Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Share

Ministry of Justice of the Republic of Tajikistan

Photos from Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 03/06/2026

Ба 758 нафар кӯдак шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд

1 июни соли 2026 бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз ҷониби мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти тандурустӣ як қатор чорабиниҳои маърифатӣ ва иҷтимоӣ доир карда шуд.
Аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустӣ ба 758 нафар кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд дар вазъияти тантанавӣ супорида шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар доираи чорабиниҳои баргузоргардида инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба аҳаммияти бақайдгирии давлатии таваллуд, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва масъулияти падару модарон дар таъмини ҳуқуқҳои кӯдак анҷом дода шуданд. Ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва маводи тавзеҳотӣ дастрас гардид.
Иброз карда шуд, ки шаҳодатномаи таваллуд аввалин ҳуҷҷати расмии кӯдак буда, бақайдгирии давлатии таваллуд барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии кӯдак, аз ҷумла ҳуқуқ ба ном, шаҳрвандӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва таҳсилот аҳаммияти муҳим дорад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ минбаъд низ ҷиҳати таъмини бақайдгирии саривақтии давлатии таваллуд ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

02/06/2026

ТАШАББУСҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади сиёсӣ-барномавӣ дорои аҳаммияти муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар он як қатор ташаббусҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мегарданд, ки самтҳои асосии рушди қонунгузорӣ ва сиёсати ҳуқуқии давлатро муайян менамоянд. Гарчанде паём хусусияти меъёрӣ надошта бошад ҳам, он дар амал ҳамчун манбаи стратегӣ ва роҳнамои ҳуқуқэҷодкунӣ баромад мекунад. Аз ҷумла, дар паём таъкид гардидааст, ки: “Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувору босуръати он, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, таҳлили ҳамаҷонибаву пайвастаи қонунгузорӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили он барои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар зарур мебошад”.
Яке аз ташаббусҳои муҳими ҳуқуқӣ, ки дар паём пайваста таъкид мегардад, такмили қонунгузории миллӣ мутобиқ ба талаботи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии давлат мебошад. Дар ин замина зарурати таҳия ва қабули қонунҳои нав, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ таъкид мешавад. Дар паём қайд карда шудааст, ки: “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. Вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар кишвар қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест”. Албата қабули чунин қонун, ки замина ҳуқуқии танзими онро муайян мекунад, инчунин барои дуруст истифода ва муҳофизати ёдгориҳои бостонӣ мусоидат хоҳад намуд.
Самти дигари муҳимми ташаббусҳои ҳуқуқӣ ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ марбут аст. Дар паём масъалаҳои таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, такмили мақоми судяҳо, дастрасии адолати судӣ ва баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Ин ташаббусҳо заминаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи мурофиаҳои судӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти судиро фароҳам меоранд.
