Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Share

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон созмони миллии баша The RCST keeps its independence of the governmental bodies.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) - созмони миллии башардӯстона мебошад, ки фаъолияташ ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии тамоми ниёзмандон равона шудааст.

ҶҲАТ аз соли 1927 инҷониб, бо доштани таҷрибаи хуби корӣ дар амалигардонии барномаҳои башардӯстона ва иҷтимоӣ дар кишвар, аз ҷониби шарикон эътироф гардида, ҳамчун, ташкилоти миллии устувор ва дорои шабакаи васеъи волонтёрон, бахшҳ

Photos from Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон's post 22/05/2026

Ҷаласа оид ба Ташаббуси ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият додани ӯҳдадориҳои сиёсӣ дар самти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона
22 майи соли 2026 дар толори Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласа оид ба Ташаббуси ҷаҳонӣ ҷиҳати тақвият додани ӯҳдадориҳои сиёсӣ дар самти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияти ва кормандони ҶҲАТ ва намояндагони Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) иштирок намуданд.
Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии намояндагии КБСС дар Тоҷикистон оид ба ин Ташаббуси ҷаҳонӣ баромад намуда, доир ба муҳимияти он ба иштирокчиён маълумоти мухтасар дод.
***********************************************************************
Meeting on the Global Initiative to Galvanize Political Commitment to International Humanitarian Law.
On May 22, 2026, a meeting on the Global Initiative to Galvanize Political Commitment to International Humanitarian Law was organized in the conference hall of the head quarter of the Red Crescent Society of Tajikistan (RCST).
The meeting was attended by the leadership and staff of the RCST and the Mission of the Iinternational Committee of the Red Cross (ICRC) in Tajikistan.
Umed Mansurov, Legal Advisor of the ICRC Mission in Tajikistan, made a presentation on this Global Initiative and provided brief information on importance of the initiative to the participants.

Photos from Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон's post 21/05/2026

20 майи соли 2026 дар Амфитеатри Муассисаи давлатии Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Филиали вилоятии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо ташаббуси котиби ичроияи Филиали Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон дар шахри Истаравшан Боймуродов Абдусалом чорабинии фарҳангӣ ва консерти идона баргузор гардид. Чорабинӣ бевосита бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан роҳандозӣ шуд.
Дар ҳамоиши мазкур намояндаи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, муовини аввали котиби генералии ҶҲАТ Нурулло Файзализода, раиси Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан Парвиз Зафарзода, котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Аҳтамшо Раҳимов ва дигар меҳмонону фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ зимни суханрониҳои худ муовини аввали котиби генералии ҶҲАТ Нурулло Файзализода, раиси Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан Парвиз Зафарзода вобаста ба аҳамияти корҳои башардӯстона, рушди ҳаракати волонтёрӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва тарғиби арзишҳои инсонпарварӣ ибрози назар намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар яке аз маъракаҳои муҳими иҷтимоиву башардӯстона ба ҳисоб рафта, барои таҳкими ҳисси ҳамдиливу ҳамраъйӣ, рушди фарҳанги инсондӯстӣ ва ҷалби ҷомеа ба корҳои эҳсонкорӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳамкории судманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо мақомоти давлатӣ дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонону волонтёрон нақши муҳим дорад. Таъкид гардид, ки маҳз тавассути чунин ҳамкориҳо метавон арзишҳои инсонпарвариро дар ҷомеа таҳким бахшида, сатҳи масъулияти иҷтимоиро миёни шаҳрвандон баланд бардошт.
Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ ба як қатор фаъолон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии волонтёрон барои фаъолияти пурсамар сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Қисмати фарҳангии барнома бо иштироки санъаткорон рангину хотирмон ҷараён гирифта, суруду таронаҳои дилнишин пешкаши ҳозирин гардонида шуданд.
Боиси зикр аст, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз соли 2011 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №504 аз 7 октябри соли 2011 «Оид ба тартиб, шарт ва муҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» моҳи май ҳамчун Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар эълон гардидааст.
Ҳадафи асосии моҳвора тарғиби ғояҳои Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, рушди фарҳанги хайриявӣ ва тақвияти ҳаракати волонтёрӣ мебошад.

Photos from Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон's post 20/05/2026

Баргузории мизи мудаввари бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ
20 майи соли 2026 дар Дастгоҳи иҷроияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мизи мудаввари муштараки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурхб (КБСС) бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро Қурбониён Баҳодур, Котиби генералии ҶҲАТ ва Миралибеков Беҳруз, корманди намояндагии Кумитаи Байналмилаллии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ” оид ба Ҳараркати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ баромад доир гардид.
Сипас, Шогунаи Собир, корманди намояндагии КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баромади мухтасар доир намуд.
Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии намояндагии КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баромад доир намуд.
Сипас иштирокчиён оид ба пешравию камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо баҳри рафъи ин камбудиҳо ба чор гурӯҳҳо тақсим карда шуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар кори он ҳамаи иштирокчиён бисёр фаъол буданд.

15/05/2026

Рӯзи дарҳои кушод дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
14 май дар дафтари марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид. Дар доираи таҷлили Моҳвораи ҶҲАТ, силсила чорабиниҳои омӯзишӣ — аз кӯмаки аввалия то ёрии равонӣ оғоз ёфтанд.
***********************************************************************
Open Doors Day at the Red Crescent Society of Tajikistan
On May 14, the Red Crescent Society of Tajikistan held its Open Doors Day at the headquarter in Dushanbe. As part of the May month celebrations, a series of training sessions kicked off — covering first aid, psychological support, and emergency preparedness/

Photos from Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон's post 15/05/2026

Семинари омӯзишӣ оид ба иттилоот дар шаҳри Ҳисор
13 майи соли 2026 дар толори осорхонаи шаҳри Ҳисор семинари омӯзишии оид ба иттилоот ва кор бо васоити ахбори омма аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳадафи ин омӯзиш - ин баланд бардоштани савияи дониши кормандони ҶҲАТ оид ба иттилоот ва кор бо расонаҳои иттилоотӣ буд.
Дар рафти омӯзиш, ба иштирокчиён оид ба иттилоот, кор бо расонаҳои иҷтимоӣ дар ҶҲАТ, роҳнамо оид навиштани пресс-релиз, маводҳо дар сомонаҳо ва расонаҳои иҷтимоӣ, иттилоот дар ҳолати бӯҳрон ва дигар мавзуъҳои соҳавӣ аз ҷониби масъулини соҳа баромадҳо доир гардиданд. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин мутахассисони варсидаи соҳа аз телевизион ва радио баромадҳо доир намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ташкилкунандагони омӯзиш бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
***********************************************************************
Workshop on Communication in Gissar city
On May 13, 2026, workshop on Communication and media was conducted in the hall of the Gissar museum by the International Committee of the Red Cross (ICRC) in cooperation with the Red Crescent Society of Tajikistan (RCST) for RCST’s staff and volunteers in the cities and districts of Tajikistan.
The goal of this workshop was to increase the level of knowledge of RCSTS staff on communication and work with the mass media.
During the training, presentations were given to participants on communication, work with social media in the RCST, guidelines for writing press releases, materials on websites and social media,communication during the crisis and other relevant topics by specialists. The event also featured speeches by professional journalists from television and radio.
At the end of the event, active participants were awarded with commemorative gifts by the organizers of the training.

12/05/2026

Рӯзи 14 май дар Дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад!

Шумо метавонед аз фаъолияти башардӯстона, барномаҳо ва хизматрасониҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз наздик шинос шавед.

✨ Дар ин чорабинӣ шуморо маълумотҳои ҷолиб, вохӯриҳо ва фазои дӯстона интизор аст.

📍 Макон: Дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
📅 Сана: 14 майи соли 2026
🕘 Вақт: 9:00
🎟 Даромад ройгон!

Шитобед! Мо шуморо интизорем!

10/05/2026

📢 Рӯзи 14 май дар Дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад!

Шумо метавонед аз фаъолияти башардӯстона, барномаҳо ва хизматрасониҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз наздик шинос шавед.

✨ Дар ин чорабинӣ шуморо маълумотҳои ҷолиб, вохӯриҳо ва фазои дӯстона интизор аст.

📍 Макон: Дафтари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
📅 Сана: 14 майи соли 2026
🕘 Вақт: 9:00
🎟 Даромад ройгон!

Шитобед! Мо шуморо интизорем!

Photos from Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон's post 09/05/2026

"Муттаҳидӣ дар инсоният"
Таҳти ин шиор санаи 8 май дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи
№ 7-и Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов
чорабинии идона баргузор шуд.
Чорабинӣ ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли
Аҳмар бахшида шуда бо иштироки васеи омузгорон,
толибилмон ва волонтёрону меҳмонон гузашт.
Бояд қайд намуд, ки дар чорайинӣ бо баробари роҳбарон ва
кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар
вилояти Суғд ва ноҳия, инчунин намояндаи саҳроии Кумитаи
Байналмиллали Салиби Сурх дар вилоят низ иштирок дошт.
Дар рафти чорабинӣ хонандагон доир ба таърихи пайдоиши
Ҳаракати умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,
Принсипҳо, Аломатҳо ва дар умум фаъолияти Ҷамъияти
Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуданд.

Photos from Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон's post 08/05/2026

Баргузории чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ
Имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рӯдакӣ якқатор чорабиниҳо баргузор гардиданд.
Ин чорабиниҳо бо иштироки зиёда аз 200 нафар мактаббачагон, омӯзгорон ва сокинони ин ҷамоат баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳо тарзҳои расонидани ёрии аввали то духтурӣ ва сипас, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил карда шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

08/05/2026

Ҳамкасбони муҳтарам,
Ҳамаи шумоёнро бо Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар табрик гуфта, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, шукуфоӣ ва қувваи беандозаро барои дастовардҳои нав ба манфиати ҳамаи ниёзмандон, камбизоатон ва осебпазирон таманно дорем!
*******************************************************************
Dear colleagues,
we congratulate all of you on World Red Cross and Red Crescent Day and wish you health, happiness, prosperity, and boundless strength for new achievements for the benefit of all those in need, the poor, and the vulnerable!

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Category

Telephone

Address


120, Umar Khayam Street
Dushanbe
734017

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00