28/05/2026
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
28/05/2026
25/05/2026
21/05/2026
Вохӯрии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон
21 майи соли 2026 дар шаҳри Боку, пас аз иштирок дар чорабиниҳои канории Ҷаласаи 13-уми Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13), вохӯрии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҳамчун роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҳайати ҳамроҳон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Озарбойҷон дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи давлатии шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Озарбойҷон Довлетхан Фамил оғлу Довлетханов, раиси Кумитаи шаҳрсозӣ ва меъмории Ҷумҳурии Мухтори Нахичевон Илгар Садихов ва дигар намояндагони соҳавии Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, татбиқи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳа ва табодули таҷрибаи пешқадам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин доир ба рушди инфрасохтори шаҳрӣ, такмили низоми банақшагирии шаҳрсозӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳои корӣ байни сохторҳои дахлдори ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
19/05/2026
ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР САММИТИ РОҲБАРОН ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО (WUF13)
18 майи соли 2026 дар шаҳри Боку дар доираи Ҷаласаи 13-уми Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) Саммити роҳбарон баргузор гардид, ки дар кори он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои гуногун иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мирзозода Низом Юсуфӣ иштирок намуд.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе- Қурбонализода Нурулло ва раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе -Гуреззода Умед шомил буданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон -Илҳом Абдураҳмон ҳамроҳӣ намуд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев зимни сухани ифтитоҳии худ иштирокчиёни форумро хайрамақдам гуфта, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти рушди устувори шаҳрҳо, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҳалли масъалаҳои марбут ба манзил таъкид намуд.
Сипас, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар паёми видеоии худ изҳор дошт, ки имрӯз масъалаи таъмини аҳолӣ бо манзили муносиб ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъмини ҳуқуқ ба манзили шоиста ҳамчун ҷузъи муҳими зиндагии арзандаи инсон аҳамияти хос дорад.
Дар идомаи ҳамоиш муовини Дабири кулли СММ ва директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN-Habitat) Ана Клаудия Россбах баргузории форумро қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва пешбурди шаҳрҳои амн, устувор ва фарогир арзёбӣ кард.
Ҳамчунин, зимни суханрониҳои роҳбарону намояндагони кишварҳо масъалаҳои марбут ба рушди устувори шаҳрҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, таъмини манзили дастрас ва рушди инфрасохтори муосири шаҳрӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи саммит масъалаҳои вобаста ба рушди устувори шаҳрҳо, такмили сиёсати шаҳрсозӣ, таъмини манзили дастрас, рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
18/05/2026
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон.
Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 17 майи соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Мирзозода Низом Юсуфӣ дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо, ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, иштирок намуд.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе -Қурбонализода Нурулло, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе -Гуреззода Умед ва директори ҶСК «Шаҳрофар»- Шамсиддинзода Тоҷиддин шомил буданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон - Илҳом Абдураҳмон ҳамроҳӣ намуд.
Форуми мазкур ба масъалаҳои рушди устувори шаҳрҳо, татбиқи Рӯзномаи нави шаҳрӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ бахшида шуда, ҳамчун майдони муҳими табодули таҷриба ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Дар доираи форум Мирзозода Низом Юсуфӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи сохтмон ва инфрасохтори шаҳрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди шаҳрсозӣ, сохтмон ва бунёди инфрасохтори муосир маълумоти муфассал пешниҳод кард. Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин бахши ҳаётан муҳим дар кишвари мо, дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва амалисозии барномаву стратегияҳои мушаххас ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид.
Ҳамзамон, ба иштирокчиёни форум навори видеоии «Душанбе - марвориди Шарқ» намоиш дода шуд, ки дар он дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои меъморӣ, сохтмон ва рушди шаҳрҳо, аз ҷумла бунёди иншооти муҳими давлатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин раванди рушди босуръати шаҳри Душанбе инъикос ёфта буд.
Дар ҳошияи форум миёни намояндагони кишварҳои иштирокчӣ масъалаҳои мубрами рушди шаҳрсозӣ, истифодаи таҷрибаи муосир ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
17/05/2026
ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧОРАБИНИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МУСОБИҚАИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Субҳи 17 май соли 2026 кормандони дастгоҳи марказӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита дар чорабинии дави миллӣ ва мусобиқаи велосипедронӣ фаъолона иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ-таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавигардонии он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
16/05/2026
Источник: https://mas.gov.by/ru/news-ru/view/dusha-dushanbe-2682-2026/
Министерство архитектуры и строительства
Республики Беларусь
Душа Душанбе
Белорусская делегация в составе представителей ОАО "НИИ Стройэкономика" завершила деловой визит в Республику Таджикистан.
В ходе визита был проведен ряд рабочих встреч с Председателем Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан.
Доклад белорусской делегации заинтересовал таджикских коллег. Стороны наметили ряд совместных проектов в области ценообразования проектных работ, представляющих взаимный интерес.
Сердечное гостеприимство коллег из Душанбе сделало пребывание в Таджикистане ярким, комфортным и запоминающимся.
Итогом визита стали посещение столичных строительных предприятий, подписание коммерческих контрактов, а также приглашение таджикской делегации в Беларусь для участия в международной архитектурно-строительной выставке «BUDEXPO» в сентябре 2026 г.
14/05/2026
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ОИДИ НАРХГУЗОРӢ
ДАР СОҲАИ СОХТМОН
Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 13 майи соли 2026 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Беларус ҳайати мутахассисони соҳаи нархгузории Ҷумҳурии Беларус бо мақсади табодули таҷрибаи касбӣ ва густариши ҳамкориҳои соҳавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар доираи ин сафар баргузории як қатор вохӯриҳо ва машваратҳои соҳавӣ ба нақша гирифта шуда, масъалаҳои мубрами соҳаи сохтмон, аз ҷумла такмили низоми нархгузорӣ, муайян намудани арзиши корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои касбӣ байни мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, 13 майи соли 2026 Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Беларус-ро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонро баррасӣ намуда, ба густариши робитаҳои касбӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ҳамзамон, масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти нархгузорӣ, такмили санадҳои меъёрӣ, истифодаи усулҳои муосири муайян намудани арзиши корҳои сохтмонӣ ва татбиқи таҷрибаи амалии кишварҳои пешрафта муҳокима гардиданд.
Дар идомаи барномаи сафар бо иштироки мутахассисони Ҷумҳурии Беларус, намояндагони ташкилотҳои лоиҳакашӣ, коршиносони соҳаи сохтмон ва дигар сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои соҳавӣ баргузор карда шуданд. Дар рафти ин машваратҳо масъалаҳои муайян намудани арзиши корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ, истифодаи меъёрҳои техникӣ ва иқтисодӣ, инчунин таҷрибаи Ҷумҳурии Беларус дар самти нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Мутахассисони Ҷумҳурии Беларус таҷрибаи амалии худро оид ба татбиқи низомҳои муосири нархгузорӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ҳисобу китобҳои сохтмонӣ ва такмили механизмҳои идоракунии арзиши лоиҳаҳои сохтмонӣ муаррифӣ намуданд.
Санаи 14 май ҳайати мутахассисони Ҷумҳурии Беларус бо мутахассисони зерсохторҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту машваратҳои иловагии соҳавӣ баргузор намуданд. Дар ҷараёни ин вохӯриҳо масъалаҳои такмили механизмҳои муайян намудани арзиши корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ, мутобиқсозии меъёрҳои соҳавӣ ба талаботи муосир, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқотҳо ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули доимии таҷриба ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро барои рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои касбӣ ба тариқи онлайн таъкид карданд.
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Category
Website
Address
Dushanbe
734025