Илова бар ин, дар паём ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳаммияти махсус дода мешавад. Ташаббусҳо дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон пешниҳод мегарданд, ки онҳо ба татбиқи самараноки меъёрҳои конститутсионӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, дар паём дар бораи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад, қайд карда шуд. Дар ҳақиқат, Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун яке аз нахустин санадҳои таърихӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон шинохта шуда, дар таърихи тамаддуни башарӣ мавқеи вижа дорад. Ин санад, ки дар асри VI то милод ба номи Куруши Кабир иртибот дода мешавад, дар худ ғояҳои таҳаммулпазирии динӣ, эҳтиром ба анъанаҳои халқҳои гуногун, озодии эътиқод ва адолати иҷтимоиро таҷассум менамояд. Аҳаммияти илмӣ-ҳуқуқии Эъломияи Куруши Кабир дар он зоҳир мегардад, ки он бори аввал принсипҳои асосии муносибати инсондӯстона байни ҳокимият ва ҷомеаро баён намудааст. Мазмуни ин санад аз ҳуқуқи халқу миллатҳо ба нигоҳдории фарҳанг, забон ва дини худ шаҳодат медиҳад, ки бо арзишҳои муосири ҳуқуқи байналмилалии инсон ҳамоҳанг мебошад. Бо дарназардошти аҳаммияти умумибашарии ин санад, ЮНЕСКО Эъломияи Куруши Кабирро ҳамчун мероси муҳими фарҳангӣ ва ҳуқуқии тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Дар қатъномаҳо ва санадҳои барномавии ЮНЕСКО ғояҳои дар Эъломияи Куруш ифодаёфта - сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии фарҳангҳо - ҳамчун арзишҳои асосии ҷомеаи байналмилалӣ таъкид мегарданд.Қатъномаҳои ЮНЕСКО, ки ба тарғиби фарҳанги сулҳ ва ҳуқуқи инсон равона шудаанд, Эъломияи Куруши Кабирро ҳамчун яке аз сарчашмаҳои таърихии ғояи ҳуқуқи инсон муаррифӣ менамоянд. Дар ин замина, он на танҳо арзиши таърихӣ, балки аҳаммияти назариявӣ ва методологӣ барои таҳқиқоти муосири ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалӣ ва фалсафаи ҳуқуқ пайдо мекунад.
Аз нуқтаи назари илмӣ, робитаи Эъломияи Куруши Кабир бо қатъномаҳои ЮНЕСКО нишон медиҳад, ки арзишҳои ҳуқуқи инсон хусусияти фаромиллӣ дошта, решаҳои амиқи таърихӣ доранд. Ин ҳолат далели он аст, ки консепсияи муосири ҳуқуқи инсон натиҷаи инкишофи тадриҷии афкори ҳуқуқӣ буда, на маҳсули як тамаддун ё як давраи муайян. Дар маҷмӯъ, Эъломияи Куруши Кабир ва эътирофи он дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун намунаи нодири ҳамгироии арзишҳои таърихӣ ва меъёрҳои муосири ҳуқуқӣ баромад намуда, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дорад.Мо бояд ин идеалҳои Эъломияи Куруши Кабирро дар санадҳои ҳуқуқии худ ҷойгир намуда, онро ҳамчун арзиши миллии аҷдодонамон ва халқи тоҷик тарғибу ташвиқ намоем.
Ҳамзамон, ташаббусҳои ҳуқуқии паём соҳаи қонунгузории иҷтимоӣ ва идоракунии давлатӣ-ро низ фаро мегиранд. Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, дастгирии оила, такмили хизмати давлатӣ, мубориза бо коррупсия ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҳамчун омилҳои муҳимми рушди ҳуқуқии давлат муайян карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар паём қайд карда шуд, ки:“Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ин сиёсат дар оянда низ идома дода мешавад”. Пешвои миллат махсусан қайд намуданд, ки: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд, ки: “Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад. Инро бояд хурду бузурги мамлакат дар хотир дошта бошанд”.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки ташаббусҳои ҳуқуқии дар паём пешниҳодгардида, ҳарчанд мустақиман меъёрҳои ҳуқуқиро ташкил намедиҳанд, аммо дар фаъолияти қонунэҷодкунии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоннақши калидӣ мебозанд ва ҳамчун заминаи назариявӣ ва амалӣ барои рушди минбаъдаи низоми ҳуқуқии миллӣ хизмат мекунанд.

Шерзода Меҳрангез
муовини сардори Сарраёсат-сардори раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конститутсионӣ, мудофиа ва амнияти сарраёсати қонунгузорӣ

