Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд
Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, Khujand.
01/06/2026
ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ ШИНОГОҲИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба шиногоҳи соҳили чапи дарёи Сир ташриф оварда, ба мавсими нави он ҳусни оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво сокинон дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла шиногоҳҳо вақт мегузаронанд. Барои истироҳату фароғати шаҳрвандон дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳамасола шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар мавсими оббозӣ таъмини бехатарии сокинон дар мадди назари масъулин қарор дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода нахуст аз вазъи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳо дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаффосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.
Роҳбари вилоят зимни суҳбат бо мардуми маҳалли шиногоҳ омада, иттилоъ дод, ки бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум чунин мавзеъҳои истироҳатии мавсимӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин барои кӯдакон ҳавзҳои сунъӣ сохта мешаванд. Шиногоҳ бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ мегардад. Зеро нури офтоби Тоҷикистон беҳтарин василаи табобат барои шаҳрвандони хориҷӣ арзёбӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ бо шиногоҳ ба Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар шиногоҳ майдонҳои истироҳату фароғат, машқу тамрин низ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ ташкил ва мардум машғули бозӣ буданд.
Бояд қайд намуд, ки дар шиногоҳ соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст.
Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд
01/06/2026
МАСЪУЛИ ТАЪМИНИ ОЯНДАИ БОСАОДАТИ КӮДАКОНЕМ!
Номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакону наврасони азиз, волидайни масъулиятшинос!
Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад ва кишвари мо – Тоҷикистон, истисно нест. Ин сана мо, калонсолонро ҳушдор месозад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Зеро кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд.
Соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул кард. Яке аз санадҳои асосии Ассамблеяи Генералии СММ ташкили Хазинаи кӯдакон ЮНИСЕФ аст, ки айни замон механизми асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон ҳисоб меёбад.
Аввалин ҳуҷҷати байналмилалии ҳуқуқие, ки дар он ҳуқуқҳои кӯдак дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ шудааст, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аст, ки аз ҷониби СММ 20 ноябри соли 1989 қабул шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияи байналмилалиро 26 ноябри соли 1993 ба тасвиб расонд. Ҳуқуқҳои кӯдаконро дар ҷумҳурӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ва даҳҳо санади дигар ба танзим даровард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимии ҷисмонию равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки як мақоми доимии назди Маыомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад, сиёсати давлатиро оид ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак бо мақсади амалисозии қонунгузории кишвар ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналмилалӣ тасдиқ шудаанд, пеш мебарад.
Кулли кӯдакону наврасон, волидайни хушбахти замонро бо рӯзи байналмилалии кӯдакон табрику муборакбод мегӯям, ба онҳо айёми хуши кӯдакиву наврасӣ, хандаҳои беғаши тифлӣ, саодати рӯзгорон ва ба кишварамон осмони софу беғубор таманно мекунам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамеша бар онанд, ки нашъу нумӯи кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавӣ барои рушди зеҳнии кӯдакон вазифаи асосии давлат, ҷомеа ва волидайну оила маҳсуб меёбанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо, дар остонаи таҷлили 35-солагии он қарор дорем, кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кӯдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор низ таваљљўҳи хоса зоҳир мегардад. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад.
Барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ андешида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ва микроноҳияҳо корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд, ки дар маҷмӯъ барои беҳбудии рушд ва камолёбии кӯдакон нигаронида шудаанд.
Бори дигар кўдакони некбахти диёрро бо рӯзи идашон шодбод мегӯям, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сулҳу ваҳдати тоҷикон побарҷо, кишварамон обод, кӯдаконамон саодатманд ва ояндаашон дурахшон бошад.
Ид муборак, гулғунчаҳои боғи зиндагӣ!
01/06/2026
ИШТИРОКИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ФАЪОЛ ДАР ТАҶЛИЛИ ИДИ КӮДАКОН ДАР НАВРӮЗГОҲИ ШАҲРИ ХУҶАНД
01/06/2026
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Хуҷанд
1 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид.
Дар тантанаи идона Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуда, аз намоишгоҳу гӯшаҳои омоданамудаи муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, варзишӣ ва тандурустӣ боздид кард.
Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзиширо пешкаш намуда, истеъдоду маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, аъзои Академияи хурди илмҳо ва хонандагони эҷодкор дастовардҳои худро муаррифӣ карданд.
