Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Government Organization, Mirzo Tursunzoda 27, Dushanbe.

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 02/06/2026

ШАРҲИ СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

2-юми июни соли 2026 бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва муовинони корхонаҳои зерсохтор дар толори Саридораи геологияи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 тавзеҳ дода шуд.
Ҷаласаро муовини якуми сардори Саридора Исомуддин Холзода оѓоз намуда, иброз кард, ки дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз - ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлоли давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад”. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Стратегия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро эътироф намудааст, таҳия гардидааст.
Сипас, прокурори Маркази ягонаи иттилоот оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Маҳмуродзода моҳият ва муҳтавои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 шарҳ дода, зикр кард, ки Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин таҳкими ҳамкории онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм равона гардидааст.
Шартҳои муҳимми ба амал баровардани тадбирҳо оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар доираи Стратегия мувофиқати онҳо ба муқаррароти қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи гурезаҳо, баробарӣ ва манъи табъиз, ба инобат гирифтани ҳассосияти гендерӣ, озодӣ аз шиканҷа ва намудҳои дигари муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин ҳуқуқу озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбанд.
Бо қабул ва амалӣ намудани стратегияҳои мазкур муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ки то давраи оғози раванди банақшагирии стратегии сиёсати давлатӣ дар ин самт асосан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ба амал бароварда мешуд, ба вазифаи муштараки давлат ва ҷомеа табдил ёфта, самтҳои асосии ин сиёсат ва вазифаҳои ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ дар ин самт муайян ва фаъолияти онҳо мақсаднок равона карда шуд. Дар байни кормандони ниҳодҳои давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма чорабиниҳои васеи маърифатӣ ва фаҳмондадиҳӣ тарғиботӣ гузаронида шуда, дар ҷомеа дарки дурусти зуҳуроти мазкур, фазои ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулнопазирӣ ва масъулияти дастҷамъӣ дар муқобили ифротгароӣ ташаккул дода шуд.
Бо мақсади тақвияти ниҳодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм моҳи апрели соли 2023 дар сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст.
Ҳадафи Стратегия ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти ҷамъиятӣ дар заминаи ташаккули низоми самараноки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои экстремизм ва терроризм мебошад.
Вазифаҳои асосии Стратегия муайян намудани иқдомоти минбаъда дар ин самт дар заминаи таҳлили таҷрибаи миллии банақшагирии маҷмуии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи субъектҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва ниҳодҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ доир ба бартараф намудани таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ ва баланд бардоштани нақши мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, (ҷомеаҳои маҳаллӣ), соҳаи маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила дар пешгирии барвақтии рӯҳияи экстремистӣ, аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм мусоидаткунанда дар муҳити динӣ, фазои маҷозӣ, муассисаҳои ислоҳӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, тақвияти тадбирҳо оид пешгирии маблағгузории терроризм, офиятбахшӣ ва барқарорсозии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда ё гузаштаи экстремистию террористидошта, такмили заминаҳои ҳуқуқию ниҳодӣ ва амалияи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм, механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин вусъат бахшидани ҳамкориҳои байналмилаллӣ дар ин самт ба шумор мераванд.

Маркази матбуот

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 26/05/2026

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИММИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ГАРДИДААСТ

15-уми майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Саридораи геология бо иштироки сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардорони шуъба ва мудирони бахши Дастгоҳи марказӣ дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” вохӯрӣ бо намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Сардори Саридораи геология Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар оғоз зикр кард, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол барои ҳифзи амният ва сулҳу субот қонунҳои муҳимро қабул кардааст. Мақсади онҳо пешгирии ҳар гуна амалҳои ифротӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таъмин намудани оромии ҷомеа мебошад.
Дар идома корманди мақомоти амният Зоир Юсупов Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро шарҳ дода, иброз намуд, ки муқовимат ба экстремизм фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони дигари ҳуқуқӣ, ки ба ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти давлат, ошкор кардани сабабу шароити ба зуҳуроти экстремизм мусоидаткунанда, инчунин барои огоҳонӣ, ошкор, пешгирӣ, рафъ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои он равона карда шудааст.
Дар вохӯрӣ инчунин дар бораи экстремизму терроризм, шомилшавии ҷовонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бегонапарастӣ, ҳимояи марзу бум, хуррофотпарастӣ ва нигоҳ доштани зиракии сиёсӣ ибрози андеша карда шуд.
Махсус таъкид гардид, ки кормандон ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар иҷрои қонуни мазкур масъулияти баланд дошта бошанд.

