Агентии Точикстандарт

Агентии Точикстандарт

Share

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

Photos from Агентии Точикстандарт's post 30/05/2026

Шанбегии кормандони Шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии Тоҷикстандарт

Бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити корӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити атроф, кормандони Шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Агентии Тоҷикстандарт дар шанбегии навбатӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни шанбегӣ кормандон саҳни бинои Агентӣ ва гулгашти атрофи онро тоза намуда, бехҳои дарахтонро суст карда, алафҳои бегонаро аз он тоза карданд. Ҳамзамон, корҳои вобаста ба нигоҳубини дарахтон, гулу буттаҳо ва ободу зебо гардонидани муҳити атрофро низ анҷом доданд.
Чунин тадбирҳо барои беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ ва тарғиби фарҳанги меҳнату тозагӣ аҳамияти муҳим доранд. Кормандони шуъба бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, саҳми худро дар ободонии муҳити коргоҳ гузоштанд.
Иштирок дар шанбегиҳо яке аз анъанаҳои неки меҳнатӣ буда, ба таҳкими рӯҳияи ҳамкорӣ, дӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои тозагиву ободонӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки то таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, тибқи нақша, ҳар рӯзи шанбе бо ҷалби кормандони шуъбаву раёсати Агентӣ корҳои ободонӣ ва шанбегӣ анҷом дода мешавад.

