16/05/2026
Дар радифи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи миллиии Тоҷикистон, аз ҷумла президенти Академия, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди илму маориф, инчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи амалисозии нақшаҳои 20-солаи рушди илмҳои дақиқ, санаи 15 майи соли 2026 аз ҷониби котиби илмии Маркази омузиш ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Раҳмонов Хайём Рауфович дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 дарси намунавӣ доир гардид.
Қобили қайд аст, ки яке аз ҳадафҳои асосии олимони АМИТ ба ғайр аз таҳқиқотҳои илмӣ ин тарғибу ташвиқи илмҳои дақиқ дар байни наврасону ҷавонон мебошад. Ин муҳтаворо мунтазам Пешвои муаззами миллат дар баромадҳои худ қайд менамоянд.
07/05/2026
Великая Отечественная война
Утром 22 июня 1941 года Германия, нарушив договор о ненападении, напала на СССР. Об этом народы СССР услышали по радио, которое было озвучено народным комиссаром иностранных дел СССР Молотовым В.М.
Великая Отечественная война была для СССР не просто войной. Нашему народу пришлось четыре года вести изнурительную борьбу за свое существование. Германия ставила конечную цель: ликвидация государственности, завоевание народов СССР, полное уничтожение национальной общности, завоевание земель с полной их колонизацией и уничтожение местного населения.
В первые часы войны немецкие самолеты атаковали советские аэродромы, железнодорожные узлы, места сосредоточения войск. Большое количество самолетов было уничтожено еще на земле. Советские войска оказывали упорное сопротивление, но немецкие войска быстро передвигались вглубь Советской территории, окружая десятки тысяч солдат и офицеров Красной армии.
За несколько месяцев войны Советские войска понесли колоссальные потери в живой силе, были потеряны промышленные центры и источники продовольствия.
Советским руководством была создана Ставка Верховного Главнокомандования для стратегического управления войсками. Была объявлена масштабная мобилизация, была организована работа тыла. Был подготовлен план по эвакуации промышленных предприятий на Урал, Сибирь и Среднюю Азию.
5 декабря 1941 года Красная Армия, измотав противника в оборонительных боях, силами трех фронтов перешла в контрнаступление и отбросила немецкие войска от столицы.
Героическая оборона многих городов и победа под Москвой сорвали планы Гитлера на «блицкриг» и быстрое завершение войны.
На фоне серии побед Советской Армии и отступления войск вермахта от Германии начали откалываться ее союзники, в странах - сателлитах вспыхнули антифашистские восстания.
Пополнив резервы и перегруппировав войска в январе 1945 года советские войска начали наступление по всему фронту. Были освобождены территории Чехословакии, Польши, Австрии и Венгрии.
В апреле 1945 года Советские войска начали Берлинскую операцию. 2 мая 1945 года Берлинский гарнизон сдался. 8 мая 1945 года Германия подписала акт о безоговорочной капитуляции.
9 мая 1945 года Великая Отечественная война завершилась Великой Победой!
Великая Отечественная война закончилась полным разгромом Германии и ее союзников. Советский Союз отстоял свою независимость, освободил от фашизма страны Восточной и Центральной Европы.
Победа досталась Советскому Союзу очень тяжело. Погибло 27 миллионов человек. Самым страшным было то, что количество убитых во время войны мирных граждан Советского Союза по меньшей мере в два раза превысило число военнослужащих, погибших на полях сражений.
Великая Отечественная война была народной и священной войной! За всю свою многовековую историю наш народ не переживал трагедии большей, чем эта война. Победы более великой, чем Победа 1945 года не было в ее истории!
Светлая память погибшим! Никто не забыт и ничто не забыто!
Сотрудницы Физико-технического института
им.С.У.Умарова НАНТ – Низамитдинова З.С., Бахтибекова Г.О.
07/05/2026
Иштироки олимони тоҷик дар конференсияи байналмилалии ACTRIS ва рушди ҳамкориҳои илмӣ
Аз 20 то 24 апрели соли 2026 дар шаҳри Осло (Норвегия) конференсияи байналмилалии илмии ACTRIS (Aerosol, Clouds and Trace Gases Research Infrastructure) Conference 2026 баргузор гардид, ки ба таҳқиқоти аэрозолҳои атмосфера, абрҳо ва газҳои таркибии атмосфера бахшида шуда буд.
