Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Share

Мазмун, мундариҷа ва аслияти мақолаҳо ба души муаллифон мебошад.

Photos from Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ's post 02/06/2026

#ХУШХАБАР 🇹🇯 (🇷🇺 🇬🇧 🇨🇳 ⬇️) ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ БА ДАРАҶАИ ИЛМИИ НОМЗАДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ САЗОВОР ДОНИСТА ШУД

Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2026, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мадизода Умеда Муҳаббат ба дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ сазовор дониста шуд.
Мавриди зикр аст, ки соҳиб гардидани дараҷаи илмии номзади илмҳо натиҷаи фаъолияти пурсамари илмӣ-таҳқиқотӣ, заҳмати пайваста ва саҳми арзандаи муҳаққиқ дар рушди илми филология мебошад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ин дастоварди илмиро ба Мадизода Умеда Муҳаббат самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, омӯзгорӣ ва таҳқиқотӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамояд.
Дастоварди мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ ба рушди илм, таҳқиқоти муосир ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ба ҳисоб меравад.

ℹ️ Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ/Мы в социальных сетях/We are on social networks/我们在社交网络上:

Instagram - https://www.instagram.com/ddotnew.official/
Facebook - https://www.facebook.com/donishgohiomuzgori
YouTube - https://www.youtube.com/-hl8fh
Telegram - https://t.me/tgpu_official
Сомонаи расмӣ - https://tgpu.tj/index.php?lang=tj

01/06/2026

#МАҚОЛА ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ ВА АҲАМИЯТИ ОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати арҷгузорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои бузурги таърихиву илмии миллат, ба бузургдошти хотираи таърихии миллат ва бузургони фарҳангии он барои ҷаҳониён муаррифӣ намудани симоҳои маъруфи ин фарҳангро дар сархати ин сиёсат қарор додааст. Дар ин замина, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб аз ҷумлаи ташаббусҳои муҳим ва таърихие мебошад, ки аҳамияти бузурги миллӣ ва байналмилалӣ касб менамояд.
Ин иқдоми наҷиб ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат на танҳо арҷгузорӣ ба нобиғаи бузурги илми тоҷик Абуалӣ ибни Сино мебошад, балки он барои эҳёи арзишҳои мактаби бузурги фарҳангию илмии тоҷикон ва муаррифии саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Осори Ибни Сино ба ҳадде арзишманд аст, ки онҳо ба забонҳои зиёди ҷаҳонӣ тарҷума шуда, дар бораи онҳо таҳқиқоти илмиии зиёд гузаронида шудаанд ва аҳамияти онҳо то ба ҳол бузург аст. Аз рӯйи тадқиқоти муҳаққиқи маъруфи эронӣ – Саид Нафисӣ миқдори асарҳои Ибни Сино ба 456 адад мерасад ва онҳо аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошанд. Дар байни онҳо «Китоб-ул-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Ал-Ҳосил ва-л-маҳсул» дар 20 ҷилд, «Аш-Шифо» дар 18 ҷилд, «Лисон-ул-араб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар 5 ҷилд, «Ан-Наҷот» дар 3 ҷилд ва ғайри онҳо таълиф шудаанд.
Абуалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз асосгузорони илми тиб дар ҷаҳон, махсусан дар самти ҳифзи саломатии ҷомеа, пешгирии бемориҳо, беҳдошт, тозагии муҳити зист ва риояи қоидаҳои санитарӣ андешаҳои нодир ва пешрафта пешниҳод намудааст. Осори гаронбаҳои ӯ, бахусус “Ал-Қонун фи-т-тиб”, садсолаҳо ҳамчун сарчашмаи муҳим барои табибон ва олимони ҷаҳон хизмат кардааст. Махсусан, таълимоти Абуалӣ ибни Сино оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аҳамияти оби тоза, ҳавои солим, ғизои дуруст ва риояи гигиена имрӯз низ барои соҳаи санитариву эпидемиологӣ аҳамияти бузурги илмӣ ва амалӣ доранд. Бисёре аз принсипҳое, ки имрӯз дар фаъолияти хадамоти санитариву эпидемиологӣ истифода мешаванд, дар осори ин донишманди бузург таҷассум ёфтаанд. Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави эпидемиологӣ ва бемориҳои сироятӣ рӯ ба рӯ мебошад, омӯзиш ва истифодаи мероси илмии Абуалӣ ибни Сино аҳамияти махсус касб менамояд.
Бояд қайд кард, ки соҳаи тандурустӣ дар кишвари мо яке аз самтҳои стратегии рушди давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои таъмини солимии аҳолии он заминаҳои устувор гузошта шудаанд. Ба ғайр аз таҳқиқоти илмие, ки дар Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшитносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва инчунин дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ва муассисаҳои дигари илмию таҳқиқотӣ анҷом гирифтаанд, дар Тоҷикистон бунёд ёфтани донишгоҳҳо ва техникумҳою литсейҳои тиббӣ, корхонаҳои дорусозӣ, шифохонаҳо ва дармонгоҳҳо, сохтмону таҷдиди муассисаҳои дигари тиббӣ, ворид намудани технологияҳои муосири ташхисиву табобатӣ, рақамикунонии хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани заминаи моддиву техникӣ, омода намудани мутахассисони баландпоя ва татбиқи барномаҳои миллии ҳифзи саломатӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои баланд гардидани сифати хизматрасонии тиббӣ замина фароҳам оварда, далели ин гуфтаҳо ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Омӯзиши осори Ибни Сино ва дар амалия татбиқ намудани он аз тариқи ин муассисаҳою корхонаҳо на танҳо ба мо кӯмак мерасонад, ки арзишҳои таърихиии ниёконамонро дарк кунем, балки он ҳамчунин барои рушди огоҳии экологӣ, беҳсозии меъёрҳои ахлоқӣ ва асосҳои методологии илм мусоидат намуда, барои дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани онҳо мусоидат хоҳад кард.
Ташаббуси дигари Пешвои миллат, барои ҳифз ва рушди осори Ибни Сино он аст, ки қариб ҳамасола барои омӯзиш ва муаррифии осори Ибни Сино ташкили симпозиумҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мешавад, ки дар онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар барои табодули таҷриба ва муаррифии таълимоти Ибни Сино донишмандони зиёд ба ҳам меоянд. Худи ҳамин сол, бо дастгирии Пешвои миллат, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045 солагии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, зери унвони “Нақши Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор гардид, ки донишмандони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам ғайри ҳузурӣ доир ба нақши Ибни Сино дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва аҳамияти мондагори осори ӯ маърузаҳо ироа намуданд.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб маҳз аз ҳамин нуқтаи назар аҳаммияти бузург дорад. Ин ҷоиза метавонад ба яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳавасмандгардонии олимон табдил ёбад ва аз ҷониби дигар, барои тақият бахшидан ба ҳувияти миллии тоҷикон ва ифтихори онҳо аз дастовардҳои илмию фарҳангии бузургони соҳаҳои онҳо мусоидат намояд.
Хулоса метавон гуфт, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб падидаи нодир дар кишвар буда, аҳамияту нуфуз ва эътибори он аз Ҷоизаи Нобел камӣ надорад.

Зикирзода Ҳобил – декани факултети филологияи тоҷик

Photos from Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ's post 01/06/2026

#ХАБАР 🇹🇯 (🇷🇺 🇬🇧 🇨🇳 ⬇️) ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ-МАЪРИФАТӢ: «ҲХДТ – МАҲСУЛИ ХИРАДИ ВОЛОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – маҳсули хиради волои Пешвои миллат» чорабинии сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, аъзои раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз осорхонаи донишгоҳ дидан намуда, бо дастовардҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангии муассиса аз наздик шинос гардиданд. Ба меҳмонон оид ба таърихи таъсис, фаъолияти пурсамар ва нақши донишгоҳ дар омодасозии мутахассисони баландихтисос маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Сипас чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор», ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҳисобот манзур намуда, аз дастовардҳо, тадбирҳои амалигардида ва нақшаҳои минбаъдаи ташкилот ёдовар шуд. Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омӯзгор» дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими маърифати сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳиён Абдураҳим суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун маҳсули хиради волои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди давлатдорӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар нақши калидӣ дорад. Мавсуф ҳамчунин аз саҳми арзишманди ҳизб дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва ватансозӣ ёдовар гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор ҷавонони фаъол ҷиҳати аъзо шуданашон ба ҲХДТ дафтарчаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.
Қисмати фарҳангии ҳамоишро ҳунармандони ансамбли «Чеҳранамо»-и донишгоҳ ҳусни анҷом бахшида, бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва тараннуми арзишҳои миллӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуданд.

