01/05/2026
РУШДИ АГРОТУРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН МАНФИАТОВАР АСТ
Дар замони имрӯз туризм яке аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ба ҷалби одамон ба кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Кишварҳое, ки ин соҳаро рушд додаанд имрӯз пешрафтҳои зиёдеро соҳиб шуданд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёт аз рушди соҳаи сайёҳӣ метавонанд бурд ва рушд намоянд.
Аз ин хотир, тамоми кишварҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ ба тавсеаи ҳамкориҳо ва табодули таҷриба ниёз доранд. Ба ин мақсад дар давлатҳои гуногуни олам нишасту ҳамоишҳо баргузор мешаванд. Ба наздикӣ ман ба намояндагӣ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Форуми байналмилалии сайёҳии Travel Hub «Ҳамкорӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кардам. Ин ҳамоиши бонуфуз аз 6 то 10 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус баргузор гардид. Зимни суханронӣ, ман Тоҷикистони имрӯзаро, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ рушду тараққӣ мекунад, муаррифӣ кардам.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имконоту захираҳои зиёде мавҷуд аст. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин бобат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин бобат Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густардаро ба роҳ мондааст. Кумита ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, якҷо бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”-ро омода намудааст ва санади мазкур дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Тибқи маълумотномаи Кумита соли 2025 дар саросари ҷумҳурӣ 363 адад субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 20 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бақайдгирифташуда 223 адад меҳмонхона, 56 адад мотел ва хостел, 59 адад осоишгоҳ, 4 адад лагерҳои солимгардонӣ, 6 адад маркази муолиҷавӣ, 10 адад хонаи истироҳатӣ, 1 адад пансионат ва 4 адад базаи сайёҳӣ мебошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати мукаммал намудани маълумотҳои омории соҳаи сайёҳӣ ва таҳия намудани методологияи ягона барои ҳисобкунии нишондиҳандаҳои мақсадноки “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дар назди Кумита гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шудааст.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои мутақобила, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва табодули таҷриба, дар соли 2025, бо сохторҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон ва бисёр дигар кишварҳои дунё шартномаҳо ба имзо расиданд.
Аз санаи 31 марти соли 2020 дар назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ” фаъолият мекунад, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 11 млн. доллари ИМА, 10 млн доллари ИМА маблағи грантии Бонки Осиёии Рушд ва 1 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маврид ба тазаккур аст, ки муҳлати амалишавии лоиҳа бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Осиёии Рушд то 30 июни соли 2027 тамдид гардида, дар ин давра аз миёни лоиҳаҳои сармоягузорӣ 2 лоиҳаи афзалиятнок интихоб гардида, барои интихоби ширкати ботаҷрибаи муҳандисӣ тендер эълон гардида, ба давраи омодасозии тарҳи муфассали муҳандисии ду лоиҳаи афзалиятнок оғоз бахшида мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 (январ–декабр) шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки бо назардошти тамоми намудҳои мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 2104,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз шумораи умумии мазкур 1784,4 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардиданд. Аз ин теъдод 1634,5 ҳазор нафар ба давлатҳои ИДМ ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меоянд.
Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бахшҳои гуногуни сайёҳиро ривоҷ додаанд. Агротуризм аз ҷумлаи бахшҳои самараноки сайёҳӣ мебошад, ки дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ривоҷ ёфтааст.
Дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди агротуризм тадбирҳои зиёд андешида мешавад. Дар ин раванд, боғу токзорҳои зиёде, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бунёд ёфтаанд, мавриди истифода қарор мегирад. Зимни пухтан ва ҷамъоварии ҳосили меваю ангур барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ саёҳатҳо ташкил карда мешавад. Аз ҷумла сайёҳони хориҷиро дидани боғоту токзори серҳосилу меваю ангури рангорангу шаҳдбор дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Ҳисор, Турсунзода, Данғара, Норак, ки натиҷаи заҳмату кордонии деҳқонони меҳнатқарин аст, ба ваҷд оварда, онҳо бо таассуроти зиёд ба кишварҳояшон бармегарданд. Дар мавсими ҷамъоварии “тиллои сафед” гурӯҳҳои сайёҳӣ аз майдонҳои пахта дидан мекунанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар сабаби он, ки 70 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ривоҷи агротуризм метавонад ба баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти маҳал мусоидат намояд. Дар ин бобат зикр кардан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 -2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда буданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро Конститутсия, санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”, “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”, Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020, Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019 ба танзим медарорад.
Имрӯзҳо тадбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бомуваффақият идома дорад, ки бо амалӣ гардидани он, то соли 2030 минтақаҳои гуногуни кишвар, махсусан ноҳияҳои кӯҳӣ ва дурдаст обод мегарданд.
Рушди агротуризм дар маҷмӯъ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва ободу зебо гардидани маҳаллаҳои аҳолинишин мусоидат мекунад. Ба ин мақсад ба саёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мардуми деҳот маҳсулоти тару тозаи дастранҷи худ, хурокҳои миллию серғизо, маҳсули дастони пурҳунари хешро пешкаш менамояд. Барои сайёҳони махсусан хориҷӣ иштирок дар маҳфи чорабиниҳои миллӣ, сайр дар ҳавои тоза, дидани манзараҳои нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо хеле ҷолибу мондагор хоҳад буд.
Дар ин робита таъкид кардан бамаврид аст, ки бо ривоҷ додони агротуризм ва саёҳии деҳот бисёр масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳаллу фасл мегарданд. Аз ҷумла, шаҳрвандони зиёде дар маҳалҳо метавонанд соҳиби кор ва шуғли доимӣ гарданд, дар деҳот ҳамзамон роҳҳои тахту ҳамвор ва мумфарш, иншооти гуногуни хизматрасонӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, марказҳои фарҳангию саломатӣ бунёд ёбанд. Бад – ин васила ҳамзамон рафту омади сайёҳон афзоиш ёфта, хориҷиён ба кишварҳояшон бозгашта миллату давлати моро муаррифӣ мекунанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соҳаи сайёҳӣ мунтазам рушд ёфта, сафи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзоиш меёбад.
Бароямон хушоянд ва боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон дар руйихати 10 мамлакати ҷолиб барои сайёҳон, масири нақлиётии Душанбе-Кӯлоб-Помир ба руйихати беҳтарин даҳ роҳҳои кӯҳӣ ворид гардидааст ва пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар қатори даҳ шаҳри амн барои сайругашти шабона эътироф гардидааст.
Холбойзода Неъматулло,
узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин.