ҲХДТ Сино

ҲХДТ Сино

Share

Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон! For the progress and happiness of the people of Tajikistan! Барои фардои дурахшони Ватан!

For the bright future of the motherland!

01/06/2026

КӮДАКОНИ ИМРӮЗ — СОҲИБОНИ АРЗАНДАИ ФАРДОИ ВАТАН

“Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст. Хусусан, солимии кӯдакон ояндаи миллат буда, таъмини ҳуқуқҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана на танҳо як ҷашн, балки рамзи ғамхорӣ, муҳаббат ва масъулияти ҷомеа нисбат ба насли наврас мебошад. Зеро кӯдакон ояндаи миллат, идомабахши давлатдорӣ ва умеди фардои ҷомеа мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдаконро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф намуда, баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва рушди онҳо тамоми имкониятњоро фароҳам оварда истодааст.
Дар замони муосир масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбия, ҳифзи саломатӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои кӯдакон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдак сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар дар баробари масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиву сарҳадӣ, ба солимии кӯдакон ва рушди онҳо пайваста талош менамояд. Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо шароит фароҳам меорад. Набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯза аст, ки фардо онҳо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат садҳо муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ бунёду азнавсозӣ гардида, барои рушди зеҳнӣ ва маънавии кӯдакон шароити муосир муҳайё карда шудааст. Барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, пешгирии хушунат нисбат ба ноболиғон ва таъмини зиндагии солим барои наврасон амалӣ мегарданд.
Имрӯз Душанбе ҳамчун пойтахти соҳибистиқлоли Тоҷикистон на танҳо маркази сиёсиву фарҳангии кишвар, балки шаҳри имконоти васеи рушди кӯдакону наврасон низ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва Раиси шањри Душанбе муњтарам Рустами Эмомалї дар пойтахт барои таълиму тарбия, истироҳат, варзиш ва рушди зеҳнии кӯдакон шароити замонавӣ муҳайё гардидааст.
Солҳои охир дар пойтахти мамлакат даҳҳо муассисаҳои таълимии нав, кӯдакистонҳо, марказҳои инкишофи кӯдак, майдончаҳои варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёд шуданд, ки кӯдакон дар муҳити солим, амн ва созанда ба камол расанд.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз пойтахт ба маркази воқеии имкониятҳо барои наврасон табдил ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф, ҷалби кӯдакон ба варзиш, омӯзиши технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ дар шаҳр маҳсуб меёбанд. Боғҳои замонавӣ, китобхонаҳо, марказҳои эҷодӣ ва толорҳои варзишӣ барои рушди кӯдакон нақши муҳим доранд. Ҳамзамон, ташкилу баргузории озмунҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва худшиносии наврасон мусоидат менамояд.
Шароити фароҳамшудаи дар шаҳр барои кӯдакону наврасон аз падару модарон ва омӯзгорон пеш аз ҳама масъулияти баланд, дониш ва муносибати дуруст ба тарбияи насли наврасро тақозо мекунад. Пеш аз ҳама, волидайн бояд дар баробари муҳайё кардани шароити моддӣ, ба тарбияи маънавӣ ва ахлоқии фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Кӯдак бештар аз гуфтор, аз рафтор ва муносибати калонсолон ибрат мегирад. Аз ин рӯ, муҳити солими оилавӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, фарҳанги муошират ва ҳисси ватандӯстӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳим доранд.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон моро водор месозад, ки нисбат ба тарбияи фарзандон масъулияти бештар эҳсос намоем. Зеро маҳз дар муҳити солими оилавӣ ва ҷомеаи фарҳангӣ кӯдак ҳамчун шахсияти комил ба воя мерасад. Муҳаббат, эҳтиром ва таваҷҷуҳ ба кӯдак асоси ҷомеаи солиму пешрафта мебошад.
Бояд ҳамеша кӯшиш намоем ва орзуманд бошем, ки кӯдакони имрӯз ҳамчун соҳибони арзанда, ватандӯст, донишманд ва бомаърифати фардои Ватан ба камол расанд. Зеро ояндаи давлату миллат маҳз ба тарбияи дуруст, дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас вобаста мебошад.

Назира ТАБАРЗОДА,
вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино,
мудири Муассисаи таълимии томактабии рақами 56- и ноҳияи Сино