🇷🇺 ПОЛИТИКО-ПРОСВЕТИТЕЛЬСКОЕ МЕРОПРИЯТИЕ: «НДПТ — ПЛОД ВЫСОКОЙ МУДРОСТИ ЛИДЕРА НАЦИИ»

В Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни состоялось политико-просветительское мероприятие под названием «Народно-демократическая партия Таджикистана — плод высокой мудрости Лидера нации». В мероприятии приняли участие ректор университета Ахлиддин Ибодуллозода, председатель Исполнительного комитета Народно-демократическая партия Таджикистана в городе Душанбе Шохиён Абдурахим, председатель Исполнительного комитета НДПТ района Исмоили Сомони Курбонзода Убайдулло, члены президиума, преподаватели, сотрудники и студенты.
В начале мероприятия гости посетили музей университета, где ознакомились с научными, образовательными и культурными достижениями вуза. Им была представлена подробная информация об истории создания университета, его плодотворной деятельности и роли в подготовке высококвалифицированных специалистов.
Затем мероприятие открылось исполнением Государственного гимна Республика Таджикистан.
Первым выступил председатель первичной партийной организации «Омузгор», ректор университета Ахлиддин Ибодуллозода. Он представил отчёт о деятельности партийной организации за первое полугодие 2026 года, рассказал о достигнутых результатах, реализованных мероприятиях и дальнейших планах. Было отмечено, что первичная партийная организация «Омузгор» вносит значительный вклад в реализацию созидательных целей НДПТ, укрепление политической культуры и патриотическое воспитание молодёжи.
В продолжение мероприятия председатель Исполнительного комитета НДПТ города Душанбе Шохиён Абдурахим подчеркнул, что Народно-демократическая партия Таджикистана, являясь плодом высокой мудрости Лидера нации, Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, играет ключевую роль в укреплении мира и стабильности, национального единства, развитии государственности и всестороннем прогрессе страны. Он также отметил значительный вклад партии в реализацию созидательной государственной политики и привлечение молодёжи к общественной деятельности и созидательному труду.
В завершение мероприятия ряду активных молодых людей были вручены партийные билеты в связи с их вступлением в ряды НДПТ.
Культурную часть встречи украсили выступления артистов ансамбля «Чехранамо» университета. Исполнением патриотических песен и музыкальных произведений, прославляющих национальные ценности, они придали мероприятию особую торжественность и праздничную атмосферу.

🇬🇧 POLITICAL AND EDUCATIONAL EVENT: “PDPT – A PRODUCT OF THE GREAT WISDOM OF THE LEADER OF THE NATION”

A political and educational event entitled “The People's Democratic Party of Tajikistan – A Product of the Great Wisdom of the Leader of the Nation” was held at the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni.
The event was attended by the Rector of the University, Ahliddin Ibodullozoda; the Chairman of the Executive Committee of the People's Democratic Party of Tajikistan (PDPT) in Dushanbe, Abdurahim Shohiyon; the Chairman of the PDPT Executive Committee in the Ismoili Somoni District, Ubaydullo Qurbonzoda; members of the presidium, faculty members, staff, and students.
At the beginning of the event, the guests visited the university museum and became acquainted with the institution’s scientific, educational, and cultural achievements. Detailed information was presented regarding the history of the university, its successful activities, and its contribution to the preparation of highly qualified specialists.
The event officially commenced with the National Anthem of the Republic of Tajikistan.
The first speaker was Ahliddin Ibodullozoda, Chairman of the “Omuzgor” Primary Party Organization and Rector of the University. He presented a report on the activities of the party organization during the first six months of 2026, highlighting its achievements, implemented initiatives, and future plans. It was noted that the “Omuzgor” Primary Party Organization plays a significant role in implementing the constructive goals of the People's Democratic Party of Tajikistan, strengthening political awareness, and promoting patriotic education among young people.
During the event, Abdurahim Shohiyon, Chairman of the PDPT Executive Committee in Dushanbe, emphasized that the People's Democratic Party of Tajikistan, established through the visionary leadership of the Leader of the Nation and President of the Republic of Tajikistan, His Excellency Emomali Rahmon, plays a key role in strengthening peace and stability, national unity, state development, and the comprehensive progress of the country. He also highlighted the party’s valuable contribution to implementing the state’s constructive policies and encouraging youth participation in public and nation-building activities.
At the conclusion of the event, party membership cards were presented to a number of active young people who had recently joined the People's Democratic Party of Tajikistan.
The cultural segment of the gathering was presented by the university’s “Chehranamo” Ensemble. Through performances of patriotic songs and musical compositions celebrating national values, the artists added a special atmosphere and grandeur to the event.

🇨🇳 政治教育活动:“塔吉克斯坦人民民主党——民族领袖卓越智慧的结晶”

塔吉克斯坦萨德里丁·艾尼国立师范大学举行了题为“塔吉克斯坦人民民主党——民族领袖卓越智慧的结晶”的政治教育活动。
学校校长阿赫利丁·伊博杜洛佐达,塔吉克斯坦人民民主党杜尚别市执行委员会主席阿卜杜拉希姆·绍希永,伊斯莫伊利·索莫尼区执行委员会主席乌拜杜洛·库尔邦佐达,以及党组织成员、教师、工作人员和学生参加了此次活动。
活动开始前,与会嘉宾参观了学校博物馆,深入了解了学校在科研、教学和文化建设方面取得的成就。学校相关负责人详细介绍了学校的发展历史、办学成果以及在培养高素质专业人才方面所发挥的重要作用。
随后,全体人员齐唱塔吉克斯坦共和国国歌,活动正式拉开帷幕。
首先,“教师”(Omuzgor)基层党组织主席、学校校长阿赫利丁·伊博杜洛佐达作了2026年上半年基层党组织工作报告,介绍了党组织取得的成绩、开展的主要活动以及下一阶段的发展规划。他指出,“教师”基层党组织在贯彻落实塔吉克斯坦人民民主党的建设目标、提升政治素养以及加强青年爱国主义教育方面发挥着重要作用。
活动期间,塔吉克斯坦人民民主党杜尚别市执行委员会主席阿卜杜拉希姆·绍希永发表讲话。他强调,塔吉克斯坦人民民主党是在民族领袖、塔吉克斯坦共和国总统尊敬的埃莫马利·拉赫蒙总统卓越智慧指导下创建和发展的,在维护国家和平稳定、巩固民族团结、推进国家建设和促进经济社会全面发展方面发挥着关键作用。他还高度评价了党在落实国家建设与发展政策以及吸引青年积极参与社会事务和国家建设中的重要贡献。
活动最后,向一批新加入塔吉克斯坦人民民主党的优秀青年颁发了党员证。
活动的文艺部分由学校“Chehranamo(风采)”艺术团精彩呈现。演员们通过演唱爱国歌曲和弘扬民族价值观的文艺作品,为活动增添了浓厚的节日氛围和时代风采。

ℹ️ Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ/Мы в социальных сетях/We are on social networks/我们在社交网络上:

Facebook - https://www.facebook.com/donishgohiomuzgori
Instagram - https://www.instagram.com/ddotnew.official/
YouTube - https://www.youtube.com/-hl8fh
Telegram - https://t.me/tgpu_official
Сомонаи расмӣ - https://tgpu.tj/index.php?lang=tj

01/06/2026

#МАҚОЛА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, яке аз санаҳои муҳими иҷтимоӣ ва башардӯстона дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин рӯз ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо бахшида шудааст. Кӯдакон ояндаи ҳар як миллат ва давлат мебошанд. Пешрафти ҷомеа ва рушди устувори давлат аз сатҳи дониш, тарбия ва имкониятҳое вобаста аст, ки барои насли наврас фароҳам оварда мешаванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технология масъалаи ҳифзи кӯдакон аҳамияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш менамояд, ки барои ҳар як кӯдак шароити мусоид ҷиҳати зиндагӣ, таҳсил ва инкишофи қобилиятҳои зеҳнӣ ва ҷисмонӣ муҳайё созад. Аз ин рӯ, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамчун рамзи ғамхорӣ нисбат ба насли оянда мавқеи махсусро ишғол мекунад.
Таърихи пайдоиши ин рӯз ба нимаи аввали асри XX рост меояд. Пас аз ҷангҳои харобиовари ҷаҳонӣ масъалаи ҳифзи кӯдакон ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфт. Кӯдакони зиёде аз таъсири ҷангҳо зарар дида, аз таҳсил ва зиндагии шоиста маҳрум шуданд. Дар чунин шароит зарурати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо ба миён омад.
Баъдан созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои гуногун ба масъалаи ҳифзи кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, санадҳо ва барномаҳои махсусро қабул карданд. Имрӯз ин рӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун ҷашни дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон таҷлил мегардад.
Дар илми ҷомеашиносӣ ва педагогика кӯдакон ҳамчун захираи асосии рушди ҷомеа арзёбӣ мешаванд. Ҳар як давлат барои таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ ба кадрҳои соҳибмаърифат ва мутахассисони баландихтисос ниёз дорад. Тарбияи чунин мутахассисон аз давраи кӯдакӣ оғоз меёбад.
Кӯдаконе, ки дар муҳити солим ба воя мерасанд ва имконияти гирифтани таҳсилоти босифатро доранд, дар оянда метавонанд дар рушди давлат саҳми назаррас гузоранд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва ҳифзи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатҳои пешрафта ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Қонунгузории кишвар ҳуқуқҳои асосии кӯдаконро кафолат дода, барои таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва рушди онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуда, сифати хизматрасониҳои соҳаи маориф тадриҷан беҳтар гардидааст. Ҳамзамон, барои дастгирии кӯдакони ятим, маъюб ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир барномаҳои махсус амалӣ карда мешаванд. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кӯдакон мусоидат менамоянд.
Оила нахустин муҳити иҷтимоии кӯдак ба шумор меравад. Дар оила кӯдак арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро аз худ мекунад. Муносибати дурусти падару модар, эҳтиром, меҳрубонӣ ва дастгирии онҳо дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳим мебозад.
Мутахассисони соҳаи педагогика бар он назаранд, ки тарбияи дуруст дар оила метавонад ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва ахлоқии кӯдак таъсири мусбат расонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва масъулияти падару модарон яке аз омилҳои муҳими тарбияи насли солим мебошад.
Таҳсил яке аз ҳуқуқҳои асосии ҳар як кӯдак мебошад. Маҳз тавассути таҳсил кӯдак дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро ташаккул медиҳад. Дар ҷаҳони муосир бе таҳсил ва дониш рақобатпазир будан ғайриимкон аст.
Муассисаҳои таълимӣ на танҳо вазифаи омӯзонидани илмҳоро иҷро мекунанд, балки дар тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос, ватандӯст ва соҳибфарҳанг низ саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, таъмини дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти босифат яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо характери идона дорад, балки аҳамияти тарбиявӣ ва маърифатӣ низ дорад. Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, илмӣ, варзишӣ ва фароғатӣ баргузор гардида, таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои кӯдакон бештар ҷалб карда мешавад.
Инчунин, тавассути чунин чорабиниҳо ғояҳои инсондӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва масъулияти иҷтимоӣ миёни аҳолӣ тарғиб мегарданд. Ҷалби ҷавонон ва донишҷӯён ба чунин чорабиниҳо барои рушди фарҳанги шаҳрвандӣ аҳамияти калон дорад.
Дар натиҷа метавон гуфт, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз санаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин рӯз аҳамияти ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро таъкид намуда, ҷомеаро ба ғамхорӣ нисбат ба насли наврас даъват мекунад. Кӯдакон ояндаи ҳар як давлат ва миллат мебошанд ва таъмини шароити мусоид барои рушди онҳо вазифаи муштараки давлат, оила ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо дарназардошти нақши муҳимми кӯдакон дар рушди ҷомеа, зарур аст, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор гиранд. Танҳо дар ин сурат метавон ҷомеаи пешрафта, босавод ва устуворро бунёд намуд.

Абдуев Муҳаммад Олимович – мутахасиси раёсати илм ва иноватсия

01/06/2026

#МАҚОЛА ВОЗВРАЩЕНИЕ ГЕРОЕВ НА РОДНУЮ ЗЕМЛЮ КАК ДАНЬ ПАМЯТИ ВЕЛИКИМ СЫНАМ ТАДЖИКИСТАНА

В жизни каждого народа есть события, которые становятся не просто фактами истории, а символами национального единства, уважения к прошлому и верности своим духовным ценностям. Одним из таких событий для Республики Таджикистан стало возвращение на Родину останков и памяти выдающихся сынов народа — Нусратулло Махсума, Шириншох Шохтемура и Нисора Мухаммада. Это событие вызвало широкий общественный резонанс, поскольку затронуло важнейшие вопросы исторической памяти, национального достоинства и преемственности поколений.
Каждая эпоха рождает людей, которые своим трудом, талантом и преданностью Родине определяют дальнейший путь развития государства. Именно к таким личностям относятся Нусратулло Махсум, Шириншох Шохтемур и Нисор Мухаммад. Их деятельность пришлась на сложный и ответственный период истории таджикского народа, когда решались вопросы национального самоопределения, формирования государственности, развития образования и культуры.
Они принадлежали к поколению созидателей, которые искренне верили в будущее своего народа и посвятили свою жизнь служению обществу. Их имена навсегда вписаны в историю Таджикистана как символы патриотизма, мужества и высокой гражданской ответственности. Несмотря на испытания и трагические события прошлого века, память о них сохранилась в сердцах народа и передавалась из поколения в поколение.
Возвращение останков выдающихся деятелей на родную землю стало важным шагом на пути восстановления исторической справедливости. На протяжении многих десятилетий места их захоронения находились за пределами страны. Однако духовная связь этих людей с Родиной никогда не прерывалась. Их идеи, дела и жизненный путь оставались частью национальной истории.
Особую роль в реализации этой гуманной и благородной инициативы сыграл Президент Республики Таджикистан, Лидер нации Эмомали Рахмон. Под его руководством в стране проводится последовательная политика по сохранению исторического наследия, укреплению национального самосознания и воспитанию молодёжи в духе уважения к прошлому. Возвращение останков выдающихся сынов таджикского народа стало ярким свидетельством того, что государство чтит память тех, кто стоял у истоков его становления.
Следует отметить, что уважение к памяти предков всегда занимало особое место в культуре таджикского народа. Испокон веков наши предки считали своим нравственным долгом чтить тех, кто своим трудом и подвигами прославил родную землю. Именно поэтому возвращение национальных героев на Родину было воспринято обществом не только как официальное мероприятие, но и как важное духовное событие.
В современном мире, где стремительные изменения порой заставляют забывать уроки прошлого, подобные события приобретают особую ценность. Они напоминают обществу о необходимости сохранять историческую память, бережно относиться к культурному наследию и воспитывать молодое поколение на примерах истинного служения Отечеству.
Для молодёжи история жизни Нусратулло Махсума, Шириншох Шохтемура и Нисора Мухаммада является ярким примером преданности своему народу. Молодые люди должны знать имена тех, кто своим трудом создавал основы государственности, развивал образование и культуру, боролся за достойное будущее своей страны. Именно такие примеры формируют чувство гражданской ответственности, патриотизма и уважения к национальным ценностям.
Возвращение героев на родную землю стало символом связи времён и поколений. Оно напоминает каждому гражданину о том, что история государства создаётся конкретными людьми, чьи дела продолжают жить даже спустя многие десятилетия. Народ, который помнит своих героев, сохраняет свою духовную силу и уверенно смотрит в будущее.
Сегодня Таджикистан развивается как независимое и процветающее государство. Успехи страны в различных сферах во многом опираются на богатое историческое наследие и опыт предшествующих поколений. Поэтому сохранение памяти о выдающихся личностях прошлого является важнейшей задачей не только государства, но и каждого гражданина.
Возвращение останков Нусратулло Махсума, Шириншох Шохтемура и Нисора Мухаммада на Родину стало событием, которое ещё долгие годы будет восприниматься как акт глубокого уважения к истории своего народа. Это событие укрепило чувство национальной гордости, напомнило о ценности независимости и единства страны, а также показало, что память о великих сыновьях Таджикистана продолжает жить в сердцах благодарных потомков.
Историческая память — это фундамент национального самосознания. Пока народ хранит память о своих героях, он сохраняет свою идентичность, духовную силу и способность достойно отвечать на вызовы времени. Именно поэтому возвращение национальных героев на родную землю стало не только важным историческим событием, но и значимым нравственным уроком для нынешнего и будущих поколений таджикистанцев.

