23/05/2026
ПАЁМИ ТАБРИКИИ САРДОРИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИСФАНДИЁРИ САЪДУЛЛО БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҷавонони саодатманди диёр,
Насли хушбахту хуштолеи Ватан!
Бо эҳсоси баланди ифтихор ва эҳтироми хоса Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният менамоям.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардаем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем”.
Дар воқеъ, ҷавонони имрӯза нерӯи созандаву пешбарандаи ҷомеа буда, дар марҳилаи нави рақамикунонии фаъолиятҳо ва дастрасӣ ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ҷиҳати рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа саҳми назарраси худрo мегузоранд.
Аз ин ҷост, ки дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, рушди қобилиятҳо, тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ҷалби онҳо ба ҳаёти фаъоли ҷомеа, аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди сиёсати давлатии ҷавонон, ташаккули насли босавод, ватандӯст, худогоҳ ва дорои ҷаҳонбинии муосир дар кишвари азизамон заминаҳои устувор муҳайё гардида, дар ин самт даҳҳо барномаҳои давлатӣ бо маром амалӣ гардида истодаанд.
Натиҷаи чунин дастгириҳо аст, ки ҷавонони тоҷик ҳамчун пайравони асилу арҷманди сиёсати созандаи Пешвои маҳбуби миллат, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар рушду ободии Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешрафти илму техника, варзиш ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳмгузорӣ мекунанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро ба Шумо - ҷавонони саодатманди Ватан сидқан табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, нерӯи тоза, саодати рӯзгор ва дар роҳи ҳифзу нигаҳдошт ва саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии сарзамини аҷдодиамон комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!
18/05/2026
⚡️ Лоиҳаи нави озмоишӣ дар Тоҷикистон ба интиқолҳои оддии байни шаҳрвандон дахл надорад ва истифодаи ҳамёнҳои электронӣ маҳдуд намешавад.
Чӣ тағйир меёбад?
📌 меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3% коҳиш меёбад
📌 ҳисобкунии андоз ва ҳисобот автоматӣ мешавад
📌 сабти номи соҳибкорӣ осонтар мегардад
📌 барои пардохтҳои ғайринақдӣ кешбэк пешбинӣ шудааст
Лоиҳа ба марҳилаи озмоишӣ ворид мешавад ва дар оянда метавонад ба рушди низоми пардохтҳои рақамӣ мусоидат кунад.
—
Пилотный проект налогообложения в Таджикистане не затрагивает обычные переводы между гражданами и не ограничивает использование электронных кошельков.
Что изменится?
📌 налоговая ставка для индивидуальных предпринимателей снизится с 6% до 3%
📌 расчёт налогов и отчётность станут автоматическими
📌 регистрация предпринимательской деятельности станет проще
📌 за безналичную оплату предусмотрен кешбэк
Проект запускается в тестовом режиме и в дальнейшем может способствовать развитию системы цифровых платежей.
07/05/2026
Қадамҳои амалӣ дар самти рақамикунонии соҳаи почта ва савдои электронӣ
Имрӯз 7 май дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» машварати кории муштарак бо иштироки намояндагони масъули Вазорати нақлиёт, Хадамоти гумрук ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин нишаст дар доираи иҷрои бандҳои 48 ва 49-и Нақшаи амали «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» доир шуда, ҳадафи асосии он таҳияи механизмҳои самараноки ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи тиҷорати рақамӣ буд.
Дар рафти машварат ба иштирокчиён рӯнамои (презентация) муфассал оид ба ворид намудани системаи муосири ORE plus, ки лоиҳаи Иттиҳоди почтаи байналмилалӣ мебошад, намоиш дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷорисозии ин система дар фаъолияти «Почтаи Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки равандҳои логистикӣ ва почтавӣ пурра автоматикунонӣ шуда, заминаи техникии савдои электронӣ дар кишвар тақвият ёбад. Ҳамзамон, намояндагони Хадамоти гумрук лоиҳаи ҷойгиркунии ширкатҳои маркетплейс ва сохтани феҳристи ягонаи онҳоро муаррифӣ намуданд, ки ин иқдом барои шаффофияти амалиёти тиҷоратӣ ва танзими дурусти гумрукии молҳо зарур мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони вазорату идораҳо саволу ҷавоби судманд сурат гирифта, иштирокчиён оид ба ҳамоҳангсозии минбаъдаи платформаҳои мавҷуда ва ҳалли масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд. Натиҷаҳои ин машварат ба эҷоди низоми воҳид ва муосири савдои электронӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
#Тоҷикистон #ПочтаиТоҷикистон #СавдоиЭлектронӣ #ИқтисодиРақамӣ #Ҳамкорӣ
07/05/2026
Ҳамкасбони азиз ва кормандони соҳаи алоқа!
Шуморо ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа самимона табрик мегӯям.
Имрӯз соҳаи алоқа ва технологияҳои муосир асоси пешрафти ҷомеа ва омили калидии рушди иқтисоди рақамиро ташкил медиҳанд. Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи алоқа ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардид.
Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба соҳа, аз ҷумла эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040”, заминаи мусоидеро барои рақамикунонии комили кишвар ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии кормандони бахши телекоммуникатсия фароҳам овард.
