Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Share

ҲХДТ БАЛХӢ

Photos from Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ's post 01/06/2026

ҲИФЗИ КӮДАКОН - МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

Ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ ва тарбиявӣ баргузор карда мешаванд. Ин санаи муҳим рамзи ғамхорӣ ба насли наврас, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ва таваҷҷуҳ ба ояндаи миллат маҳсуб меёбад.

Дар ин замина, 1 июни соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ва Шукурзода Шаҳло, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони идораву корхонаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирону мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, хонандагони фаъол ва тарбиятгирандагон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Пеш аз оғози қисми расмии чорабинӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳо, корҳои эҷодӣ ва ҳунарҳои дастии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии ноҳия дидан намуда, ба маҳсули меҳнати кӯдакон ва заҳмати мураббиён баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ маҳорати кӯдакон дар расмкашӣ, дӯзандагӣ, ороишгарӣ ва дигар корҳои эҷодӣ муаррифӣ гардида, диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.

Зимни суханронии худ муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ ҳозирин ва тамоми кӯдакони ноҳияро аз номи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ, илму маърифат ва ояндаи дурахшон орзу намуд.

Таъкид карда шуд, ки кӯдакон сарвати бебаҳои миллат ва идомадиҳандаи роҳи созандаи ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва ба камол расонидани насли солиму соҳибмаърифат яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои таълиму тарбия, фароғат ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёду азнавсозӣ гардидаанд. Иқдомҳои созандаи Пешвои миллат баҳри ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ равона шудаанд.

Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибони даври дуюм (ноҳиявӣ) озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст", Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ аз номи раиси ноҳия тақдим карда шуд, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз истеъдоду маҳорати наврасон аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта гардид.

Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби омӯзгорон ва таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, Мактаби санъати бачагонаи ноҳия пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Сурудҳои дилнишин, рақсу саҳначаҳои тарбиявӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, руҳияи идонаи ҳозиринро болида гардонид.

01/06/2026

КӮДАКОН — ОЯНДАИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ.АСТ
Андеша: Кӯдакон неъмати бебаҳо, чароғи хонадон ва умеди ҳар як ҷомеа мебошанд. Дар чеҳраи хандону беғаши онҳо фардои дурахшони миллат таҷассум меёбад. Ҳар як кӯдак бо орзуҳои бузург, истеъдоди нотакрор ва дили пур аз меҳру муҳаббат ба дунё қадам мегузорад. Аз ҳамин рӯ, ғамхорӣ ба кӯдакон, таълиму тарбияи дуруст ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду камолоти онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ояндаи ҳар давлат аз он вобаста аст, ки насли наврас чӣ гуна тарбия меёбад. Агар имрӯз ба кӯдакон дониш, фарҳанг, ахлоқи ҳамида ва ҳисси ватандӯстиро омӯзонем, фардо онҳо ҳамчун шахсиятҳои арзанда барои пешрафт ва ободии Ватан хизмат хоҳанд кард. Маҳз аз байни кӯдакони имрӯз олимон, омӯзгорон, табибон, муҳандисон, ҳунармандон ва роҳбарони фардо ба камол мерасанд.
Кӯдаконе, ки дар муҳити солим, пур аз меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ ба воя мерасанд, метавонанд ҷомеаро ба сӯи рушду тараққиёт раҳнамоӣ кунанд. Аз ин рӯ, ҳар як табассум, ҳар як калимаи нек ва ҳар як дастгирие, ки ба кӯдак мерасад, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст.
Бигзор кӯдакони Тоҷикистони азиз ҳамеша дар фазои сулҳу субот, дӯстӣ ва саодат зиндагӣ намуда, бо дониш, заковат ва истеъдоди худ номи Ватани маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд бардоранд.
Кӯдакон — оинаи поки зиндагӣ, умеди имрӯзи мо ва бунёдгарони фардои дурахшони миллатанд!
Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ба ҳамаи мардуми шарафманди Тоҷикистон муборак бошад!

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Рауфов Фатҳулло

01/06/2026

МЕҲРУ МУҲАББАТ БА КӮДАК - ПОЯИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Сухани табрикии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фарзандони дӯстдоштанӣ, наврасону кӯдакони азиз! Падару модарони меҳрубон ва ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи шумоёнро ба муносибати 1-уми июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик осоишу оромӣ, файзу баракат ва ба кӯдакони хуштолеи диёр тандурустиву саодати рӯзгор орзу менамоям.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз санаҳои муҳиму пурифтихори ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад, зеро кӯдак рамзи покӣ, идомаи зиндагӣ ва ояндаи давлату миллат мебошад. Ҳар ҷомеае, ки ба таълиму тарбия, ҳифзу парасторӣ ва камолоти маънавии кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, бешак ояндаи дурахшон ва ҷомеаи солиму пешрафтаро соҳиб мегардад.

Мо ифтихор мекунем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Давлату Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил, рушди қобилияту истеъдод ва ҳифзи саломатии кӯдакон пайваста тадбирҳои муассир меандешанд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ба донишандӯзӣ, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои навин ва тарбияи маънавии кӯдакону наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Наврасони ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, бо донишу истеъдоди худ обрӯи ноҳия ва кишварро баланд мебардоранд.