Саидова Дилоро Рустамовна - ассистент кафедры СРЯ и ОЯ

01/06/2026

#МАҚОЛА ИБНИ СИНО ВА ДАЪВОҲОИ БЕАСОС

Абуалӣ ибни Сино - файласуф, мутафаккир, табиб ва донишманди бемисл, яке аз симоҳои барҷастатарини олам дар тамоми давру замон шинохта шудааст. Аз асри XIX сар карда, намояндагони бисёр кишварҳо, аз ҷумла мамлакатҳои Шарқ бо ҳар гуна далелу бурҳон даъво доранд, ки Ибни Сино маҳз аз нажоду миллати онҳо будааст. Яъне ҳар кадом мехоҳад Ибни Синоро ҳаммиллати худ донад, то ин ки бо ин донишманди ҷаҳонӣ ифтихору сарафрозӣ кунад. Муҳаққиқону олимон, шоирону нависандагон, ходимони давлатию сиёсатмадорони имрӯза дар маркази ин даъвоҳо қарор доранд. Даъвоҳои ду садаи охир доир ба Ибни Сино хонандаро бетафовут гузошта наметавонанд. Даъвоҳо ва ба сӯйи худ кашидани Ибни Сино он қадар бисёранд, ки ҳамаи онҳоро гироварӣ кардану мавриди баррасӣ қарор додан ва ба хулосаи аниқ омадан корест бас пуртаззод ва доманадор.
Мақсад аз нигориши ин сатрҳо таҳқиқи на ҳамаи даъво, балки ду даъвои асосӣ аст, ки яке ба қалами нависандаи муосири франсавӣ Жилбер Синуе ва дигаре ба муҳаққиқи садаи гузаштаи Туркия Айдин М. Сайили тааллуқ доранд. Нахуст назару андешаҳои Жилбер Синуеро дида мебароем.
Жилбер Синуе аз нависандагони номдори Фаронсаи муосир аст. Дар Фаронса доираи хонандагони вай хеле васеъ буда, берун аз марзи ин кишвар низ мухлисони сершумори худро дорад. Яке аз асарҳои пурхонандатарини вай “Абӯалӣ - роҳ ба сӯи Исфаҳон” аст, ки нависандаро машҳур гардонидааст. Ин асар бори нахуст, ҳанӯз соли 1989 дастраси хонандаи фаронсавизабон гардида, минбаъд низ дар матбуоти Фаронса рӯи чопро дидааст. Ин асари бузургу арзишманд бо заҳмати донишманд ва тарҷумони соҳибзавқи забони фаронсавӣ, марҳум Шамсиддин Ҳақназаров вориди фарҳанги тоҷик ва дастраси хонандаи тоҷикзабон гардидааст. Тарҷумаи асар бисёр содаю равон ва дилчасп буда, аз маҳорату ҳунари тарҷумонии мутарҷим дарак медиҳад. Бо вуҷуди ин, тарҷумаи асари мазкур талабгори таҳрири техникӣ аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки Жилбер Синуе ҳамагӣ нависанда аст, услуби нигориши ӯ бадеист, на илмӣ ва на фалсафӣ. Аммо масъалагузориҳои нависанда дар роман шаҳодат аз он медиҳанд, ки номбурда дар асари худ дар пайи ҷустуҷӯи ҳақиқатест. Ҳангоми мутолиаи асар ба хонанда маълум мегардад, ки нависанда ҳар ҷумлаву ҳар калима ва ҳар фикрро дидаву дониста, бо мақсаду маънодор, яъне ҳикматеро дар қабои бадеият баён карданист. Нависанда якчанд масъалаи муҳимро ё дар алоҳидагӣ ва ё пай дар пай ва ё ин ки дар рафти нигориши асар нозукона, баъзан рӯирост ва баъзан пардапӯш баррасӣ менамояд. Асари Ж. Синуе зиндагии Ибни Синоро аз оғоз то анҷом бо аксар пастию баландиҳо, азобу машаққату мушкилиҳояш фаро гирифта, асосан дар заминаи дастнависи шогирди мутафаккир Ҷузҷонӣ бо рангу бӯи бадеӣ иншо гардидааст.
Пеш аз он ки ба умқи андеша ва масъалаҳои матраҳкардаи нависанда ворид шавем, бояд ин нуктаро таъкид намоем, ки Жилбер Синуеи фаронсавитабор, зодаи Қоҳираи Миср буда, аз фарҳангу тамаддуни исломӣ хуб огоҳ аст ва набояд сухане оид ба ислом ва мутафаккирони вай насанҷида гӯяд. Дигар ин ки хонанда дар рафти мутолеа дарк менамояд, ки нависанда барои он ки ба навиштани ин роман даст занад, аввал ба монанди олимону муҳаққиқон доир ба мавзуи интихобгардида маводи фаровоне гирд овардааст.
Аввал ин ки нависанда ба ғайр аз “Рисолаи саргузашт”-и мутафаккир, ки ишораи он дар боло рафт, асарҳои худи Ибни Синоро хуб медонистааст. Дар роман на ин ки номи асарҳои гуногунсоҳаи Ибни Сино зикр гардидаанд, балки аз онҳо дар муколамаю музокираҳои дохили асар, иқтибосҳо бевосита аз забони қаҳрамони роман - Ибни Сино оварда шудаанд. Чунончи, вақте ки дар хусуси даҳригию бединии Ибни Сино овоза паҳн мегардад, Ибни Сино мегӯяд: “Агар ман бедину беимон бошам, пас дар ин олам дигар ягон мусалмони комил нест!
Чи хеле ки мебинем ин сухан дар рубоии:
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад, - реша дорад. Ин ҷо гап дар сари маълумотнокии нависанда меравад, зеро ин рубоӣ ба забони форсии дарӣ гуфта шудааст, дар ҳоле ки бештари осори Ибни Сино бо забони арабӣ иншо шудааст ва нависанда метавонист танҳо дар заминаи осори арабии мутафаккир андеша ронад. Аз ин маълум мегардад, ки нависанда аз тарҷумаҳои форсии Ибни Сино ба забони фаронсавӣ низ истифода бурдааст ва ё забони форсиро медонистааст.
Дувум ин ки нависанда аз таҳқиқоти муҳаққиқони синошинос, хусусан файласуфони синошиноси фаронсавӣ низ зиёд баҳра бардоштааст. Аз рӯи усулҳои нигориш ва баёни андеша эҳтимол меравад, ки нависанда аз таҳқиқоти файласуфони синошиноси фаронсавӣ, ба монанди Карра де Во, Амели Мари Гуашон, Анри Корбен, Луи Гарде ва ғайраҳо фаровон истифода бурдааст. Хусусан аз Луи Гарде: “Ҳар вақте, ки ӯ (яъне Ибни Сино – С.С.) ба ягон мушкилоти сангине рӯ ба рӯ мешуд, маҳз дар хомӯшии масҷид роҳи ҳалли онро меёфт” [5, с. 29]. Ин сухани нависандаро метавон дар таҳқиқоти Луи Гарде “Тафаккури динии Ибни Сино” [10, с. 24] айнан дар ҳамин шаклу маъно пайдо кард. Аммо нависанда дар охири асараш, дар рӯйхати муҳаққиқони фаронсавии истинодшуда, номи Луи Гардеро нишон надодааст.