Раиси вилоят ба гурӯҳи калони кӯдакон туҳфаҳо супурда, ба масъулон ҷиҳати дастгирии бештари аъзои Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғати онҳо дастуру супоришҳо дод.
Зимни суханронӣ Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, таълиму тарбия, рушди зеҳнӣ ва солимии насли наврас шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Зикр гардид, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имсол дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, насли наврасро водор месозад, ки бо азхуд намудани донишҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир барои пешрафти Ватан саҳмгузор бошанд.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Дар тантанаҳои идонаи «Наврӯзгоҳ» беш аз 30 ҳазор кӯдакону наврасон иштирок намуданд.
31/05/2026
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ шуданд
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасон мулоқот намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар мусобиқае, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, чор нафар варзишгари тоҷик миёни муштзанҳои то 17-сола ба гирифтани медал мушарраф шуданд. Беҳрӯз Умаров (54 кг) ва Анушервон Сидиқов (46 кг) унвони қаҳрамониро ба даст оварда, соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Муҳаммадҷон Сулаймонов (58 кг) ва Азизахон Бобоҷонова (52 кг) бошад, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Раиси вилоят варзишгаронро бо натиҷаҳои арзанда табрик намуда, таъкид кард, ки дастовардҳои онҳо самараи сиёсати давлатии дастгирии варзиш ва таваҷҷуҳи пайваста ба тарбияи насли солим мебошад.
Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд барои рушди бокс тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Федератсияи бокси вилояти Суғд заминаи моддию техникӣ таҳким меёбад, шароити тамрину рақобат беҳтар гардида, барои омода намудани варзишгарони болаёқат имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешаванд.
Ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
29/05/2026
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН 2026
29/05/2026
#АКСГУЗОРИШ: СУХАНРОНИИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД ДАР МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ» БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН
29/05/2026
БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ХОНАНДАГОН И МТМУ РАҚАМИ 6-УМИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти тарбиявию маърифатӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ оид ба таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии амалҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон суҳбати судманд доир карда шуд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа бояд бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардида, барои омӯзиши илм, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир бештар кӯшиш намоянд.
Ҳамчунин оид ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва муносибати масъулона ба таълиму тарбия ибрози андеша карда шуд.
Ба хонандагон ҷиҳати истифодаи самараноки вақт, мутолиаи китоб, интихоби дурусти касбу ҳунар ва тарзи ҳаёти солим тавсияҳои муфид пешниҳод гардиданд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин мулоқотҳои маърифатӣ барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ҷавонони фаъоли ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд низ идома хоҳад ёфт.
29/05/2026
Баргузории Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти Қаҳрамонони миллат» дар МТДБХБ-и шаҳри Хуҷанд
Санаи 28 майи соли 2026 дар Муассисаи таълимии давлатии барои хонандагони болаёқат (МТДБХБ)-и шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти Қаҳрамонони миллат» дар фазои тантанавӣ ва маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур омӯзгорон, хонандагон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ иштирок намуда, доир ба аҳаммияти омӯзиши таърихи миллат, таҳкими худшиносии миллӣ ва гиромидошти қаҳрамонони Ватан мубодилаи афкор анҷом доданд.
Зимни конференсия омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонони миллат ибрози назар карданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандона ва ватансозонаи Пешвои миллат эҳтиром ба таърих, худшиносии миллӣ ва пос доштани арзишҳои фарҳангиву миллӣ дар ҷомеа мақоми хоса касб намудааст. Иштирокчиён зикр намуданд, ки омӯзиши таърих ва ҳифзи хотираи гузашта барои тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ директори муассиса Орифҷон Умаров зимни суханронии пурмуҳтаво доир ба аҳаммияти омӯзиши таърихи миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст ибрози андеша намуданд.
Мавсуф таъкид карданд, ки ҳифзу гиромидошти хотираи таърихӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, барои ташкили сатҳи баланди конференсия ба омӯзгорон ва хонандагони фаъол изҳори сипос намуда, ба ҳамаи иштирокчиён дар роҳи илмомӯзӣ ва хизмат ба Ватан барору комёбиҳо орзу карданд.
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Contact the business
Telephone
Website
Address
Opening Hours
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 08:00 - 17:00 |
| Saturday | 08:00 - 17:00 |
