Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Share

Саҳифаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе's post 01/06/2026

ЧОРАБИНИИ ИДОНАИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “КӮДАКОН ДУНЁИ МОЯНД”

Дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи идона таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, мудирони шуъбаҳои маориф, омӯзгорону муараббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва оммаи васеи кӯдакону наврасон ширкат намуданд.
Чорабинӣ нахуст бо пешниҳоди намоиши ҳунару эҷод ва дастовардҳои кӯдакону наврасони пойтахт, озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва фароғативу варзишӣ бо ширкати кӯдакону наврасон ҷараён гирифта, сипас дар амфитеатри Боғи кӯдакон барномаи фарҳангии идона доир гардид. Дар оғози барномаи фарҳангӣ нахуст паёми шодбошии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ироа гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар зимни суханронӣ аз ҷумла иброз дошт, ки: “Кӯдакон гулҳои зиндагӣ, маънии ҳаёт ва дар маҷмуъ дунёи рангину беолоиши мо буда, ояндасозони ҷомеа ва фардои рахшандаи башарият мебошанд. Ин аст, ки дар ҳама давру замон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, таълиму тарбия, таъмини ҳаёти арзанда, икишофи равонию ҷисмонӣ ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, инак тули зиёда аз ним аср таҷлил гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон исботи ин гуфтаҳо мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи амалии дастуру супориш ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, бо роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи мазкурро аз қабулу татбиқнамоии барномаҳои мушаххаси соҳавию байниидоравӣ то иҷрои корҳои мушаххаси ба рушду инкишофи зеҳниву ҷисмонии кӯдакон – сокинони навраси пойтахт равонагардида амалӣ менамояд.”
Зимнан таъкид гардид, ки таҷлили имсолаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 майи соли 2026, таҳти №388 сурат гирифта, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию бадеӣ ва фаҳангиву маърифатӣ баргузор намудани он аз 26 май то 1 июни соли равон Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе эълон карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар ин муддат, маросими тантанавии гулгузории кӯдакону наврасон дар пояи Муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар доираи ҳафтаи кӯдакон консертҳои сайёри муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ ва мактаб – интернатҳо, аксияҳои таблиғотию ташвиқотӣ, озмуну мусобиқаҳои гуногуни маърифативу варзишӣ ва ғайра гузаронида шуданд.
Сипас ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”, “Ҷамъияти илмӣ-эҷодии хонандагон”-и муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон диплому сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои омоданамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.
Дар идомаи чорабинии идона барномаи бошукӯҳи фарҳангии омоданамудаи ансамбли “Шукуфаҳои пойтахт”- и Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” ва мактабҳои санъату фарҳанги шаҳр таҳти унвони “Кӯдакон дунёи моянд” пешниҳод карда шуд.

01/06/2026

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Ҳамватанони арҷманд!
Волидайни муҳтарам!
Кӯдакону дӯстрӯякони азиз!
Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям.
Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст.
Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд.
Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад.
Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе's post 28/05/2026

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ БО РОҲБАРИИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 28.05.2026
Имрӯз дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд” таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи ворид намудани маълумоти соҳаи барқ ва гармидиҳӣ ба низоми “Харитаи электронии шаҳри Душанбе” мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” ва намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаи масъалаҳо дастуру супрошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷаласаи назоратӣ оиди ба танзим дарлвардан ва дуруст ба роҳ мондани пайвасти хатҳои ноқили барқ бо чароғакҳои роҳнамо барассӣ гардида, оиди бартараф кардани камбудиҳо ба сохторҳои дахлдор супоришҳо дода шуд.

26/05/2026

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт,
Бо эҳтирому самимият фарорасии Иди Қурбонро, ки аз ҷумлаи арзишмандтарин суннатҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи шумоён табрик менамоям.
Иди Қурбон таҷассумгари фазилатҳои инсонӣ, аз қабили меҳру шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховатмандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ мебошад.
Моҳияти асилу инсонпарваронаи ин иди саид мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳидоят менамояд.
Дар баробари иҷрои суннатҳои ин айёми муборак, кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд, беморон, оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайрхоҳона аз анъанаҳои деринаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Итминони комил дорам, ки сокинони мамлакат дар доираи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ софдилона заҳмат кашида, барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Иди саиди Қурбон самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон фазои сулҳу оромӣ, хайру баракат ва ба Ватани азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзумандам.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе's post 26/05/2026

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ТАРАБХОНАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