Ибни Сино ба истилоҳи имрӯза энсиклопедисти замони худ буд, зеро осори вай таҷассумгару фарогири тамоми донишҳои замони ӯ мебошад, аммо мардум ғолибан ӯро пеш аз ҳама табиб ва баъдан файласуф, сониян шоиру мусиқидон ва ғайраҳо мешиносанд. Ҳол он ки худи Ибни Сино муқаддам аз ҳама худро пойбанди масоили фалсафӣ медонист ва илми тибро аз рӯи завқ ва барои дарёфти рӯзӣ пешаи худ мешуморид. Нависанда Жилбер Синуе низ Ибни Синоро дар асари худ, пеш аз ҳама на файласуф, балки ҳамчун табиб - аз табобатгарони амири сулолаи Сомониён - Нӯҳи дуввум писари Мансур сар карда, то бемористонҳои шаҳрҳои Хуросону Эрон ҳамчун табиби закӣ, борикбину доно ва нотакрору беназир нишон додааст. Ҳунари табибии Ибни Сино дар образу тасвирҳои офаридаи нависанда аз аввал то охири асар ба мушоҳида мерасад ва аз майлу рағбати худи нависанда нисбати умдатар нишон додани таҷрибаву донишҳои тиббии асримиёнагӣ шаҳодат медиҳад. Аммо новобаста аз он ки Ибни Сино худро аввал файласуф, баъдан табиб меҳисобид ва аз рӯи осори боқимондаи худи Ибни Сино низ маълум мегардад, ки вай худро пеш аз ҳама файласуф меҳисобид, дар романи нависандаи фаронсавӣ мақоми фалсафаи Ибни Сино нисбат ба тибби вай маҳдудтар аст.
Яке аз масъалаҳои мубрам ва ҷолиби диққат дар роман ин муайян намудани шахсият ва аслу насаби мутафаккир - Ибни Сино мебошад. Чи хеле ки маълум аст, дар олами мутамаддини имрӯза миёни қавмҳои гуногун нисбат ба мутафаккирони пешина, чун Ибни Сино даъвоҳои зиёд аст. Табиб ва донишманди арабтабори фаронсавӣ Слейм Аммар дар асараш “Ибни Сино, ҳаёт ва эҷодиёт” дуруст қайд намудааст, ки аксар қавму миллатҳои мусулмон, аз ҷумла туркҳо, эрониҳо, афғонҳо, арабҳо ва имрӯз ӯзбекону тоҷикон мекӯшанд, ки Ибни Синоро дар қатори беҳтарин фарзандони миллати худ қарор диҳанд [13, с. 9]. Ин гуна даъвоҳо ва далелҷӯиҳо ҳанӯз дар асри XIX сар шуда, хусусан дар асри XX биёр авҷ гирифта, то имрӯз идома доранд. Миёни муҳаққиқони синошиноси гуногунмиллат оид ба ин масъала мудом таззод дида мешавад. Чуноне ки дар боло зикр шуд, ба ин даъвоҳо на фақат муҳаққиқону олимон, балки эҷодкорон ва ҳатто сиёсатмадорон низ шомиланд. Аз ин нигоҳ мехоҳем доир ба ин масъала амиқтар таваққуф намоем.
Дар олами Ғарб фалсафаи Исломро шуруъ аз асрҳои миёна фалсафаи араб мегӯянд ва тамоми файласуфону мутафаккирони исломиро файласуфи араб мехонанд ва ин амал то кунун идома дорад. Аксар муҳаққиқону файласуфони синошиноси франсавӣ низ Ибни Синоро “файласуфи араб” ном мебаранд. Агар сухан дар хусуси миллату забони Ибни Сино равад, баъзеҳо кӯтоҳ ӯро зодаи Афшанаи Бухоро, аз қавми форс медонанд, вале дар умум аксар ӯро “файласуфи араб” мехонанд. Дар миёни муҳаққиқони фаронсавӣ ва фаронсавизабон танҳо Анри Корбен ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, изҳор менамояд, ки муҳаққиқони ғарбӣ тамоми мутафаккирони мусулмонро “араб” ҳисобида, шадидан иштибоҳ мекунанд. Зеро мутафаккирони сарзамини Ислом на фақат ба қавми араб, балки бештарини онҳо ба форсҳо ва баъдан ба дигар қавму миллатҳо тааллуқ доранд ва аз ҷумла Ибни Сино. Донишманди олмонии асри XX Герман Лей дар асараш “Очеркҳои таърихи материализми асримиёнагӣ” дуруст қайд менамояд, ки дар сарзамини Ислом, дар асрҳои миёна аз ду қавм донишмандони воқеӣ ба миён омадаанд: аввал, дар Шарқ, аз қавми форс, ки нуқтаи баландтарини онро Ибни Сино ишғол менамояд ва дар Ғарб, аз мардумони Испания ё Андалусия, ки қуллаи баландтарини он таълимоти Ибни Рушд аст [3]. Аммо А. Корбен Ибни Синоро ҳамагӣ эронӣ мешумораду бас. Танҳо аз муҳаққиқони олмонии Ибни Сино Эрнст Блох, дар асараш “Ибни Сино ва арастуиёни самти чап”, ки ба муносибати ҷашни ҳазораи мутафаккир соли 1952 ба табъ расидааст, тоҷик будани Ибни Синоро сареҳан таъкид намудааст [9, с. 7]. А. Корбен таъкид менамояд, ки бо забони арабӣ таълиф намудани асарҳо маънои онро надорад, ки мутафаккирони олами ислом яксар ҳама араб бошанд, балки ин он маъноро дорад, ки дар замони гузашта забони арабӣ ҳамчун забони дину мазҳаб ва ҳамчунин забони муоширати байни мусулмонон ва муҳим аз ҳама, забони илм будааст, ба монанди он, ки дар олами Ғарб забони лотинӣ чунин мақомро доштааст. Аз ин нуктаи назар мо низ наметавонем, ки бо сабаби бо забони лотинӣ асар таълиф намудани мутафаккирони ғарбӣ, ки аз қавмҳои гуногун: англис, франсуз, олмонӣ, испанӣ, итолиёӣ ва ғ. ҳастанд, ҳамаи онҳоро яксар юнонӣ ё римӣ номем, зеро ин носавоб хоҳад буд.
Дар масъалаи шахсияту мансубияти қавмии Ибни Сино назари нависанда Жилбер Синуе аз муҳаққиқони ҳамватанаш тамоман фарқ дорад. Аз оғози асар то интиҳо гаштаю баргашта, дар мавридҳои мувофиқ на танҳо аз қавми форс будани Ибни Сино, балки нафрат доштани вай (яъне Ибни Сино – С.С.) нисбат ба қавмҳои турку араб ошкор мегардад. Дар асари нависанда, ҳангоми мулоқот бо Синҷа ном духтаре Ибни Сино худро ин тавр муаррифӣ мекунад: “- Натарс, ман калтакалосхӯр нестам, авлодони ман ҳама форс ҳастанд. Шояд ба ту аҷиб намояд, падари ман аз Балх аст...” [5, с. 89]. Ин ҷо вожаи “калтакалосхӯр” рамзӣ буда, маънои ғайритоҷик, яъне арабро дорад:
Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор...
Вақте ки Ғазнавиён қудратро ба даст мегиранд, дар муколамае бо Берунӣ Ибни Сино чунин мегӯяд: “Берунӣ, туро ман намедонам, аммо баъзе ҳокимон гарчанде нисбати олимон саховатманд бошанд ҳам, туро бовар мекунонам, ки ман ҳаргиз ба хидмати онҳо нахоҳам рафт. Бахусус, туркон, ки аз ҳамин қабиланд. Писари Сино (яъне Ибни Сино – С.С.) ҳеҷ гоҳ пеши ғазнавиён сар хам нахоҳад кард” [5, с. 110]. Аввалан, дар ин гуфтор ғурурнокӣ ва якравии Ибни Сино дида мешавад, ки бо Берунӣ бо исрор ҳарф мезанад; дуввум, нафрат дорад аз олими дарборӣ будан ва хидмати ҳокимонро кардан, новобаста аз лутфу илтифоташон; сеюм, маҳз ӯ ҳаргиз ба хизмати ҳокимони турк нахоҳад рафт, чунки ӯ худ турк нест ва нисбат ба туркон нафрат дорад; чаҳорум, ӯ пеши туркон ҳаргиз сар хам нахоҳад кард ва мантиқист, ки ӯ роҳи Эронро пеш мегирад, то аз туркон дур шавад.