Фарзандони азиз!
Шумо гулҳои шукуфони ҳаёт, чароғи хонадон ва нерӯи созандаи фардои Ватан ҳастед. Орзу дорем, ки ҳамеша бо чеҳраи кушода, қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва руҳи баланд ба воя расида, ҳамчун фарзандони содиқу ватандӯст ба халқу Ватани худ хизмат намоед.

Бигзор лабони кӯдаконаатон ҳамеша хандон бошаду қалбҳоятон аз меҳри падару модар гармӣ гирад. Бо ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди инсонгароӣ, донишандӯзӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ба камол расед ва дар оянда номбардори миллати тоҷик гардед.

Воқеан ҳам, кӯдак ба мисли оинаи софу беғаш аст. Муҳаббат, таваҷҷуҳ, сухани нек ва ғамхории мо дар қалби ӯ нақши ҷовидона мегузорад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар, омӯзгор ва аҳли ҷомеаро мебояд дар тарбияи дурусти фарзандон ҳисси баланди масъулият дошта бошанд.

Мардуми фарҳангдӯсту тамаддунофари тоҷик аз қадим тарбияи фарзандро рисолати муқаддас медонистанд. Бузургони мо таъкид мекарданд, ки одобу дониш беҳтарин мерос барои фарзанд аст. Унсурулмаолии Кайковус низ дар «Қобуснома» таъкид намудааст, ки падару модар бояд фарзандро ба илму ҳунар ва ахлоқи нек раҳнамун созанд.

Имрӯзҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ масъалаи дастгирии кӯдакону наврасонро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ меҳисобад. Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳия силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва фароғатӣ баргузор гардида, барои болидахотирии кӯдакон фазои идона муҳайё карда шудааст.

Ҳамзамон, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор, фарзандони оилаҳои ниёзманд ва ҳифзи саломатии кӯдакон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти ноҳия қарор дорад. Бо ҷалби шахсони саховатманд ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ корҳои хайрхоҳона пайваста амалӣ мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Фарзандонро ба илму дониш, китобхонӣ, касбомӯзӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем, то онҳо дар оянда шахсони соҳибмаърифат ва такягоҳи боэътимоди ҷомеа гарданд».

Ин суханони пурҳикмат моро водор месозанд, ки дар тарбияи насли наврас саҳлангор набошем ва барои бунёди ҷомеаи босаводу маърифатпарвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи кӯдакону наврасони ноҳияи азизамонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфта, бароятон саломатии комил, бахту иқболи нек, осмони соф, қалби пур аз орзуҳои зебо ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!

01/06/2026

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҳамватанони арҷманд!
Волидайни муҳтарам!
Кӯдакону дӯстрӯякони азиз!
Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям.
Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст.
Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд.
Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад.
Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Photos from Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ's post 01/06/2026

БИКӮШЕМ, КИ КУЛЛИ КӮДАКОН КӮДАКИИ ЗЕБО ДОШТА БОШАНД!
1-ИЮН — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН.

Photos from Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ's post 30/05/2026

ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ВА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи эълон гардидани Соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, тақвияту таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ", дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси раиси вилояти Хатлон «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» ва аксияи ҳизбии “365-рӯзи ободониву созандагӣ” корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо маром идома дорад.
Дар ҷараёни ин иқдоми созанда санаи 30 майи соли 2026 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар корҳои ободонӣ иштирок намуда, бо ин васила саҳми арзандаи худро дар тозагиву ободонии муҳити атроф саҳм гузоштанд. Боиси зикр аст, ки тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон таъсири мусбат мерасонад.

30/05/2026
Photos from Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ's post 30/05/2026

Шаҳри Брест, Ҷумҳурии Белорус 🇧🇾

Дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус «Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронси мазкур муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Бахтовар Сафарзода ва Саидбек Мирзомуддинов — роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар Федератсияи Россия иштирок намуданд. Ҳамчунин дар ин конфронс намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз16 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Маликшо Неъматзода аз ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни конфронс бо ҳамовозии ҷонибдорӣ карда шуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои байниҳизбӣ метавонад дар таҳкими сулҳу субот, тавсеаи муколамаи сиёсӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Photos from Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ's post 30/05/2026

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ - АСОСИ ҲИЗБ
Бо мақсади таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, тартиб ва ҳолати бақайдгирии узви ҳизб дар мавриди тағйири макони зист ва ҷойи кор ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ноҳия бо ҷалби масъулин дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ёрии методӣ расонида мешавад. Вобаста ба ин, санаи 30 майи соли 2026 муовини раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия - Рауфов Фатҳулло аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи сил» дар ноҳия дидан намуда, ҷиҳати дуруст бароҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққӣ узвият, назорати пурраи ҳаракати аъзои ҳизб маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Want your business to be the top-listed Government Service in Kurgan-Tyube?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Telephone

Website

Address

Kurgan-Tyube

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00