Photos from Агентии Точикстандарт's post 29/05/2026

Бузургонро бузургон зинда медоранд

ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии Тоҷикстандарт

Дар таърихи башарият миллатҳое тавонистаанд роҳи рушди устувор ва давлатдории пойдорро интихоб намоянд, ки ба гузаштаи худ арҷ гузошта, хотираи таърихиро ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ ҳифз кардаанд. Таърих на танҳо маҷмуи рӯйдодҳо ва санаҳо, балки ойинаи ҳастии миллат, таҷассумгари роҳи тайкардаи халқ ва мактаби бузурги ибрат барои наслҳои оянда мебошад. Миллате, ки аз таърихи худ огоҳ аст, шахсиятҳои бузурги худро мешиносад ва хизматҳои онҳоро қадр мекунад, метавонад дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон бо эътимоди комил қадам гузорад.
Бешубҳа метавон гуфт, ки номи чунин фарзандони фарзона бо ҳарфҳои заррин дар хотираи халқ ҷовидон мемонад ва хизматҳои онҳо чун чароғи роҳнамо барои наслҳои оянда хизмат мекунад. Маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои муҳими таърихиву маънавӣ ба шумор меравад, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ дорад.
Бо ташаббус ва ибтикори фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми овардани хоки қаҳрамонон ва шахсияти фарҳангӣ, ҳамчунин, бо шукуҳ ва шаҳомат истиқбол намудани онҳо нишонаи равшани эҳтироми амиқи давлат ба таърихи миллат, хизматҳои фарзандони барӯманд ва арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Ин рӯйдод бори дигар собит сохт, ки дар сиёсати давлатӣ масъалаи эҳёи хотираи таърихӣ, гиромидошти чеҳраҳои сарсупурдаи миллат ва таҳкими худшиносии миллӣ ҷойгоҳи хос дорад.
Маросими истиқболи мушти хоки ин абармардони миллат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ ва пур аз эҳтиром баргузор гардид. Сарбозони Қаровули фахрӣ дар ду ҷониби роҳрав саф ороста, бо эҳтироми хос қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамононро интиқол доданд. Ин лаҳзаҳо барои ҳар шаҳрванди ватандӯст эҳсоси ифтихор, худогоҳӣ ва муҳаббат ба Ватанро бештар менамуд.
Ин иқдоми таърихӣ дорои аҳамияти бузурги маънавӣ мебошад. Зеро миллате, ки гузаштагони худро эҳтиром мекунад, ҳеҷ гоҳ аз саҳнаи таърих маҳв намешавад. Эҳёи хотираи таърихӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ, бедории ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ифтихор аз ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Имрӯз ҷавонони тоҷик бояд донанд, ки истиқлол, давлатдорӣ ва сулҳу суботи кишвар маҳсули ҷоннисорӣ ва заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати фарҳангпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши таърихи миллат, эҳёи номҳои фарзандони бузурги тоҷик ва гиромидошти мероси маънавӣ ба як самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Бунёди муҷассамаҳо, номгузории кӯчаву муассисаҳо, нашри китобҳо ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки барои зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ анҷом дода мешаванд.
Эҳёи хотираи таърихӣ барои ҳар давлату миллат аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дорад. Зеро маҳз тавассути омӯзиши таърих, гиромидошти чеҳраҳои барҷаста ва ҳифзи арзишҳои миллӣ эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар ҷомеа тақвият меёбад. Дар ҷаҳони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳанг ва тафаккури миллатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад, нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ ва эҳтиром ба таърих аҳамияти боз ҳам бештар касб менамояд.
Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави эҳёи арзишҳои миллӣ ворид гардид. Дар ин давра омӯзиши таърихи воқеии миллат, эҳёи ном ва корномаи фарзандони барӯманд, тарғиби мероси фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мубаддал гардид.
Маҳз дар ҳамин замина, гиромидошти хотираи Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ин шахсиятҳо дар давраҳои ҳассоси таърихӣ барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди давлатдорӣ хизматҳои арзишманд анҷом додаанд. Онҳо бо матонат, садоқат ва ҷоннисорӣ роҳи пуршарафи хизмат ба Ватанро интихоб намуда, дар саҳифаҳои таърихи миллат нақши мондагор гузоштаанд.
Нусратулло Махсум яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи давлатдории тоҷикон дониста мешавад. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳое буд, ки барои ташаккули давлатдории тоҷикон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккаби сиёсӣ талошҳои бузург анҷом дод.
Дар даврае, ки масъалаи муайянсозии ҳудудҳои миллӣ ва сарнавишти халқҳои Осиёи Марказӣ матраҳ буд, Нусратулло Махсум барои ҳифзи манфиатҳои тоҷикон муборизаи сиёсӣ ва маънавии бузург бурд. Ӯ бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои таъсиси давлати тоҷикон талош намуда, дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ саҳми беназир гузошт.
Фидокорӣ ва ҷоннисории ин фарзанди миллат имрӯз ҳамчун намунаи ватандӯстӣ ва хизмат ба халқ арзёбӣ мегардад. Насли ҷавон бояд аз зиндагӣ ва фаъолияти Нусратулло Махсум сабақ гирифта, эҳсоси масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватанро дар қалби худ парвариш диҳанд.
Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи чеҳраҳои дурахшони сиёсии тоҷикон мебошад, ки тамоми фаъолияти худро ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва рушди давлатдории тоҷикон бахшидааст. Ӯ дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо ҷасорат ва матонати бузург барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои миллати тоҷик мубориза бурд.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар ташаккули давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ бозида, барои муайян гардидани мақоми тоҷикон дар харитаи сиёсӣ талошҳои назаррас анҷом додааст. Маҳз чунин шахсиятҳои худогоҳ тавонистанд дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ манфиатҳои миллатро ҳимоя намоянд.
Имрӯз номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун рамзи ҷасорат, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ гиромӣ дошта мешавад. Эҳтиром ба хотираи ӯ эҳтиром ба таърих, истиқлол ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Дар рушди маориф ва маънавиёти миллат нақши шахсиятҳои барҷаста низ ниҳоят муҳим аст. Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои маъруфи маънавиёти миллат мебошад, ки дар ташаккули тафаккур ва ҳувияти маънавиёти ҷомеа саҳми арзанда гузоштааст.
Маориф яке аз пояҳои асосии ҳастии миллат ба шумор меравад. Агар миллат таърихи сиёсиро бо қаҳрамонон ҳифз кунад, фарҳанг руҳу маънавиёти онро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба чеҳраҳои фарҳангӣ низ аҳамияти бузурги миллӣ дорад.
Гиромидошти хотираи Нисор Муҳаммад нишон медиҳад, ки дар сиёсати давлатии Тоҷикистон маориф ва маънавиёт ҳамчун омили асосии рушди ҷомеа мақоми хос доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки давлатдорӣ барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ҳар давру замон фарзандони бедордил ва равшанзамир барои ҳифзи ҳастии миллат талош намудаанд. Маҳз чунин шахсиятҳо буданд, ки чароғи умеди миллатро дар лаҳзаҳои душвор фурӯзон нигоҳ доштанд. Аз ин рӯ, гиромидошти хотираи онҳо на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки эҳтиром ба ҳастии миллат ва сабақ гирифтан аз таърих мебошад.
Ёдовар бояд шуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд танҳо ба арҷгузории таърих маҳдуд намешавад. Ӯ ҳамчун роҳбари давлат тавонист арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва суннатҳои тоҷиконро ҳамчун пояҳои муҳими давлатдорӣ таҳким бахшад. Маҳз бо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат эҳсоси ифтихор аз давлату миллат дар ҷомеа тақвият ёфта, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибтамаддун дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи таърихи миллӣ, гиромидошти фарзандони фарзонаи Ватан ва таҳкими худшиносии миллӣ арзиши бузурги таърихӣ доранд. Ин сиёсати хирадмандона барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун мактаби ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва садоқат ба давлат хизмат хоҳад кард.