Дар кори конференсия намояндагони Академия аз Тоҷикистон Абдуллозода Сабур Фузайл, доктори илмҳои физика-математика, мудири озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ва Халифаева Шоҳина, доктор PhD, ходими калони илмии ҳамин озмоишгоҳ иштирок намуданд.
Дар конференсия таҳқиқотчиёни тоҷик натиҷаҳои таҳқиқоти ба аэрозолҳои таркибии атмосфераи Тоҷикистон анҷомдодаашонро маърӯза намуда, масъалаҳои ба бузургиҳои тавсифдиҳандаи атмосфера вобастаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Конференсия зиёда аз 360 иштирокчиёни беш аз 25 кишварҳои дунёро муттаҳид намуда, ба як минбари муҳими байналмилалӣ барои мубодилаи донишҳои илмӣ ва баррасии масъалаҳои мубрами физикаи атмосфера табдил ёфт.
ACTRIS яке аз инфрасохторҳои пешрафтаи илмии аврупоӣ дар соҳаи омӯзиши атмосфера ба шумор меравад. Мавриди таъкид аст, ки Тоҷикистон ягона кишвар аз Осиёи Марказӣ узви ин шабакаи байналмилалӣ мебошад, ки ин аз сатҳи баланди рушди илм дар кишвар дар соҳаи физикаи атмосфера шаҳодат медиҳад.
Пас аз анҷоми конференсияи ACTRIS дар Осло, барномаи илмии сафар дар шаҳри Лейпциг (Олмон) идома ёфта, дар он ҷо боздид аз институти илмӣ-таҳқиқотии Leibniz Institute for Tropospheric Research (TROPOS) анҷом дода шуд. Дар рафти боздид вохӯриҳои корӣ бо ҳамкорони хориҷӣ баргузор гардиданд, ки дар доираи онҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи илмӣ, таҳияи мақолаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, оид ба оғози лоиҳаи нави муштарак, ки татбиқи он аз моҳи октябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, мувофиқа карда шуд.
Ҳамкорӣ бо TROPOS аз соли 2012 оғоз ёфта, то имрӯз ба таври фаъол идома дорад. Соли 2014 дар шаҳри Душанбе лидари сайёри ихчам насб гардида, давоми солҳои 2015–2017 бо истифода аз он ченкуниҳои атмосфера гузаронида шуданд. Натиҷаҳои бадастомада асоси як қатор мақолаҳои илмии муштарак гардиданд. Минбаъд ин лидари сайёр бо як низоми муосири лидарии контейнерӣ — PollyXT (лидари Раман-поляризатсионӣ), ки таҷҳизоти гаронарзиш ва баландтехнологӣ мебошад, иваз карда шуд.
Аз замони насби он дар Тоҷикистон мушоҳидаҳои пайвастаи атмосфера анҷом дода мешаванд, ки имкониятҳои таҳқиқи равандҳои аэрозолӣ ва сохтори амудии атмосфераро ба таври назаррас васеъ намуданд. Марҳилаи муҳими ҳамкорӣ лоиҳаи муштараки CADEX буд, ки натиҷаҳои он дар омӯзиши интиқоли чанг ва равандҳои атмосфера дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузошт.
Дар маҷмӯъ, сафари илмӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ баргузор гардид. Он ба таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, густариши ҳамкорӣ бо марказҳои пешрафтаи илмии хориҷӣ ва ҳамгироии минбаъдаи илми Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии илм мусоидат намуд.
01/05/2026
Хушхабар!
Маъмурияти Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ бо хушнудӣ иттилоъ медиҳад, ки ки рузи 28-уми апрели соли равон дар Шурои диссертатсионии Федератсияи Россия дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амалкунанда ходими калони илмии озмоишгоҳи физикаи булӯрҳо Кучакшоев Давлатназар Соибназарович рисолаи номзадии худро дар мавзуи "Синтез и исследование физических свойств стёкол на основе боратов висмута и натрия" аз руи ихтиссоси 1.3.8 –физикаи муҳитҳои конденсӣ таҳти роҳбарии мудири озмоишгоҳи физикаи булӯрҳо н.и.к., Холов Алимаҳмад бо муваффақият ҳимоя намуд.
Ҳайати кормандони Институт барои ин муваффақият Кучакшоев Давлатназар Соибназаровичро табрику таҳният гуфта, барояшон барои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ таманиёти нек доранд.
