SUE "Dipservice" under MFA RT

SUE "Dipservice" under MFA RT

Share

Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Дипсервис”–и Вазорати корҳои хориҷӣ

26/05/2026

Иди саиди Қурбон муборак!

28/04/2026

25 - 26 апрел роҳбарони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба ноҳияҳои Данғара ва Ховалинги вилояти Хатлон сафар намуданд.

#мусобиқаипарапланерӣ #ҷомипешвоимиллат

Photos from SUE "Dipservice" under MFA RT's post 26/04/2026

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПАРАПЛАНЕРӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – 2026»

Дар ноҳияи Данғара маросими расмии ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланерӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026» бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид.

Мусобиқа аз 26 апрел то 3 майи соли 2026 идома ёфта, варзишгарони касбӣ ва ҳаводорони ин намуди варзишро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ҳам овардааст.
Дар маросими кушодашавӣ муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, инчунин намояндагони вазорату идораҳо, меҳмонони хориҷӣ ва иштирокчиёни мусобиқа иштирок намуда, зимни суханронӣ аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро дар самти муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, рушди варзиши ҳавоӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.

Қайд карда шуд, ки ташкили мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ин самт ба ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши касбӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мусобиқа дар манотиқи кӯҳии ноҳияи Данғара баргузор гардида, шароити мусоиди табиӣ барои анҷом додани парвозҳои парапланерӣ фароҳам мебошад. Дар он варзишгарон аз як қатор кишварҳо иштирок намуда, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди варзиши муосир ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

24/04/2026

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзишҳои авиатсионӣ барои «Ҷоми Пешвои миллат» аз 25 апрел то 4 май, дар ноҳияи Данғара

#мусобиқаипарапланерӣ #ҷомипешвоимиллат

23/04/2026

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба варзишҳои авиатсионӣ аз 25 апрел то 4 май дар ноҳияи Данғара

#мусобиқаипарапланерӣ #ҷомипешвоимиллат

22/04/2026

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба варзишҳои авиатсионӣ аз 25 апрел то 4 май дар ноҳияи Данғара

#чомипешвоимиллат #мусобикаипарапланерӣ

Photos from SUE "Dipservice" under MFA RT's post 07/04/2026

Вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии доимии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

6 апрели соли 2026 вохӯрии Директори генералии КВД “Дипсервис” Хайруллоев Абдулло бо Роҳбари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Гаэл Рабалланд баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ибрози назар намуданд.

Встреча с Главой Постоянного представительства группы Всемирного банка в Республике Таджикистане

6 апреля 2026 года состоялась встреча Генерального директора ГУП «Дипсервис» Хайруллоева Абдулло с Главой Постоянного представительства Всемирного банка в Республике Таджикистане г-ном Гаэлем Рабалландом. В ходе встречи были обсуждены текущие вопросы и перспективы реализации двусторонних проектов.

Meeting with the World Bank Group Country Manager to the Republic of Tajikistan

On 6 April 2026, Abdullo Khayrulloev General director of SUE “Dipservice”, met with the World Bank Group Country Manager to the Republic of Tajikistan Mr. Gael Raballand. During the meeting, current issues and prospects for the implementation of bilateral projects were discussed.

World Bank Group Tajikistan - Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Rudaki 145
Dushanbe

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00