Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Islamic Renaissance Party,Tajikistan

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Islamic Renaissance Party,Tajikistan

Share

Основатель и лидер партии в 1973—2006 — Саид Абдулло Нури, считавшийся одним из самых влиятельных таджикских политиков и религиозных лидеров,

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби сиёсии дар заминаи арзишҳои динӣ ташкил ёфта дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад. Ин ҳизб 20-уми апрели соли 1973 аз тарафи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Ҷумъабеки Абдусалом ва Қаландар Садруддинов бо номи «Наҳзати ҷавонон» поя гузошта шуд ва дар солҳои шӯравӣ ба тав

Photos from Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Islamic Renaissance Party,Tajikistan's post 07/01/2026

ҲНИТ расман эълон мекунад, ки Шӯҳрати Раҳматулло, Муҳаммадиқболи Ҳусайнӣ ва Ҳисомиддини Зубайдулло бо аризаи худ аз сафи ҳизб хориҷ шуданд ва дигар рабте ба ҳизб надоранд.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ
07.01.2026

30/12/2025

Баёнияи Раёсати Олии ҲНИТ

Раёсати Олии ҲНИТ дар ҷаласаи худ аз таърихи 9.12.2025 гурӯҳи кориеро иборат аз 6 узви Раёсати Олӣ таъсис дод, ки вазифаи он омода кардани тарҳи Ислоҳоти роҳбурдӣ ва фикрии ҲНИТ дар муддати се моҳ мебошад.
Анҷоми ислоҳоти роҳбурдӣ ва фикрӣ зарурати иҷтинобнопазир барои ин Ҳаракати миллӣ мебошад, ки тули бештар аз 50 сол дар саҳнаи фикрӣ ва сиёсӣ барои эҳёи арзишҳои асили миллӣ ва мазҳабӣ талош карда, дар ин роҳ ҷоннисориҳо намудааст. Бештар аз 35 соли ин мубориза дар қолаби ҳизби сиёсӣ сурат гирифтааст, ки талаботи замони худ буд ва Наҳзати Исломии Тоҷикистон рисолати худро назди миллат дар он медид, ки маҳз дар чунин қолаб амал намояд.
Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар оғоз ҳамчун як ҳаракати фикрӣ ва тарбиявӣ руйи саҳна омада, баъдан вобаста ба талаботи замон шакли ҳизбӣ ва муҳтавои сиёсӣ пайдо кард.

Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо дарки рисолати худ назди Миллат ва Ватан дар ҳар давру замон шакл ва қолаберо интихоб менамояд, ки муносиби шароити замониву маконӣ ва созгор ба ниёзҳои миллат дар ҳамон давра мебошанд. Ба хусус, пас аз 10 соли фаъолият дар шароити ҳиҷрат ва натиҷагирии он, бознигарӣ дар шакл ва моҳияти фаъолият як амри зарурӣ мебошад. Вазъияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар муносибат бо ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мазҳабӣ низ зарурати чунин ислоҳотро ногузир мегардонад.

Ин тарҳ бояд муносибати Ҳаракат бо масоиле чун Давлат, Миллат, Дин ва Сиёсатро бознигарӣ ва шаклу қолаби муносиберо барои марҳалаи оянда пешниҳод намояд. Яке аз ҳадафҳои асосии ин ислоҳот пайдо кардани тавозуни муносиб байни сиёсат ва дин, кам кардани танишҳо байни арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеъа мебошад.

Ахиран ду узви Раёсати Олӣ ва аъзои гуруҳи кории мазкур мунтазири анҷоми тарҳи Ислоҳот ва қабули он нагашта, аз канор рафтани худ эълон намуданд.

Раёсати Олии ҲНИТ дар ҷаласаи худ аз 26.12.2025 дар ш. Варшава бори дигар масъалаи анҷоми чунин ислоҳоти роҳбурдиро баррасӣ намуд ва қарор кард, ки гуруҳи корӣ тарҳро дар муддати пешбинишуда омода ва ба Раёсати Олӣ пешниҳод намояд.