15/04/2026
Барномаи "Соҳибхирад" аз ТВ Илм ва табиат дар бораи фаъолияти мудири Озмоишгоҳи физикаи кристаллҳои Институт Холов Алимуҳаммад
Алимуҳаммад Холов — нафаре, ки бо илму дониш дар рушди фанҳои дақиқ нақши бузург гузоштааст
Enjoy the videos and music you love, upload original content, and share it all with friends, family, and the world on YouTube.
13/04/2026
Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ
Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимон баргузор гардид. Чорабинӣ ба як қатор ташаббусҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)», «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор (2018–2028)», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)», «Даҳсолаи илмҳои криосфера (2025–2034)», инчунин эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» ва ҷашни 1050-солагии Робияи Балхӣ бахшида шуд.
Кори конференсия дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ идома ёфта, дар ҷараёни конференсия 19 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид, ки мавзӯъҳои гуногуни физикаи муосир, аз ҷумла физикаи муҳитҳои магнитӣ, омӯзиши аэрозолҳои атмосфера, физикаи маводҳои нимноқил ва нанотехнологияро дар бар мегирифтанд. Маърузаҳо дорои мазмуни баланд буда, ба масъалаҳои мубрами илмӣ бахшида шуданд. Дар рафти чорабинӣ байни олимон мубоҳисаҳои илмӣ ва саволу ҷавобҳои судманд сурат гирифта, иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои марбут ба ифлосшавии атмосфера, таъсири радиатсия ба тухмии пахта, сохтор ва хосиятҳои маводҳои кристаллӣ ва татбиқи системаҳои интеллектуалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти конференсия роҳбарияти институт ба сатҳи баланди маърӯзаҳо баҳои мусбат дода, ба иштирокчиён барои саҳми арзандаашон дар рушди илм изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки минбаъд иштироки фаъолонаи кормандони илмӣ дар чунин чорабиниҳо боз ҳам тақвият дода шавад.
10/04/2026
Барномаи "Сабур Абдуллозода ва нақши ӯ дар илми муосири тоҷик" аз ТВ Илм ва табиат дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти илмии мудири Озмоишгоҳи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ маълумот медиҳад:
Сабур Абдуллозода ва нақши ӯ дар илми муосири тоҷик
Enjoy the videos and music you love, upload original content, and share it all with friends, family, and the world on YouTube.
01/01/2026
Ба Ҷашни 90 - солагии номзади илмҳои техникӣ, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умароваи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Қориева Рафиқа Амоновна
Қориева Рафиқа Амоновна 01-уми январи соли 1936 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Солҳои 1944-1954 дар мактаби миёнаи занонаи ба номи К.Д. Ушинскии шаҳри Бухоро таҳсил карда, соли 1954 ба факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1959 бо ихтисоси физика, муаллими физикаи мактаби миёна хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро дар Шуъбаи физикаю-математикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ба ҳайси лаборанти калон оғоз намудааст. Солҳои 1961-1966 дар вазифаи ходими хурди илми шуъбаи мазкур фаъолият бурдааст. Солҳои 1966-1969 дар аспирантураи Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ихтисоси «Физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо» таҳсил намуда, соли 1971 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Таҳқиқи рафтори омехтаҳо дар монокристаллҳои диарсениди кадмий бо истифодабарии радиоизотопҳо» дифоъ намудааст. Солҳои 1969-1994 фаъолияти илмию педагогиашро шуруъ аз вазифаи ходими хурди илм то вазифаи ходими калони илми Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст.
Қориева Рафиқа Амоновна дар тули 20 соли минбаъда – 1994-2014 ба ҳайси котиби илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2014 то лаҳзаҳои охирин ба ҳайси ходими пешбари илмии лабораторияи физикаи кристаллҳои шуъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияи институти мазкур фаъолият карда буданд.