Photos from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon's post 26/05/2026
26/05/2026

ПАЁМИ ШОДБОШИИ
ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ МУҲТАРАМ РАҲМОН ИСЛОМИДДИН ХАЙРИДДИН
БА МУНОСИБАТИ
ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамватанони азиз!
Бо эҳсоси баланди эҳтиром ва самимияти бепоён Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон, ки яке аз муқаддастарин ва пурфайзтарин ҷашнҳои динии мардуми мусулмон мебошад, самимона табрику таҳният менамоям.

Иди Қурбон таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ меҳру муҳаббат, инсондӯстӣ, хайру саховат, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ин иди муборак моро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар, дастгирии ятимону ниёзмандон ва анҷоми амалҳои неку шоиста ҳидоят менамояд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз ин ҷашни муқаддасро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегиранд. Бешубҳа, ин ҳама самараи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа пайваста талош менамоянд.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки фарҳанги таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва диниву маънавӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин асосҳои пешрафти ҷомеа мебошанд. Маҳз бо шарофати чунин сиёсати оқилона имрӯз дар Тоҷикистони азизамон тамоми шаҳрвандон дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои муқаддаси динӣ зиндагӣ ва фаъолият доранд.

Иди саиди Қурбон барои ҳар як инсон фурсати беҳтаринест, ки ба аёдати падару модар, дастгирии ниёзмандон, пос доштани арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва таҳкими робитаҳои неки инсонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Зеро фарҳанги миллии мо ҳамеша бар меҳрубонӣ, эҳтиром ва накӯкорӣ асос ёфтааст.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи Шумо, ҳамватанони гиромӣ, пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори орому осуда, файзу баракати зиндагӣ, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти меҳнатиятон комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Бигзор Иди саиди Қурбон ба ҳар хонадон нуру сафо, меҳру муҳаббат, баракат ва хушбахтӣ оварад ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушду шукуфоӣ намояд.

Иди саиди Қурбон муборак!

25/05/2026

ТАБРИКОТИ
ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ МУҲТАРАМ РАҲМОН ИСЛОМИДДИН ХАЙРИДДИН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ

Ҳамкорони азиз,
собиқадорони соҳа!

