22/04/2026
Соревнование по национальной борьбе “гуштингири” в Алматинской области
20 марта 2026 года по иницитивеа Генерального консульства Республики Таджикистан в городе Алматы Республики Казахстан совместно с обществом таджиков консульского округа, в честь Международного праздника Навруз в Алматинской области было проведено соревнование по национальной борьбе гуштингири.
Данное мероприятие было организовано с целью возрождения национальных спортивных традиций, популяризации здорового образа жизни и укрепления дружбы между представителями таджикских сообществ за рубежом.
Генеральный консул Республики Таджикистан в городе Алматы Фируз Муродзода торжественно открыл мероприятие и тепло поздравил присутствующих с национальным праздником и проведением данного традиционного спортивного соревнования.
Соревнование прошло в соответствии с традиционными правилами борьбы гуштингири, в нем приняли участие спортсмены и любители данного вида спорта. Победители на каждом этапе были награждены памятными и ценными призами.
30/11/2024
Ҳамватанони азизу арҷманд!
Бо эҳтироми хоса ва миннатдории самимӣ ба шумо бинобар анҷоми фаъолияти дипломатиам дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон гуфтаниям, ки ин давра барои ман марҳилаи муҳиме буд, ки саҳми худро дар мустаҳкам намудани муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон гузоштам.
Аз шиносоӣ бо яко яки Шумо хеле шодам ва кумаку мусоидати ҳар яки шумо барои рушд ва мустаҳкам намудани дустӣ ва хамкорӣ байни ду кишвари бародар дар хотир боқӣ хоҳад монд.
Дар давоми фаъолиятам ба ҳайси консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато шарафи дидани мавқеӣ фаъоли ҳаётӣ ва таваҷҷуҳи баланди Шуморо барои нигоҳ доштани робитаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ бо Ватани таърихӣ дидам. Ба шарофати заҳмат ва суботкории шумо диаспораи тоҷикон дар Қазоқистон худро як ҷузъи муҳими ҳусни тафоҳум ва энергияи қавӣ нишон дода, шумо ҳамчун пули пайвасткунанда байни ду кишвари бародар хизмат мекунед.
Саҳми Шумо дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон хеле зиёд аст. Шумо на танҳо анъанаҳои миллиро ҳифз мекунед, балки фарҳанг, забон ва арзишҳои тоҷикиро дар Қазоқистон фаъолона муаррифӣ ва нигоҳ медоред. Консулгарии генералӣ бо дастгирӣ ва ҳамроҳии Шумо дар ҳалли мушкилиҳои гуногуни шаҳрвандон муваффақиятҳои намоёнро ба даст овард.
Ман умед дорам, ки муносибатҳои мо дар оянда низ боз ҳам мустаҳкамтар шуда, кӯшишҳои мо барои рушду шукуфоии Тоҷикистон ва ҷомеаи точикон дар хориҷи кишвар самар мебахшад. Ба боварӣ гуфта метавонам, ки бо дастгирии шумо мо дар оянда низ ба қуллаҳои нав мерасем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳар яки Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ ва дар ҳама корҳоятон муваффақияту бурдборӣ орзумандам. Бигзор заҳматҳои Шумо ҳамеша қадр гардида, дар хонадонатон сулҳу ободӣ ҳукмфармо бошад.
Бо эҳтироми самимӣ,
Собиқ консули генералии Тоҷикистон дар Алмаато
Равшан Бобохонзода
22/11/2024
Таҷлили Рӯзи Президент ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 ноябри 2024 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябр) маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндагони диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва тоҷикони бурунмарзӣ ширкат варзиданд.
Консули генералӣ зимни суханронии худ ҳамватанонро бо Рӯзҳои Президент ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳозирин дар бораи нақши муҳимми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ташаккули давлати мустақили тоҷикон таъкид намуд ва роҷеъ ба рамзи муқаддаси Тоҷикистони Парчами миллӣ маълумоти муфассал ироа кард.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагӣ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ӯ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намояд.
___________________________________________
Празднование Дня Президента и Государственного флага
Республики Таджикистан
22 ноября 2024 года в Генеральном Консульстве Республики Таджикистан в городе Алматы состоялось торжественное заседание по случаю Дня Президента Республики Таджикистан (16 ноября) и Дня Государственного Флага Республики. Таджикистана (24 ноября).
В торжественном собрании приняли участие представители таджикской диаспоры и таджики, проживающие в Республике Казахстан.
В ходе своего выступления Генеральный консул поздравив соотечественников с Днем Президента Республики Таджикистан и Днем Государственного Флага Республики Таджикистан, подчеркнул важную роль Основателя мира и национального единства - Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона, в становлении независимого таджикского государства и предоставил подробную информацию о священном символе Таджикистана – Государственном флаге.
Было отмечено, что независимый Таджикистан под знаменем единства и солидарности, конструктивности и творчества в свете руководства Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона и его глобальных инициатив смог занять достойное место на региональной и международной арене.
22/11/2024
Вохӯрӣ бо курсантони тоҷик, ки дар академияи Сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳсил мекунанд
21 ноябри соли 2024 дар Академияи сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии атташеи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин котиби сеюми консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато бо курсантон-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин муассиса таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони консулгарӣ бо шароити зиндагӣ, ҷараёни таҳсил ва рӯзгори курсантон шинос шуданда, ба масъалаҳои марбут ба таъмин намудани курсантҳо бо лавозимоти дарсӣ ва шароити ғизо диққати махсус дода шуд.