Photos from Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 02/06/2026

САВДОИ ОДАМОН-ПАДИДАИ ПОЙМОЛСОЗИИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки хариду фурӯши одамон дар шаклҳои гуногуни зуҳури худ (истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ, ғуломии маишӣ, ҷалб намудан ба иқтисодиёти ниҳонӣ ва ғайра) яке аз шаклҳои барои инсоният хатарноки фаъолияти ҷинояткоронаи муташаккил ва вайронкунии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.
Тибқи иттилои коршиносон ҳамасола танҳо ба давлатҳои Аврупо аз 200 то 500 ҳазор нафар одамон интиқол дода шуда, ба қурбониёни хариду фурӯши одамон шомил мегарданд; 60 фоизи онҳоро занҳо ва 40 фоизашонро мардҳо ташкил медиҳанд. Дар Русия бошад ҳамасола то 40 ҳазор нафар шахсон қурбонии хариду фурӯши одамон мешаванд. Тибқи Департаменти давлатӣ ИМА, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 700 ҳазор нафар одамон фурӯхта ва тавассути сарҳадҳои давлатӣ интиқол дода мешавад. Аз рӯи баҳодиҳии созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд.
Маълумоти оморӣ ба таври дақиқ ба болоравии савдои одамон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Агар дар давоми чор асри ғуломдорӣ гардиши он аз 12 миллион зиёд нашуда бошад, пас дар давоми 30 соли охир танҳо дар Осиё шумораи занону кӯдакон, ки ба асорати шаҳвонӣ фурӯхта шудаанд, ба 30 миллион нафар расидааст. Қисми зиёди ин тиҷорати зиддиинсонӣ дар дасти ташкилотҳои ҷиноятӣ қарор дорад. Мувофиқи ҳисоботи СММ ҳамасола беш аз 4 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон барои иҷрои корҳои маҷбурӣ аз сарҳадоти кишварҳои дигар гузаронида шуда, ин фаъолият ба синдикатҳои ҷиноятпеша соле хариду фурӯши одамон баробари хариду фурӯши маводи нашъаовар ва яроқ барои гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор фаъолияти бештар даромаднок ва нисбатан бехавф маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки савдои одамон дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб ёфта, ҳамарӯза дар дунё, бахусус дар кишварҳои ҷангзада ва суботашон ноустувор ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон дучори ин ҷинояти вазнин ва амалу кирдори ҷинояткоронаи савдогарони одамон мегарданд. Дар асоси омори Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ҳамасола дар ҷаҳон ҳудуди 4 миллион нафар одамон қурбонии ҷинояти савдои одамон мегарданд, ки ин вазъ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.
Ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон Созмони Милали Муттаҳид санадҳои марбута, аз қабили созишномаву конвенсия ва тавсияҳои гуногунсатҳу гуногумазмунро ба тасвиб расонидааст, ки онҳо ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо дар сайёра нигаронида шудаанд.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ва дигар зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассир меандешад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд ва онро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин аст, ки аз ҷониби Парлумони Тоҷикистон соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» ва соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» қабул гардид. Қабули ин санадҳо бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандони мамлакат таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Ва намегузоранд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккил ва одамрабоёну одамфурӯшон ҳадафҳои нопоки худро дар ҷомеа амалӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар назди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон Маркази муқовимат ба савдои одамон таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Маркази мазкур барои пешгирии ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бо мақсади таҳлил ва мониторинги вазъи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон дар заминаи Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани ягонаи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ташкил карда шудааст, ки дар он маълумот оид ба ҷиноятҳои вобаста ба савдои одамон, ҷинояткорон, қурбониёни савдои одамон, гурӯҳҳои осебпазир ҷой карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон – манфиатҳои таъмин намудани амнияти шахсият, ҷамъият ва давлатро ба роҳбарӣ гирифта, бо дар назардошти хусусияти фаромиллӣ доштани савдои одамон дар ҳудуди худ он шахсонеро, ки ба савдои одамон машғуланд, таъқиб менамояд. Таъқиби ҷиноят тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ҳолатҳое, ки савдои одамон ё давраҳои алоҳидаи он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида бошад, аммо он бар зидди шаҳрвандони Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда бошад инчунин, дар ҳолатҳое, ки бо меъёрҳои санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё меъёрҳои қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳар як давлат уҳдадор аст, ки вайрон намудани ҳуқуқи инсонро пешгирӣ намояд, дар ҳолати содир шудани чунин вайронкуниҳо мавриди санҷиш қарор диҳад, чорабиниҳои дахлдорро нисбат ба шахсоне, ки ҳуқуқи инсонро вайрон мекунанд, андешад ва ҷуброни зарари маънавӣ ва моддиро ба ҷабрдидагон таъмин намояд.
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва омӯзиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд нишон доданд, ки чун қоида объекти савдои одамонро занон, ноболиғон ва кӯдакони навзод ташкил медиҳанд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ба муқобили савдои одамон иқдомҳои мушаххасро пеш гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон дар шароити ҷаҳони муосир ҳамчун зуҳуроти манфӣ эътироф гардида, метавонанд ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи башарӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Дар ин росто, барои ҷилавгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти нангин-савдои одамон ҷомеаи байналмилалиро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ муборизаи беамон ва оштинопазир барад.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Photos from Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 31/05/2026

КӮДАКОН ГУЛҲОИ ЗИНДАГИИ МОЯНД. Зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз оила сарчашма мегирад

Ҳангоми таҳлили омории панҷ соли охир мо бо рақамҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз ҷиддияти масъалаи пошхӯрии оилаҳо дарак медиҳанд. Агар ба раванди бекоршавии ақди никоҳ назар намоем, мушоҳида мешавад, ки дар соли 2020 шумораи он 10536 ҳолатро ташкил медод, вале дар соли 2022 ин нишондиҳанда ба қуллаи баланди худ расида, 13876 ҳолатро сабт кардааст. Гарчанде дар соли 2025 коҳиши нисбии ин рақам то 8535 ҳолат мушоҳида шавад ҳам, омори семоҳаи аввали соли 2026 бо 1718 ҳолати бекоршавии никоҳ ҳушдор медиҳад, ки мушкилот ҳанӯз ҳам ҳалталаб боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, ки дар паси омори сарди бекоршавии ақди никоҳ, фоҷиаи воқеии бесаробон мондани кӯдакон ниҳон аст, яъне кӯдаконе, ки бо вуҷуди зинда будани волидайн, аз меҳру тарбияи муштарак ва ниҳоди солими оила маҳрум мегарданд. Таҳлили вазъияти иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки дар соли 2021 шумораи ин гуна кӯдакони ноболиғ ба ҳадди ниҳоӣ — 14814 нафар расида буд. Гарчанде бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ин нишондиҳанда дар соли 2025 то 7385 нафар коҳиш ёфта бошад ҳам, омори семоҳаи аввали соли 2026, ки дар он аллакай 1459 кӯдак аз оилаи солим маҳрум гаштаанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Оила бақои давлату миллат буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзаи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад. Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз ёфта, дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад.
Ба гуфтаи коршиносон ҳар оилаи ҷавон, ҳар оилае, ки фарзандонашонро хонадор кардан мехоҳад, бояд аз дарси равоншиносӣ бигзаранд. Бояд ҷавонписару ҷавондухтарон ва ҳам волидон усулҳои ба ҳам мутобиқ шуданро дар шароити нави муносибатҳо биёмӯзанд, то мушкилоти хонаводагӣ сар назанад ва роҳи пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон то андозае гирифта шавад. Лев Толстой мегӯяд, ки «ҳамаи оилаҳои хушбахт ба ҳамдигар монанданд ва ҳар оилаи ноком ба таври худаш ноком аст. Оила дар байни ду нафар- як ҷавонмарди 25-сола ва як духтараки 20-сола бунёд намешавад.
Оила дар байни ду авлод ба вуҷуд меояд. Ва ҳамаи ин ду авлод ба муносибати инҳо таъсир мерасонанд. Таъсирҳо метавонанд мусбату манфӣ бошанд. Худи ҷавонҳоро мебояд ба ҳаёти рӯзгордорӣ омода намоем, то онҳо ба ҳар гуна мушкилоти зиндагӣ пайваста тобовар бошанд. Онҳо бояд бидонанд, ки мушкилӣ устод ва сабақ аст. Зиндагии инсон, омӯзиши инсон ҳеҷ гоҳ охир надорад. Агар мо 70 ё 100 сол ҳам зиндагӣ кунем, ҳамаи донишҳоро аз худ карда наметавонем. Табиати инсон ҳамин гуна аст, мо ҳамеша бо умеди зиёд ба майдон медароем. Нақшаҳои зиёде мекашем, барномаҳои зиёде дар майнаамон тарҳрезӣ мекунем ва пеш аз ҳама, дар дохили онҳо як дунё умед рехта шудааст. Ин мисоли ба қадамҳои аввалини ташкили оиладорӣ по мондани навхонадорон мебошад. Ҳар гоҳ, ки мушкилӣ пеш омад донед, ки ин мушкилӣ нест, балки сабақест баҳри шумо. Дар ин ҳолат мушкилӣ шуморо наметарсонад. Баъдан дар хотир нигоҳ доред, ки ягон чиз абадӣ нест, мушкил ва ҳам шодӣ гузаранда аст. Сабр ин тоқат кардан нест, сабр ин ба худ вақт додан аст. Ва ҳар мушкил вобаста ба дараҷааш вақти муайяне талаб мекунад. Ҳангоме ки ба коре қадам мегузорем, бояд донем, ки барои ҳама чиз вақт ва қудрати муайяне ҷудо карда шудааст.
Ба гуфтаи равоншиносон аз парешон шудани оилаҳои ҷавон агар кӯдакон дар миён бошанд, ҳеҷ кас бурд намекунад ва ҳарду тараф зарарҳои хеле зиёд мебинанд ки ин зарарҳо тӯлонӣ ҳам ҳастанд. Бояд донед, ки мушкили хонаводагӣ мушкили як ё ду нафар нест, балки тақрибан мушкили 50 нафар аст. Ҳамеша пушти мушкилоте, ки барои мо даҳшатангез менамояд, як чизи хуб аст. Ба худатон вақт бидиҳед, ба қудрати худатон бовар кунед ва аз мушкилиҳо наҳаросед. Ҳеҷ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад.
Бояд иброз намуд, ки оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби зиндагист ва пойдориву солимии оила ба манфиати ҷомеа аст, чунки ҷомеа аз оилаи солим сарчашма мегирад. Фарзанд муҳимтарин воситаи бақои оила мебошад. Барои тарбияи дурусти ӯ дар оила муҳити боварӣ ва эҳтирому эътимоди ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Дастур ва роҳнамои беҳтарин барои волидон китобҳои арзишманди ниёгонамон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Насиҳатнома»-и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Кимиёи саодат»-и Ғаззолӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва дигар панду насиҳатномаҳоянд, ки дар онҳо нақши падару модар дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзандон, ки ояндаи ҷомеаро муайян менамоянд, бо далелҳои муътамад оварда шудаанд.
Дар ин радиф аз гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ёдовар гардид, ки изҳор дошта буданд, ки «фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».
Бояд сари ин масъала хеле амиқ фикр намуд. Зеро аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон на танҳо ду хонавода, балки як ҷомеа зарар хоҳад дид. Чӣ гуна? Бо аз ҳам ҷудо шудани ду нафар ду оила аз ҳам дур мешаванд ва аз ҳама муҳим, фарзандон мушкилӣ кашида, азият мебинанд. Бубинед, дар хонаводае, ки якдигарфаҳмӣ пойдор асту муомилаи хуб ҳаст, он ҷо хандаву хушҳолии фарзандон ҳадду канор надорад. Фарзанд дар муҳите хуб ба воя мерасад, ки он муҳит на бо ҷангу даъво, балки бо меҳру муҳаббат ӯро дар канор мегираду дар оғӯши гарми воллидайн ӯ худро амн эҳсос карда метавонад. Пас набояд дар ин роҳи пуршебу фароз мо ҳамдигарро ба ҳоли худ гузорем. Дар бунёд ва мустаҳкам нигоҳ доштани ҳар як хонаводаи тоҷик ҳамаи мо метавонем нақше, гарчи кӯчак ҳам бошад, дошта бошем. Биёед саъй намоем, то ки оила, хонаводаи худро дӯст дорему ҳамдигарфаҳмиву якдигардӯстдориро пеша созем. То кӯдаконамон дар фазои осоишу оромӣ ва якдигарфаҳмиву эҳтироми мутақобилаи волидайнашон ба камол расанд.

