30/05/2026
ХУҶАНД: Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №37-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Тарбиятгирандагон дар васфи Ватан, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат шеърҳо қироат намуда, суруду таронаҳои ҷолиб иҷро карданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, барои таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Кӯдакон аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат баҳравар буда, дар фазои сулҳу оромӣ ба камол мерасанд.
30/05/2026
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК: ҒАМХОРӢ БА КӮДАКОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДА
Ҳамасола 1-уми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо рӯзи шодиву нишоти кӯдакон, балки фурсати муҳиме барои таваҷҷуҳ ба ҳуқуқ, манфиатҳо ва таъмини зиндагии арзандаи насли наврас мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як кӯдакро ба зиндагӣ, таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва рушди озодона кафолат медиҳад. Ҳамзамон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» асосҳои ҳуқуқии ҳимояи кӯдаконро муайян намуда, масъулияти давлат, ҷомеа ва оиларо дар самти таъмини ҳуқуқҳои онҳо мушаххас менамояд.
Тибқи қонунгузории мамлакат, ҳар як кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад. Давлат барои дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти босифат, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Соҳаи маориф дар ин самт нақши калидӣ дорад. Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар барои таълиму тарбияи кӯдакон, рушди истеъдодҳо, ҷалби онҳо ба озмунҳо, маҳфилҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ имкониятҳои васеъ муҳайё гардидааст. Омӯзгорон дар баробари таълим вазифадоранд, ки ҳуқуқу манфиатҳои хонандагонро ҳимоя намуда, барои ташаккули муҳити солиму бехатар дар муассисаҳои таълимӣ саҳм гузоранд.
Ҳуқуқи кӯдак танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ нест. Волидон, омӯзгорон ва тамоми аъзои ҷомеа бояд барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, пешгирии ҳама гуна зӯроварӣ, табъиз ва беэътиноӣ нисбат ба онҳо саҳмгузор бошанд. Зеро кӯдаки имрӯз соҳибватан ва бунёдкори фардои Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон моро водор месозад, ки ба масъулияти худ дар назди насли наврас боз ҳам ҷиддитар назар намоем. Ҳифзи ҳуқуқ, таълиму тарбияи шоиста ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кӯдакон кафолати ояндаи дурахшони ҷомеа ва давлат аст.
Дилрабо Сатторова, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Суғд
30/05/2026
ИСТАРАВШАН: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
Дар толори Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан бо иштироки хатмкунандагони панҷ муассисаи таълимӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ роҳнамоии ҷавонон ба интихоби дурусти касб, идомаи таҳсил ва омодагии беҳтар ба имтиҳонҳои хатмӣ буд.
Зимни вохӯрӣ ба хатмкунандагон оид ба аҳамияти таҳсил, интихоби бошууронаи касб ва истифодаи самараноки таътили тобистона тавсияҳо дода шуда, таъкид гардид, ки онҳо бояд вақтро беҳуда нагузаронида барои такмили дониш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва касбу ҳунар кӯшиш намоянд.
Дар анҷом ба хатмкунандагон барои супоридани бомуваффақияти имтиҳонҳо ва интихоби дурусти роҳи минбаъдаи таҳсил барору комёбиҳо орзу карда шуд.
30/05/2026
СУҒД: НАЗОРАТИ РАВАНДИ ҶАМЪБАСТИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025–2026 ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОН
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани соли таҳсили 2025–2026, дар рӯзи охирини соли таҳсил гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилояти Суғд ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарбар гардиданд.
Зимни шиносоӣ аз муассисаҳои таълимӣ раванди ҷамъбасти соли таҳсил, иштироки хонандагон дар дарсҳо, риояи интизоми дохилӣ ва омодагии муассисаҳо ба таътили тобистона мавриди омӯзиш ва назорат қарор дода шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар давраи таътили тобистона тавсияҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, ба хонандагон таъкид гардид, ки ҳангоми истироҳат ба қоидаҳои бехатарӣ қатъиян риоя намуда, аз шиноварӣ дар ҷойҳои барои оббозӣ пешбининашуда, бе назорати калонсолон қарор доштан дар назди обанборҳо, истифодаи воситаҳои нақлиёт бидуни иҷозат ва дигар амалҳое, ки метавонанд боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш гарданд, худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ҷалб шудан ба истироҳатгоҳҳо, маҳфилҳои фаннӣ, фарҳангӣ, машғулиятҳои варзишӣ ба хонандагон дастуру тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд.
Ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон супориш дода шуд, ки ҳамкориро бо падару модарон тақвият бахшида, дар давраи таътили тобистона ҷиҳати таъмини амният, ҳифзи ҳаёт ва саломатии кӯдакону наврасон, инчунин пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳодисаҳои нохуш чораҳои зарурӣ андешанд.