01/06/2026

1 ИЮН — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН ВА ҲИВЗИ ҲУҚУҚИ ОНҲО
Кӯдакон ояндаи миллат, идомадиҳандаи роҳи бузургони миллат ва сарчашмаи меҳру муҳаббат дар ҷомеа мебошанд. Ҳар сол санаи 1 июн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз рамзи ғамхорӣ, муҳаббат ва таваҷҷуҳ ба ҳуқуқу зиндагии кӯдакон буда, ҷомеаро водор месозад, ки барои таълиму тарбия, саломатӣ ва зиндагии шоистаи онҳо бештар кӯшиш намояд.
Кӯдак мисли гули навшукуфта аст. Агар ба ӯ муҳити хуб, тарбияи дуруст ва меҳрубонӣ дода шавад, дар оянда ҳамчун инсони бофарҳанг, донишманд ва ватандӯст ба камол мерасад. Аз ин рӯ, тарбияи насли наврас яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як падару модар, омӯзгор ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Имрӯз давлатҳои ҷаҳон барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон қонунҳо ва барномаҳои махсус қабул намудаанд. Ҳуқуқ ба таҳсил, зиндагии осоишта, истироҳат, гирифтани кӯмакҳои тиббӣ ва озодона изҳор намудани фикр аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосии кӯдакон мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи ҳифзи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо дастгирии давлату Ҳукумат барои таҳсил, истироҳат ва рушди қобилияти кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки кӯдакон ояндаи давлату миллат мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз, барои рушди маънавию зеҳнии насли наврас мактабҳои нав, марказҳои рушди кӯдак ва муассисаҳои муосир бунёд гардида истодаанд.
Дар баробари ин, имрӯз кӯдакон ба дастовардҳои бузурги илм ва технология рӯ ба рӯ ҳастанд. Истифодаи дурусти технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши илмҳои замонавӣ ва тарбияи ахлоқӣ метавонад онҳоро ба шахсиятҳои муваффақ табдил диҳад. Аммо бояд фаромӯш насозем, ки кӯдак бештар аз ҳама ба муҳаббат, таваҷҷуҳ ва дастгирии калонсолон ниёз дорад.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо иди кӯдакон, балки рӯзи масъулияти бузурги ҷомеа нисбат ба онҳо мебошад. Ҳар як кӯдак бояд дар муҳити ором, солим ва пур аз меҳру муҳаббат зиндагӣ намояд. Зеро хушбахтии кӯдакон — хушбахтии ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллат аст.
Бигзор дар қалби ҳар як кӯдак ҳамеша шодиву ханда, орзуву умед ва муҳаббат ҷой дошта бошад. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон вазифаи муқаддаси ҳар як инсон мебошад. Танҳо бо тарбияи насли солиму донишманд метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати неруманд бунёд кард.Имрӯзҳо масъалаи ҳифзи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон аҳамияти махсус пайдо кардааст. Ҷангҳо, камбизоатӣ, бемориҳо ва таъсири манфии баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба рӯҳия ва тарбияи кӯдакон таъсири бад расонанд. Аз ҳамин сабаб, ҷомеа бояд барои ҳифзи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварӣ, беэътиноӣ ва муҳити носолим чораҳои зарурӣ андешад. Кӯдак бояд худро дар оила, мактаб ва ҷомеа бехатар эҳсос намояд.
Нақши оила дар тарбияи кӯдак бисёр муҳим аст. Маҳз муҳити оила аввалин мактаби зиндагии инсон ба шумор меравад. Агар дар оила меҳру муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, кӯдак низ бо ахлоқи ҳамида ва рафтори нек ба воя мерасад. Падару модар бояд ба таълиму тарбия, сухан ва рафтори фарзанд диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро ҳар амали онҳо ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсир мерасонад.
Омӯзгорон низ дар тарбияи насли наврас саҳми бузург доранд. Онҳо на танҳо дониш медиҳанд, балки дар қалби кӯдакон ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ парвариш менамоянд. Кӯдакони имрӯз соҳибони фардои кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи дурусти онҳо кафили пешрафти давлат ва ободии ҷомеа аст.
Ҷашни 1 июн ба кӯдакон шодиву фараҳ мебахшад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ чорабиниҳои гуногун, озмунҳо, барномаҳои консертӣ ва сайругаштҳо баргузор мегарданд. Ин ҳама барои болидахотирии кӯдакон ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо мусоидат мекунад.
Бигзор ҳар як кӯдак зери осмони сулҳу оромӣ зиндагӣ карда, бо дили пур аз орзуву умед ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузорад. Зеро кӯдакон ганҷи бебаҳои миллат ва чароғи фардои ҷомеа мебошанд
Мирализода П.Ш. мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ, ташхис ва табобати нурӣ МДТ Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Узви фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Табибони ҷавон"

Photos from ҲХДТ Сино's post 01/06/2026

ҲАМОИШИ ИДОНА БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН»
1 июни соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба "Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон" ҳамоиши бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, фаъолони ҳизб ва кӯдакони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар фазои гарму идона барои кӯдакон барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, суруду таронаҳои дилнишин ва бозиҳои шавқовар пешниҳод гардида, ба иштирокчиёни хурдсол туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи шодиву нишот ва эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон баргузор гардид.