Дар ин давраи таърихӣ, ки мо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мебинем, заҳмати содиқонаи шумо ҷиҳати ободии Ватани маҳбубамон ниҳоят арзишманд аст.
Ба ҳамаи шумо дар ин ҷодаи пурмасъулият саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи давлату миллат муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Иди касбӣ муборак!
07/05/2026
ТАБРИКОТИ САРДОРИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИСФАНДИЁРИ САЪДУЛЛО БА ИФТИХОРИ РЎЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА
Муҳтарам кормандони соҳаҳои алоқа,
Ҳамкасбон ва ҳамкорони гиромӣ!
Бо эҳтиром ва эҳсоси баланди ифтихор Шуморо ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа самимона табрик намуда, бароятон барори кору рӯзгор, татбиқи нақшаҳои ояндасоз ва саодату сарбаландиро таманно мекунам.
Имрӯзҳо алоқа ва соҳаҳои ба он марбут, унсури асосии зиндагӣ ва кору фаъолияти ҳар нафарро ташкил дода, ҳамчун васоити таҳвилу қабули мухобирот, таъмини иттиллоту маърифат, густариши фазои ягонаи иттилоотии мамлакат ва пеш аз ҳама муттаҳид ва пайвандсозии инсонҳо табдил ёфта, ҳамун омили рушди иқтисоди рақамӣ, арзёбӣ мегардад.
Аз ин ҷост, ки давлату Ҳукумати мамлакат ва пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди босуръати соҳаи алоқа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастрасии озоду бемайлони аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири телекоммуникатсионӣ, тадбирҳои муассирро роҳандозиву амалӣ менамояд.
Бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, қабули “Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими музди меҳнат ва пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» исботи ин гуфтаҳо буда, дар рушди бемайлони соҳаи алоқа, рақамикунонии раванди корҳо ва ҳифзи иҷтимоии кормандони бахши телекоммуникатсонӣ бесобиқа мебошанд.
Боиси қайди махсус аст, ки татбиқи амалии ташаббусу ибтикороти мазкур ба сатҳу сифати хизматрасониҳо, беҳсозии шароити кору фаъолият ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа таъсири мусбату назаррас расонида, дилро ба кор гарм ва садоқату самимиятро дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ афзун мегардонад.
Ҳамкасбони азиз!
Таҷлили имсолаи Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ба «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ», ки ба ифтихори Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, рост омада, моро ба заҳмати тахассусмандонаву содиқона ҷиҳати пиёдасозии равандҳои созанда баҳри пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз, водор месозанд. Боварии комил дорем, ки мову Шумо дар ин ҷода чун ҳарвақта, пешсаф ва комгор хоҳем гардид.
Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқаро бори дигар ба ҳамаи Шумо самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, неруи созанда, илҳоми тоза ва дастовардҳои беш аз пешро таманно мекунам.
Ид муборак, ҳамкасбони гиромӣ!
06/05/2026
ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК! ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚА
Дар доираи мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандони сохторҳои соҳаи алоқа, ки аз 21 апрел оғоз гардидаанд, рақобатҳо дар намудҳои тенниси рӯйи миз, шоҳмот ва шашка ҷамъбаст гардиданд.
Мусобиқаҳо ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа (7 май) ва Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) роҳандозӣ шуда, то 6 май идома ёфтанд. Онҳо бо ҳадафи таҳкими ҳамкорӣ, рушди варзиши оммавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор гардиданд.
Кормандони КВД "Почтаи Тоҷикистон" аз рӯйи ҳамаи навъҳои варзиш баромади фаъолона намуданд. Сардори Шуъбаи кадрҳо Ҳалимзода Наврӯз аз тенниси рӯйи миз ва Аҳророва Гулҷаҳон – иқтисодчӣ, Маркази «Почтаи Тоҷикистон» (шаҳри Истаравшан) аз намуди шашка миёни бонувон сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
06/05/2026
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: Дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии почта ҷаноби Масаҳито МЕТОКИ Муовини якуми Сардори Хадамоти алоқа Парвиз Нориёнро дар қароргоҳи расмии ин ниҳод дар шаҳри Берни Швейтсария ба ҳузур пазируфт.
Ин пазироӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Иттиҳоди ҷаҳонии почта бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба идомаи узвият дар Иттиҳоди ҷаҳонии почта, самаранокии истифодаи платформаҳои ҳамгироии техникӣ ва дигар масъалаҳои ба он марбутро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳо дар самти хизматрасониҳои молиявии почта, густариши тиҷорати рақамӣ ва роҳандозии барномаҳои муштараки минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардид.
Имкониятҳои муосири рушди соҳаи почта, аз ҷумла рақамисозӣ, беҳсозии сифати хизматрасонӣ ва мутобиқсозии фаъолияти почта ба стандартҳои байналмилалӣ, аз мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи ҳаикориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо ҳадафҳо ва афзалиятҳои Иттиҳоди ҷаҳонии почта барои солҳои 2026–2029 ҳамоҳанг буда, заминаи мусоидро барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда фароҳам меорад.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи ташаббусҳои нав дар самти рушди соҳаи почта ва хизматрасониҳои алоқа дар маҷмӯъ, таъкид карданд.
04/05/2026
Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” тасдиқ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда, давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» 2026 навишта шудааст.
Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст.
Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.
prezident.tj