Дар роман рӯйрост ва ҳамвора туркони онвақта, ҳамчун қавми аз маданияту маънавият дур ва бераҳму ғоратгар мазаммат шудаанд. Бахусус шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ва ҳуҷуми бераҳмонаи ӯ ба кишвари Ҳинд ва куштори мардуму вайрон кардани бут-Худо (бутхона)-ҳои онҳо зери танқид қарор гирифтааст. Нависанда аз забони Ибни Сино дар хусуси ин шоҳи бераҳм чунин нигоштааст: “Ба ростӣ, он чизе, ки дар шахсияти ин турк маро бештар ба шӯр меорад, ин дурӯягии ӯст. Чӣ гуна чунин як махлуқ шеърро дӯст дошта метавонад? Чӣ тавр ӯ дар атрофи худ олимону донишмандонро ҷамъ оварда, дар дилаш зӯровариву бадкориро ғунҷонда метавонад?” [5, с. 176]. Бо назардошти иқтибосҳои зикргардида маълум мегардад, ки туркону арабҳо аз нигоҳи Ибни Синои Жилбер Синуе қавмҳои паст, аз маърифату маданият дур будаанд, аммо форс будан аз ҳар ҷиҳат мояи ифтихор будааст. Дар бобати таърифу тавсифи форсҳо ва лаъну танқиди туркҳову арабҳо метавон аз асари нависанда Синуе иқтибоси зиёд овард, вале ба назари мо барои дарки матлаби нависанда ҳамин иқтибосҳои зикргардида кофӣ мебошанд. Набояд фаромӯш кард, навиштаҳои нависанда хаёлбофӣ набуда, балки дар заминаи навиштаҳои худи Ибни Сино ба миён омадаанд. Ибни Сино воқеан турку арабро дар осораш, хусусан дар “Китоб-уш-Шифо” танқиду мазаммат кардааст.
Дар баробари он ки нависанда Ибни Синоро дар асараш мудом аз қавми форс нишон медиҳад, вале аҷиб он аст, ки дар саҳифаи 66 варианти фаронсавии асар нависанда мутафаккири бузурги тоҷику форс - Ибни Синоро аз қавми “яҳуд” нишон доданӣ мешавад. Нависанда фарзияи барғалат пешниҳод менамояд, ки Ибни Сино шояд яҳудӣ бошад. Аз ин нигоҳ лозим медонем, ки роҷеъ ба кадом қавм тааллуқ доштани Ибни Сино мухтасар андеша ронем.
Аз ин даъвоҳо тахмин меравад, ки Жилбер Синуе худ аз қавми яҳуд буда, кӯшиш намудааст, ки яҳудӣ будани Ибни Синоро асосан бо 3 далел, аз забони яке аз қаҳрамонони асар, дӯсти Ибни Сино Масеҳӣ исбот намояд.
Дар асар, аввал Масеҳӣ ба Ибни Сино иброз медорад, ки дар хусуси аз қавми яҳуд будани Ибни Сино миёни мардум овоза паҳн гардидааст [12, с. 66].
Дувум ин ки Масеҳӣ Ибни Синоро бо ангези таъна задан мегӯяд: “Ту худат (яъне Ибни Сино – С.С.) чанд соле муқаддам гуфта будӣ, ки падарат ба мазҳаби Исмоилия сахт гаравида, туро низ ба он маҷбур месохтааст” [12, с. 66]. Ин ҷо гап дар сари он меравад, ки Масеҳӣ мазҳаби пешина, пеш аз Исмоилияи падари Ибни Синоро нишон надода, якбора ба Исмоилия гаравидани онро нишон додааст. Аз эҳтимол дур нест, ки дар ин бобат низ ӯ мазҳаби пешинаи падари мутафаккири бузургро мутааллиқ ба дини яҳудӣ дониста, вале барои инро рӯйрост гуфтан ҳанӯз ҷуръат накарда бошад.
Далели сеюм ва асосӣ он аст, ки Масеҳӣ ҷиддан модари Ибни Сино Ситораро, ки аз Афшанаи Бухоро буд, яҳудӣ мешуморад [12, с. 67]. Шояд ин андешаи барғалат ба сари нависанда ба он хотир омада бошад, ки имрӯз яҳудиёни Осиёи Миёнаро яҳудиёни Бухоро меноманд. Гап дар сари он меравад, ки яҳудиёни Бухоро на дар давраи Сомониён ё пеш аз он, балки хеле баъдтар аз фурупошии хонадони Сомониён ба Бухоро ҳиҷрат кардаанд.
Чорум далел шояд он бошад, ки Синуе дар асари худ Ибни Синоро ғолибан “писари Сино” мегӯяд ва ин бесабаб нест. Ҳарчанд нависанда барои чӣ Ибни Синоро “писари Сино” меномад, шарҳ надодааст, маълум аст, ки дар забони лотинӣ Ибни Синоро Ависенна (Avicenna) мегуфтанд ва дар забонҳои имрӯзаи ғарбӣ ҳамин гуна ном мебаранд. Ба қавли баъзе аз муҳаққиқон, сабаби Ависенна ном бурдани Ибни Сино гӯё дар он будааст, ки ин калима аз ду таркиб Авен ё Абен Сина-и забони ибронӣ омада ва (дар забони ибронӣ Авен ё Абен маънои “писар”-ро доштааст), барои ҳамин Ависеннаро писари Сино шарҳ додаанд. Ҳол он ки ҳақиқати ҳол ин тавр нест. Ависенна ин шакли махлуту лотинишудаи Ибни Сино мебошад.
Вале дар асар ҳамчунин нишон дода шудааст, ки Ибни Сино бо шунидани ин суханон аз тарафи рафиқаш Масеҳӣ сахт оташин мешавад ва онҳоро рад менамояд. Ба ҳар ҳол ин андешаи нависанда Синуе аст ва Синуе барои исботи андешаи худ ягон далели қотеъ наовардааст ва гуфтаҳои вай дар хусуси яҳудигии Ибни Сино дар муқоиса бо асари Л. Салдадзе “Ибни Сино”, ба ҷуз фарзияи беасосе беш нест.
Албатта, ин маънои онро надорад, ки фарзияи Синуе беасос буда, фарзияи Салдадзе боасос бошад. Ҳаргиз не, фақат фарқ дар он аст, ки Салдадзе далелу бурҳони бофтаву беасоси зиёд оварда, Ибни Синоро ба таври сунъӣ турк месозад. Ин нависандаи таърихбоф кӯшиш менамояд, ки ба калимаҳои қадимаи эрониасли суғдию паҳлавӣ маънои зӯракии туркӣ дарорад ва этимологияи онҳоро на дар забони Бухоро ва атрофи он, балки дар Хитою Ҳафтрӯд ҷуста, онҳоро туркӣ шарҳ диҳад. Хусусан, ба калимаҳои “Афшана”, “Сино” ва ғайра [4, с. 33-38]. Лекин мо дар хусуси Салдадзе ва муносибати вай ба шахсияти Ибни Сино аз ин зиёд сухан намеронем, зеро ба ин масъала олимони мо аллакай ҷавоб навиштаанд. Дар асари академик М. Шакурӣ “Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон” [7, с. 41-45] нисбат ба андешаҳои бофтаю беасоси Салдадзе мулоҳизаҳои оқилона ва ҷолиби диққат оварда шудааст. Ҳамчунин, масъалаи мазкур дар асари академик М. Диноршоев “Афрӯзандаи нури хирад ва парварандаи тухми маърифат” [2, с. 7-154] ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба он ҷавоби амиқу далелнок дода шудааст. Дар мақолаи зикршуда донишманди тоҷик бе ягон эҳсосот ва бо мамнунияти хоса, хеле оқилонаю олимона аз ҳар ҷиҳат тавонистааст, ки бо далелу бурҳонҳои қотеъ тоҷик будани Ибни Синоро исбот намояд. Барои дақиқу равшантар шудани масъала, аз таҳлилу хулосаҳои академик М. Диноршоев баъдтар мисол хоҳем овард.