31/05/2026

КӮДАКОН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи фархунда рамзи муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулияти ҷомеа дар назди насли наврас буда, моро водор месозад, ки ба таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Кӯдакон сарвати бебаҳои миллат ва ояндаи давлат мебошанд. Фардои дурахшони Ватан аз дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи дурусти онҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, рушди қобилияту истеъдод ва ташаккули шахсияти онҳо вазифаи муҳими ҳар як падару модар, омӯзгор ва узви ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯз мо бо ифтихор шоҳиди он ҳастем, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмунҳои фаннӣ, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, бо донишу истеъдоди худ шарафи мактаб, маҳал ноҳия ва Ватани азизамонро баланд мебардоранд. Ҳар як дастоварди онҳо самараи меҳнати пайвастаи омӯзгорон, дастгирии падару модарон ва талошҳои худи хонандагон мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи насли наврас, рушди соҳаи маориф ва дастгирии кӯдакони соҳибистеъдод тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Ин ғамхорӣ ҷавонон ва наврасонро ба омӯзиши илм, азхуд намудани донишҳои замонавӣ ва расидан ба қуллаҳои нави муваффақият ҳидоят менамояд.

Мо боварии комил дорем, ки кӯдакони имрӯз бо дониши мукаммал, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар оянда ҳамчун шаҳрвандони арзанда барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори осуда, таҳсили аъло ва комёбиҳои беназир орзу менамоем.

Бигзор табассуми кӯдакон ҳамеша чароғи хонадонҳо ва нишони сулҳу саодати ҷомеа бошад!
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак!

ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №95 НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Парвиз Ёрмадов

31/05/2026

Кӯдакон — набзи ҳаёт ва нури фардои ҷомеа

Дар тинати ҳар як кӯдак покиву садоқат, орзуҳои беғубор ва ҷаҳоне аз умед нуҳуфта аст. Кӯдакӣ гаронбаҳотарин ва ҳассостарин давраи ҳаёти инсон аст, ки маҳз дар ҳамин марҳала таҳкурсии шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ояндаи ҳар як фард гузошта мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳар сол 1-уми июн таҷлил мегардад, ба мо ёдовар мешавад, ки кӯдакон заифтарин ва ҳамзамон арзишмандтарин қисми ҷомеа мебошанд.
Ин сана аз ҷумлаи рӯзҳои муҳим ва пурмуҳтаво барои мо ба шумор меравад. Зеро ҷомеае, ки ба кӯдак таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамояд, барои ояндаи худ заминаи устувор ва пойдор мегузорад. Кӯдакон идомадиҳандаи зиндагӣ, меросбари арзишҳои миллӣ ва умеди фардои давлату миллатанд. Онҳо ояндасозони ҷомеа, мояи ифтихор ва сарчашмаи қувваи маънавии миллат ҳастанд.

Таърих нишон медиҳад, ки аҷдодони мо дар ҳама давра ба тарбия ва ҳифзи кӯдакон аҳамияти хоса додаанд. Зеро ояндаи ҳар миллат дар дасти кӯдакон аст, ки имрӯз тарбия мегиранд. Халқи тоҷик аз қадимулайём ба фарзанд ҳамчун неъмати илоҳӣ нигариста, тарбияи ӯро яке аз вазифаҳои муқаддас мешуморидааст. Ҳамин суннати нек аст, ки мо бояд онро имрӯз низ идома диҳем ва ба насли оянда мунтақил созем.

Имрӯз вақте ба чеҳраи кӯдакон менигарем, дар нигоҳи онҳо орзу, боварӣ ва муҳаббатро мебинем. Дунёи кӯдак пок ва беғаш аст. Ӯ бо дили соф ба зиндагӣ қадам мегузорад ва интизор дорад, ки ҷомеа барои ӯ муҳити амн, меҳрубон ва одилона муҳайё созад. Аз ҳамин сабаб масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон аҳамияти бузурги иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ дорад. Кӯдак бо табиати беолоиши худ мояи тоза ва нопардохтаест, ки ҷомеа ва оила бо тарбияи хубу дуруст метавонанд аз ӯ инсони комил ва шоистаро парвариш диҳанд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон моро водор месозад, ки бори дигар ба масъулияти худ дар назди насли наврас назар кунем. Мо бояд андеша намоем, ки барои тарбияи фарзандони ҷомеа чӣ кор анҷом медиҳем, то онҳо ҳамчун инсонҳои босавод, соҳибмаърифат, ватандӯст ва боахлоқ ба камол расанд. Ояндаи ҳар давлат аз сатҳи дониш, тарбия ва ҷаҳонбинии кӯдакон вобастагии мустақим дорад. Ҳар яке аз мо, новобаста аз мавқеъ ва касби худ, дар ин масъала саҳми мустақим дорем ва ин масъулиятро бояд бо тамоми вуҷуд ҳис намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро самти муҳимми сиёсати иҷтимоии худ муайян намудааст. Қонунгузории миллӣ барои ҳифзи кӯдакон заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овардааст. Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, зиндагии шоиста, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва рушди озод дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар кафолат дода шудааст. Тоҷикистон инчунин ба Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои байналмилалии худро содиқона иҷро менамояд.

Дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти иҷтимоӣ давлат барномаҳои мақсадноки зиёде амалӣ сохтааст. Барномаи миллии рушди таҳсилот, барномаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, ташкили кӯдакистонҳо ва марказҳои реабилитатсионӣ ва амсоли ин гувоҳи таваҷҷуҳи давлат ба насли наврас мебошанд.

Дар мамлакат масъалаи рушди кӯдакону наврасон дар мадди аввал меистад. Дар тамоми минтақаҳои кишвар муассисаҳои нави таълимӣ сохта мешаванд, марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият доранд, шароити таълиму тарбия сол ба сол беҳтар мегардад. Барои кӯдакони ятим, бепарастор ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуд барномаҳои гуногуни дастгирии иҷтимоӣ амалӣ мешаванд. Ин тадбирҳо нишонаи равшани сиёсати иҷтимоии давлат ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас мебошанд. Бахусус, барои кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус фазои фарогир дар мактабҳо эҷод карда мешавад, то ҳеҷ кӯдаке аз қофилаи таҳсил ва рушд ақиб намонад.

Дар баробари дастовардҳо, ҷомеаро зарур аст ба мушкилоти мавҷуда низ диққати ҷиддӣ диҳад. Ҳанӯз ҳам дар баъзе ҳолатҳо кӯдакон аз муҳити солими тарбия дур мемонанд, ба корҳои вазнин ҷалб мегарданд ё аз имконияти пурраи таҳсил истифода карда наметавонанд. Чунин ҳолатҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии кӯдак бетаъсир намемонад. Ҳар кӯдак бояд давраи кӯдакии худро бо омӯзиш, бозӣ, истироҳат ва рушди қобилиятҳои худ сипарӣ намояд. Кӯдакӣ давраи ягонаест, ки дигар барнамегардад, ва аз ҳамин ҷиҳат ҷомеа ӯро гаронбаҳо шуморида, барои пурра ва бехатар гузаштани ин давра масъулият дорад.

Пешгирии меҳнати кӯдак яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад. Кӯдак набояд маҷбур шавад, ки ба корҳои вазнин машғул гардад ё аз таҳсил дур монад. Вақте ки ӯ ба муҳити носолим ҷалб мешавад, имкони рушди маънавӣ ва зеҳнии ӯ коҳиш меёбад. Вазифаи ҷомеа аз он иборат аст, ки барои ҳар як кӯдак муҳити бехатар ва муносиб фароҳам оварад. Инчунин пешгирии зӯроварӣ, таҳқир ва озори равонӣ нисбат ба кӯдак вазифаи фаврӣ ва ҳалталаби ҳамаи мост.

Нақши оила дар тарбияи кӯдак бисёр бузург мебошад. Фарзанд аввалин дарси зиндагиро дар оила меомӯзад. Агар дар хона муҳити эҳтиром, меҳрубонӣ ва масъулият ҳукмфармо бошад, кӯдак низ бо ҳамин рӯҳия ба камол мерасад. Падару модар бо рафтор, гуфтор ва муносибати худ дар ташаккули ҷаҳонбинии фарзанд таъсири калон мегузоранд. Аз ҳамин сабаб масъулияти волидайн дар назди фарзанд хеле баланд аст. Падари меҳрубон ва модари шафқатманд барои кӯдак аввалин ва боэътимодтарин пуштибонанд. Онҳо бояд ҳам ниёзҳои моддӣ ва ҳам маънавию равонии ӯро дар назар дошта бошанд.

Оила бояд ҷойе бошад, ки дар он кӯдак эҳсоси амнияту меҳр намояд. Дар хонаводае, ки муошират, хонданӣ, баҳсу мубоҳиса ва иштироки якҷоя дар фаъолиятҳои фарҳангӣ одат шудааст, кӯдакон бо қобилияту боварии бештар ба камол мерасанд. Волидайн бояд ба ҷойи танҳо фармон додан, ба кӯдак гӯш диҳанд, ӯро дарк намоянд ва ба назари ӯ арзиш қоил шаванд.

Дар баробари оила мактаб низ дар тарбияи кӯдак нақши муҳим мебозад. Омӯзгорон ба қалби кӯдак роҳ меёбанд ва ӯро ба роҳи дониш, фарҳанг ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунанд. Мактаб барои кӯдак бояд ҷойи амният, эҳтиром ва маърифат бошад. Ҳар кӯдак бояд эҳсос намояд, ки ҷомеа ба ӯ бовар дорад ва барои муваффақияти ӯ шароит муҳайё месозад. Омӯзгоре, ки дилу руҳи кӯдакро мефаҳмад, ба ӯ дониш ва ақидаи дурусти зиндагиро мебахшад. Ҳамин аст, ки касби омӯзгор аз ҳама касбҳо шарифтар ва масъулиятноктар шуморида мешавад.

