01/06/2026
БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ БОШУКӮҲИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТУ БАР ТАЪРИХ ПИРӮЗ ОМАДӢ» ДАР ШАҲРИ БӮСТОН
Дар толори Қасри Фарҳанги шаҳри Бӯстон ҳамоиши бошукӯҳи ҳизбӣ таҳти унвони «Ту бар таърих пирӯз омадӣ» бо мақсади гиромидошти хотираи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад, ҷиҳати тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва баланд бардоштани худшиносии сиёсиву маънавии ҷомеа баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ, прокурори шаҳри Бӯстон Ҳоҷизода Толибҷон, Раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода, сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Қодиров, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин сарбозони қисмҳои ҳарбӣ иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ ҳамоишро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҳамоиши бошукӯҳи ҳизбӣ хайрамақдам гуфт.
Мавсуф дар оғози баромад аҳамияти баргузории ин чорабиниро махсус таъкид намуда, онро нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ ва эҳтиром ба хотираи фарзандони барӯманди миллат арзёбӣ кард.
Номбурда изҳор дошт, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз чеҳраҳои барҷастаи таърих буда, дар марҳилаҳои ҳассоси ташаккули давлатдории миллӣ бо ҷасорату фидокорӣ ва садоқати баланд ба Ватан хизматҳои мондагор анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, кору пайкори ин абармардон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ нақши бузург дорад.
Таъкид гардид, ки корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гиромидошти ин фарзандони фарзонаи миллат ҷойгоҳи хоса доранд. Зикр шуд, ки бо ташаббус ва иқдомҳои бевоситаи Пешвои миллат адолати таърихӣ эҳё гардида, хотираи неки шахсиятҳои барҷастаи таърихии миллат дубора зинда ва гиромӣ дошта шуд.
Ин раванд дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ дар ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон, нақши назаррас дошта, барои устувории ваҳдати миллӣ ва пойдории арзишҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Сипас Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз зумраи шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат ба шумор рафта, дар марҳилаҳои ҳассоси ташаккули давлатдории миллӣ бо ҷасорат, садоқат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ саҳми мондагор гузоштаанд.
Мавсуф иброз дошт, ки ин фарзандони фарзонаи миллат дар роҳи бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон, таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан корҳои бузургу таърихиро анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, хизматҳои онҳо на танҳо дар саҳифаҳои таърих сабт гардидаанд, балки имрӯз низ ҳамчун мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои наслҳои оянда хизмат мекунанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи чунин шахсиятҳои таърихӣ барои бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба давлату миллат аҳамияти хоса дорад. Раиси шаҳр афзуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд аз кору пайкори ин абармардон сабақ гирифта, дар роҳи рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошад.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов зимни суханронӣ дар чорабинии бахшида ба гиромидошти хотираи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад иброз дошт, ки ин шахсиятҳои бузурги таърихӣ дар марҳилаҳои басо ҳассоси ташаккули давлатдории навини тоҷикон нақши тақдирсоз гузоштаанд.
Ба таъкиди ӯ, хизматҳои ин фарзандони содиқи миллат дар роҳи бунёди пояҳои давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои мардум бо ҷасорату матонати фавқулода анҷом дода шуда, то имрӯз аҳамияти бузурги таърихию тарбиявӣ доранд.
Раиси суди шаҳри Бӯстон Боҳир Зоирзода дар баромади худ нақши Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа таъкид намуда, онҳоро аз поягузорони давлатдории миллӣ номид. Номбурда гуфт, ки фаъолияти ин шахсиятҳои таърихӣ имрӯз низ ҳамчун намунаи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Прокурори шаҳри Бӯстон Ҳоҷизода Толибҷон низ иброз дошт, ки ин фарзандони фарзонаи миллат дар бунёди пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои халқ саҳми мондагор гузоштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, гиромидошти хотираи онҳо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба таърих ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти хоса дорад.
Сипас, Сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наврӯз Қодиров бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, ҷанбаҳои асосии таърихӣ ва сиёсии нақши Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро бо овардани далелҳои таърихӣ таҳлил намуд.
Номбурда инчунин аҳамияти омӯзиш ва гиромидошти мероси таърихии онҳоро дар тарбияи насли наврас ва таҳкими худшиносии миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Тавре иброз шуд, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ (аз соли 1991 то имрӯз) ба шахсиятҳое, ки дар солҳои гуногуни таърихӣ барои давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат кардаанд, баҳои воқеии таърихӣ дода шуд.
Ба таъкиди ӯ, Нусратулло Махсум (1881–1938) аз чеҳраҳои барҷастаи ибтидои ташаккули давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ӯ дар солҳои 1924–1929, дар давраи таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, барои муайянсозии мақоми сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои тоҷикон саҳми назаррас гузоштааст.
Корнамоиҳои ӯ боис гардиданд, ки тоҷикон ҳамчун миллати дорои давлат дар харитаи сиёсӣ ҷойгоҳи муайян пайдо намоянд.
Ҳамчунин Шириншо Шоҳтемур (1899–1937) ҳамчун яке аз бунёдгузорони низоми давлатӣ дар солҳои 1920–1930 фаъолияти сиёсӣ бурда, дар таҳкими сохтори идоракунии давлатии навини тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ӯ дар шароити бисёр душвори сиёсӣ барои ҳимояи ҳуқуқи миллӣ ва густариши худшиносии тоҷикон мубориза бурдааст. Мутаассифона, соли 1937 ӯ ҳамчун қурбонии репрессияҳои сиёсӣ ба қатл расонида шуд, вале номи ӯ дар таърихи давлатдорӣ абадӣ боқӣ монд.
Нисор Муҳаммад (1890–1940) низ аз шахсиятҳои маъруфи соҳаи маориф ва фарҳанг ба ҳисоб рафта, дар солҳои 1920–1930 барои рушди саводнокӣ, ташкили мактабҳои нав ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ аз ҷумлаи равшанфикроне буд, ки ба рушди фарҳанги миллӣ ва бедории фикрии ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид.
Зикр шуд, ки дар даврони истиқлол бо иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла дар солҳои 2000–2020, номи ин шахсиятҳо дубора эҳё гардида, ба онҳо баҳои воқеии таърихӣ дода шуд.
Ҳамзамон, мавсуф зикр кард, ки бузургии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки шахсан ба Фурудгоҳ ташриф оварда, бо ташкили як корвони мошинҳо бо рамзи эҳтиром мушти хоки ин абармардони таърихро бо иззату икром пазируфта, онро ба оромгоҳи абадӣ бурданд. Ба гуфтаи ӯ, ин лаҳзаи таърихӣ ва пурэҳсос аз он гуна рӯйдодҳост, ки тасаввур ва ифодаи пурраи эҳсоси он қариб номумкин мебошад, зеро он рамзи олии эҳтиром ба гузашта, адолати таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат маҳсуб меёбад.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ низ баромад намуда, аҳамияти баргузории ҳамоиши мазкурро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ махсус таъкид кард. Мавсуф иброз дошт, ки гиромидошти хотираи Қаҳрамонони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад барои насли имрӯза мактаби бузурги ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш як зумра аъзоёни фаъоли ҳизб аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.