Раёсати Олии ҲНИТ ҷомеъа, аъзо ва ҷонибдоронро пас аз қабули санади ниҳоӣ дар ҷараён хоҳад гузошт.

30. 12. 2025

01/12/2025

Паёми таслияти ҲНИТ ба муносибати даргузашти собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев

“Аз миёни мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба аҳде, ки бо Худо баста буданд, вафо карданд, баъзе аз онҳо ба аҳдашон вафо намуда, ҷони худро фидо карданд ва баъзе дигар ҳанӯз интизоранд…” (Сураи Аҳзоб. ояти 23)

Бидуни шак Шерик Карамхудоев аз ҷумлаи чунин инсонҳое буданд, ки ҳаёту зиндагии худро қурбони роҳи интихобкардашон намуданд.

Шерик Карамхудоев собиқ Раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ, моҳи июли соли 2012 аз сӯи мақомот дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Дар соли 2014 муҳокимаи ӯ ҳамроҳ бо Димон Ашуров пушти дарҳои баста сурат гирифта ба муддати 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд.
Ҳамон вақт ҲНИТ боздошти уро дорои ангезаҳои сиёсӣ ва иҷрои қарорҳои қабулшуда дар протоколи 32-20 дониста буд.

Шерик Карамхудоев соли 1970 дар шаҳри Хоруғ ба дунё омада, дар 10 солагиаш аз падар маҳрум шуда ятим ба воя расидааст.
Шаҳид Карамхудоев дар аз соли 1999 аъзои ҲНИТ шуда, аз соли 2004 ба баъд Масулияти бахши ҲНИТ дар Хоруғ ро ба дӯш доштанд.
Шерик Карамхудоев дар тӯли фаъолияташ дар ҲНИТ ба арзишҳо ва аҳдофи ҳизб содиқ ва пойбанд буд ва то охир дар ин роҳ устувор боқи монд.

Шаҳид Карамхудоев зиндонии сиёсӣ 14 соли умри худро пушти панҷараҳои зиндон, гузаронд ва қарор буд озод шавад, аммо ҳукумат аз озодии чунин мардон хавф дорад ва иҷозат намедиҳад ба озодӣ бароянд, ҳамин буд ки ӯро ба қатл расонданд.

Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти эшонро ба хонавода, пайвандон ва ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ таслият арз намуда, аз даргоҳи Худованд барои эшон биҳишти ҷовидон ва барои бозмондагонаш сабри бепоён таманно мекунад.
Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бошад!

Раёсати олии ҲНИТ
01.12.2025

Photos from Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Islamic Renaissance Party,Tajikistan's post 24/09/2025

Паёми таслияти Раёсати Олии ҲНИТ ба муносибати даргузашти узви РО Зубайдуллоҳи Розиқ

Раёсати Олии ҲНИТ бо қалби пур аз андӯҳ ва чашмони ашкбор хабари даргузашти шахсияти барҷаста, устод ва муборизи роҳи ҳақиқат ва адолат узви зиндонии Раёсати Олии ҲНИТ Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ-ро дарёфт намуд. Бидуни шак аз даст додани шахсияте мисли домулло Зубайдулло ва он ҳам дар зиндон мусибати бузурге барои ин миллат аст.

Ӯ рӯзи 8 августи соли 1946 дар ҳуҷҷат ва дар асл 1942 дар ноҳияи Хуросон дар хонаводаи деҳқон ба дунё омад ва тамоми умри пурбаракати худро дар роҳи хидмат ба мардум, илм, тарбия ва арзишҳои исломӣ сарф намуд. Зубайдуллоҳи Розиқ пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият карда, наслҳои зиёдеро ба роҳи дониш раҳнамун сохт. Баъдан ӯ дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият хизмат намуда, ҳамеша намунаи инсондӯстӣ, адолатталабӣ ва поквиҷдонӣ буд.

Аз соли 1978 узви Ҳизби Наҳзати исломӣ гардида, дар замони фаъолияти пинҳонии он масъулияти таълиму тарбия ва сипас муовинии раиси ҳизб дар ноҳияи Хуросонро ба уҳда дошт. Бо талош ва ташаббуси ӯ соли 1989 дар шаҳраки Уяли масҷиди ҷомеъ таъсис ёфт ва худи ӯ ҳамчун имомхатиби он интихоб гардид.