Имрӯз ҷаҳони муосир имкониятҳои зиёдеро пешкаш намудааст. Технологияҳои иттилоотӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба зиндагии кӯдакон таъсири калон расондаанд. Дар баробари фоидаҳо баъзе хатарҳо низ вуҷуд доранд. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии наврасон аҳамияти калон дорад. Ҷомеаро зарур аст кӯдаконро ба мутолиа, донишомӯзӣ, фарҳанг, худшиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ намояд. Волидайн ва омӯзгорон бояд ба кӯдак омӯзонанд, ки чӣ гуна дар фазои рақамӣ бехатар ҳаракат намояд, маълумоти дурустро аз нодуруст фарқ кунад ва аз таъсири манфии муҳитҳои зараровар дур монад.

Дар ин замина ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ нақши муҳим мебозанд. Онҳо бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, эҷодӣ ва тарбиявӣ барои кӯдакон муҳити ғанӣ ва рушдбахш эҷод мекунанд. Иштироки кӯдак дар доираҳои мусиқӣ, санъат, варзиш ва адабӣ истеъдодашро инкишоф медиҳад ва ба ташаккули характеру шахсияти ӯ мусоидат мекунад.

Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вазифаи умумии ҷомеа мебошад. Ҳар шахсе, ки нисбат ба кӯдак меҳрубонӣ ва ғамхорӣ зоҳир мекунад, дар бунёди ҷомеаи солим саҳм мегузорад. Баъзан як сухани нек, як муносибати самимӣ ва як дастгирии оддӣ метавонад ба кӯдак умед бахшад ва ҷаҳонбинии ӯро дигар намояд. Ҳамсоя, дӯст, хешу табор, ҳамаи мо дар ҳалқаи тарбияи кӯдак мавқеъ дорем. Ҳар гоме, ки ҳар яке аз мо ба некии кӯдак бармедорад, дар асл гоме ба сӯи ҷомеаи шоиста ва инсонпарвар аст.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон моро ба инсонпарварӣ, меҳрубонӣ ва масъулияти бештар даъват менамояд. Ин рӯз ёдрас месозад, ки хандаи кӯдак бояд ҳамеша фазои ҷомеаро пур кунад, чашмони ӯ аз шодӣ дурахшон бошанд ва қалби ӯ аз меҳру муҳаббат гарм гардад. Ин хандаю шодии кӯдакон барои мо, калонсолон, худ дарси зиндагист. Дарси покӣ, содагӣ ва самимияти бидуни риё аст.

Кӯдаконе, ки имрӯз дар синфхонаҳо нишастаанд, фардо табиб, омӯзгор, муҳандис, ҳуқуқшинос, донишманд ва роҳбари ҷомеа мешаванд. Аз ҳамин сабаб ҷомеа бояд барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода барад. Кӯдаки имрӯза бо заковат, иродаи мустаҳкам ва ҳисси ватандӯстии амиқ метавонад дар ояндаи наздик барои пешрафти Тоҷикистон хизматҳои шоиста анҷом диҳад. Миллате, ки ба кӯдакон ғамхорӣ мекунад, дар ҳақиқат барои ояндаи худ таҳкурсӣ мегузорад.
Самимона ҳамаи кӯдакони азизро ба муносибати ин рӯзи фараҳбахш табрик мегӯям. Ба онҳо саломатӣ, зиндагии хушу осуда, дониши баланд ва бахти сафед орзу менамоям. Бигзор ҳамеша хандаи кӯдакон фазои Тоҷикистони маҳбуби моро мунаввар созад ва орзуҳои неки онҳо амалӣ гарданд. Бигзор, ҳар кӯдак дар ин диёр эҳсос намояд, ки дӯстдошта ва арзишманд аст, ва ояндаи ӯ дар ин сарзамини зебо бо умеду равшанӣ пур мебошад.

Мардонзода Гулбаҳор Мардон- сардори раёсати ҳифзи меҳнати дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

