ҲХДТ - Ҳизбе бо рисолати ватансозӣ

ҲХДТ - Ҳизбе бо рисолати ватансозӣ

Share

Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон 🇹🇯 2025-2030

06/06/2026

МУШТИ ХОК.

Photos from ҲХДТ - Ҳизбе бо рисолати ватансозӣ's post 05/06/2026

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ "ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ" ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026

Photos from ҲХДТ - Ҳизбе бо рисолати ватансозӣ's post 05/06/2026

МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Дар асоси Фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ аз 10 марти соли 2026, №34 “Дар бораи баргузории мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, ҷамоатҳо, деҳотҳо кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ (новобаста аз шакли моликияташон), барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба ҷашни муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи ҷаҳонии Футбол”” ва барқияи электронии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2026, №11, инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни ҷавонон, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ 4 июни соли равон дар майдончаи варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Рӯдакӣ” маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни кори чорабинии мазкур раиси Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Ҳомидзода, муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Аҳлиддин Шарифзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Исмоилзода, муовини сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Баҳриддин Қодирзода ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ раиси Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Насимҷон Ҳомидзода ва муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ Аҳлиддин Шарифзода суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мақсад аз ташкили чунин мусобиқаи варзишӣ-қабл аз ҳама дар амал татбиқ намудани бандҳои дахлдори Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалб намудани сокинон ба варзиш мебошад. Зеро, варзиш василаи беҳтарини муаррифӣ намудани давлату миллат ба ҳисоб рафта, мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим майлу рағбати зиёд доштанд ва бо ифтихор метавон иброз дошт, ки имрӯзҳо варзишгарони тоҷик дар қатори ҳазорон шаҳрвандони ба нангу номуси Тоҷикистон дар ин соҳа хизматҳои шоиста намуда, баҳри баланд гардидани нуфузу эътибор ва шарафи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд...
Пас аз анҷоми баромаду маърӯзаҳо, дар қисмати тантанавии чорабинӣ ва фазои идона ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ва номинатсияҳои «Бозингари беҳтарин», «Дарвозабони беҳтарин», «Ҳимоятгари беҳтарин» ва «Нишонзани беҳтарин» Ҷом, медал, диплом, Сипоснома ва тўҳфаҳои молии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ тақдим карда шуда, дастаи футболбозони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати маориф” ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд ва чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

05/06/2026

5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр, кишвари раисикунанда дар Шурои Иттиҳоди Аврупо Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Кипр ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
“Мо ба ҳамкории судманди дарозмуддат бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он манфиатдорем” - иброз доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимнан, алоқамандии Тоҷикистон ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба бо Кипр дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб иброз гардид.

5 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации, уважаемый Эмомали Рахмон, принял министра иностранных дел Республики Кипр, председательствующей страны в Совете Европейского Союза Константиноса Комбоса.
На встрече обсуждались нынешнее состояние и перспективы развития сотрудничества между Таджикистаном, Республикой Кипр и Европейским Союзом.
«Мы заинтересованы в долгосрочном взаимовыгодном сотрудничестве с Европейским Союзом и его государствами-членами», — сказал глава государства, уважаемый Эмомали Рахмон, в начале беседы. В этом контексте была подчеркнута заинтересованность Таджикистана в расширении двусторонних отношений с Кипром в различных областях, представляющих взаимный интерес.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан Tajikistan Президент President Тоҷикон Таджики Кипр Cyprus ВКХ МИД MFA

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

05/06/2026

5 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар робита ба интихоб шудани Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун узви ғайридоимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2027–2028 барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

5 июня Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон направил поздравительную телеграмму Президенту Кыргызской Республики уважаемому Садыру Жапарову в связи с избранием Кыргызской Республики непостоянным членом Совета Безопасности ООН на 2027-2028 годы.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан Tajikistan Президент President Тоҷикон Таджики Қирғизистон Кыргызстан Kyrgyzstan

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

05/06/2026

Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 33 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а м:

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 июни соли 2026, соати 09-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе,
5.06 соли 2026,
№10

05/06/2026

5 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

Photos from ҲХДТ - Ҳизбе бо рисолати ватансозӣ's post 04/06/2026

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ЗИРАКИИ СИЁСӢ – ВАТАНДӮСТӢ:
СЕ ҶАНБАИ КАЛИДИИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
(Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ)

ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пойдории ваҳдати миллӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, афзоиши равандҳои муҳоҷират, рушди босуръати фазои рақамӣ ва пайдоиши навъҳои муосири таҳдидҳои гибридӣ ба яке аз масъалаҳои марказии бехатарии миллӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ки дар заминаи пошхӯрии низоми шӯравӣ таъсис ёфта, таҷрибаи пурарзиши нигоҳдории ваҳдати миллиро дар солҳои ҷанги таҳмилӣ (1992–1997) аз сар гузаронидааст, имрӯз низ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мебошад. Дар ин вазъ пойдории ваҳдати миллӣ ба маърифати ҳуқуқӣ – зиракии сиёсӣ – ватандӯстӣ вобаста мебошад.
Дар ин росто дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки: “Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем. Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд”.
Дар илми муосири ҳуқуқшиносӣ мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» ба маҷмуи донишҳо, малакаҳо ва муносибатҳои арзишие ишора мекунад, ки ба шахс имкон медиҳанд дар фазои ҳуқуқӣ бошуурона рафтор намуда, ҳуқуқу озодиҳои худро дар доираи қонун амалӣ намояд. Маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими фаъолияти давлат ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад, ки ба пойдор гардидани тартибот ва адолат мусоидат карда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин мекунад ва инчунин дар рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ саҳм мегузорад. Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки дарки моҳият ва ҳадафҳои онҳоро дар бар мегирад, ки ба одамон кумак мекунад, дар манзараи ҳуқуқӣ паймоиш кунанд, қарорҳои оқилона қабул ва мувофиқи қонун амал намояд. Маърифати ҳуқуқӣ инчунин эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар, риояи қоидаҳои рафтор ва меъёрҳои ахлоқиро дар бар мегирад, ки ба инкишофи масъулияти шаҳрвандӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат мекунад.
Маърифати ҳуқуқӣ як намуди маърифати умумӣ мебошад, ки аз арзишҳои маънавӣ ва моддии марбут ба воқеияти ҳуқуқӣ иборат аст. Дар баробари ин, маърифати ҳуқуқӣ танҳо он чизеро дар бар мегирад, ки дар падидаҳои ҳуқуқӣ нисбатан пешрафта, аз ҷиҳати иҷтимоӣ фоиданок ва арзишманданд ҷой доранд. Он на танҳо натиҷа, балки тарзи фаъолият низ мебошад ва ба ин маънӣ маърифати ҳуқуқии маънавӣ ҳамчун тарзи тафаккур, меъёр ва қоидаҳои рафтор фаҳмида мешавад. Маърифати ҳуқуқӣ бо вазъи адолат, қонуният ва тартибот хос аст. Он самтҳои арзишҳои ҷомеа, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои аҳолӣ, инчунин шахсони алоҳидаро дар бар мегирад, ки дорои аҳамияти ҳуқуқӣ мебошанд. Онҳо дар шуури ҳуқуқӣ мутамарказ шудаанд.
Тибқи тадқиқоти ЮНЕСКО (Global Education Monitoring Report, 2020), сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа бо пастшавии сатҳи ҷинояткорӣ (ба ҳисоби миёна 15-20%), коҳиши низоъҳои иҷтимоӣ ва афзоиши эътимод ба мақомоти давлатӣ (то 35%) алоқамандии мустақим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Конститутсия ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз ҳуқуқу озодиҳои худ огоҳ бошад ва барои ҳимояи онҳо ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунад. Аммо, тавре таҳлили амалияи судӣ нишон медиҳад, дар баъзе мавридҳо шаҳрвандон аз механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи манфиатҳои худ огоҳии кофӣ надоранд.