Атташеи ҳарбӣ ва котиби сеюм бо курсантон суҳбати озод анҷом дода, фикру пешниҳодҳои онҳоро шуниданд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷударо баррасӣ намуданд. Намояндагон ҳамчунин бо роҳбарият ва нозирони донишкада мулоқот анҷом дода, барои таҳкими ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи курсантҳои тоҷик тадбирҳо пешниҳод карданд.
Ба курсантон ёдовар карда шуд, ки риояи қатъии интизом, муносибати ҷиддӣ ба таҳсил ва эҳтиром ба устодон яке аз шартҳои асосии муваффақият мебошад. Таъкид гардид, ки омӯзиши фаъол ва такмили малакаҳои касбӣ на танҳо ба рушди шахсӣ мусоидат мекунад, балки асоси хидмат ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар оянда фароҳам меорад.
_________________________________________
Встреча с таджикскими курсантами, обучающимися в Пограничной академии Комитета национальной безопасности Республики Казахстан
21 ноября 2024 года состоялась встреча Военного атташе Республики Таджикистан в Республике Казахстан и Кыргызской Республике, а также Третьего секретаря Генерального консульства Республики Таджикистан в г.Алматы с курсантами-гражданами Таджикистана, обучающимися в Пограничной академии Комитета национальной безопасности Республики Казахстан.
В ходе встречи представители таджикской стороны ознакомились с условиями проживания, учебного процесса и быта курсантов. Особое внимание было уделено обсуждению вопросов обеспечения курсантов необходимым обмундированием и условиями питания.
Военный атташе и Третий секретарь провели открытую беседу с курсантами, в рамках которой выслушали их мнения и пожелания, а также обсудили пути решения возникающих вопросов. Также представители встретились с руководством и кураторами Академии, чтобы укрепить взаимодействие и обеспечить максимальную поддержку таджикским курсантам.
Курсантам было напомнено о важности строгого соблюдения дисциплины, усердно учится, следования правилам и уважения к наставникам. Подчеркивалось, что серьёзное отношение к учебе и развитию профессиональных навыков не только откроет перед ними перспективы, но и станет основой для служения интересам Республики Таджикистан в будущем.
21/11/2024
Мулоқот ба муносибати анҷоми миссияи дипломатӣ
21 ноябри соли 2024 дар бинои Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Алмаато Р.Бобохонзода ба муносибати анҷоми фаъолияти дипломатиаш бо роҳбари Намояндагӣ Ж.Абдрашов вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро, ки солҳои охир рушд ёфтаанд, қайд карда, дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт муайян намуданд.
Консули генералии Тоҷикистон ба ҷониби Қазоқистон барои мусоидат ва дастгирӣ дар ҷараёни иҷрои ваколатҳояш изҳори сипос кард.
Дар навбати худ, роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба консули генералӣ барои кори фаъолаш дар самти таҳкими робитаҳои ду кишвар изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш комёбӣ ва дастовардҳои нав таманно намуд.
_________________________________
Встреча по случаю завершения дипломатической миссии
21 ноября 2024 года в здании Представительства Министерства иностранных дел Республики Казахстан в городе Алматы генеральный консул Республики Таджикистан в городе Алматы Р.Бобохонзода по случаю завершения своей дипломатической миссии провел встречу с руководителем Представительства Ж.Абдрашовым.
В ходе беседы стороны отметили высокий уровень сотрудничества между Республикой Таджикистан и Республикой Казахстан, сложившийся за последние годы, а также наметили перспективы двустороннего торгово-экономического сотрудничества в различных сферах экономики.
Генеральный консул Таджикистана поблагодарил казахстанскую сторону за оказанное содействие и поддержку в период осуществления своих полномочий.
В свою очередь, глава представительства МИД Казахстана выразил признательность генеральному консулу за активную работу на благо укрепления двусторонних связей и пожелал успехов и новых достижений в его дипломатической карьере.
03/11/2024
Мусобиқаи волейбол бахшида ба Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон
2 ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар маҷмааи варзишии Ширкати миллии нафти Чин (CNPC) Мусобиқаи волейбол барои дарёфти «Ҷоми дӯстӣ - 2024» баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ роҳбарону кормандони консулгариҳои генералӣ, консулгариҳои фахрӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Мусобиқаи волейболи корпуси дипломатӣ ҳамасола аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Мардумии Чин ташкил ва гузаронида мешавад. Ин мусобиқаи волейбол имсол 10-сола мешавад!
Ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаи варзишӣ медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
🏐🏐🏐🏐🏐🏐🏐🏐🏐
Волейбольный турнир в честь Дня Республики Казахстан
2-го ноября 2024 года в честь Дня Республики Казахстан, по инициативе Генерального Консульства Китайской Народной Республики, в спортивном комплексе компании China National Petroleum Corporation (CNPC) состоялся Турнир по волейболу на "Кубок дружбы — 2024".
В спортивном мероприятии приняли участие главы и сотрудники генеральных консульств, почетных консульств и международных организаций.
Волейбольный Турнир дипломатического корпуса ежегодно организуется и проводится Генеральным Консульством Китайской Народной Республики. Данному волейбольному турниру в этом году исполняется 10 лет!
Всем участникам спортивного состязания были вручены медали и памятные подарки.