Қориева Р.А. барои силсилаи маводҳои таърихӣ оид ба олимон-физикони варзидаи ватанӣ ва сохторҳои илмии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон бо Ифтихорномаи фахрии Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон (1976), медали собиқадори меҳнат (1988), медали биринҷии Саркумитаи Намоишгоҳи умумиииттифоқи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (1981) ва бо нишони “Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ” (1975) сарфароз гардонида шуда буданд. Солҳои 1975-1987 панҷ маротиба вакили халқии ноҳияи Роҳи Оҳани (ҳоло ноҳияи Шоҳмансур) шаҳри Душанбе, даъвати XV–XIX буда, дорандаи нафақаи шахсӣ барои хизматҳои шоиста дар назди шаҳри Душанбе. Рафиқа Амоновна барои кори пурсамар ва фаъолияти бисёрсолаи илми дар соњаи илми физика, дар амал љори намудани натиљањои илмию тадќиќоти, иштироки фаъолона дар корњои илми-ташкилии Институт ва тайёр намудани мутахасисони љавон дар соњаи илми физикаю ва техника, бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тољикистон» соли 2020 сарфароз гардонида шуда буданд.
Зимни кор ва фаъолияти меҳнатӣ Р.А.Қориева худро ҳамчун корманд ва мутахассиси сатҳи баланд ва инсони некбину бунёдкор ва роҳнамои ботаҷриба, меҳрубон ва серталаби кадрҳои ҷавон нишон додааст. Р.А.Қориева дар байни ҳайати кормандони илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳиби обрўю эътибори хосса доштанд ва то охирон лаҳзаҳои умрашон хизмати шоиста намуданд.
Институти физикаю техникаи ба
номи С.У.Умарови АМИТ,
Мудири озмоишгоҳи физикаи
кристаллҳо номзади илмҳои кимиё
Алимаҳмад Холов
26/12/2025
Санаи 24.12.2025 дар толори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ семинари илмӣ баргузор гардид. Дар семинар ду баромад шунида шуд.
Дар қисми аввали семинар, рисолаи номзадии унвонҷӯ Пирзода Баҳодур Гулмахмад дар мавзӯи «Исследование физических свойств солитоноподобных волн в анизотропных магнетиках» баррасӣ шуд. Дар ҷараёни семинар андешаҳои мутахассисон шунида шуда, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои калидии марбут ба мавҷҳои солитонмонанд дар муҳитҳои анизотропӣ баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки зарурати омӯзиши мавҷҳои солитонмонанд дар магнетикҳои анизотропӣ аз аҳамияти дарки амиқ ва идоракунии равандҳои мураккаби ғайрихаттӣ дар маводҳои магнитӣ, инчунин аз имконияти татбиқи онҳо дар технологияҳои пешрафта бармеояд. Омӯзиши ин мавҷҳо яке аз самтҳои афзалиятноки физикаи назариявӣ, физикаи ҳолати конденсӣ ва маводшиносӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ҳам ҷанбаҳои бунёдӣ ва ҳам ҷанбаҳои амалии масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ҳангоми истеҳсоли дастгоҳҳои технологияи баланд истифода мешаванд. Ҳадафи тадқиқоти назариявии мазкур аз омӯзиши ҳамаҷонибаи мавҷҳои солитонмонанд дар магнетикҳои анизотропӣ иборат буда, ташаккулёбӣ, динамика ва таъсири мутақобилаи онҳо бо майдонҳои берунаро дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи махсус ба таъсири анизотропияи магнитӣ ба рафтори ин ҳаяҷонҳои ғайрихаттӣ равона карда шудааст. Натиҷаҳои бадастомада ба густариши донишҳои бунёдӣ дар соҳаи магнетизм ва таҳияи татбиқҳои ояндадор дар спинтроника ва кристаллҳои магнонӣ равона шудаанд.
Дар қисми дуввуми семинар, баромади мудири Озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавӣ, номзади илмҳои техникӣ Бахдавлатов А.Д. дар мавзӯи «Исследование спектральных характеристик и состава лекарственного растения зизифоры (ziziphora) методом ИК-спектроскопии» шунида шуд. Дар доираи ин мавзӯъ масъалаи таҳқиқи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон дар мисоли пудинаи даштӣ баррасӣ гардид. Қайд шуд, ки ҳангоми таҳқиқот бо истифода аз методҳои спектрометрии инфрасурх ва флуроосенсӣ микдори моддаҳои таркибии растанӣ ва хусусиятҳои спектралии он муайян ва омӯхта шудаанд. Дар асоси натиҷаҳои таҳқиқот нишон дода шуд, ки дар таркиби растаниҳои доругии пудинаи дашти (зизифора) 8 элемент ва 2 оксид муайян мавҷуд аст ва миқдоран элементҳои таркиби намудҳои гуногун то андозае аз ҳам фарқ мекунад, аммо қонуният дар ҷамъшавии баъзе элементҳои алоҳида мушоҳида мегардад.