Сохтори маърифати ҳуқуқӣ се ҷузъи асосиро дар бар мегирад:
1. Дониши ҳуқуқӣ – маҷмӯи мафҳумҳо, меъёрҳо, принсипҳо ва институтҳои ҳуқуқӣ, ки шахс онҳоро медонад ва дарк мекунад.
2. Муносибат (ё эҳтиром) нисбат ба ҳуқуқ – арзёбии шахсӣ ва эҳсоси робита ба қонун, адолат ва мақомоти ҳуқуқӣ, ки метавонад мусбат ё манфӣ бошад.
3. Рафтори ҳуқуқӣ (ё малакаҳои амалӣ) – қобилияти амалӣ намудани дониш ва муносибатҳо дар вазъиятҳои воқеии ҳаёт (риояи қонун, истифода аз ҳуқуқҳо, иҷрои уҳдадориҳо).
Аломатҳои маърифати ҳуқуқӣ бо назардошти аҳамияти воқеии онҳо чунин мебошанд:
1. Маърифати ҳуқуқӣ арзёбии арзиши падидаҳои ҳуқуқӣ, институтҳо, равандҳои иҷтимоию ҳуқуқии мавҷударо дар бар мегирад, ки ба ин васила арзишҳои ҳуқуқии ҷомеа ва дастовардҳои пешрафтаи мавҷударо дар соҳаи дахлдор тавсиф мекунад. Дар ин росто илми ҳуқуқӣ моҳияти аксиологии фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро эътироф мекунад.
2. Азбаски маърифати ҳуқуқӣ хусусияти сифатии вазъи ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро инъикос мекунад, падидаи мувофиқ беҳамто аст. Ба ибораи дигар, ба ҳар як ҷомеа сатҳ ва хусусияти маърифати ҳуқуқӣ мушаххас хос аст.
3. Маърифати ҳуқуқӣ як намуди маърифати умумии ҷомеа буда, бояд дар назар дошт, ки маърифати ҳуқуқӣ дар маърифати ҷамъиятӣ мустақилият ва ҷудоии назаррас дорад ва танҳо ҷанбаи ҳуқуқии рушди ҷамъиятро тавсиф мекунад. Масалан ба шаклҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва дигар шаклҳои маърифати ҷамъиятӣ муайян муқобил аст.
4. Аз ҳама навъҳои маърифати ҷамъиятӣ маърифати ҳуқуқӣ бештар ба маърифати ахлоқӣ тааллуқ дорад, зеро он бештар ба вазъи ахлоқии ҷомеа, арзишҳои руҳонӣ ва ғояҳои ахлоқӣ ҳукмфармо ва сифати он шахсоне, ки фаъолияти эҷодӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар як давлати мушаххас ҳуқуқро иҷро мекунанд, вобаста аст.
5. Дараҷаи баланди рушди маърифати ҳуқуқӣ дарк намудани шахс ё ҷомеаро дар бораи зарурати танзими ҳуқуқии муносибатҳои иҷтимоии ба вуҷудомада пешбинӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, маърифати ҳуқуқӣ бо дарки ҳуқуқ ҳамчун арзиши мустақили иҷтимоӣ тавсиф мешавад.
6. Маърифати ҳуқуқӣ ҳамеша шарти ҳатмии ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
7. Таҳлили маърифати ҳуқуқии гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ ҳамеша имкон медиҳад, ки ҳолати сифатии ҳуқуқ, риояи ҳуқуқ, инчунин шартҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқии онҳоро ба вуҷуд оварда, ё баръакс, фаъолияти ғайриқонунӣ муайян карда шавад.
8. Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ҳамеша дар натиҷаи таъсири мақсадноки низоми тарбия ва тарғиботи ҳуқуқӣ сурат мегирад.
9. Маърифати ҳуқуқӣ дар муносибат, муошират ва рафтори субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки дар як вақт ҳамчун субъекти ҳуқуқ баромад мекунанд, равшантар мегардад.
10. Мазмуни маърифати ҳуқуқиро метавон ҳамчун маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ ифода кард, ки дар меъёрҳо, эътиҳодҳо ва муносибатҳое, ки дар раванди ҳаёти ҷомеа ва шахсони алоҳида ташаккул меёбанд.