Чи тавре ки дар боло зикраш рафт, дар замони муосир даъвоҳо нисбат ба мутафаккирони гузашта аз ҷониби намояндагони халқу миллатҳои гуногун хеле зиёд ва ҳатто тезутунд гардидааст. На ҳамаи даъвоҳоро нисбат ба Ибни Сино мо ин ҷо овардаю баррасӣ карда метавонем, вале аз даъвоҳои муҳаққиқи турк Айдин М. Сайилӣ набояд сарфи назар намуд. Ин муҳаққиқи турк дар мақолааш “Ибни Сино эронӣ буд ё турк?” [11, с. 8-24], ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 1939 нашр гардидааст, бо якчанд далели ғайриилмӣ ва ғайримантиқӣ мутафаккирро аз қавми турк исбот карданӣ шудааст. Дар мақолаи мазкур гуфта мешавад, ки муддатҳои мадид Ибни Сино араб шинохта мешуд, ҳоло бошад бисёриҳо ба хулосае омаданд, ки ӯро эронӣ хонанд. Туркони муосир бошанд вайро турк меҳисобанд [11, с. 8-24]. Айдин М. Сайилӣ ба таҳқиқоти дигар муҳаққиқи турк Шемседдин Гуналтай истинод карда, хулоса мебарорад, ки дар замони зиндагии Ибни Сино шаҳрҳои Балх (зодгоҳи падари Ибни Сино) ва Бухоро (зодгоҳи модари Ибни Сино) ва навоҳии атрофи онҳо то омадани ислом ва пас аз зуҳури он шаҳру маҳалҳои туркнишин будаанд. Далелҳои асосии онҳо инҳоянд:
1. Ба қавли ин муҳаққиқони турк, чӣ тавре ки баъдтар Л. Салдадзе пиндоштааст, калимаи Афшана гӯё решаи туркӣ доштааст ва аз калимаи “Ашина” омада будааст.
2. Ба ақидаи онҳо номи қадимаи Балх “Ҳанбалиқ” будааст ва тадриҷан “Ҳан” афтида, танҳо “Балиқ” дар истифода мондааст. Ҳамин тавр, “Балиқ” ба “Балх” мубаддал шудааст. “Ҳан” бошад дар забони туркии пешазисломӣ истифода бурда мешудааст ва “Балиқ” дар туркӣ маънои “шаҳр”-ро ифода мекардааст. Ҳатто Пекинро дар аҳди туркони муғул Ҳанбалиқ меномидаанд [11, с. 8-24].
3. Айдин дар асоси омилҳои ҷуғрофӣ низ волидайни мутафаккирро ғолибан турк меҳисобад. Ӯ таъкид менамояд, ки Ибни Сино ба арабӣ асар эҷод мекард ва ба форсӣ низ каму беш эҷод намудааст, аммо ба туркӣ чизе нанавиштааст. Бо вуҷуди ин муҳаққиқи турк кӯшиш намудааст исбот намояд, ки Ибни Сино туркиро медонист ва ба туркӣ низ шеър эҷод мекард. Ба ақидаи вай дар Туркия дар Китобхонаи султонӣ дастхате бо номи “Рубоии Абӯалӣ Сино” бо забони туркӣ мавҷуд аст ва ин дастхат дар охирҳои асри XV китобат шудааст. Ба қавли муҳаққиқи турк ин ашъор ба туркӣ на аз арабӣ ва на аз форсӣ баргардон нашудааст ва рубоии мазкур гӯё мустақиман бо забони туркӣ бо қалами Ибни Сино эҷод шудааст. Ба ақидаи Айдин мувофиқи анъанаи назмсароии исломӣ дар охири шеъри мазкур номи “Алӣ” омадааст, ки худ гувоҳи бешубҳа турк будани Ибни Сино аст.
4. Дигар далел он аст, ки Айдин М. Сайилӣ Ибни Синоро аз аҳли суннат нишон медиҳад, на аз аҳли ташайюъ, зеро аз аҳли ташайюъ будан эҳтимолияти эронӣ буданро зиёд намуда, аз аҳли суннат будан, ки бештари туркон ба ин мазҳаб мутааллиқанд, кам менамояд. Дигар ин ки Сайилӣ бар он муътакид аст, ки на ҳама намояндагони аҳли ташайюъ эронӣ буданд, балки туркҳо низ аз аҳли ташайюъ будаанд (яъне ба ақидаи Сайилӣ дар ҳолати аз аҳли ташайюъ будан ҳам Ибни Сино бояд турк бошад. - С.С.).
5. Вай таъкид мекунад, ки Ибни Сино аз ҷониби падараш турк аст, ба он хотир ки номи пурраи вай Абӯалӣ ал-Ҳусайн писари Абдуллоҳ писари Алӣ писари Сино аст. Ва Сино на калимаи арабӣ ва на форсӣ, балки калимаи туркӣ будааст, ки дар фарҳангҳои қадимаи туркию уйғӯрӣ ҷой доштааст. Яъне туркӣ будани калимаи “Сино” далели он будааст, ки гузаштагони падарии Ибни Сино турк бошанд. Чи тавре ки дар боло қайд шуд, ба ақидаи Айдини турк шаҳрҳои Балх ва Бухоро то омадани ислом шаҳрҳои туркнишин будаанд. Вай мепиндорад, ки калимаи “Сино” дар забони форсӣ аз ду ҳиҷо иборат аст, ки ҳар кадом ҳиҷо бо садоноки дарози ī (ӣ) ва ā (а) ба охир мерасанд. Ҳол он ки –мегӯяд Айдин, - шакли дурусти талаффузи калимаи “Сино” дар қомуси Фирӯз Ободӣ, чопи соли 1414 бо садонокҳои кӯтоҳи i ва a нишон дода шудааст. Гӯё ин шаҳодат бар он медодааст, ки калимаи “Сино” форсӣ набуда, балки аз номҳои маъмулии туркӣ будааст.
6. Ғайр аз ин, ба қавли Айдин Ибни Сино дар аҳди Сомониён ва Ғазнавиҳо зистааст, ки онҳо сулолаҳои туркӣ маънидод карда шудаанд.
7. Дар хусуси модари Ибни Сино ақидаи Айдин он аст, ки модари мутафаккир аз Бухоро ва Бухоро замини Туркистон буд, (яъне модари Сино турк буд –С.С.) ва амсоли инҳо.
Барои радди даъвои якум андешаи олими тоҷик М. Диноршоев айни муддаост. Ба ақидаи донишманди номбурда аз ҷониби забоншиносон кайҳо собит шудааст, ки дар забони суғдӣ калимаи “афшин” бо маънои “шоҳ”, “ҳукмрон”, “фармонраво” муқаррар гардидааст. Аз ҷиҳати сохти забонию фонетикӣ низ калимаи “афшин” назар ба “Ашин” ба калимаи “Афшин”, “Афшина” ва “Афшана” шабеҳтару монандтар аст [2, с. 7-154].
Барои радди даъвои дуюм ҳаминро бояд гуфт, ки “Ҳан” куҷою “Балиқ” куҷою “Балх” куҷо? Охир Балхро ба турку муғул чӣ муносибат? Балх яке аз шаҳрҳои қадимтарини олам ва пойтахти Бохтари қадим дар Хуросони бузург будааст. Дар фарҳанги Деҳхудо маънои калимаи “Балх” чунин нишон дода шудааст: 1. Номи санги қиматбаҳо, лаъл (Бадахшон низ аз калимаи Балахшон ё Балхшон омадааст – С.С.). 2. Марди мутакаббир ва бузургманиш. 3. Кадуе, ки шароб дар он кунанд. 4. Баҳои ёсуман. 5. Шаҳри бузург дар Хуросон – Бактри. 6. Номи кӯҳ [1, с. 4952; 6, с. 544] ва ғайра. Калимаи “Балх” дар луғатномаи Муин чунин шарҳ дода шудааст: ﺑﺎﺧﺗﺮ bāxtar – паҳлавӣ – apaxtar. Дар Авасто ба маънои “шимол”, “сайёра” ва “мағриб” омадааст [6, с. 434]. Дар Энсиклопедияи советии тоҷик дар мақолаи “Балх” чунин омадааст: Балх, Бахдӣ, Бактрий – пойтахти давлати Бохтар; Балх – димна, ҳисор [8, с. 363]. Дар дигар манобеъ “Балх” дар шакли “Бохзи”, “Бахзи” аз номи куҳантари “Бохзри” - ﺑﺎﺧﺫﺭﻯ падид омада, ки мутобиқи Балхи кунунӣ аст. Дар забони паҳлавӣ “Балх” ба сурати “Бухтро” ва “Балҳ” омадааст. Ҳамчунин дар шакли “Баҳли Бомик” ёд шудааст. Ин ном дар забони форсии миёна ба сурати “Бахл” сабт шудааст, ки зоҳиран сурати дигаргуншудаи “Бахзи” ё “Бохзи”-и авастоӣ аст, ки ҳарфи ﺫ ба ﻞ бадал шудааст ва дар давраи исломӣ ҷои ﻞ бо ﺥ иваз шуда, “Бахл” бо “Балх” мубаддал гардидааст. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки “Балх” калимаи қадимаи форсӣ буда, аз забони авастоию санскритӣ маншаъ мегирад, на аз туркию муғулӣ.