Маркази матбуот

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 26/05/2026

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯ ДАР ФЕСТИВАЛИ БОШУКӮҲИ ФУТБОЛ

25-уми май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукӯҳи футбол доир гардид, ки дар он кормандони Саридораи геология фаъолони иштирок карданд.
Фестивали футбол бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, дӯстию рафоқат, ташаккули маҳорату малакаи варзишӣ ва оммавӣ гардонидани футбол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

Маркази матбуот

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 21/05/2026

ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ

21-уми май роҳбарият ва кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёрати оромгоҳи бунёдгузорони давлатдории тоҷикон — Қаҳрамонони халқи тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад рафта, ба рӯҳи поки онҳо эҳтиром гузоштанд.
Ин ибтикор дар пайравӣ ба иқдоми таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 19-уми май як мушт хоки ин фарзандони барӯманди миллатро ба Ватан баргардонданд, амалӣ шуд. Роҳбарият ва кормандони ин мақомоти давлатӣ ҳамчун нишонаи олии садоқат ба таърихи пурифтихори миллат ва заҳматҳои арзишманди ниёгон ба оромгоҳи ин чеҳраҳои мондагори миллӣ гулу гулдастаҳо гузоштанд.
Ҳамчунин, хотираи неки шоирони маҳбуб ва арбобони барҷастаи давлатӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар фарзандони фарзонаи миллат, ки дар ин макони муқаддас дафн шудаанд, аз ҷониби кормандон гиромӣ дошта шуд.

Маркази матбуот

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 18/05/2026

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ САРИДОРА ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ

Субҳи 17-уми майи соли 2026 ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ доир карда шуд, ки дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок карданд.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.

Маркази матбуот

15/05/2026

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САРИДОРАИ ГЕОЛОГИЯИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи фармоиши сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои зерини маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2641.00 сомонӣ;
2. Сармутахассиси шуъбаи иқтисодӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2641.00 сомонӣ;
3. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва молия 1 ҷой, маоши мансабӣ 2641.00 сомонӣ;
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорат 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154.00 сомонӣ;
5. Мутахассиси пешбари шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154.50 сомонӣ;
6. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154.50 сомонӣ;
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154.50 сомонӣ;
8. Мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолию техникӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 2154.50 сомонӣ;
9. Мутахассиси шуъбаи геология 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779.20 сомонӣ;
10. Мутахассиси шуъбаи илм ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779.20 сомонӣ;
11. Мутахассиси шуъбаи назорати геологӣ ва фонди иттилооти геологӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779.20 сомонӣ;
12. Мутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорат 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779.20 сомонӣ;
13. Мутахассиси шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779.20 сомонӣ.
Талабот барои ишғоли мансабҳои холии хизмати давлатӣ

САРМУТАХАССИСИ ШУЪБА:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

МУТАХАССИСИ ПЕШБАРИ ШУЪБА:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, дониш ва малакаи хуби муошират, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

МУТАХАССИСИ ШУЪБА:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, малакаи хуби муошират, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон, малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

ТАЛАБОТИ ҲАТМӢ БАРОИ ДОВТАЛАБОН

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро талаб менамояд.

ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 адад акси андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома (объективка);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- тавсифнома аз ҷойи кор (муассисаи таълимӣ);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шиноснома ва билети ҳарбӣ);
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол (нисбати шахсоне, ки қаблан хизматчии давлатӣ буданд);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ №0380УЕ;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо - 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.

НИШОНӢ: кӯчаи М.Турсунзода - 27.
Телефонҳо барои маълумот: 227 18 30, 227 27 29.

