparing to host a series of important global water summits, including the United Nations Water Conference in 2026 and the Sustainable Development Goals Summit in 2027.

Concurrently, in 2028, the city of Dushanbe will serve as the host for the United Nations Water Conference, concluding the International Decade for Action, “Water for Sustainable Development.”

I believe that the results of these conferences will contribute to the formation of the World Water Agenda after 2030.

In this process, achieving practical results, sustainable financing, water policy integration with climate and energy, food and environmental systems, as well as strengthening regional and international cooperation should be key themes of the New Water Agenda.

In this context, the “Dushanbe Water Framework” will become the engine for promoting the post-2030 World Water Agenda.

Ladies and gentlemen,

Our success on this path depends, above all, on reliable cooperation, a shared understanding of problems, and finding solutions to them.

Let us seize the opportunities of today's conference as a turning point in addressing water issues.

We all have an important shared responsibility: to manage the planet's invaluable treasure, namely water resources, wisely and effectively for present and future generations.

Dear audience,

In conclusion, I would like to announce that we have established the International Water Award of the President of the Republic of Tajikistan with the aim of promoting and strengthening water diplomacy and uniting the efforts of the international community for a sustainable and secure future.

This award is intended to recognize outstanding contributions to the development of international cooperation, scientific research, sustainable water policy, and the promotion of effective solutions to global water problems.

At the same time, we decided to establish the International Abu Ali ibn Sina (Avicenna) Award in Medicine.

This award, in line with Sustainable Development Goals 3 and 6, aims to recognize outstanding contributions and achievements in the development of international cooperation, scientific achievements, and the promotion of sustainable policies in the aforementioned areas.

Thank you for your attention.

https://president.tj/event/news/55710

26/05/2026

Паёми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Конфронси чоруми оби Душанбе
Дар пешорӯи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» (ш. Душанбе, 25-28 майи соли 2026) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паёми хеш ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд.
Дар паём аҳамияти об ҳамчун асоси ҳаёт, рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика ва шукуфоии иқтисодӣ таъкид гардид. Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ишора шуд.
«Ғамхорӣ нисбати об - ғамхорӣ баҳри ояндаи муштараки мост», - таъкид гардид дар паём.
Вазири корҳои хориҷӣ аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бори дигар даъват ба амал овард, ки рӯзҳои 25–28 майи соли 2026 дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе иштирок намоянд.

رسالة وزير خارجية جمهورية طاجيكستان بشأن مؤتمر دوشنبه الرابع للمياه
قبل انعقاد المؤتمر الدولي رفيع المستوى الرابع حول العقد الدولي للعمل "الماء من أجل التنمية المستدامة، 2018-2028" (دوشنبه، 25-28 مايو 2026)، وجّه سراج الدين مُهرالدين، وزير خارجية جمهورية طاجيكستان رسالةً إلى المجتمع الدولي.
تم التأكيد في الرسالة على أهمية المياه باعتبارها أساس الحياة والتنمية المستدامة والأمن الغذائي والصحة والطاقة والازدهار الاقتصادي. كما تمت الإشارة إلى ضرورة تعزيز التعاون الدولي في ظل تزايد التهديدات المتعلقة بالمياه وتغير المناخ والذوبان السريع للأنهار الجليدية.
وشددت الرسالة على أن "الاهتمام بالمياه هو اهتمام بمستقبلنا المشترك".
ودعا وزير الخارجية مجدداً الحكومات والمنظمات الدولية والمؤسسات المالية والمجتمع العلمي والشباب والقطاع الخاص وغيرهم من أصحاب المصلحة إلى المشاركة في مؤتمر دوشنبه رفيع المستوى للمياه، المقرر عقده خلال الفترة من 25 إلى 28 مايو 2026.

Message of the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan on the occasion of the 4th Dushanbe Water Conference
The Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan H.E. Sirojiddin Muhriddin addressed a message to the international community in advance of the 4th High-Level International Conference dedicated to the International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018–2028, to be held in Dushanbe on 25–28 May 2026.
The message highlighted the vital role of water as the foundation of life, sustainable development, food security, public health, energy, and economic prosperity. It also emphasized the need to strengthen international cooperation amid growing water-related problems, climate change, and the rapid melting of glaciers.
“Taking care of water means taking care of our common future,” the message underlined.
The Minister of Foreign Affairs once again called on governments, international organizations, financial institutions, academia, youth, the private sector, and other interested stakeholders to take part in the Conference, to be held from 25 to 28 May 2026 in Dushanbe.