Зубайдуллоҳи Розиқ яке аз чеҳраҳои калидӣ дар ташкили Анҷумани таъсисии Ҳизби Наҳзати Исломии Иттиҳоди Шуравии собиқ буд ва ҳамеша дар сафи пеши мубориза барои ҳақиқат ва адолат қарор дошт. Дар солҳои ҳиҷрат низ аз фаъолият бознаистода, ҳамчун намояндаи ҲНИТ дар кишварҳои ИДМ фаъолият намуда, ҳамчун узви ҳайати гуфтушунид аз ҷониби ИНОТ барои сулҳу суботи кишвар низ саҳми арзанда гузоштааст.

Ӯ на танҳо як сиёсатмадор, балки як устоди равшанфикр, мураббӣ ва шахсияти худсохтае буд, ки тамоми қувва ва дониши худро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва исломӣ сарф кард. Аз ҷумла ӯ муаллифи китоби ҲНИТ дар масири таърих ва чандин мақолаву рисолаҳое ҳаст, ки номашро дар дар таърих абадӣ сабт хоҳанд кард.

Бидуни шак рафтани чунин ситорагоне аз осмони илму фарҳанги кишвари мо зоеъаи бузурге барои кишвар, аҳли хонавода, ҳамсафон ва ҳамаи онҳоест, ки ӯро мешинохтанд. Аммо номи нек, хотираи пурифтихор ва осори арзишманди ӯ ҳамеша зинда хоҳад монд.

Раёсати Олии ҲНИТ даргузашти ин шахсияти фарҳехтаро ба аҳли хонавода, пайвандон, ҳамсафон ва пайравонаш таслият арз намуда аз даргоҳи Худованди меҳрубон барои ин марди бузургмақом раҳмату мағфират, ба хонаводаи азодор, пайвандон, дӯстону шогирдон сабри ҷамил ва аҷри ҷазил таманно дорад.

Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.

Рӯҳаш шод ва хонаи охираташ обод бошад!

Бо орзуи озодии ҳамаи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон
Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

24. 09. 2025

16/09/2025

10 сол устуворӣ ва ҷасорат дар асорат

Имрӯз даҳ сол аз рӯйдоде мегузарад, ки соли 2015 аксари аъзои Раёсат ва гурӯҳе аз фаъолони ҲНИТ боздошт шуданд. Онҳо метавонистанд кишварро тарк кунанд ё дигар ба ватан барнагарданд, аммо бо итминон ба бегуноҳии худ чунин роҳро напазируфтанд. Онҳо боқӣ монданд, зеро ба арзишҳои инсонӣ ва меъёрҳои демократӣ содиқ буданд ва барои густариши ин арзишҳо мубориза мебурданд.

Бо вуҷуди ин, ҳукумати худхондаи «демократӣ» онҳоро боздошт ва пушти дарҳои баста муҳокима намуда, ба солҳои тӯлонии ҳабс маҳкум кард.

Ин афрод дар паси панҷара низ ҳамон гуна, ки дар озодӣ буданд, устувор ва побарҷо боқӣ монданд ва ба намунаи ҷавонмардӣ, матонат ва азхудгузаштагӣ табдил ёфтанд. Таърих бо ифтихор аз ҷасорат, устуворӣ ва муборизаҳои онҳо ёд хоҳад кард.

Мисолҳои равшан аз ҷавонмардӣ ва устувории онҳо бисёр аст. Вақте муфаттишон ва кормандони зиндон Сафаралии Оевро маҷбур карданд, ки алайҳи Қиёмиддин шаҳодат диҳад, ӯ дар додгоҳ ошкоро эътироф намуд, ки маҷбур ба додани шаҳодати дурӯғ шудааст. Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки кӣ маҷбур кард, ҷавоб дод: «Худи ту маро латукӯб карда, маҷбур намудӣ». Ӯ омода шуд, ки азият ва фишори зиндонро бипазирад, аммо бар зидди ҳамсангари худ туҳмат накунад. Ҷавонмардие, ки назирашро дар таърих кам дидаву шунидаем.