Сармутахассиси Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита
бо ҷомеа ва ВАО-и ВА ҶТ
Амирбекзода Наврӯз Амирбек

Photos from Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 29/05/2026

РАҚАМИГАРДОНӢ. Таҳдидҳои киберӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат

Марҳилаи кунунии ҷаҳонишавӣ аз технологияҳои рақамӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Лозим ба ёдоварист, ки имрӯз нақши технологияҳои рақамӣ дар ҳаёти шахс, ҷомеа ва давлат на танҳо афзудааст, балки қисман ба яке аз асосҳои рушд табдил ёфтааст. Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз самтҳои муҳимми он, ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки он барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ, мутаассифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо, истеҳсолот ва таъмини аҳолӣ бо талаботи рӯзмарра мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавиӣ ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти муқовимат бо киберҷиноятҳо хатари киберҷиноятҳо ва хусусиятҳои фаромарзии онро мушоҳида намуда, дар ҳалли ин мушкилот зарурати ҳамкории мутақобиларо дар андешидани чораҳои зарурии техникӣ ва таҳияи қонунгузории байналмилалӣ эътироф мекунанд. Иттиҳоди Аврупо, СММ, Интерпол, Европол, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ – ҳамаи ин созмонҳо дар ҳамоҳангсозии кӯшишҳои байналмилалӣ, бунёди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди киберҷиноятҳо нақши муҳим дошта, ҳамчун субъекти муқовимат бо киберҷиноятҳо эътироф гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14–уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иброз доштанд, ки «Бо дарназардошти буҳрони низоми амнияти байналмилалӣ ва афзоиши эҳтимоли сар задани муноқишаҳо масъалаҳои вобаста ба таъмини суботи минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор доранд. Таҳдиди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ва киберӣ коҳиш намеёбад».
Масъалаи таъмини амниятӣ иттилоотӣ, дар заминаи рушди босуръати истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мубрам арзёбӣ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаи ҷаҳониро афзоиши шумораи ҳамлаҳои киберӣ дар самтҳои мухталифи ҷомеа аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустӣ, сохторҳои молиявӣ ва таълимӣ нигарон намудааст.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ, низоми бонкӣ-молиявӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идоракунии давлатӣ, умуман пешрафти давлатро бе технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайримикон аст. Яке аз самтҳои муҳими он ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет мебошад, ки барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Хатар ва ҳамлаҳои киберӣ, мутаассифона боиси хароб гардидани инфрасохтори иқтисодӣ-иҷтимоӣ, аз кор боз мондани корхонаю муссисаҳо ва истеҳсолот мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ чораҳои зарурӣ ва фаврӣ андешидааст. Аз ҷумла, барои тафтиш, ошкор ва мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки дар фазои маҷозӣ содир мегарданд, соли 2010 шуъбаи экспертизаи судӣ техникаи-компютерӣ ва видео-овозшиносӣ дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2013 дар сохтори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як воҳиди махсуси оперативӣ – шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва соли 2015 дар сохтори мақомоти прокуратура – шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки самтҳои асосии фаъолияти шуъбаҳои мазкур, тафтиш, ошкор ва таъмини амнияти иттилоотии (мутахассисони) ширкатҳои саноати IP (операторони алоқаи мобилӣ, барномасозон ва ғайра) ва шаҳрвандон ифода мегардад. Соли 2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст, ки самтҳои асосии фаъолияти шуъбаҳои мазкур, дар таъмини амнияти иттилоотии кормандони (мутахассисони) ширкатҳои саноати IP (операторони алоқаи мобилӣ, барномасозон ва ғайра) ва шаҳрвандон ифода гардида, самтҳои асосии фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо, ҳамчун сохтори навтаъсис дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот ва ғайра пешбинӣ гардидааст.