Маҳз маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқи худро ба забон, фарҳанг ва дин дар доираи қонунгузории амалкунанда донад, ҳимоя кунад; сарҳади байни озодии виҷдон ва амалҳои ифротӣ (экстремистӣ)-ро возеҳан фарқ намояд; аз механизмҳои қонунии ҳалли баҳсҳо истифода барад.
Дар илми муосири ҳуқуқшиносӣ мафҳуми «зиракии сиёсӣ» ба маҷмӯи қобилиятҳои шахс барои дарки дурусти равандҳои сиёсӣ, шинохти манфиатҳои воқеии бозигарони сиёсӣ, пешбинии оқибатҳои қарорҳои сиёсӣ, интихоби стратегияи бехатари рафтор дар фазои иттилоотии мураккаб ва пешбинӣ намудани вазъиятҳои сиёсии мушаххас фаҳмида мешавад.
Агар маърифати ҳуқуқӣ ба саволи «шаҳрванд чӣ ҳуқуқ дорад?» ҷавоб диҳад, пас зиракии сиёсӣ ба саволҳои «чаро ин раванд ба вуҷуд омадааст?», «кӣ аз ин вазъият манфиатдор аст?» ва «оқибатҳои эҳтимолии ин раванд чӣ гуна аст?» равшанӣ меандозад. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, паҳншавии падидаҳои «инқилобҳои ранга», «ҷангҳои иттилоотӣ» ва «ботҳо» шаҳрвандоне, ки сатҳи зиракии сиёсиашон паст аст, ба осонӣ мавриди фишорҳои иттилоотӣ (манипулятсия) қарор мегиранд.Одамон бештар ба паёмҳои оддӣ, эҳсосӣ ва такроршаванда посух медиҳанд. Аз ин рӯ, таблиғоти ифротгароёна ва ҷудоихоҳона одатан калимаҳои «хатар», «бегона», «истисмор», «зиллат»-ро такрор ба такрор истифода мебаранд, то аксуламали эҳсосии мухотабонро бедор созанд. Зиракии сиёсӣ ба шахс имкон медиҳад, ки чунин паёмҳоро дар вақташ шинохта, ба онҳо вокуниши интиқодӣ нишон диҳад.
Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ташаккули зиракии сиёсӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст:
1. Пас аз соли 2014 дар Лаҳистон дар посух ба таҳдидҳои иттилоотии беруна, барномаи миллии «Академияи сиёсӣ барои ҷавонон» таъсис дода шуд. Дар доираи ин барнома ҳар сол зиёда аз 15 000 нафар ҷавонон курсҳои махсуси шинохти таблиғоти дурӯғин (фейк-нюз), таҳлили интиқодии иттилоот ва асосҳои бехатарии иттилоотиро мегузаранд. Тибқи гузориши Вазорати маорифи Лаҳистон (2022) пас аз ҷорӣ шудани ин барнома сатҳи боварӣ ба хабарҳои дурӯғин дар байни ҷавонон 28% коҳиш ёфтааст.
2. Дар Эстония аз соли 2015 тамоми хонандагони синфҳои болоӣ дар доираи барномаи ҳатмӣ курсҳои «Медиасаводнокӣ ва муқовимат ба таблиғот»-ро мегузаранд. Барномаи мазкур дорои модулҳои махсус оид ба шинохти навъҳои гуногуни таблиғоти сиёсӣ, усулҳои санҷиши ҳаққонияти иттилоот ва ҳимоя аз киберҳамлаҳо мебошад.
Нишонаҳои зерини зиракии сиёсӣ ҷой доранд:
1. Қобилияти фарқ кардани байни воқеият ва ақида (шарҳ). Шаҳрванди дорои зиракии сиёсӣ ҳамеша сарчашмаи иттилоотро зери суол мебарад ва байни иттилооти тасдиқшуда ва тафсири шахсӣ фарқ мегузорад.
2. Донистани сохтори ҳокимият ва механизмҳои қабули қарорҳо. Ин дониш имкон медиҳад, ки шаҳрванд фаҳмад, ки кадом мақомот барои ҳалли кадом масъала масъул аст ва чӣ гуна метавон ба раванди қабули қарорҳо таъсир расонид.
3. Фаҳмиши принсипи плюрализми сиёсӣ. Шаҳрванди дорои зиракии сиёсӣ дарк мекунад, ки ҳеҷ як ҳизб ё шахси алоҳида манфиатҳои мутлақи ҷомеаро наметавонад ифода кунад ва мавҷудияти ақидаҳои гуногун аломати ҷомеаи солим ва давлати воҳид аст.
4. Омодагӣ ба ҳимояи мавқеи худ тавассути воситаҳои қонунӣ. Ин нишона маънои онро дорад, ки шаҳрванд ба ҷойи иштирок дар амалҳои ғайриқонунӣ, аз механизмҳои қонунии ифодаи мавқеи шаҳрвандӣ (муроҷиат ба мақомот, иштирок дар муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, ширкат дар интихобот) истифода мебарад.