Ҳамчунин дар толори суд, вақте хонум Зарафо Раҳмонӣ бо ҳолати беморӣ ва хастагӣ сухан мекард, Сайдумар Ҳусайнӣ ба додрас гуфт: «Ҳар чанд соле, ки мехоҳед ба ин бону бидиҳед, ба ман диҳед, вале ин хоҳарро озод кунед». Ин низ намунаи олитарини фидокорӣ ва инсондӯстӣ мебошад.

Баҳси ҷасуронаи Муҳаммадалии Ҳаит бо муовини раиси амният Абдулазиз Ҷалов дар суд авҷи ҷасорату шаҳомати ин родмардон аст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз боздошти онҳо тамоми талоши худро равона сохт, то ин муборизони роҳи озодӣ ва адолат аз зиндон наҷот ёбанд. Дар ибтидои соли 2016 вакилони мудофеъ аз Туркия ва Русия барои кумаки ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Гарчанде онҳо низ боздошт гардиданду натавонистанд кори муассире анҷом диҳанд, вале натиҷаи сафари онҳо ба нашри нахустин маҷаллаи вижа дар бораи зиндониёни сиёсӣ ва вазъи Тоҷикистон оварда расонд.

Баъдан парвандаи онҳо ба Комиссияи ҳуқуқи башари СММ пешниҳод шуд ва ин ниҳод хулосаи худро дар бораи зарурати озодии беқайду шарти онҳо содир кард. Дар пайи ин иқдом ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои минтақаӣ мавҷудияти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистонро расман эътироф намуданд.

Бо вуҷуди ҳама мушкилиҳои сиёсӣ ва танишҳои минтақавӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо умед талошҳои худро барои озодии зиндониёни сиёсии худ ва ҳамаи зиндониёни сиёсии тоҷик идома хоҳад дод.

Бо орзуи озодии ҳарчи зудтари ҳамаи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.

Сухангӯи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Бобоҷон Қаюмзод


Photos from Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Islamic Renaissance Party,Tajikistan's post 27/08/2025

Дирӯз 26.08.2025 тибқи барномаҳои намояндагии ҲНИТ дар Лаҳистон вохӯрии аъзову ҷонибдорон бо раиси он баргузор шуд.
Дар ин вохурӣ аъзову ҷонибдорони фаъол иштирок карданд.
Вохурӣ дар шакли суҳбати озод ва саволу ҷавоби аъзову ҷонибдорон бо раиси ҲНИТ сурат гирифт.
Инчунин дар ин суҳбат сухан болои вазъиятҳои ахири мубориза дар хориҷ ва маҳви физики зиндониёни сиёсӣ ба хусус зодагони Бадахшон дар зиндонҳои режим рафт.
Дар ин нишаст машварату тавсияҳои роҳбари ҳизб оиди омодагиҳо ба конфронси қарибулвуқуъи ОБЕСЕ шунида шуд.
Чанд акс аз фазои вохурӣ.
26.08.2025
Варшава, Лаҳистон.

Photos from Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Islamic Renaissance Party,Tajikistan's post 13/07/2025

Аъзои нави Раёсати Олии ҲНИТ интихоб гардиданд

Дар идомаи раванди ислоҳот ва таҳкими фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Раёсати Олии ҳизб чаҳор узви нав ба ҳайати Раёсат пазируфта шуданд.

Раиси ҲНИТ дар ҷаласа номзадии Саидмаҳмуд Саидов, Абдуқодир Шехов, Шавкат Шарипов ва Фарҳод Одинаевро барои узвият дар Раёсати Олии ҳизб пешниҳод кард. Пас аз баррасӣ ва овоздиҳии аъзои Раёсат, ҳамаи ин чаҳор нафар бо ҷонибдории аксарият ба ҳайати Раёсати Олии ҲНИТ шомил гардиданд.

Сухагнгӯи ҲНИТ Бобоҷон Қаюмзод
13. 07. 2025

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address

Dushanbe

Opening Hours

Monday 09:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 11:30