Басо гуворо аст, ки дар натиҷаи меҳнати шоистаи кормандон имрӯз Агентии Тоҷикстандарт дар байни ҷомеа нуфузу мақоми хосаро пайдо намудааст ва ин омил то чӣ гуна муҳим будани соҳаро барои тамоми иқтисоди ҷумҳуриамон баён менамояд.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи кормандону мутахассисон ва собиқадорони соҳаи стандартизатсия ва метрологияро бо иди касбӣ, ки ҳамасола санаи 25-уми май ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику муборакбод мегӯям ва дар фаъолияти пурмасъулияти минбаъда, муваффақияту комёбиҳои навинро таманно дорам.

Ин ҷашн дар соли ҷорӣ аҳамияти дучанд ва таърихӣ дорад. Зеро мо дар остонаи як рӯйдоди бузурги миллӣ ва соҳавӣ - ҷашни 100-солагии таъсисёбии метрологияи тоҷик қарор дорем. Як асри пурра аз таърихи ин соҳаи ҳаётан муҳим гувоҳӣ медиҳад, ки стандартизатсия ва метрология пойдевори асосии рушди иқтисодӣ, саноатӣ, илмӣ ва иҷтимоии кишвари азизамон - Тоҷикистон ба шумор меравад.

Имрӯз, дар замони рушди босуръати технология ва ҷаҳонишавӣ, нақши стандартизатсия ва метрология дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳарвақта бештар гардидааст. Сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди содирот, назди мо - кормандони соҳа вазифаҳои калидӣ ва ниҳоят муҳимро мегузорад.

Стандарт ин низоми созандагӣ ва назму тартиб аст. Метрология бошад - асоси дақиқӣ, сифат ва эътимод мебошад. Бе ченкунии дақиқ ва бе стандартҳои муосир ҳеҷ як соҳаи ҳаёти ҷомеа, аз соҳаҳои тиббу маориф, то сохтмон, энергетика ва саноати вазнин, наметавонад устувор ва бехатар рушд кунад. Меҳнати ҳаррӯзаи шумо, ки шояд дар нигоҳи аввал оддӣ намояд, дар асл кафолати саломатии миллат, бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ ва рушди устувори иқтисодиёти давлат аст.

Вақте ки мо ба таърихи 100-солаи метрологияи тоҷик назар меафканем, бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ин соҳа аз таҷҳизоти оддии ченкунии асри гузашта то ба озмоишгоҳҳои муосири рақамӣ ва сатҳи байналмилалии имрӯза роҳи бузургу пуршараферо тай намудааст. Ин дастовардҳо маҳсули заҳмати шабонарӯзӣ, дониш, маҳорат ва садоқати чандин наслҳои метрологҳо ва мутахассисони стандартизатсияи тоҷик мебошад. Мо ба собиқадорони соҳа, ки умри худро барои таъсис ва рушди ин соҳа сарф намудаанд, эҳтироми самимии худро изҳор мекунем ва мактаби таҷрибаи онҳоро ҳамеша сармашқи кори худ медонем.

Имрӯз ҷавонони мо, бо пайравӣ аз собиқадорон, технологияҳои навро аз худ мекунанд, қонунгузории соҳаро бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ месозанд ва барои дастрасии мардум ба маҳсулот ва хизматрасониҳои сифатнок содиқона хизмат менамоянд. Роҳбарият кӯшишҳои ҳар як кормандро қадр мекунад ва минбаъд низ барои беҳтар кардани шароити корӣ ва ворид намудани технологияҳои муосири ченкунию санҷиш тамоми имкониятҳоро сафарбар хоҳад намуд.

Боварӣ дорам, ки ҳар як корманди соҳа бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ, минбаъд низ дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ устувор буда, барои боло бурдани нуфузи соҳа саҳми арзанда мегузоред.

Бори дигар, ҳамаи кормандони соҳаро бо Рӯзи кормандони соҳаи стандартизатсия ва метрология табрику таҳният гуфта, ба хонадонатон тинҷиву осоиштагӣ, файзу баракат ва дар идомаи фаъолияти меҳнатӣ барори кор хоҳонам.

Бигзор дақиқият, сифат ва назму тартиб ҳамеша ҳамсафари ҳаёт ва фаъолияти шумо бошад!

