Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Share

Информация о Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан

03/06/2026

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

https://www.facebook.com/share/p/1BHa1DJRFG/

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Имрӯз мо фарзандони бонангу баномуси миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболем ва ифтихор мекунем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон қайд намуданд, ки “Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Агар ба таърих назар афканем, дар солҳои навадум халқи тоҷик ба ҷанги шаҳрвандӣ дучор гардид, ки чандин ҳазор нафар ҳамдиёронамон куштаю қариб як миллион нафар гуреза ва муҳоҷир шуданд. Ҳукумати қонунӣ воқеан вуҷуд надошту бесарусомонӣ дар кишвар ҳукмфармо буд.

Коршиносону сиёсатмадорони дохилию хориҷӣ ба ин ақида буданд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дуру дароз идома хоҳад ёфт ва он қариб метавонист давлати моро ба нестӣ оварда расонад. Хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ба миён омада буд.

Дар ин вазъият барои мамлакат сарваре лозим буд, ки барои сулҳу ваҳдати миллӣ ҷони худро дареғ надорад ва манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои маҳалу гурӯҳ ва минтақа болотар гузорад. Аммо дар Тоҷикистони оғӯштаи хуну оташи ҷанг ва мотамзада касе ҷасорат намекард, ки вазифаи басо сангину масъулро ба дӯши худ гирад.

Моҳи ноябри соли 1992 намояндагони мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд (дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб) Иҷлосияи ғайринавбатии 16-уми Шурои Олиро доир намуда, аз миёни бисёр шахсиятҳои шинохта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии Тоҷикистон пазируфтанд.

Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон шахсе ба мансаби давлат баромад, ки аз миёни мардуми заҳматкаш ва ҳамдарди миллат буд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон сулҳи бебозгашт ба даст оварда шуд ва қувваҳои мухолифи кишвар ба ҳам оварда, аз ҷанги бемаънӣ, тарафҳо билохира оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳам боз намуданд. Бо вуҷуди ин, мавқеъҳо ҳанӯз ниҳоят дур ва ранҷишҳо басо зиёд буданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал роҳи ҳалли мушкилотро дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша саъю талошҳо меварзид. Билохира 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав мулоқот баргузор гардид, ки бо таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” анҷом пазируфт.

Президенти мамлакат бори дигар ба ҳамватанон муроҷиат намуда таъкид доштанд, ки “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем”.

Мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштиро ифтихор мебояд, аз он, ки чунин Ватани зебо насибамон шудаву дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ризоияту Ваҳдати миллӣ умр ба сар мебарем. Аз мо фарзандони ин миллат ва шаҳрвандони ин давлат чизе талаб намегардад, ҷузъ ин ки ба қадри ҷоннисориҳои бузургону аҷдодони миллати хеш расида, даст ба дасти ҳам гирифта, мушти пурзӯре шавем, пароканда набошем ва ин миллату ин Ватанро, ки тоҷику Тоҷикистон ном доранд, ҳимоя карда, муттаҳиду дӯст, бародару баробар бошем ва Ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем, чунки бақои миллат дар Ваҳдати миллист.

Бураков Амриддин,
Муовини директори МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе
_____________________


НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО – ЗАЛОГ ПРОЦВЕТАНИЯ РОДИНЫ

Действительно, национальное единство — это процветание родины, потому что в государстве, где царят мир, безопасность и дружба, это государство процветает день за днем, его экономика постепенно растет, и оно прогрессирует как в политическом, так и в культурном плане. Благодаря настойчивым усилиям Лидера нации, Основателя мира и национального единства, Президента страны, уважаемого Эмомали Рахмона, разрозненная нация объединилась, страна процветала, развивалась, расцветала, и сегодня на лицах каждого таджика и таджикского ребенка сияют радость и счастье. Сегодня мы, почтенные и достойные дети нации, гордимся миром и единством нашей любимой страны.
Фундамент мира и спокойствия на этой земле вечной весны стал намного прочнее, потому что он укреплен и поддержан почтенным сыном страны, уважаемым Эмомали Рахмоном.
Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент страны, уважаемый Эмомали Рахмон, в одной из своих речей отметил: «Мы и вы должны всегда и везде помнить об одном очень важном моменте: у нас только одна Родина, одна единая и священная земля, и в мире нас знают и уважают под именем нашего любимого государства и родины, Таджикистана». Поэтому национальное единство, несомненно, можно рассматривать как плод малых и больших усилий нашей любимой Родины, и именно поэтому каждый из нас обязан защищать и оберегать её, как зеницу ока.