Барои радди даъвои сеюм фақат ҳаминро бояд гуфт, ки Ибни Сино бо ин ки зиёда аз 23 асари худро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла, фалсафаю тибб ва шеър ба тоҷикӣ эҷод карда, яке аз асосгузорони забони илмии тоҷикӣ будааст, акнун тоҷик буданаш зери шубҳа қарор мегирифтаасту, вале бо як дастхати рубоии дар асри XV китобатшуда (қариб панҷсад сол пас аз Ибни Сино пайдо гардидаю дар охир номи кадом як Алии номаълумро доштааст), турк будани Ибни Сино гӯё исбот мегардидааст. Аз далелҳои беасосу ғайриилмии муҳаққиқи турк ва бемантиқии суханаш хонанда ангушти ҳайрат мегазаду шарми кас меояд.
Барои радди даъвои чорум бояд гуфт, ки падари Ибни Сино Абдуллоҳ зодаи Балх буда, аз аҳли ташайюъ буд, ки ин дар рисолаи саргузашти Ибни Сино бо қалами худаш дарҷ гардидааст. Дар хусуси мазҳаби худ Ибни Сино чизе нагуфтааст ва аз рӯи анъанаи муқаррарӣ метавон ҳадс зад, ки модом ки падари Ибни Сино аз аҳли ташайюъ буд, пас писараш низ Ибни Сино бояд пайрави ҳамин мазҳаб мебуд.
Барои радди даъвои панҷум боз рӯ меорем ба исботи академик М. Диноршоев. Аз ҷиҳати этникӣ падари Ибни Сино – Абдуллоҳ тоҷики форс буд, ки ба ин насабаш низ “Сино” шаҳодат медиҳад. Сино ба ақидаи академик М. Диноршоев аз калимаи авастоии Saena ва санскритии Syena гирифта шуда, маънояш «Уқоб», “Шоҳин” ва “Лочин” будааст ва дар даврони Сосониён калимаи “Сино” ба сифати ному насаб зиёд истифода бурда мешудааст [2, с. 7-154]. Бобои бобокалони Ибни Сино “Сино” ном доштааст ва агар давраи зиндагонии Синои якумро гирем, ин тақрибан як ё якуним аср муқаддамтар аз Ибни Сино хоҳад буд, ки ба асри IX рост омада, ҳанӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки номҳои даврони сосонӣ дар он вақт нисбат ба номҳои арабӣ зиёдтар истифода мешудаанд.
Барои радди даъвои шашум таъкид менамоем, ки Ибни Сино синни ҷавонии худро дар Бухоро, дар давлати Сомониён сипарӣ намуда, пас аз ба сари қудрат омадани Қарахониён тарки ватан намуда, ба Эрон рӯ овардааст. Зеро воқеан Қарахониён сулолаи турк буда, вале Сомониён тоҷик буданд, ки ин ба далелу исбот ниёзе надорад.
Барои радди даъвои ҳафтум бояд тазаккур дод, ки модари Ибни Сино Ситора ном дошт ва ин ном аз тоҷик будани вай шаҳодат медиҳад. Дигар ин ки шаҳри Бухоро пойтахти Сомониён ва гаҳвораи фарҳангу забони тоҷикӣ-дарӣ буда, ба турктозиҳои ҳазорсолаи охир нигоҳ накарда, то ба имрӯз асолати тоҷикии худро нигоҳ доштааст ва намунаи барҷастаи он истифодаи забони тоҷикӣ аз тарафи аксарият дар Бухоро, мубориз ва ҳомиёни ин забону фарҳанг устодон Садриддин Айнӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ мебошанд. Яъне дар муддати ҳазор сол Бухоро турк нашуда, чӣ тавр ҳазор сол пеш аз ин ҳангоми салтанати Сомониён шаҳри Бухоро маҳалли туркнишин будааст?
Чи хеле ки мебинем, муҳаққиқи турк барои Ибни Синоро турк исбот намудан ҳар чӣ ки хостааст беасос баён намудааст, вале барои ҷамъбаст намудани даъвоҳои Айдини турк як сухани худи Ибни Синоро аз асараш “Ал-Илоҳиёт”-и “Аш-Шифо” мисол меорем, ки чунин аст: “Мардумоне, ки некиро сармашқи кори худ карда наметавонанд, ба монанди туркону ҳабашон, табиатан бояд хизматгор (ғулом) бошанд” [2, с. 7-154]. Ин суханро, ки Ибни Сино дар ҳаққи туркон худаш гуфтааст, дидаю дониста чи гуна метавон ӯро боз турк ҳисобид?
Хулоса, дар замони муосир дар натиҷаи бархурди тамаддунҳо як қатор олимону муҳаққиқон ба хотири манфиатҳои шахсию миллӣ ва қавмию нажодӣ таърихро тағйиру таҳриф менамоянд. Вале дар заминаи далоили дар боло овардашуда аз осори Ибни Сино ва донишмандони тоҷик чун академикон М. Шакурӣ ва М. Диноршоев ба хубӣ маълум мегардад, ки даъвоҳои олими турк А. Сайилӣ дар хусуси он ки Ибни Сино турк аст ва нависандаи фаронсавӣ Ж. Синуе, ки Ибни Сино шояд яҳудӣ бошад, комилан асоси илмӣ надоранд.
Адабиёт:
1. Деҳхудо. Луғатнома. Ҷилди 4. Теҳрон, 1377 (1999).
2. Диноршоев М. Зажегший свет разума и посеявший семена знания // Абу Али ибн Сина (Авиценна). Сочинения. Томпервый. Душанбе: Дониш, 2005. С. 7-154.
3. Лей, Герман. Очерк истории средневекового материализма. Пер. с нем. З.В. Горловой и И.А. Саца. – М., 1962.
4. Салдадзе Л. Ибн Сина (Авиценна). – Ташкент, 1985.
5. Синуе, Жилбер. Абӯалӣ ё роҳ ба сӯи Исфаҳон. – Душанбе: Авесто, 2011.
6. Фарҳанги форсӣ. Таълифи дуктур Муҳаммад Муъин. – Теҳрон, 1364.
7. Шакурии Бухороӣ, Муҳаммадҷон. Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон. – Душанбе, 2012.
8. Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 1. Душанбе, 1978.
9. Bloch, Ernst. Avicenne et la gauche aristotélicienne. Editions Premières Pierres, 2008.
10. Gardet, Louis. La pensée religieuse d’Avicenne (Ibs Sina). Paris: Vrin, 1951.
11. Sayili, Aydin M. Was Ibni Sina an Iranian or a Turk? // Isis, Vol. 31, No. 1 (Nov., 1939). Р. 8-24. Published by: The University of Chicago Press on behalf of The History of Science Society Stable URL: http://www.jstor.org/stable/226013 Accessed: 02/03/2011
12. Sinoué, Gilbert. Avicenne ou La route d’Ispahan. Denoel, 1989.
13. Sleim, Ammar. Ibn Sina (Avicenne, la vie et l’œuvre). Tunisie : L’Or du temps, 2003.

Султонзода Соқӣ Аслон – доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, мудири кафедраи забони франсавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Rudaki Avenue 121
Dushanbe
TJ

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 17:00