Ҷашни касбӣ муборак бошад, дӯстони азиз!

22/05/2026

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
22.05.2026
https://president.tj/event/news/55650

Ҷавонони саодатманди кишвар!
Фарзандони азиз!

Ба ҳамаи шумо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Ин ҷашнро, ҳамчунин, ба ҳамаи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, табрик менамоям.

Имсол мо Рӯзи ҷавононро дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон таърихӣ, яъне 35-солагии истиқлоли давлатии кишварамон ҷашн мегирем.

Воқеан, истиқлолу озодӣ арзишҳои муқаддастарину муҳимтарин ва неъмати беҳтарин барои ҳар як фарди ватандӯсти кишвар, махсусан барои наврасону ҷавонон мебошад.

Дар таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташаббускору пешбарандаи ҷомеа нақши басо муассир бозиданд.

Бо ифтихор иброз менамоям, ки ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, фарҳанг ва технологияҳои муосир иштироки фаъол доранд.

Онҳо дар афзун гардонидани дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд.

Яъне имрӯз дар мамлакат соҳае нест, ки ҷавонони мо дар он иштироки фаъол надошта бошанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, соҳибкорӣ, яъне ба хотири мавқеи шоиста пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуда истодааст.

Дар навбати аввал, барои пешбурди муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи зарурӣ ва муосири меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.

Аз ҷумла барои наврасону ҷавонон зина ба зина тамоми шароити донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар муҳайё карда шуд ва ин раванд бомаром идома дорад.

Зеро яке аз роҳҳои пешрафту тараққиёти кишвар тарбияи насли ҷавони босаводу соҳибкасб мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар 35 соли соҳибистиқлолӣ қариб як миллион нафар ҷавонони мо муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва 140 ҳазор нафар мактабҳои олии хориҷиро хатм карда, соҳиби касбу ҳунар гардидаанд.

Вале таъкид менамоям, ки бо дарназардошти суръати рушди илму техника ва талаботи замона ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Дар чунин шароит омӯзиши илму донишҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ, барномасозӣ, энергетикаи нав ва соҳибкории инноватсионӣ барои ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Ҷавонон бояд донанд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз сатҳи пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта вобастагии мустақим дорад.

Бинобар ин, ҷавононро зарур аст, ки дар ин марҳала бо иродаи мустаҳкам ба фаъолияти самарабахши илмиву таҳқиқотӣ ва эҷодкориву навоварӣ машғул шаванд.

Ҳамзамон бо ин, дар хотир бояд дошт, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ барои ҷавонон имкониятҳои васеи таҳсил, кор ва ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам месозад.

Касбомӯзӣ ва соҳиб шудан ба ҳунарҳои замонавӣ омили муҳимми таъмин намудани зиндагии шоиста ва расидан ба сатҳи рақобатнокии иқтисодӣ мебошад, ки ҷавонони мо дар ин самт низ бояд ҳарчи бештар талош намоянд.

Ҷавонон, ҳамчунин, бояд бо тафаккури солим ва ҳисси баланди масъулият ба зуҳуроти харобиовар ва таъсири андешаҳои ифротӣ муқовимат намоянд.

Зеро дар ҷаҳони пурҳаводиси кунунӣ танҳо давлатҳое пойдор ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои имрӯз устувор мемонанд, ки мардумашон ва махсусан ҷавонони онҳо ватандӯсту огоҳ, босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, ихтироъкору навовар ва сарҷамъу муттаҳид бошанд.

Фарзандони азиз!

Мехоҳам як нуктаи бисёр муҳимро таъкид намоям, ки шумо онро бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед.

Мо – тоҷикон миллати ориёинажод, соҳиби таърихи беш аз 6000-сола ва фарҳангиву тамаддунсоз ҳастем.