Мутахассиси пешбари
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита
бо ҷомеа ва ВАО-и ВА ҶТ Фарҳодзода Фирдавс

Photos from Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 25/05/2026

Забон – ҳастии миллат

Забон воситаи муҳим ва пурарзиши муоширати байни инсонҳо ба шумор рафта, яке аз нишонаҳои муҳими шинохти ин ё он миллат забони ҳамон миллат аст. Забони миллӣ як аз рукнҳои давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, яке аз нишонаҳои асосии давлати тоҷикон забони тоҷикӣ аст, ки боиси мавҷудияту бақои миллати тоҷик гардидаст.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба сари давлат омадани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мартабаи забони тоҷикӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, аз ҷумла бо Фармони Президенти мамлакат Соли бузургдошти забони тоҷикӣ эълон гардидани соли 2008, қабул гардидани Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” 5уми октябри соли 2009, дар ҳайати ҳукумати мамлакат таъсис ёфтани сохтори наве бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016”, таъсиси маҷаллаи илмии “Забоншиносӣ” ва ғайраҳо мисоли ин гуфтаҳост.
Забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон забони давлатӣ эълон карда шуд, бо Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” аз 5 октябри соли 2009 расмӣ гардонида шудааст. Дар моддаи 3-юми қонуни мазкур омадааст: “Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст ки забони давлатиро донад.Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд”. Ҳамчунин, вобаста ба забон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Аввалин маротиба дар масъалаи забон соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда буд, аммо он замон Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Бинобар ин, баъди ба даст овардани истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистонро лозим омад, ки қонуни дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қабулнамударо оиди забони давлатӣ таҷдиди назар намояд ва дар асоси паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар, ки дар ҳар як суханрониҳояш масъалаи забони давлатиро нодида нагузашта, дар маркази суханронӣ мегузошт. Ба тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ таъкид мекард, ки дар масъалаи забони давлатӣ бетараф набошанд, ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Ҳамин таъкидҳои президенти кишвар буд, ки мақомоти қонунгузор қонуни забони давлатии соли 1989 қабулшударо, 5-уми октябри соли 2009 аз нав баррасӣ намуда, таҷдиди назар карданд. Дар баробари қабули қонуни нави забони давлатӣ, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ сохтори нав бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 октябри соли 2009, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Баъди таъсисёбии кумита дар асоси супориши Ҳукумати ҶТ аз соли 2009, ба талаботи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ” мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии мақомоти дахлдор ба вазорату идораҳо супориш дода шуд. Зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ», «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ», «Дар бораи судҳои ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» ва Кодекси гумруки ҶТ тағйироту иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид гардиданд, ки ин иқдом дар таҳкими мақоми забони давлатӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Аз рӯзи қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ (4-уми октябри соли 2009) то имрӯз дар фазои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдодҳои зиёд ба амал омаданд.
Кумита бо Амри Президенти ҶТ аз 14 июни соли 2013, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар дар ҳамкорӣ бо олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия ва барои чоп омода намуд, ки имрӯз китоби мазкур фарҳанги рӯимизии ҳар як мутахассиси кишвар мебошад. Як нуктаи бисёр ҷолибе, ки дар суханронии Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи забон (22 июли соли 2008) таъкид мешавад, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ ва ё забони давлатӣ дониста мешавад. Ин ҳидояти Президенти кишвар водор месозад, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ маҳсуб мешавад, балки бояд бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи вижагиҳои он омӯхта шавад. Ин шеваи омӯзиш барои робитаҳои озоди мо бо кишварҳои ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар баробари забонҳои дигар равиши мусбат арзёбӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки кумита дар фаъолияти худ баҳри татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» барои риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, санади машварати Копенгаген, тавсияҳои Гаага дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсилот, тавсияҳои Осло дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайраҳо дар иртибот ба забон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.