Если мы посмотрим на историю, то увидим, что в девяностые годы таджикский народ столкнулся с гражданской войной, в которой погибли несколько тысяч наших соотечественников, а почти миллион человек стали беженцами и иммигрантами. Законного правительства фактически не существовало, и в стране царил хаос.

Отечественные и зарубежные эксперты и политики считали, что гражданская война в Таджикистане затянется надолго и может почти привести к разрушению нашего государства.

Существовала угроза уничтожения и исчезновения Таджикистана с карты мира. В этой ситуации стране был нужен Лидер, который не пожалел бы жизни ради мира и национального единства и поставил бы национальные интересы выше интересов местных жителей, групп и регионов.
Однако в Таджикистане, объятом кровью и огнем войны и охваченном трауром, никто не осмеливался взяться за столь сложную и ответственную задачу.

В ноябре 1992 года народные представители провели внеочередное заседание 16-го Верховного Совета в городе Худжанд (в его историческом месте, в дворце Арбоб) и среди многих известных личностей признали уважаемого Эмомали Рахмона главой Таджикистана.

Впервые в истории Таджикистана человек из числа трудолюбивого и сострадательного народа поднялся на государственный пост. К счастью для народа Таджикистана, был достигнут необратимый мир, и противоборствующие силы страны, после бессмысленной войны, наконец, открыли друг другу объятия братства. Однако позиции по-прежнему были очень далеки друг от друга, а обиды — очень велики.

С самого начала Президент страны уважаемый Эмомали Рахмон видел путь к разрешению конфликта в обществе и установлению мира и гармонии в стране посредством консультаций и переговоров между Правительством Таджикистана и оппозицией и прилагал усилия для реализации этого плана. Наконец, 27 июня 1997 года в Москве состоялась встреча, которая завершилась созданием Комиссии по национальному примирению и подписанием «Соглашения об установлении мира и национального согласия».

Президент страны вновь обратился к своим соотечественникам и подчеркнул: «Учитывая этот вдохновляющий дух и вечное единство нации, уместно объявить 27 июня Днем национального единства в нашей стране и ежегодно отмечать эту славную дату на общенациональном уровне».

Мы, граждане этой райской земли, должны гордиться тем, что нам посчастливилось иметь такую прекрасную родину, и жить в атмосфере мира, дружбы, гармонии и национального единства. От нас, детей этой нации и граждан этого государства, ничего не требуется, кроме как достичь уровня жертв великих людей и предков нашей нации, объединиться, стать сплоченной командой, не быть разделенными и защищать эту нацию и эту родину, которые называются таджиками и Таджикистаном, быть едиными, друзьями, братьями и равными, и сохранять наше национальное единство, потому что выживание нации заключается в национальном единстве.

Бураков Амриддин,
Заместитель директора ГУ “Центры консультирования и подготовки трудовых мигрантов перед выездом” в городе Душанбе

03/06/2026

Гиромидошти хизматҳои неки фарзандони фарзонаи халқи тоҷик

Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва Россия, 18 майи соли 2026 мушти хоки Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва фарзанди миллати тоҷик Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд.

Ин иқдоми наҷиб ва таърихӣ ба хотири эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои шоистаи ин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва тақвияти хотираи таърихии халқи тоҷик роҳандозӣ гардид.
Бояд гуфт, дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад.

Иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли мушти хок набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад. Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва хотираи онҳоро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард.

Арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати халқи тоҷик, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва поси хотири номи неки фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар меҳвари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Дар давоми 35 - соли Истиқлоли давлатӣ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бозкушоӣ гардида, дастовардҳои фарҳангии ниёгони тоҷикон эҳё шуданд ва гиромидошти ном ва хизматҳои шоистаи аҷдодони халқи тоҷик ба роҳ монда шуд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ – “Чеҳраҳои мондагор” (2016) ҷонфидоии Нусратулло Махсум ва қаҳрамонии Шириншо Шотемурро инъикос намуда, нақши таърихии ин фарзандони фарзонаи халқи тоҷикро дар роҳи бунёди давлати тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои халқи тоҷик, ҷонисории онҳо барои соҳибистиқлолӣ ва озодӣ бо далелҳои раднопазир исбот намудааст.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷонфидоии Нусратулло Махсум дар асари худ қайд менамояд, ки: “Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ, пеш аз ҳама, дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст”.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш нақши таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемурро чунин арзёбӣ намудааст: “Шириншо Шотемур ва ҳамсафони ӯ дар ҷараёни фаъолияти хеле кӯтоҳашон тавонистанд заминаи асосии ташаккули ҳаёти навро гузошта, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ ҳимоя намоянд”.