ш.Душанбе, 26.05.2026. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе” дар маҷмааи “Маркази ош” баргузор гардид.
Озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 январи соли 2022, №8 “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе” бо мақсади рушди соҳибкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозии миллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи одоби муошират ва фароҳам овардани муҳити мусоиду замонавӣ дар тарабхонаҳо яке аз омилҳои муҳими рушди соҳаи хизматрасонӣ ва ҷалби сайёҳону меҳмонони пойтахт ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, мавсуф ғолибони озмунро барои сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ табрик намуданд.
Тибқи Низомномаи озмун, фаъолияти иштирокчиён аз рӯйи як қатор меъёрҳо, аз ҷумла тарзи дастархонороӣ, сатҳу сифати хизматрасонии пешхизматон, фарҳанги муносибат бо мизоҷон, маҳорати ороиши дастархон, пешниҳоди таомҳо, санъати баланди сарошпазон, истифодаи ғояҳои эҷодӣ ва муҳити зебову дилнишини тарабхонаҳо мавриди арзёбӣ қарор дода шуд.
Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории озмун бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Мақомот дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки озмуни “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе” дар соли 2025 аз рӯйи 5 номинатсия баргузор гардида, ғолибон бо стелла, диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, ба иштирокчиёни фаъоли озмун сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим карда шуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои озмун: тарабхонаи “Мерҳаба” ғолиби номинатсияи “Хӯроки хоси тарабхона”; Зайдуллоев Искандар ғолиби номинатсияи “Беҳтарин менеҷер”; Розиқов Шаҳбоз ғолиби номинатсияи “Беҳтарин пешхизмат”; Мунавваров Ғуломҷон ғолиби номинатсияи “Беҳтарин ошпаз”; ва тарабхонаи маҷмааи “Маркази ош” ғолиби номинатсияи “Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе дар соли 2025” дониста шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хотири болидахотирии иштирокдорон барномаи фарҳангии рангин пешкаш гардид.

24/05/2026

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ

Муҳтарам варзишгарону собиқадорон ва дӯстдорони футбол!
Бо эҳсоси баланди ифтихор ҳамаи Шуморо ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола мутобиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 25 май таҷлил мегардад, самимона табрик менамоям.
Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун рамзи эътирофи нақши созандаи ин намуди варзиш дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон аҳаммияти махсус дорад.
Бозии футбол имрӯз ба мактаби тарбияи ирода, эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ ва василаи муҳими дӯстии миллатҳо дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони азизамон футбол сол то сол рушд намуда, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ саҳми босазо мегузорад.
Натиҷаҳои шоистаи футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои гуногун далели равшани пешрафти устувори футболи миллӣ мебошанд.
Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, дар натиҷаи амалисозии барномаҳои давлатӣ ва фаъолияти мунтазами Федератсияи футболи кишвар барои рушди инфрасохтори варзишӣ, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Итминони комил дорем, ки бо саъю талоши муштарак футболи тоҷик беш аз пеш мавқеи худро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таҳким бахшида, боиси ифтихори миллати тоҷик хоҳад гардид.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи варзишгарон, мураббиён, кормандони соҳа ва ҳаводорони футбол саломатии бардавом, саодати зиндагӣ, рӯҳияи қавӣ ва пирӯзиҳои навро орзумандам.
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак, ҳамватанони азиз!

23/05/2026

ТАБРИКОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҷавонони арҷманди кишвар!
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик менамоям.
Насли ҷавон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат дар пешрафти давлату ҷомеа нақши калидӣ дорад.
Ҷавонони имрӯзаи мо дар партави сиёсати оқилона, муҳити андешасозии миллӣ ва мактаби сиёсии давлатдории навину ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақҳои зиндагиро азхуд намуда, дар рӯҳияи меҳандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ва меҳанпарастӣ рушду камол меёбанд.
Мояи ифтихору сарбаландист, ки ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Комёбиҳои ҷавонон дар илму маориф, фарҳангу варзиш, технологияву иноватсия ва соҳибкорӣ далели равшани неруи бузурги зеҳнӣ ва эҷодии насли нав мебошад.
Дар шароити ҷаҳони муосир аз ҷавонон сатҳи баланди маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ тақозо мегардад.
Ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиму муқаддаси ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯзи фархунда ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон толеи баланд, бахту иқболи нек, иродаи матин ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!

22/05/2026

Дар он соат, дар он минбар тамоми Тоҷикистон буд!

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе's post 20/05/2026

ТАШРИФИ ҲАЙАТИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ БА ДУШАНБЕ

ш.Душанбе. 20.05.2026. Имрӯз ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, ки барои иштирок дар Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, дар боғи атрофи майдони “Дӯстӣ” дарахт шинониданд. Дар ин асно меҳмононро муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб ҳамроҳӣ намуд.
Давоми рӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро, ки барои иштирок дар Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба пойтахти кишвар ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз муколамаи фаъол ва мунтазами сатҳи олӣ тайи 35 соли робитаҳои бародаршаҳрӣ изҳори қаноатмандӣ карда, густариши боз ҳам бештари муносибатҳои ҳамаҷонибаи байнишаҳриро дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ ба манфиати мардумони ду шаҳр арзёбӣ намуданд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо саъю талошҳои пайгиронаи муштарак равобити Душанбею Санкт-Петербург минбаъд низ ба таври афзоянда густариш ёфта, бо иқдомоти нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гардид.
Маврид ба қайд аст, ки санаи 6 октябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба имзо расидааст.

19/05/2026
Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


Tajikistan, Street Rudaki 40
Dushanbe