Ҳамасола дар кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21 феврал мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо иштироки доираи васеи муҳаққиқон, намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, намояндагони забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ баргузор менамояд.�Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори ҳайати мушовара аз соли 2011, аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 19 бахш иборат аст. Ҳоло дар ҳайати Шӯро зиёда аз 100 нафар муҳаққиқ фаъолият дорад. То имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур кумита дар давоми фаъолияти худ беш аз 40 фарҳангномаи марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи кумитаро пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ, биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, ду забона (русӣ-тоҷикӣ) ва се забона (тоҷикӣ -англисӣ-русӣ) мебошанд.�Дар тӯли 5 соли фаъолият бахши экспертизаи забоншиносии кумита 84-Қонуни ҶТ, 7-Қарори Ҳукумати ҶТ, 8-Низомнома, 4- Консепсия, 9-Созишнома, 4-маълумотнома, 2-оиннома, 6-Барнома, 2- тавсиянома, 1-санад, 8-парвандаи судӣ, 15 Таъиноти судӣ, 8 Луғатнома, 10 Мақола, 3 Нақша, 3 Барчаспи маводи хӯрокворӣ ва 53 номгузории ташкилоту муассисаҳор мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дод.
Мувофиқи маълумоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аз соли 2000 то соли 2013 мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии ҶТ» ва ба хотири татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» дар кишвар номи 1 вилоят, 3 шаҳр, 15 ноҳия, 13 шаҳрак, 78 деҳот ва 767 деҳа тағйир дода шудааст. Дар давраи фаъолияти солҳои 2013-2014 аз ҷониби кумита мутобиқи дархости мақомот ба номгузории 12 ҷамоати деҳот, 139 деҳа, 18 маҳалла, 13 мактаб, 1 коллеҷ, 1 китобхона, 1 боғи табиӣ ва 4 кӯча хулоса пешниҳод гардидааст. �Мувофиқи омори пешниҳоднамудаи СММ дар ҷаҳон 7000 забони гуфтугӯи мавҷуд аст, ки ба 40 дарсади он хатари нестшавӣ таҳдид менамояд(яъне таҳдид нисбат ба 2800 забони гуфтугӯӣ). Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ давлату миллат бояд пӯштибон аз арзишҳои фарҳангии хеш бошанд ва махсусан ҷавонон бояд таблиғгари мероси арзандаи ниёгони хеш бошанд, чунки дурӣ ҷӯстан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгони худ бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳуввияти миллӣ хоҳад буд. Имрӯз хоҳанд миллатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъд фарҳанги ӯро аз байн мебаранд ва бо ҳамин роҳ миллат аз байн меравад. Халқ ва давлат дар он вақт зинда мемонанд, ки миллату забонаш зинда бошад.
Забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил шуда, аҳолии кишварҳои Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Русия, Покистон ва инчунин Сангқалъаи Ҷумҳурии Халқии Чин низ бо ин забон гуфтугӯ мекунанд. Имрӯз мувофиқи оморҳо бо забони тоҷикӣ (форсӣ-тоҷикӣ) 61.5млн.нафар аҳолии ҷаҳон гуфтугӯ мекунанд.
Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст. Яке аз омилҳои асосии рушду камолоти миллат ин забони миллат аст. Бузургони гузаштаи тоҷик, шоирону нависандагон ва умуман аҳли зиёи мамлакат дар бораи қадру манзалати забон суханони зиёде гуфта, шеърҳову қиссаҳо ва зарбулмасалу мақолҳо эҷод намудаанд. Аз қабили, “Забонгумкарда”-и Л. Шералӣ, “Забони ватан”-и Б. Собир, асарҳои“Марши ҳурият” ва “Намунаи адабиёти тоҷик”-и С. Айнӣ ва ғайраҳо мисоли ин гуфтаҳост. Ба ғайр аз ин эҷод шудани асари гаронбаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат ҳастии миллат” барои баланд бардоштани манзалати забони ноби тоҷикӣ мусоидат менамояд.
Забони тоҷикӣ забони тамаддун, донишгоҳи тафаккур ва ҳофизаи таърихии тоҷикон аст. Аскар Ҳаким мегӯяд, ки мо бояд ҳар як маънои калимаи тоҷикиро омӯзем. Лоиқ мегӯяд, ки касе онро надонад шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ мегуфтанд, ки забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳараст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад.
Дар охир гуфтаниям, ки мо-шаҳрвандон бояд мисли ангуштони як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал карда дар ободии Тоҷикистони азиз ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, махсусан ҳифзу эҳтироми манзалати забони тоҷикӣ саҳм гузорем ва бо исми миллат ифтихор намоем

Ҳуқуқшиноси ноҳияи Рӯдакӣ,
Бозориён Бузургмеҳр Эмомалӣ

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Проспект Рудаки 25
Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 09:00 - 12:00