Мо шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсиро маҳз бо ҳамин мақсад чоп ва ройгон тақсим кардем, ки мардум ва махсусан наврасону ҷавонон аз таърихи гузаштаи худ, яъне аз решаи хеш, аз анъанаҳои ватандӯстиву ватандории худ огоҳ бошанд, аз онҳо ифтихор намоянд ва ба хотири ҳифз кардану таҳким бахшидани онҳо талош намоянд.

Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии фарҳангу суннатҳои бегона шумо бояд арзишҳои бунёдии миллӣ – таърих, забон фарҳанг, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллати бостонии тоҷикро омӯзед, донед ва барои ҳифз кардану густариш додани онҳо талош намоед.

Муҳимтар аз ҳама, ба қадри неъмати бебаҳои миллату давлат – истиқлолу озодӣ расед ва тамоми неруи худро барои ҳимояву таҳкими он равона созед.

Чунки маҳз ҳамин неъмати бебаҳо аст, ки моро дар арсаи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром менамоянд ва ба тамаддуни қадимаамон арҷ мегузоранд.

Мо наврасону ҷавонони имрӯзаро беҳуда манбаи ташаббусҳои азим, созандагони фардои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қувваи пешбарандаи ҷомеа нагуфтаем.

Зеро ояндаи дурахшони давлат ва миллат танҳо дар дасти шумо – наврасону ҷавонони бонангу номус, худогоҳу худшинос ва дорои тафаккури муосир аст.

Мо ба ҷавонони худ, яъне насли замони истиқлол, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо эътимоди комил дорем ва дар пешрафти Тоҷикистон аз ҳама бештар ба онҳо такя мекунем.

Бовар дорем, ки ҷавонони мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзишманду назарраси худро мегузоранд.

Ҷавонони азиз!

Ман ба шумо муроҷиат карда, бори дигар таъкид менамоям, ки истиқлолу озодиро ҳамчун муқаддастарину азизтарин неъмат барои миллати озодихоҳу сулҳпарвари тоҷик ҳимоя кунед.

Ин Ватани биҳиштосоро сидқан дӯст доред, онро чун сарзамини аҷдодамон барои наслҳои ояндаи миллати куҳанбунёди тоҷик ҳифз намоед.

Дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан – модар ва миллати худ хиёнат накунед.

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза симои маънавии миллати бостонии тоҷикро ҳимоя кунед.

Намунаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, одоби муошират, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ бошед.

Эҳтироми падару модар ва калонсолонро ба ҷо оваред ва одобу расму ойинҳои неки миллиро риоя намоед.

Забони модариро покиза нигоҳ доред, зеро забони мо яке аз қадимтарин ва зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад ва ин забони ширину шево ҳастии миллати бостонии тоҷик аст.

Шумо, ки дар фазои ваҳдату субот ва рушди кишвари озодамон камол ёфта истодаед, уҳдадоред, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳифз намуда, бо кору амали созандаи худ онро боз ҳам ободу пешрафта гардонед.

Ҳар як наврасу ҷавон бояд амиқан дарк намояд, ки Тоҷикистон Ватани ӯ, хонаи муқаддаси ӯст ва ободии он аз заҳмат, садоқат ва масъулияти ӯ вобаста мебошад.

Бори дигар ҳамаи шумо – давомдиҳандагони таъриху фарҳанги қадимаи миллати ориёинажоди тоҷикро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, саодати рӯзгор, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияти ободгаронаатон ба хотири пешрафти Ватани азизамон барору комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоям.

Бигзор, ҷавонони Тоҷикистон ҳамеша пешсафи илму маърифат, ҳомии сулҳу субот ва созандаи имрӯзу фардои дурахшони Ватани азизамон бошанд!

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, фарзандони азиз!

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #Тоҷикистон #Таджикистан #Президент #Тоҷикон #Таджики #РӯзиҶавонон #ДеньМолодежи

Photos from Агентии Точикстандарт's post 22/05/2026

ДАСТАИ АГЕНТИИ ТОҶИКСТАНДАРТ БО ДАСТАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
БОЗИИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРГУЗОР КАРДАНД

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Н. Қарабоев 42/2
Dushanbe
730018

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00