Послание Министра иностранных дел Республики Таджикистан посвященной Четвёртой Душанбинской водной конференции
В преддверии Четвёртой Международной конференции высокого уровня, посвящённой Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития» 2018–2028 годов (25-28 мая 2026 г. Душанбе), Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин обратился с посланием к международному сообществу.
В обращении была подчеркнута ключевая роль воды как основы жизни, устойчивого развития, продовольственной безопасности, здравоохранения, энергетики и экономического процветания. Особое внимание было уделено необходимости укрепления международного сотрудничества на фоне растущих водных проблем, изменения климата и ускоренного таяния ледников.
«Забота о воде — это забота о нашем общем будущем», - отмечено в обращении.
Министр иностранных дел вновь призвал правительства, международные организации, финансовые институты, научные круги, молодежь, частный сектор и другие заинтересованные стороны принять участие в Конференции, которая состоится 25–28 мая 2026 года в Душанбе.

25/05/2026

Чорабинии варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Дубай
#футбол #дубай

Photos from Consulate General of the Republic of Tajikistan in Dubai's post 25/05/2026

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Дубай бо иштироки фаъоли шаҳрвандони тоҷики муқими АМА #тоҷикистон

31/03/2026

Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва
Узбекистон
Ташаккур, муҳтарам Шавкат Миромонович.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам бори дигар ба муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев
барои даъват ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намоям.
Рамзист, ки мулоқоти мо дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз
баргузор мешаванд.
Шумо, ҷаноби Президент, ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми бародари
Узбекистонро бо ин ҷашни фархунда табрик мегӯям!
Наврӯз муборак!
Музокироти имрӯза дар шакли хосса ва дар доираи ҷаласаи нахустин Шурои
олии байнидавлатӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод баргузор гардид.
Маҷмуи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ байни
кишварҳоямон, инчунин, дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро муфассал баррасӣ
кардем.
Аҳамияти идома додани тамосҳои мунтазами сиёсиро барои пешбурди
ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон зикр кардем.
Мо ҷонибдории худро барои истифодаи самараноки имкониятҳои назарраси
ҳамкории дуҷониба тасдиқ кардем.
Зимни музокирот ба татбиқи амалии тавофуқҳои қаблан бадастомада дар ҳама
соҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
То имрӯз заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаи
кишварҳоямон ташаккул ёфтааст.
Имрӯз мо бастаи нави санадҳоро қабул кардем.
Ин санадҳо барои тақвияти ҳамкории тарафҳо дар соҳаҳои тиҷорат ва
сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, рушди технология ва бахши кишоварзӣ
пешбинӣ шудаанд.
Ҳамчунин, аҳамияти санадҳоеро, ки ба рушди робитаҳо дар соҳаҳои тиб,
сайёҳӣ ва фарҳанг равона шудаанд, таъкид менамоям.
Бешубҳа, масъалаи густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ чун
пештара аз авлавиятҳои асосии рӯзномаи дуҷонибаи мо боқӣ мемонанд.
Мо ҷараёни устувори афзоиши тиҷорати дуҷонибаро баланд арзёбӣ кардем.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта афзоиши гардиши мол тақрибан 30 фоизро
ташкил дод.
Мо қабули фаврии Барномаи зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол то 2 миллиард
доллари амрикоиро то соли 2030-ро истиқбол менамоем. Аз пешниҳоди
расидан ба ин нишондиҳанда то соли 2028 ҷонибдорӣ менамоем.
Ҳамкории сармоягузорӣ фаъолона пеш мераванд.
Имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз чорсад (410) корхона бо
сармояи Тоҷикистон фаъолият дорад.
Ин аз сатҳи баланди фаъолияти тиҷоратии соҳибкорони мо дарак медиҳад.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон зиёда аз яксаду сӣ (131) корхона бо сармояи
Узбекистон фаъолият дорад.
Мо ба густариши минбаъдаи иштироки доираҳои тиҷоратии Узбекистон дар
татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон умед дорем.