31/05/2026

Кӯдакон сармояи асосии давлат
Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи асосии инсонӣ ва ояндаи имрӯзу фардои ҳар як оила ва миллат мебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба онҳо, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон вазифаи аввалиндараҷаи фард, оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад, ва маҳз аз ҳамин сабаб масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак на танҳо як мавзӯи ахлоқӣ, балки уҳдадории ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ гардидааст. Дар ҳар ҷомеаи мутамаддину ҳуқуқбунёд кӯдак ба сифати субъекти махсуси ҳуқуқ баромад намуда, дорои ҳуқуқҳои кафолатноки худ мебошад, зеро ӯ то давраи ба балоғат расидан ба ғамхорӣ ва дастгирии волидайн, ҷомеа ва давлат эҳтиёҷ дорад. Дар миёни табақаҳои осебпазир ва ба ҳимоя эҳтиёҷманди ҷомеа маҳз кӯдакон дар ҷойи аввал меистанд, зеро онҳо аз сабаби синну сол ва нокифоягии таҷриба наметавонанд ҳуқуқҳои худро мустақилона пурра ҳимоя кунанд. Аз ин рӯ, ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ системаи махсуси ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдак ташаккул дода шудааст, ки рукнҳои асосии онро дар поён баррасӣ менамоем.
Заминаи асосии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт соли 1989 гузошта шуд, ҳангоме ки Созмони Милали Муттаҳид муҳимтарин ҳуҷҷатро — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ин санад 2 сентябри соли 1990 эътибори қонунӣ пайдо кард ва натиҷаи кӯшишҳои тӯлонии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки қариб ҳафтод сол давом дошт, дар роҳи эътирофи ниёзҳо ва нозукиҳои махсуси кӯдакон гардид. Конвенсия яке аз густурдатарин санадҳои ҳуқуқи башар дар таърих мебошад, зеро онро шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон эътироф кардаанд, ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи ҳифзи кӯдак арзиши умумибашарӣ дорад. Ҳуҷҷат ба эҳтироми шаъну шарафи ҳар як инсон асос ёфта, эътироф мекунад, ки кӯдак дорои ҳуқуқҳои инсонии худ мебошад ва ин ҳуқуқҳо аз ҳуқуқҳои волидайн ё дигарон вобаста нестанд, балки ба шахси худи кӯдак тааллуқ доранд.
Конвенсия муносибати ҳамаҷониба ва томро ба баррасии вазъи кӯдакон истифода мебарад ва ба чанд принсипи бунёдӣ такя мекунад. Принсипи аввал — таъмини манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдак мебошад, ки тибқи он дар ҳама гуна қарорҳои марбут ба кӯдак — хоҳ дар оила, хоҳ дар суд ё мақомоти давлатӣ — бояд пеш аз ҳама манфиати худи кӯдак ба эътибор гирифта шавад. Принсипи дувум ҳуқуқ ба зиндагӣ, рушд ва камолоти ҳамаҷониба аст. Принсипи севум манъи ҳама гуна табъиз новобаста аз нажод, ҷинс, забон, дин, асли иҷтимоӣ ё дигар ҳолатҳои кӯдак ва волидайни ӯ мебошад. Принсипи чорум ҳуқуқи кӯдак ба шунида шудан ва озодона ифода намудани назари худро дар масъалаҳое, ки ба ҳаёти ӯ дахл доранд, дар бар мегирад. Ҳамзамон, ин санад масъулияти баробари ҳар ду волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак эътироф намуда, ба давлатҳои аъзо вазифа мегузорад, ки дар иҷрои ин уҳдадориҳо ба волидайн ва сарпарастони қонунӣ кӯмаки лозима расонанд ва тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигарро барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдак андешанд. Минбаъд барои такмили ин системаи байналмилалӣ ба Конвенсия протоколҳои факултативӣ (иловагӣ) қабул гардиданд, ки масъалаҳои мушаххас, аз ҷумла ҳифзи кӯдакон аз савдо ва истисмор, инчунин ҷалби кӯдакон ба муноқишаҳои мусаллаҳонаро танзим менамоянд.
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эълон намуд. Кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз нахустин давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид, ки он 26 ноябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ эътибори қонунӣ пайдо кард. Бо тасвиби ин санад Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки заминаи миллии ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ташаккул диҳад — кореро, ки давоми зиёда аз се даҳсола идома дорад ва аз батасвибрасии ин Конвенсия акнун беш аз сӣ сол сипарӣ шудааст. Ин қадами таърихӣ нишон дод, ки давлати ҷавони соҳибистиқлол ҳанӯз дар солҳои нахустини мустақилият, сарфи назар аз мушкилоти он давра, омодагии худро барои риояи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи наслҳои оянда нишон додааст.
Кӯдакон сармояи асосии давлат
Кӯдакон неъмати бебаҳо, сармояи асосии инсонӣ ва ояндаи имрӯзу фардои ҳар як оила ва миллат мебошанд. Ғамхорӣ нисбат ба онҳо, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон вазифаи аввалиндараҷаи фард, оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад, ва маҳз аз ҳамин сабаб масъалаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак на танҳо як мавзӯи ахлоқӣ, балки уҳдадории ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ гардидааст. Дар ҳар ҷомеаи мутамаддину ҳуқуқбунёд кӯдак ба сифати субъекти махсуси ҳуқуқ баромад намуда, дорои ҳуқуқҳои кафолатноки худ мебошад, зеро ӯ то давраи ба балоғат расидан ба ғамхорӣ ва дастгирии волидайн, ҷомеа ва давлат эҳтиёҷ дорад. Дар миёни табақаҳои осебпазир ва ба ҳимоя эҳтиёҷманди ҷомеа маҳз кӯдакон дар ҷойи аввал меистанд, зеро онҳо аз сабаби синну сол ва нокифоягии таҷриба наметавонанд ҳуқуқҳои худро мустақилона пурра ҳимоя кунанд. Аз ин рӯ, ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи миллӣ системаи махсуси ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдак ташаккул дода шудааст, ки рукнҳои асосии онро дар поён баррасӣ менамоем.
Заминаи асосии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт соли 1989 гузошта шуд, ҳангоме ки Созмони Милали Муттаҳид муҳимтарин ҳуҷҷатро — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ин санад 2 сентябри соли 1990 эътибори қонунӣ пайдо кард ва натиҷаи кӯшишҳои тӯлонии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки қариб ҳафтод сол давом дошт, дар роҳи эътирофи ниёзҳо ва нозукиҳои махсуси кӯдакон гардид. Конвенсия яке аз густурдатарин санадҳои ҳуқуқи башар дар таърих мебошад, зеро онро шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон эътироф кардаанд, ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи ҳифзи кӯдак арзиши умумибашарӣ дорад. Ҳуҷҷат ба эҳтироми шаъну шарафи ҳар як инсон асос ёфта, эътироф мекунад, ки кӯдак дорои ҳуқуқҳои инсонии худ мебошад ва ин ҳуқуқҳо аз ҳуқуқҳои волидайн ё дигарон вобаста нестанд, балки ба шахси худи кӯдак тааллуқ доранд.
Конвенсия муносибати ҳамаҷониба ва томро ба баррасии вазъи кӯдакон истифода мебарад ва ба чанд принсипи бунёдӣ такя мекунад. Принсипи аввал — таъмини манфиатҳои аввалиндараҷаи кӯдак мебошад, ки тибқи он дар ҳама гуна қарорҳои марбут ба кӯдак — хоҳ дар оила, хоҳ дар суд ё мақомоти давлатӣ — бояд пеш аз ҳама манфиати худи кӯдак ба эътибор гирифта шавад. Принсипи дувум ҳуқуқ ба зиндагӣ, рушд ва камолоти ҳамаҷониба аст. Принсипи севум манъи ҳама гуна табъиз новобаста аз нажод, ҷинс, забон, дин, асли иҷтимоӣ ё дигар ҳолатҳои кӯдак ва волидайни ӯ мебошад. Принсипи чорум ҳуқуқи кӯдак ба шунида шудан ва озодона ифода намудани назари худро дар масъалаҳое, ки ба ҳаёти ӯ дахл доранд, дар бар мегирад. Ҳамзамон, ин санад масъулияти баробари ҳар ду волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак эътироф намуда, ба давлатҳои аъзо вазифа мегузорад, ки дар иҷрои ин уҳдадориҳо ба волидайн ва сарпарастони қонунӣ кӯмаки лозима расонанд ва тамоми тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ ва дигарро барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдак андешанд. Минбаъд барои такмили ин системаи байналмилалӣ ба Конвенсия протоколҳои факултативӣ (иловагӣ) қабул гардиданд, ки масъалаҳои мушаххас, аз ҷумла ҳифзи кӯдакон аз савдо ва истисмор, инчунин ҷалби кӯдакон ба муноқишаҳои мусаллаҳонаро танзим менамоянд.
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эълон намуд. Кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз нахустин давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 26 октябри соли 1993 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид, ки он 26 ноябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ эътибори қонунӣ пайдо кард. Бо тасвиби ин санад Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки заминаи миллии ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ташаккул диҳад — кореро, ки давоми зиёда аз се даҳсола идома дорад ва аз батасвибрасии ин Конвенсия акнун беш аз сӣ сол сипарӣ шудааст. Ин қадами таърихӣ нишон дод, ки давлати ҷавони соҳибистиқлол ҳанӯз дар солҳои нахустини мустақилият, сарфи назар аз мушкилоти он давра, омодагии худро барои риояи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи наслҳои оянда нишон додааст.
ҳимоя мекунанд ва барои вайрон кардани ин ҳуқуқҳо ҷавобгариро муқаррар менамоянд. Ба ин тариқ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро падару модар, кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва шахсони онҳоро ивазкунанда, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, прокуратура, суд ва милитсия ҳимоя менамоянд.
Дар баробари заминаи қонунгузорӣ бояд таъкид кард, ки барои Тоҷикистон масъалаи кӯдакон аҳамияти махсуси демографӣ дорад, зеро аҳолии кишвар нисбатан ҷавон аст ва ҳиссаи назарраси онро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Ин вазъ масъулияти давлат ва ҷомеаро дучанд месозад, зеро сармоягузорӣ ба саломатӣ, таҳсилот ва тарбияи насли наврас дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи худи миллат мебошад. Дар ин замина, оила ҳамчун ниҳоди аввалин ва асоситарини тарбия нақши калидӣ дорад, чунки маҳз дар оила кӯдак аввалин дарсҳои ахлоқ, эҳтиром ва худшиносиро меомӯзад. Аз ҳамин лиҳоз, қонунгузории Тоҷикистон масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд мустаҳкам намуда, ҳамзамон механизмҳои дастгирии оиларо аз ҷониби давлат пешбинӣ менамояд, то ки ҳеҷ кӯдак берун аз ғамхорӣ намонад.
