01/09/2025
Ба маълумоти истифодабарандагони низоми “Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ” мерасонем, ки имрӯз 1 сентябри соли 2025, 5- умин солгарди фаъолияти муваффақ ва босамари низом мебошад. Дар ин давра, дар асоси таклифу пешниҳодҳои Шумо ва иқдомҳои мутахассисони марказ низом батадриҷ такмил ёфта, ба баррасии 10 мамлакатҳои шарики тиҷоратӣ лоиҳаи созишнома оиди мубодилаи электронии сертификатҳои тавлиди мол тавассути низомҳои электронии “Равзанаи ягона” манзур шудааст. Итминон дорем, ки моҳҳои наздик низом мақоми байналмилариро касб мекунад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи Шумо барои ҳамкории судманд ва дастгирии доимӣ миннатдорӣ баён менамоем. Бо эҳтиром, Маъмурияти КВД “Маркази Равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук
01/07/2021
Хамгироии низоми "Равзанаи ягона" бо Бонки "Эсхата"
Аз 1 июли соли 2021 низом бо таъминоти барномавии Бонки "Эсхата" хамгирои шудааст. Минбаъд Шумо имкон доред, ки тавассути терминалхои пардохтии Бонки "Эсхата" низ дар саросари кишвар маблаги хакки хизматрасонии КВД "Маркази Равзанаи ягона"-и Хадамоти гумрукро ба осони пардохт намоед.
/swcustoms.tj
28/08/2020
Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи ҷорӣ намудани низом | Равзанаи ягона
Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи ҷорӣ намудани низом Facebook Twitter WhatsApp Email Telegram VK Viber Facebook Twitter WhatsApp Email Telegram VK Viber Администратор
10/07/2020
Қабули пешниҳодоти Хадамоти гумрук дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” | Равзанаи ягона
Қабули пешниҳодоти Хадамоти гумрук дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” Facebook Twitter WhatsApp Email Telegram VK Viber Санаи 04.07.2020с аз ҷониби Асосгузори су....
10/07/2020
Идомаи раванди омузиши тарзи истифодаи низом аз тарафи мақомоти шомилшаванда | Равзанаи ягона
Идомаи раванди омузиши тарзи истифодаи низом аз тарафи мақомоти шомилшаванда Facebook Twitter WhatsApp Email Telegram VK Viber Бо дастгирию мусоидати доимии Сардори Хадамоти гумрук ге....
30/04/2020
Оғози давраи омӯзишии истифодаи низом дар дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт” ва сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳ
Оғози давраи омӯзишии истифодаи низом дар дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт” ва сохторҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе Facebook Twitter WhatsApp Emai...
03/02/2020
Оғози расмии лоиҳаи “Системаи идораи таваккал дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” | Единое Окно при Таможенной с
Оғози расмии лоиҳаи “Системаи идораи таваккал дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Facebook Twitter WhatsApp Email Telegram VK Viber 31 январи соли 2020 дар Хадамоти ....
30/01/2020
Оғози давраи омузишии истифодаи низом барои ширкатҳои брокерӣ ва декларантҳо дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе | Единое Окно при Таможе
Оғози давраи омузишии истифодаи низом барои ширкатҳои брокерӣ ва декларантҳо дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе Facebook Twitter WhatsApp Email Telegram VK Viber Бо мақсади такмили муҳт....
23/01/2020
Рӯзи кормандони мақомоти гумрук
28 сол аст, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ фаъолият карда истода, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон, дар муддати 28 сол, мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.
Ҳамасола 22 январ рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин замина тибқи муқаррароти моддаи 486 – и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии як қатор ҷавонафсарон бахшида ба иди касбии гумрукчиён бо иштироки Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон баргузор гардид.
Баъд аз маросими савгандёдкунӣ, сардори хадамоти гумрук, дар бораи ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар даврони истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, иброз намуд, ки “Айни замон, бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти гумрук, ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии дидбонгоҳу озмоишгоҳҳо ва амалӣ намудани корҳо дар самти ташкили низоми электронии назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ давра ба давра чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии зиёда аз 120 конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мебошад.
Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумруки ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик ба як ниҳоди нақшгузори иқтисодиёти кишвар табдил ёфта, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.”
Сипас, муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид аз фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук ёдовар шуда, барои барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як корманди мақомоти гумрук расонда, таъкид намуданд, ки минбад низ иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бояд саривақтӣ иҷро карда шавад.
Шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ идомаи фаъолияти пурмаҳсулро талаб дорад.
Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумрук зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар чорабинии идона муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бо қарори Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳоии штирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои фаъолона иштирок намудан дар корҳои Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва саҳми арзанда гузоштан ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ба роҳбарият ва кормандони Хадамоти гумрук мукофотҳо супориданд.
Ҳамзамон бо Фармоиши Сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва ба муносибати ин ҷашни пуршукӯҳ, роҳбарият ва кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳо, ифтихорнома, медали ҷашнии “25-солагии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва бо нишони сарисинагии “Аълочии мақомоти гумрук ”сарфароз гардонида шуданд.
03/01/2020
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Рӯзи 26 декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи КВД "Маркази Равзанаи ягона"-и назди Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хайати шахси намоиши мустақими телевизионии ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардид, тамошо намуданд.
Кормандон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, вазифа ва уҳдадориҳои хизматиро бо дарки баланди масъулиятшиносӣ минбаъд низ иҷро хоҳанд кард.