17/04/2026
Free Economic Zone "Kulob"
Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Free Economic Zone "Kulob", Government Organization, Хатлонский область, Kulob.
FEZ Kulob is a separate (limited) territory of the Republic of Tajikistan with a total area of 309.32 hectares, within which special customs and tax regimes, and simplified procedures for registering entities (residents) exist.
17/04/2026
17/04/2026
ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «Кӯлоб»
Санаи 17 апрели соли 2026 гурӯҳи сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташриф оварда, аз зеристгоҳи барқӣ ва аз рафти фаъолияти иншоотхои ҳудуди минтақа боздид ба амал оварданд.
Ҳайати сармоягузоронро Муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух ва Раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар ҳамроҳӣ намуданд.
Дар доираи сафари мазкур мехмонон аз чониби Муовини Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Асозода Толибҷон Раҷаб оид ба имкониятҳои иқтисодию истеҳсолӣ, имтиёзҳо ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа ба меҳмонон маълумотҳои муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасии тарафайн қарор гирифт.
Вохурихо дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
04/04/2026
04/03/2026
Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 марти соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо мақсади аз наздик шинос шудан бо раванди корҳои ободонию созандагӣ, бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, фаъолияти субъектҳои минтақа, ҷалби сармоягузориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ба Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари мазкур Сарвазири мамлакатро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо муҳтарам Асадулло Раҳмон, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, Вазири саноат ва технологияҳои нав муҳтарам Шералӣ Кабир, и.в. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Пирзода Диловар ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдор ва ҳайати меҳмонон ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни боздид Сарвазири кишварро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода Мустафо Рустам истиқбол гирифта, шароити фароҳамовардашуда дар самти ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар минтақа муаррифӣ карда шуд.
Зимни боздид, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз ҷараёни фаъолияти ҶДММ «Тоҷик – Алмос», ки ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ (филтрҳои муҳаррик) машғул мебошад, аз наздик шинос шуданд. Дар ин раванд, лоиҳаҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш ҶДММ «Растанӣ Инно», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ва беҳдоштӣ ҶДММ «Фарм Кӯлоб» ва корхонаи истеҳсоли равған, набот ва намаки ошӣ ҶДММ “Кӯлоб Агросаноат” муаррифӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар МОИ «Кӯлоб» 10 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа то имрӯз наздик ба 100 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақа то имрӯз қариб ба 1 млн. сомонӣ расида, дар он наздики 110 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Инчунин, бо мақсади татбиқи амалии ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири кишвар, Вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳайати ҳамроҳон ва кормандони Маъмурияти МОИ «Кӯлоб» дар саҳни ҳавлии минтақа дарахтони ҳамешасабз, ки ба ҳусни минтақа зебогии нав зам мекунанд, шинонида шуданд.
Дар анҷоми сафар аз ҷониби Сарвазири кишвар ба роҳбарият ва кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани минтақа, рушди инфрасохтори аввалиндараҷа, тақвияти корҳои таблиғотӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
03/03/2026
https://www.facebook.com/100064646264075/posts/1346564870841709/?sfnsn=mo&mibextid=VhDh1V
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
https://khovar.tj/2026/03/sarvaziri-mamlakat-o-ir-rasulzoda-dar-sha-ri-k-lob-bo-kor-oi-sohtmon-va-so-ilmusta-kamkun-shinos-gardid/
28/02/2026
РАФТИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамешасабз дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2024, №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва эълони иқдоми навбатии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид таҳти унвони “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан” бо иштироки кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” маъракаи ниҳолшинонӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
26/02/2026
Бознашр аз Рӯзномаи Хатлон:
ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «КӮЛОБ» МАРКАЗИ ЛОГИСТИКӢ ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАД
Лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ» (бо назардошти тарҳи муқаддимавӣ, Basic Design) дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати «Samil PwC»- и Ҷумҳурии Корея Ок Донг Ю, ки ҳамзамон менеҷери ин тарҳ аст, дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ – иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» яке аз лоиҳаҳои муҳим буда, метавонад ба рушди низом ва иқтидори логистикии Тоҷикистон мусоидат намояд. Намояндаи ширкати «Samil PwC»- и Ҷумҳурии Корея Ок Донг Ю оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳа ва корҳое, ки дар доираи он ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дод.
Гуфта шуд, ки ваъзи ҷуғрофии лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма» ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки маркази логистикии мазкур ҳамчун маркази логистикии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони мултимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо» молу маҳсулот интиқол дода шавад.
Сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва оҳан, нақбҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои ба кишвари ҷолиби трантизитии минтақа табдил додани Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Аммо бе мавҷудияти марказҳои логистикии муосир ва дар маҷмуъ инфрасохтори логистикии зарурӣ ин кор душвор аст. Аз ин рӯ, лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар мамлакат амри муҳим ва талаби замон арзёбӣ карда мешавад.
16/02/2026
РАФТИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари ҳамешасабз дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2024, №374 “Дар бораи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва эълони иқдоми навбатии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид таҳти унвони “300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан” бо иштироки кормандони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” маъракаи ниҳолшинонӣ ва шинонидани гулҳои ороишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.
16/02/2026
Баррасии масъалаҳои раванди таҳияи лоиҳаи “ Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” бо мутахассисони Ҷумҳурии Корея
Ташрифи коршиносони соҳаи логистикаи Ҷумҳурии Корея якҷо бо намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”.
Зимни боздид ба мутахассисон ва коршиносони соҳа раванди татбиқи лоиҳаи “Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ дар МОИ “Кӯлоб”” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни боздид имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон ба рафти бунёди инфрасохтори зарурии минтақа ва корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос шуда, бо субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аз наздик ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо мулоқот намоянд.
Дар идома аз ҷониби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори мавҷуда ва дигар масъалаҳои марбута дар шакли рўнамо (презентация) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар маҷмӯъ, тарафҳо ҷиҳати татбиқи амалиии лоиҳаи болозикр ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Вохӯриҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
18/05/2025
Иштироки Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" дар мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Кӯлоб.
23/01/2025
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ".
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Category
Contact the business
Telephone
Website
Address
Kulob
Opening Hours
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 08:00 - 17:00 |
| Saturday | 08:00 - 12:00 |