Дар баробари дастовардҳо, дар амалияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мушкилот ва вазифаҳои ҳалталаб низ боқӣ мемонанд, ки эътирофи онҳо қадами муҳим дар роҳи беҳбудӣ аст. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи огоҳии волидайн ва худи кӯдакон аз ҳуқуқҳояшон, таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоту хизматрасонии тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст, пешгирии меҳнати пеш аз мӯҳлати кӯдакон, муқовимат ба ҳама гуна зӯроварӣ ва бадрафторӣ нисбати кӯдакон аз ҷумлаи самтҳоест, ки таваҷҷӯҳи доимиро тақозо менамоянд. Ҳалли ин масъалаҳо на танҳо такмили қонунгузорӣ, балки тағйири тарзи тафаккур дар ҷомеа, тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро талаб мекунад. Маҳз дар ҳамин самт фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, комиссияҳои маҳаллӣ ва барномаҳои давлатии мақсаднок аҳамияти амалии худро нишон медиҳанд.
Қабули қонунҳо танҳо як қадами аввал аст, зеро муҳим он аст, ки барои татбиқи онҳо мақомоти масъул ва механизмҳои амалкунанда вуҷуд дошта бошанд. Бо назардошти ин зарурат, соли 2016 бо ташаббуси Сарвари давлат дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон заминаи комилан нав фароҳам овард. Дар сатҳи маҳаллӣ комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият мекунанд, ки бо парвандаҳои вобаста ба кӯдакон, аз ҷумла масъалаҳои ноболиғон ва чораҳои таъсиррасонӣ нисбати онҳо сару кор доранд. Ҳамасола форумҳои миллии ин комиссияҳо баргузор гардида, дар онҳо таҷриба, дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда баррасӣ мешаванд ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолият муайян карда мешаванд. Дар самти таҳсилот, тандурустӣ, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), зиёда аз се даҳсола ҳамкории судманд дорад.
Дар амал ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон тавассути чанд самти ба ҳам алоқаманд татбиқ мегардад. Самти аввал ва шояд намоёнтарин таҳсилот аст: ҳамасола даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ ва томактабӣ бо шароити муосир ба истифода дода мешаванд, то ки ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсилоти босифат таъмин гардад. Ба фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад, зеро маҳз аз давраи хурдсолӣ заминаи рушди зеҳнӣ ва шахсияти кӯдак гузошта мешавад. Самти дигар ҳифзи саломатии модару кӯдак аст, ки тавассути қабули санадҳои меъёрӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, назорати вазъи саломатии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона амалӣ мегардад. Ҳамзамон, дар санадҳои қонунгузорӣ муқаррарот оид ба ҳифзи кӯдакон аз иттилооте, ки ба саломатӣ ва инкишофашон зараровар аст, ворид карда шудааст, ки ин дар шароити густариши технологияҳои иттилоотӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин дастовардҳо, кор дар самти беҳтар намудани сифати таълим, дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва пешгирии зӯроварӣ дар оила идома дорад, зеро таъмини пурраи ҳуқуқи кӯдак раванди доимиро тақозо мекунад.
Ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва ин мавқеъ борҳо аз ҷониби роҳбарияти олии давлат таъкид шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти саломатии насли наврасро таъкид намуда, гуфтаанд, ки «барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст». Дар бораи аҳамияти таълиму тарбия Сарвари давлат борҳо қайд кардаанд, ки агар мо хоҳони давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд ва талош намоем, ки онҳо дар ҳаёти мустақилонаи ояндаи худ азият накашанд. Маҳз ҳамин нигоҳ ба кӯдак ҳамчун ояндаи миллат ва сармояи асосии инсонии кишвар асоси сиёсати давлатӣ дар ин самт мебошад ва нишон медиҳад, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон на як шиори зоҳирӣ, балки як ҳадафи стратегии давлат аст.
Дар маҷмӯъ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак раванди доимӣ ва ҳамаҷониба аст, ки аз ҳамкории зичи оила, ҷомеа ва давлат вобаста мебошад ва ҳеҷ як ҷузъи он наметавонад ба танҳоӣ натиҷаи пурра диҳад. Тоҷикистон бо тасвиби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1993, мустаҳкам намудани кафолатҳои конститутсионӣ, қабули Қонуни «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои соҳавӣ, инчунин таъсиси мақомоти махсуси давлатӣ заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва институтсионалиро дар ин самт ташкил намудааст. Вале қонун ва сохторҳо танҳо вақте самаранок мешаванд, ки ҳар фард уҳдадории худро дарк намояд. Аз ин рӯ, вазифаи муштараки ҳамаи мо — волидайн, омӯзгорон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд — он аст, ки барои рушди ҳамаҷониба, тарбияи дуруст ва зиндагии бехатари кӯдакон, ки имрӯзу фардои миллатанд, шароити муносиб фароҳам оварем ва ба онҳо ҳамчун субъекти комили ҳуқуқ муносибат кунем.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №94 Қосимзода Мавҷуда

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Telephone

Address


Хиёбони Исмоили Сомонӣ 62
Dushanbe
734051

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 09:00 - 12:00