Андешаҳои Сарвари давлат доир ба гиромидошти хизматҳои неки фарзандони фарзонаи халқи тоҷик буда, саҳми онҳоро дар ташаккули низоми давлатдории миллӣ инъикос менамояд. Дар баробари ин, дар асоси сиёсати фарҳангдӯстона ва таърихсозонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар хотираи неки фарзандони ҷонфидои миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи барҷастаи таърихи халқи тоҷик Нисор Муҳаммад гиромӣ дошта шуд.

Иқдоми таърихӣ — ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, дар замири ҷомеа, бахусус ҷавонон эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро таҳким мебахшад.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Photos from Хадамоти муҳоҷират / Миграционная служба's post 03/06/2026
Photos from Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 03/06/2026

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК

https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/6690?lang=tg

Санаи 2 июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳои Комиссия оид ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бахшида ба рӯзи 1 июн - Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бо раисии муовини вазир Норзода Шариф Сангимурод ва дар ҳузури ҳайати васеи кормандони вазорат ва сохторҳои низоми он мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳо Баротова Дилафруз Нематуллоевна ва ходими пешбари илмии МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” Азимов Наимҷон баромад намуда, дар бораи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, конвенсияҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои байналмилалиро қабул намудааст, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва танзими он, ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла дар самти истифодаи меҳнати кӯдакон қайд намуданд.

Зикр гардид, ки Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №485 қабул шудааст, шароит фароҳам меорад, ки талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат, муҳофизати ҳаёт ва саломатии кӯдакон дар ҷараёни муносибатҳои меҳнатӣ таъмин гардида, танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнати онҳо тибқи нақшаҳои амалисозии Барнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Photos from Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 02/06/2026

ҲАМОИШ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КИШВАР”

https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/6689?lang=tg

Имрӯз 2-юми июни соли 2026 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 29 – солагии Ваҳдати миллӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Норзода Шариф Сангинмурод муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Рухшона мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзои ташкилоти ибтидоии "Меҳнат"-и ҲХДТ, кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои давлатии низоми вазорат иштирок намуданд.

Зимни баромадҳо маърузачиён зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо пояи асосии эҳёи давлатдорӣ ва пойдории ҷомеа, балки арзиши муҳими сиёсиву маънавӣ мебошад. Маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар кишвар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ таҳким ёфта, заминаи мусоид барои рушди устувори ҷомеа фароҳам омадааст.

Иштирокдорон ҳамчунин зикр намуданд, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли мусолиматомези низоъҳо ҳамчун намунаи арзишманд дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар он саҳми таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки занон бо иштироки фаъолонаи худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши муҳим дошта, баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва инчунин дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Photos from Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 01/06/2026

РАСОНАҲО ВА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ ҚАЗОҚИСТОН, ҚИРҒИЗИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН ДАР БОРАИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЛАКАҲО ТОҶИКИСТОН – 2026 МАТЛАБ НАШР КАРДАНД

https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/6670?lang=tg

Данғара, Тоҷикистон – Форуми байналмилалии малакаҳо «Тоҷикистон–2026», ки рӯзҳои 28–29 май дар Маркази рушди малакаҳои ноҳияи Данғара баргузор гардид, дар расонаҳои хабарӣ ва саҳифаҳои расмии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон инъикоси васеъ пайдо намуд.

Дар хабару гузоришҳои нашршуда аҳамияти форум ҳамчун майдони мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ таъкид гардидааст. Намояндагони муассисаҳои таълимии кишварҳои иштирокчӣ сатҳи баланди ташкили чорабинӣ, имкониятҳои муосири марказҳои рушди малакаҳо ва муҳити мусоиди ҳамкории касбиро арзёбӣ намуданд.