КОМИССИЯИ ОЗМУН

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 08/05/2026

ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ШАРҲИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2038

8-уми май дар доираи Нақшаи омӯзиши идоравӣ барои кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори саридора дар мавзуи “Шарҳи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357), эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти давлатӣ” бо иштироки сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ - таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Сайнозимзода хониши идоравӣ доир карда шуд.
Муовини сардори Саридораи геология Алимаҳмуд Ализода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба мубрамияти мавзуъ ва моҳияти Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 суҳбат намуд.
Зикр гардид, ки таъмини муносиби ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Асоси ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намудан ва кафолати амалисозии онҳо ташкил медиҳад, ки бевосита дар моддаи 14-и Конститутсия муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи мазкур ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Вобаста ба мавзуи хониши идоравӣ сардори шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ - таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Сайнозимзода ибрози андеша кард.
Гуфта шуд, ки мувофиқи моддаи 5-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ унсури муҳимми давлати демократию ҳуқуқбунёд ва падидаи аввалиндараҷаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Бо қабул гардидани Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор тарҳрезӣ гардида, инсон ва ҳуқуқу озодиҳояш ҳамчун бузургтарин арзишҳо шинохта шуданд. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Конститутсия ва қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода наёфта бошанд, онҳо самти татбиқи худро гум мекунанд. Ғайр аз ин, ҳолатҳое, ки дар Конститутсия оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос ёфтаанд ва кафолат дода шудаанд, инкишофи худро дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ қабул мекунанд, пайдо намуда, тартиби иҷрои онҳо муайян карда мешавад. Масалан, тартиби иҷрои ҳуқуқи инсон ба меҳнат, таҳсил ва ҳифзи саломатӣ дар қонунгузории соҳаи меҳнат, тандурустӣ ва маориф нишон дода шудаанд, ки риояи он ҳатмӣ мебошад.
Дар хониши идоравӣ кормандони Дастгоҳи марказии Саридораи геология, роҳбарият ва кормандони Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, КВД «Экспедитсияи иктишофи геологии ашёи радиоактивӣ», КВДҶ «Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ», КВ «Экспедитсияи љустуљўию аксбардории геологї», КВ “Экспедитсияи иктишофи геологии Помир”, КВ “Экспедитсияи гидрогеологии ҷанубӣ”, ҶСК «Экспедитсияи иктишофи геологии ҷанубӣ», ҶСК «Экспедитсияи геофизикӣ», ҶСК «Ташхисгоҳи геологӣ», МД рӯзномаи “Ганҷ” ва МД “Маркази таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо” иштирок карданд.
Дар охир мавзуи матраҳгардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ташкили хонишҳои идоравӣ вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа дар Саридораи геология идома доранд.

Маркази матбуот

23/04/2026

МАСЪУЛИЯТИ НАВБАТӢ МУБОРАК, АСЛОНЗОДА ОЛИМШО АСЛОН!

23-юми апрели соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд. Собиқ сардори шуъбаи байналмилалии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимшо Аслонзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Роҳбарият ва кулли кормандони саридораи геология Аслонзода Олимшо Аслонро ҷиҳати таъин гардидан ба вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба фаъолияти манбаъдаашон барору муваффақият таманно менамоянд.
Маркази матбуот

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 18/04/2026

ИШТИРОКИ ДАСТАҶАМЪОНАИ КОРМАНДОНИ САРИДОРА ДАР ИҚДОМИ «САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН»

18-уми апрели соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» иқдоми шаҳрии ҷавонон доир карда шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона иштирок карданд.
Кулли кормандони дастгоҳи марказӣ ва корхонаҳои зерсохтор атрофи бино, ҷӯйборҳо, майдончаҳо, кӯчаю гулгаштҳоро тоза ва девору панҷараҳоро рангубор карданд.
Маркази матбуот

Photos from Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 17/04/2026

ШАРҲИ ОМИЛҲОИ БАВУҶУДОВАРАНДАИ КОРРУПСИЯ ДАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ

17-уми апрели соли равон дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сардори саридора Алимаҳмуд Ализода, сардорон ва кормандони шуъба ва бахшҳои саридора, ҳамчунин роҳбарони корхонаҳои зерсохтор машғулияти идоравӣ гузаронида шуд.
Дар машғулияти идоравӣ сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодӣ Сафарзода ва нозири калони ҳамин раёсат Ваҳоб Зокирзода иштирок ва сухан карданд.
Машғулият бо пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2026, №-1.1-12/1354 доир карда шуда, дар он натиҷаи мониторинги татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидошта, дар бораи бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои содир шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, тибқи нақшаи омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои марҳилаи дуюм шарҳ дода шуданд.

Маркази матбуот

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Website

Address

Mirzo Tursunzoda 27
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
20:00 - 05:00
Tuesday 08:00 - 05:00
Wednesday 08:00 - 05:00
Thursday 08:00 - 05:00
Friday 08:00 - 05:00