5. Рад кардани идеаликунонии гузашта ё оянда. Шаҳрванди дорои зиракии сиёсӣ ба тасвирҳои ормонии «асри тиллоӣ»-и гузашта ё ояндаи комилан беҳтар бовар накарда, воқеиятро чунон ки ҳаст, арзёбӣ мекунад.
Таҳлили вазъи кунунӣ имкон медиҳад, ки таҳдидҳои асосии зерин ба зиракии сиёсии шаҳрвандон муайян карда шаванд:
— дар шабакаи Telegram теъдоди зиёди каналҳои бе ном мавҷуданд, ки зери унвонҳои «мухолифон», «фаъолони шаҳрвандӣ» ё «хабаринигорони мустақил» иттилооти тасдиқнашуда ва баъзан таблиғоти ифротиро паҳн мекунанд.
— баъзе гурӯҳҳои манфиатдор бо истифода аз ваъдаҳои иҷронашаванда ва муроҷиат ба эҳсосоти мардум кӯшиши ташаккули муносибати манфӣ ба мақомоти давлатиро доранд.
— гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо истифода аз нуқсонҳои мавҷудаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ кӯшиш мекунанд, ки масъулияти онҳоро ба зиммаи «бегонагон» гузошта, кинаву адовати байниқавмиро бавуҷуд оранд.
Дар илми муосири ҳуқуқшиносӣ байни ду навъи ватандӯстӣ – ватандӯстии кӯркурона ва ватандӯстии созанда гузошта мешавад. Ватандӯстии кӯркурона метавонад ба шахсиятпарастӣ, миллатгароии этникӣ ва дар ниҳоят ба коҳиши ваҳдати миллӣ оварда расонад. Баръакси ин, ватандӯстии созанда бар принсипи «Ман Ватанамро дӯст медорам ва барои беҳбуди он талош мекунам» асос ёфтааст. Ин навъи ватандӯстӣ ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқи инсон, омодагӣ ба муколама ва ҳамкорӣ барои рушди кишвар такя мекунад. Таҳқиқоти сершумори равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки маҳз ватандӯстии созанда ба пойдории ваҳдати миллӣ, пешгирии низоъҳои дохилӣ ва таҳкими ҳувияти умумишаҳрвандӣ мусоидат мекунад.
Дар Тоҷикистон ватандӯстии созанда бояд фарогири чунин ҷанбаҳо бошад:
— эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ (парчам, нишон, суруди миллӣ) ҳамчун ифодагари ҳувияти умумишаҳрвандӣ;
— ҳифзи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар баробари эҳтиром ба забонҳои дигар гурӯҳҳои қавмии сокини Тоҷикистон;
— шинохти таърихи умумии кишвар, аз ҷумла давраи Сомониён, солҳои шӯравӣ ва таҷрибаи ҷанги таҳсмилӣ ҳамчун сабақи муштараки таърихӣ;
— эҳтиром ба қонун ҳамчун асоси танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ;
— омодагӣ ба иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди кишвар.
Бояд махсус таъкид кард, ки ватандӯстии созанда набояд ба миллатгароии этникӣ (этнотсентризм) табдил ёбад. Ваҳдати миллӣ дар ин замина маънои ҳамзистии осоишта ва ҳамкории созандаи тамоми шаҳрвандонро дар як давлати соҳибихтиёр дорад. Дар асоси моддаи 17 Конститусияи кишвар ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Низоми маориф яке аз муҳимтарин воситаҳои ташаккули ватандӯстии созанда мебошад.
Барои ташаккули ватандӯстии созанда зарур аст, ки:
1. Таърихи ҳар як гурӯҳи қавмии халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии таърихи умумии кишвар эҳтиром карда шавад;
2. Давраҳои дардноки муштарак (махсусан ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997) бо самимият ва таҳлили амиқ фаҳмонда шавад, то сабақҳои зарурӣ барои пешгирии такрори хатоҳои гузашта бардошта шаванд;