Форум бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ баргузор гардида, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти касбии як қатор давлатҳоро ба ҳам овард.

Дар доираи чорабинӣ озмунҳои касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» баргузор шуданд.

Бозтоби густурдаи форум дар фазои иттилоотии кишварҳои минтақа нишон медиҳад, ки « Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 ба як платформаи муҳими рушди малакаҳои касбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Photos from Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 01/06/2026

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МД «ХОНАИ КӮДАКОНИ №1 БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР»-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

https://ehukumat.tj/site/mehnat-tjk/press/news/details/6669?lang=tg


Бахшида ба 1 июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МД «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, омӯзгорону мураббиён ва тарбиятгирандагони муассиса иштирок намуданд.

Дар чорабинии идона Солеҳа Холмаҳмадзода — Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одилзода Дилбар — муовини Раиси шаҳри Душанбе тарбиятгирандагони муассисаро ба муносибати Рӯзи ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфта, қайд намуданд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таҳти роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

Иброз гардид, ки сиёсати инсонпарварона ва иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ғамхорӣ ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор равона гардида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ, тарбия, таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва фароғатӣ муҳайё карда мешавад.

Ин дастгириву ғамхорӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, маҳз бо ташаббус ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат дар кишвар даҳҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ барои дастгирии кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолият менамоянд.

Дар ин замина, ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадоранд барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тарбиятгирандагони муассиса бо қироати шеърҳо ва гулдухтарони МД “Ансабли ҷумҳуриявии Лаъл” бо иҷрои рақсҳои ҷолиб ва сурудҳои ватандӯстона табъи меҳмононро болида гардониданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакони муассиса туҳфаҳои идона, шириниҳо ва кумакҳои моддӣ тақдим гардида, меҳмонон бо шароити зист, таълим ва тарбияи кӯдакон аз наздик шинос шуданд. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ, эҳсоси меҳру муҳаббат ва шодиву нишоти кӯдакон анҷом пазируфт.

30/05/2026

Санаҳои 28 ва 29-уми майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни байналмилалии малакаҳо баргузор гардид.

Натиҷаҳои озмун аз ҷониби аъзои ҳакамон, ки аз 8 давлат буданд, баъди дидан ва омӯзиши натиҷаи ҳунари иштирокчиён эълон гардид.

30/05/2026
Photos from Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 30/05/2026

ОЗМУНИ МАЛАКАҲОИ КАСБӢ ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ МАЛАКАҲО ТОҶИКИСТОН – 2026

https://www.facebook.com/share/p/18uvFZwiFm/

29 майи соли 2026 дар доираи Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026 дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара озмуни малакаҳои касбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда, маҳорати касбӣ ва сатҳи омодагии амалии худро аз рӯи ихтисосҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» ба намоиш гузоштанд.

Озмуни малакаҳои касбӣ бо мақсади рушди таҳсилоти касбӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва муаррифии ҷавонони соҳибистеъдоду соҳибмалака роҳандозӣ гардида, ба яке аз чорабиниҳои муҳими Форум табдил ёфт.

Пеш аз оғози мусобиқа иштирокчиёни ҷавони синни аз 17 то 35-сола аз раванди бақайдгирӣ гузашта, аз ҷониби мутахассисон ва масъулини техникӣ оид ба риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва талаботи иҷрои корҳои амалӣ дастуру тавсияҳои муфассал гирифтанд.

Сипас ба ҳар як иштирокчӣ вобаста ба ихтисоси интихобнамудааш супоришҳои амалӣ пешниҳод гардида, иштирокчиён ба иҷрои корҳои амалӣ оғоз намуданд.
Барои иҷрои босифат ва мутобиқ ба талаботи техникӣ ба иштирокчиён аз 4 то 6 соат вақт ҷудо гардида, раванди иҷрои супоришҳо, сатҳи донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ, риояи меъёрҳои техникаи бехатарӣ ва сифати иҷрои кор аз ҷониби доварони мустақили байналмилалӣ баҳогузорӣ гардид.
Ҷамъбасти форумро чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони хушсалиқаи ҷумҳурӣ хотирмон гардонид.

Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни форум аз Осорхонаи овони мактаббачагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Навои 5/2
Dushanbe
734026

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00