Иқтидори назарраси рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои саноату
энергетика ва бахши кишоварзӣ зикр кардем.
Ба рушди лоиҳаҳои дурнамодор дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, металлургия,
мошинсозӣ, саноати сабук, истеҳсоли хӯрокворӣ ва сохтмон таваҷҷуҳ зоҳир
намудем.
Зарурати густариши фаъолияти Ширкати муштараки сармоягузориро махсусан
таъкид кардем.
Ҳавасмандии тарафайнро дар рушди робитаҳои минтақавӣ тасдиқ кардем.
Пешрафти мусбатро дар масъалаи фароҳам овардани шароити зарурӣ барои
рафтуомади байниҳамдигарии шаҳрвандони ду кишвар зикр намудем.
Соли гузашта тақрибан ду миллиону ҳаштсад ҳазор (2,780,000) шаҳрванди
Тоҷикистон аз Узбекистони ҳамсоя, аз ҷумла ҳамчун сайёҳ, боздид карданд.
Дар навбати худ, зиёда аз як миллиону сад ҳазор (1,117,000) шаҳрванди
Узбекистон ҳамчун сайёҳ ба Тоҷикистон ворид шуданд.
Ба мувофиқа расидем, ки кӯшишҳои худро барои густариши минбаъдаи ҳамёрӣ
дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика, инчунин, мавриди истифода қарор додани
технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ равона намоем.
Татбиқи ҳамаи ҳадафҳо ва вазифаҳои муайяншуда ба зиммаи Комиссияи
байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ вогузор карда мешавад.
Дар рафти музокирот мо тасмими худро барои минбаъд низ фаъолона густариш
додани мубодилаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ тасдиқ кардем.
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва сайёҳӣ
низ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, аҳамияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати ҷавонон, варзиш
ва васоити ахбори оммаро зикр кардем.
Тавре муҳтарам Шавкат Миромонович зикр намуданд, мо дастгирии фаъолро
идома дода, барои ҷамъияти узбекон дар Тоҷикистон ва ҷамъияти тоҷикон дар
Узбекистон ҷиҳати ҳифз ва рушди забонҳои модарӣ, фарҳанг, анъана ва
суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам меорем.
Якҷо лоиҳаҳоро оид ба бунёди мактабҳо ва донишгоҳҳо ҷиҳати фароҳам
овардани имкони таҳсил ба забони модарӣ барои онҳо таҳия хоҳем кард.
Ба дӯстони узбекистонӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати дар
доираи сафар баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон
изҳори сипос менамоем.
Зимни музокирот мо рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро муфассал баррасӣ
кардем.
Аз афзоиши хавфу таҳдидҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ изҳори нигаронии ҷиддӣ
намудем.
Мавқеи ҳамсони худро ҷиҳати ҳалли мушкилот ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ
кардем.
Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Мо аҳамияти идома додани ҳамоҳангии ҳамёрӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва
хадамоти махсусро дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва
тундгароии динӣ зикр кардем.
Ҳамчунин, зарурати таъхирнопазири тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо
ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои
муташаккили фаромиллиро таъкид кардем.
Ташаннуҷи вазъи ҳарбию сиёсии атрофи минтақаамонро баррасӣ кардем.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам мавқеи устувори Тоҷикистонро дар мавриди
ҳалли ҳама гуна низоъҳо ва ихтилофот танҳо бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ва
дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали
Муттаҳид бори дигар таъкид намоям.
Дӯстони азиз,
Мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни
кишварҳоямонро баланд арёзбӣ менамоем.
Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак ҳамкории Тоҷикистону
Узбекистонро дар руҳияи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии якдигарӣ минбаъд
низ тақвият медиҳем.
Бешубҳа, қарорҳои дар доираи ҷаласаи нахустини Шурои олии байнидавлатӣ
қабулшуда барои самаранок ноил шудан ба ҳадафҳои зикргардида, ки ба
манфиати ду халқи бародари мо хизмат мекунанд, мусоидат менамоянд.
Бо камоли хушнудӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷаноби Олӣ, Шавкат
Миромонович Мирзиёевро барои анҷом додани сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
даъват намудам.
Ташаккур.
https://www.president.tj/event/news/54992