3. Қаҳрамонҳои миллӣ на танҳо аз миллати тоҷик, балки аз дигар гурӯҳҳои қавмии кишвар мебошанд ва онҳо дар таърихи умумии кишвар саҳм доранд.
Дар қисми 3 моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд метавонад танҳо дар ҳолатҳои муайян маҳдуд карда шавад. Агар ин моддаро вобаста ба ваҳдати миллӣ шарҳ диҳем, пас маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳо метавонад барои нигоҳдории сулҳ, суботи сиёсӣ, ризоияти ҷомеа ва пешгирӣ аз амалҳое, ки ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардуми Тоҷикистонро халалдор мекунанд, раво дониста шавад. Яъне, ақидаҳо, рафтор ё фаъолияте, ки боиси ба вуҷуд омадани ихтилофоти миллӣ, маҳалгароӣ, таҳрики байниминтақавӣ ё таҳдид ба якдилии ҷомеа гардад, метавонад бо истинод ба ин модда маҳдуд карда шавад. Бо ин мазмун, ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши конститутсионӣ барои ҳимояи тамомияти арзӣ, амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ амал мекунад, зеро бе ваҳдати миллӣ ҳеҷ як мақсади дигари номбаршуда — аз ҳимояи ахлоқи ҷомеа то сулҳу суботи давлат — пурра таъмин карда намешавад.
Дар асоси таҳлили гузаронидашуда, модели консептуалии пойдории ваҳдати миллӣ таҳия мегардад, ки бар пояи ҳамгироии мутақобилаи се ҷанбаи калидӣ асос ёфтааст:
Маърифати ҳуқуқӣ – заминаи институтсионалӣ, ки ба шаҳрванд имкон медиҳад ҳуқуқу уҳдадориҳои худро дар доираи қонунгузории амалкунанда бишносад ва амалӣ созад.
Зиракии сиёсӣ– омили инсонӣ, ки ба шаҳрванд қобилияти шинохти таҳдидҳои иттилоотӣ, таҳлили интиқодии равандҳои сиёсӣ ва муқовимат ба дасткориҳои иттилоотиро медиҳад.
Ватандӯстии созанда – асоси маънавӣ, ки ҳисси тааллуқ ба як Ватан ва омодагиро барои ҳамкории созанда барои рушди он ташаккул медиҳад.
Модели мазкур бар он асос меёбад, ки ҳангоми набудани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванди дорои зиракии сиёсӣ ва ватандӯстии созанда, аммо бе дониши кофии ҳуқуқӣ метавонад амали ғайриқонуниро содир кунад ва ин ба пойдории низоми ҳуқуқӣ таҳдид мекунад. Ҳангоми набудани зиракии сиёсӣ шаҳрванди дорои маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии созанда ба осонӣ мавриди фишори иттилоотии гурӯҳҳои манфиатдор қарор гирифта, ба амалҳое даст мезанад, ки ба манфиати давлат зарар мерасонад. Ҳангоми набудани ватандӯстии созанда шаҳрванди дорои маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсӣ, аммо бе ҳисси дӯстдорӣ ба Ватан метавонад донишу малакаҳои худро ба манфиати давлатҳои хориҷӣ ё гурӯҳҳои дигар равона созад. Танҳо ҳамгироии ҳар се ҷанба метавонад пойдории ваҳдати миллиро доимӣ таъмин намояд.
Хулоса, таҳлили гузаронидашуда собит менамояд, ки пойдории ваҳдати миллӣ натиҷаи ҳамгироии се ҷанбаи калидии ба ҳам алоқаманд – маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстии созанда мебошад. Ҳар яке аз ин ҷанбаҳо шарти зарурӣ ва муҳими устувории низоми давлатдорӣ буда, набудани ҳатто як ҷанба метавонад ба коҳиши назарраси самаранокии механизми ҳифзи ваҳдати миллӣ оварда расонад.
Дар асоси таҳлилҳои анҷомдода ва барои пойдории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мо пешниҳодҳои зерин манзур менамоем:
— таҳияи стандарти миллии маърифати ҳуқуқӣ барои аҳолии ҷавон дар кишвар бо назардошти беҳтарин таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва хусусиятҳои миллӣ;
— таъсиси платформаи ягонаи иттилоотӣ-ҳуқуқии «Ҳуқуқ барои ҳар рӯз» бо дастрасӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
— таҳияи барномаи ҳафтаинаи телевизионии «Се ҷанбаи ваҳдат» дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон;
— таъсиси ҷоизаи солонаи давлатии «Афрӯзи Ватан» барои беҳтарин ташаббусҳои шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ваҳдати миллӣ;
— таъсиси маркази «Ваҳдат» дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар доираи онҳо семинарҳои маърифати ҳуқуқӣ, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва озмунҳои ватандӯстӣ гузаронида мешаванд.


Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва
таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

04/06/2026

💥 МАНЗАРАҲОИ ЗЕБОИ КОХИ НУР

03/06/2026

🇹🇯❤️

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address

Айнӣ 46
Dushanbe