Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Government Organization, Хиёбони Рӯдакӣ, 42, Dushanbe.

20/03/2026

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Сокинони меҳанпарвари пойтахт!

Ҳамаи Шумоёнро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат ва оғози мавсими кишту кор бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Ин ҷашн барои мардуми тоҷик ҳамчун меросбари мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ, падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбинии таърихӣ ба шумор меравад.

Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳи якдигар, аз байн бардоштани кинаву адоват, таҳаммулпазириву ҳамдигарфаҳмӣ ва ба ҳамин васила поянда нигоҳ доштани суботи ҷомеа мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки бо талошҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҷашни бостонии ниёгонамон мақоми байналмилалиро касб намуда, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам ҷашн гирифта мешавад, ки мояи ифтихори ҳамаи тоҷикон мебошад.

Бори дигар фарорасии Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми шарифи мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки бахту саодати зиндагӣ дар ҳар хонадон ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҷовидонӣ бошад.

Иди фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

19/03/2026

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди Рамазон

Ҳамватанони арҷманд!
Сокинони саодатманди пойтахт!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Иди Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу осоиш ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди саиди Фитр моро ба таҳкими ваҳдат, эҳтироми якдигар ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот ҳидоят менамояд. Арзишҳои неки инсонӣ аз қабили меҳрубонӣ, хайру саховат, таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар тӯли моҳи пурбаракати Рамазон таҳким меёбанд, бояд ҳамарӯза шиору роҳнамои зиндагию рӯзгори мо бошанд.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эҳёи суннату анъанаҳои неки ниёгони худ муваффақ гардида, дар айёми Рамазон ва Иди Фитр бештар ба корҳои хайр, аз ҷумла аёдати падару модар, беморону ятимон ва кумак ба оилаҳои ниёзманд машғул мешаванд.

Бо қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони сарбаланди пойтахти кишвар дар моҳи мубораки Рамазон низ раванди корҳои ободонию созандагиро муташаккилона ба роҳ монда, ба хотири ободии Ватани азизамон ва истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ софдилона заҳмат мекашанд.

Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо осоиши зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.

Иди саиди Фитр муборак бод!

Photos from Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 17/03/2026

Иттилоъ оид ба ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

16 март дар шаҳри Москва ҷаласаи понздаҳуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳо ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаб ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, инчунин ҷараёни омодагӣ ба Форуми IX байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи понздаҳуми Комиссия баррасишуда қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

www.majmilli.tj

07/03/2026

Табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар

Ҳамватанони гиромӣ!
Модарону хоҳарони арҷманд!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар - 8 Март, ки рамзи баҳори муаттар, меҳру муҳаббат ва рисолати муқаддаси инсонпарварист, табрик мегӯям.

Модар дар фарҳанги миллии мо ва тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи воло ва муқаддас дорад.
Зан – Модари тоҷик офарандаи зиндагӣ, посдори гармии оила, тарбиятгари насли солим ва нерӯи созандаи ҷомеа мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи дастгирии занону бонувон дар меҳвари сиёсати Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ин раванд ифодагари сиёсати иҷтимоии давлат дар самти таъмин намудани баробарҳуқуқӣ ва фароҳамсозии шароити мусоиди рушди занон мебошад.

Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешбурди ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ нақши бориз доранд.

Итминони комил дорам, ки занону бонувон минбаъд низ дар таҳкими пояҳои оила, тарбияи насли худшиносу ватандӯст ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми созандаи худро мегузоранд.

Бори дигар, ҷашни Рӯзи Модарро ба ҳамдиёрон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва бонувони саодатманди кишвар муборакбод намуда, саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва хушбахтӣ таманно дорам.

Рӯзи Модар муборак бод!

23/02/2026

Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам афсарону сарбозон!

Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки посдори сулҳу субот ва амнияти кишвари азизамон ба шумор меравад, 33 сол пур мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи сокинони кишвар, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро самимона табрик менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар як давраи кутоҳи таърихӣ ба ниҳоди пуриқтидору муҷаҳҳази низомӣ табдил ёфт.

Имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимод дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ҳаёти осудаи мардум дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад.

Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлол ва садоқат ба давлату миллат дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи давлат қарор дорад.

Бори дигар ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари маҳбубамон ҷашни 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатии қавӣ, неруи устувор ва ба Тоҷикистони азизамон осмони беғубору ояндаи дурахшонро таманно дорам.

Ид муборак, ҳомиёни ҷасури Ватан!

18/02/2026

Паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони гиромӣ!
Сокинони арҷманди пойтахти кишвар!

Бо эҳсоси ифтихор ва самимият фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Моҳи шарифи Рамазон - моҳи нуру маърифат, сабру таҳаммул ва худшиносиву покизагии рӯҳу равон аст. Ин айёми муборак қалбҳоро ба ҳам наздик месозад, моро ба накӯкорӣ, меҳрубонӣ ва дастгирии якдигар раҳнамун месозад.

Мардуми фарҳангпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои волои инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллиро пос медоранд. Моҳи Рамазон беҳтарин фурсатест, ки ин арзишҳоро таҳким бахшида, ба хотири ободии Ватани азизамон ва пешрафти давлат саъю талош намоем.

Бигзор ин моҳи муборак ба ҳар хонадон файзу баракат, саломатӣ ва осоиш оварад, дилҳоро аз кинаву адоват пок созад ва меҳру муҳаббатро баҳри муттаҳидии мардум афзун намояд.

Бо орзуи амалӣ гардидани ниятҳои неку ормонҳои созанда, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро бори дигар ба сокинони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори пурфайз ва сарбаландӣ таманно дорам.

Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад!

www.majmilli.tj

Photos from Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 06/02/2026

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 31 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Тибқи рӯзнома аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон», ки дар шакли мукаммал қабул гардидааст, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ ёфтанд.

Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин Тош ва Ғуломзода Сафарбек Салом бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд.

Ҳамчунин, бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин Тош, Ғуломзода Сафарбек Салом, Сафарзода Маҳинабону Файзулло ва Раҳмонзода Икром Раҳмонқул судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Нурализода Одил Бобохуҷа судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Дар идомаи иҷлосия ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 шунида шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, бахусус, дар самти истифодаи замин ва шаҳрсозӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳарбӣ, пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони васоити ахбори омма ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва ба аҳолӣ фаҳмондани мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дар самти пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард даъват ба амал оварданд.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба аъзои Маҷлиси миллӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба вусъат бахшидани корҳои тозагию ободонӣ, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими киштукор ва даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ супоришҳои дахлдор баён намуданд.

Бо ҳамин, иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ба кори худ анҷом бахшид.

www.majmilli.tj

Photos from Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 06/02/2026

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 32 масъала баррасӣ гардид.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон», ки дар шакли мукаммал қабул гардидааст, инчунин, як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои меҳнат, манзил, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, об, шаҳрсозӣ ва нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима карда шуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯро пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.

www.majmilli.tj

03/02/2026

Хабар дар бораи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум

Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 6 феврали соли 2026, соати 10-00 дар толори иҷлосияҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 феврали соли 2026 аз соати 09-00 то соати 17-00 ва 6 феврали соли 2026 аз соати 08-00 то 09-00 дар шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-98-35, 223-19-48.

www.majmilli.tj

Photos from Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 02/02/2026

Барасии як масъала дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ

Имрӯз ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа як масъала: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, аз натиҷаи он ба Маҷлиси миллӣ хулосаи дахлдор пешниҳод гардид.

www.majmilli.tj

02/02/2026

Дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд

2 феврал ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология доир гардид.

Аъзои кумита панҷ масъала - қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга»-ро баррасӣ намуда, хулосаҳои дахлдорро ба Маҷлиси миллӣ ирсол карданд.

www.majmilli.tj

02/02/2026

Баргузории ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия

Имрӯз дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ҷаласа баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»-ро баррасӣ ва хулосаҳои онро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.

www.majmilli.tj

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


Хиёбони Рӯдакӣ, 42
Dushanbe
734052

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00