Заявление для прессы по итогам таджикско-узбекских переговоров на высшем
уровне
Благодарю Вас, уважаемый Шавкат Миромонович.
Уважаемые представители средств массовой информации,
Прежде всего, хотел бы ещё раз выразить признательность уважаемому
Шавкату Миромоновичу Мирзиёеву, за приглашение и радушный приём.
Символично, что наши встречи проходят в дни Международного праздника
Навруз.
Поздравляю, всех присутствующих и весь братский народ Узбекистана с этим
светлым праздником!
Навруз муборак!
Сегодняшние переговоры в узком формате и в рамках первого заседания
Высшего межгосударственного совета прошли в атмосфере взаимопонимания и
доверия.
Мы предметно обсудили комплекс вопросов стратегического партнёрства и
союзнических отношений наших стран, а также перспективы их дальнейшего
развития.
Отметили важность продолжения регулярных политических контактов для
продвижения многогранного таджикско-узбекского взаимодействия.
Подтвердили нашу приверженность курсу на эффективную реализацию
значительного потенциала двустороннего сотрудничества.
В ходе переговоров особое внимание было уделено вопросам практической
реализации достигнутых ранее договорённостей по всем направлениям.
К настоящему времени сформирована солидная договорно-правовая база
двухстороннего сотрудничества наших стран.
Сегодня мы приняли новый пакет документов.
Они призваны придать дополнительный импульс взаимодействию сторон в
сферах торговли и инвестиций, энергетики, транспорта, развития технологий и
в аграрном секторе.
Также подчеркну значение документов, направленных на развитие связей в
областях медицины, туризма и культуры.
Безусловно, вопросы дальнейшего наращивания торгово-экономического
сотрудничества остаются ключевым приоритетом нашей двусторонней
повестки.
Мы высоко оценили устойчивую динамику роста взаимной торговли.
По итогам прошлого года рост товарооборота составил порядка тридцати
процентов.
Мы приветствуем ускоренное принятие Программы по увеличению взаимного
товарооборота до двух миллиардов долларов к 2030 году. Поддерживаем
предложение по достижению этого показателя до 2028 года.
Активно продвигается инвестиционное сотрудничество.
Сегодня на территории Республики Узбекистан функционирует более
четырёхсот предприятий с участием таджикского капитала.
Это свидетельствует о высокой деловой активности наших предпринимателей.
В то же время, в Таджикистане действует свыше ста тридцати предприятий с
участием узбекского капитала.
Рассчитываем на дальнейшее расширение участия узбекских деловых кругов в
реализации совместных проектов в Таджикистане.
Мы отметили значительный потенциал для развития двустороннего
сотрудничества в сферах промышленности, энергетики и в аграрном секторе.
Акцентировали внимание на разработку перспективных проектов в
горнорудной, металлургической, машиностроительной, лёгкой, пищевой и
строительной отраслях.
Особо подчеркнули необходимость наращивания деятельности Совместной
инвестиционной компании.
Подтвердили обоюдную заинтересованность в развитии связей на уровне
регионов.
Мы отметили позитивные сдвиги в вопросах создания необходимых условий
для взаимных поездок граждан двух стран.
В прошлом году порядка двух миллионов восемьсот тысяч граждан
Таджикистана посетили соседний Узбекистан, в том числе в качестве туристов.
В свою очередь, более одного миллиона ста тысяч граждан Узбекистана
въехали в Таджикистан как туристы.
Договорились направить усилия на дальнейшее расширение взаимодействия в
сферах транспорта и логистики, а также по внедрению цифровых технологий и
искусственного интеллекта.
Реализация всех обозначенных целей и задач будет возложена на
Межправительственную комиссию по
торгово-экономическому
сотрудничеству.
В рамках переговоров мы подтвердили намерение и далее активно расширять
культурно-гуманитарные обмены.
Были рассмотрены вопросы укрепления взаимодействия в сферах образования,
науки, здравоохранения и туризма.
Также отметили важность наращивания сотрудничества в сферах молодёжной
политики, спорта и средств массовой информации (СМИ).
Как отметил уважаемый Шавкат Миромонович, мы продолжим активную
поддержку и обеспечим благоприятные условия для узбекской диаспоры в
Таджикистане и таджикской диаспоры в Узбекистане с целю сохранения и
развития родных языков, культуры, традиций и обычаев.
Будем совместно разрабатывать проекты по строительству школ и
университетов для получения ими образования на родном языке.
Выражаем признательность узбекским друзьям за создание необходимых
условий для проведения в рамках визита Дней культуры Таджикистана в
Узбекистане.
В ходе переговоров мы подробно обсудили международную и региональную
повестку.
Выразили серьёзную обеспокоенность нарастающей напряжённостью в
мировой политике.
Подтвердили близость подходов в вопросах противодействия вызовам и
угрозам безопасности.
Особое внимание было уделено вопросам региональной безопасности.
Отметили важность продолжения координации взаимодействия между
правоохранительными органами и спецслужбами по вопросам борьбы с
терроризмом, экстремизмом и религиозным радикализмом.
Указали на насущную необходимость укрепления сотрудничества в борьбе с
киберпреступностью, наркотрафиком и другими проявлениями организованной
транснациональной преступности.
Обсудили эскалацию военно-политической ситуации вокруг нашего региона.
Пользуясь случаем, хотел бы вновь подчеркнуть неизменную позицию
Таджикистана по разрешению всех конфликтов и противоречий исключительно
политико-дипломатическими методами в соответствии с принципами
международного права и Устава ООН.
Дорогие друзья,
Мы высоко ценим всестороннее развитие отношений стратегического
партнёрства и союзничества между нашими странами.
Убеждён, что совместными усилиями мы и впредь будем укреплять таджикско-
узбекское сотрудничество в русле дружбы, добрососедства и взаимной
поддержки.
Несомненно, решения, принятые в рамках первого заседания Высшего
межгосударственного совета, будут способствовать эффективному достижению
намеченных целей, отвечающих интересам двух братских народов.
Я с большим удовольствием пригласил Президента Республики Узбекистан,
уважаемого Шавката Миромоновича Мирзиёева, посетить Республику
Таджикистан с визитом.
Спасибо.
https://www.president.tj/event/news/54976

Want your business to be the top-listed Government Service in Dubai?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address

3001, 30 Floor, Platinum Tower, JLT
Dubai
54014