10/03/2026
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот
Фарорасии Рӯзи матбуотро ба кулли кормандони воситаҳои ахбори омма, собиқадорони соҳа ва аҳли қалами вилоят табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва дар иҷрои рисолати касбӣ барору муваффақиятҳо орзу менамоям.
Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир мақому манзалати хоса дошта, ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими иҷтимоӣ дар ташаккули фазои иттилоотии солим ва таҳкими ваҳдат нақши бориз доранд.
Дар замони имрӯз, ки иттилоот бо суръати бесобиқа паҳн мегардад, нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини амнияту субот мақоми хоса касб менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”.
Боиси таъкид аст, ки матбуот ҳамчун оинаи ҳаёт равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро бо воқеъбинӣ ва масъулият инъикос менамояд. Маҳз тавассути фаъолияти касбӣ ва таҳлилгаронаи журналистон аҳли ҷомеа аз моҳияти ислоҳот, ҳадафҳои стратегии давлат ва самтҳои асосии рушди кишвар бохабар мегардад. Аз ин лиҳоз, матбуот на танҳо воситаи иттилоърасонӣ, балки василаи муҳими ташаккули шуури сиёсӣ ва маърифати шаҳрвандӣ мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши матбуот дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва инъикоси дастовардҳои миллӣ ба таври назаррас афзудааст. Раванди бунёди давлатдории навин, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисод ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ тавассути матбуот ба таври густурда ба ҷомеа муаррифӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат намудааст. Инъикоси воқеъбинонаи корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузург ва ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар таҳкими эҳсоси ифтихор аз Ватан ва эътимод ба фардои кишвар нақши муассир дорад.
Дар баробари ин, журналистикаи муосир бояд ба принсипҳои касбият, воқеънигорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ такя намояд. Дар шароити рақобати иттилоотӣ ва паҳншавии иттилооти носаҳеҳ, масъулияти журналистон барои ҳифзи фазои солими иттилоотӣ дучанд мегардад. Танҳо бо такя ба таҳлили амиқ, санҷиши дақиқи манбаъҳо ва мавқеи мустақили касбӣ матбуот метавонад эътимоди ҷомеаро ҳифз намояд.
Боварии комил дорам, ки кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар соли таърихии омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар, кормандони матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоятро бахшида ба Рӯзи матбуот табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва хушиҳои рӯзгорро таманно мекунам.
Ид муборак, аҳли қалами вилоят!
16/12/2025
16 12. 2025.
Дар маҷлисгоҳи КВДК «Кохи матбуот»–и маркази вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ роҳбарону масъулин, аҳли бошандагон, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда, нуктаҳои калидӣ, самтҳои афзалиятноки рушди кишвар, вазифаҳои минбаъдаи ҷомеа ва дурнамои сиёсати давлату Ҳукуматро бо таваҷҷуҳи хоса пайгирӣ карданд.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои боэътимод барои рушду пешрафти Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва тақвияти нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа арзёбӣ гардид. Иштирокчиён аз муҳтавои фарогир, воқеиятнигор ва ояндасоз будани Паём изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи он таъкид карданд.
#КохиМатбуот #ВАО #МИҲДСуғд #Хадамотиматбуот
09/09/2025
Бо ифтихор тамоми мардуми азизамонро бо Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем!
Истиқлолият барои ҳар яки мо рамзи озодӣ, ваҳдат ва рушд аст.
Бигузор кишвари мо ҳамеша обод, осоишта ва пешрафта бошад!
КВДК "Кохи матбуот"
08/09/2025
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фарорасии ҷашни мубораку муқаддаси 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сокинони шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори орому осуда ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидон орзу менамоям.
Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз ҳамасола таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ таҷлил мегардад. Зеро он ибтидои дигаргуниҳои бунёдӣ, ташаббусҳои созанда, омили муттаҳидкунандаи халқу миллат дар даврони нави таърихӣ маҳсуб гардида, заминагузори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат хеле бамаврид таъкид намудаанд: "Аз ҷониби хурду бузурги мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ва бо хушҳоливу хурсандӣ таҷлил гардидани ҷашни истиқлол нишонаи возеҳу равшани он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри озодиву соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва ба таърихи пурифтихор, тамаддуни бостонӣ, забон, фарҳанг, расму оинҳо ва суннату анъанаҳои миллии худ ҳамчун арзишҳои бебаҳову ҷовидонӣ эҳтирому арҷ мегузоранд."
Маҳз бо баракати истиқлоли давлатӣ кишвари тозаистиқлоламон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф гардид ва ба узвияти бузургтарин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Аз ин лиҳоз, истиқлолу озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон арзиши бебаҳо ва сарчашмаи бахту саодат ба ҳисоб рафта, ҳар кадоми моро водор менамояд, ки бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо дар ҳифзу ҳимоя ва гиромидошти арзишҳои он пайваста кӯшиш намоем.
Таърих гувоҳ аст, ки соҳиби давлати мустақил гардидан ва расидан ба чунин рӯзи босаодат барои халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нагардидааст. Сокинони Тоҷикистон мухолифатҳои шадид ва чанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-умро хуб дар хотир доранд, ки дар натиҷаи дасисабозии бадхоҳон ба амал омада, миллатро ба хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ намуд.
Хушбахтона, ба шарафоти иродаи қавӣ ва талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи тоҷик сулҳу субот пойдор ва рукнҳои давлатдорӣ барқарор гардида, давлат аз гирдоби ҳалокат наҷот ёфт ва ягонагии ҳудуди кишвар ҳифз карда шуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол тавассути заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарафманди тоҷик дар арсаи олам мақому манзалати шоиста пайдо карда, ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.
Мо мардуми вилоят минбаъд низ бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ ва раванди ободониву созандагии Ватани маҳбубамон саъю талош намуда, ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегирем.
Таманно мекунем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ доимо пойдор бошад!
Чашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!