24/12/2025
СЕМИНАРИ ИЛМӢ
оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ, д.и.ф.м. Ф. Шокир, ки дар Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой моҳҳои июл-декабри соли 2025 гузаронида шудаанд
Санаи 22 декабри соли 2025 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – семинари илмӣ аз руйи натиҷаҳои таҳқиқоти ходими пешбари илмии шуъбаи наномавод ва нанотехнология, Ф. Шокир баргузор гардид, ки нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар раванди сафари хизматӣ ба Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой гузаронида шудааст.
Семинари илмӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институт, д.и.ф.м. Зарифзода А.Қ. оғоз гардид, ки дар раванди он мӯҳтавои умумии сафари хизматии мазкур баён гардида, баъдан сухан барои пешниҳоди ҳисобот оид ба сафари хизматӣ ва натиҷаҳои ҳосилшудаи илмӣ ба Ф. Шокир дода шуд.
Дар қисми якуми маъруза аз ҷониби Ф. Шокир маълумоти умумӣ оид ба ҳамкории расмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини ҶХХ ва дар ҳошияи он баргузор шудани сафари хизматӣ маълумот пешниҳод гардид.
Дар қисми дуюми маърӯза аз ҷониби Ф. Шокир оид ба натиҷаҳои илмӣ ва илмию ташкилотии сафари хизматӣ маълумоти муфассал оварда шуд. Аз он ҷумла маълумоти мушаххас оид ба гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмию таҷрибавӣ бо ҳайати олимони ҶХХ дар мавзуи “Аксуламали оптикии бисёрмодалии фосфори Bi₂SiO₅:Eu³⁺ барои бақайдгирии аёнсозишудаи рентгенӣ ва хосияти барқароршавандагии он” (Multimodal Optical Response of Bi2SiO5:Eu3+ Phosphor for Visualized X-Ray Detection and Reversible Imaging) ва натиҷаҳои дар ин раванд ҳосилшуда оварда шуд. Дар натиҷаи таҳқиқоти муштарак маводи люминофории Bi₂SiO₅:Eu³⁺ кор карда баромада шуд, ки зери афканишоти рентгенӣ аксуламали оптикии бисёрмодалиро нишон медиҳад, ки радиохромизми барқароршаванда ва модулятсияи люминестсенсияи танзимшавандаро дар як мавод муттаҳид мекунад. Мавод коррелятсияи хаттиро байни интенсивнокии оптикӣ ва миқдори афканишот, инчунин устувории баланди сиклиро зери таъсири такрории рентгенӣ ва оптикӣ нишон медиҳад. Дар идомаи маъруза оид ба кор карда баромада шудани плёнкаи композитии чандир, ки тасвири рентгении баландсифат (10.3 lp mm-1)-ро таъмин менамояд ва раванди ҳосилнамоии маводи заминавии он маълумоти мушаххаси таҷрибавӣ оварда шуд.
Маводи ҳосилшуда дорои хосиятҳои мубрами техникӣ мебошад, ки имкон медиҳанд ошкоркунии афканишотро дар реҷаи вақти воқеӣ, бо имконияти аёнсозии бо осонӣ тафсиршаванда ва бисёркарата амалӣ гардад. Зикр гардид, ки натиҷаҳои таҳқиқот ва таҷрибаҳои амалӣ барои маҷаллаи илмии бонуфузи байналмилалии Inorganic Chemistry пешниҳод гардидааст.
Ҳамчунин аз ҷониби Ф. Шокир маълумот оид ба баргузории силсилаи машғулиятҳои лексионӣ барои муҳассилони сатҳи магистратура ва докторантураи Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти асосҳои назариявии коркарди додаҳои физикии насли нави шабакаҳои нейронии Зеҳни сунъӣ – шабакаҳои нейронии ба ҳодисаҳои физикӣ асосёфта (PINN Physics-Informed Neural Networks) маълумот оварда шуд.
Пас аз маърузаи д.и.ф.м. Ф.Шокир аз ҷониби иштирокчиёни семинари илмӣ натиҷаҳои ҳосилшуда тариқи саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар интиҳои семинари илмӣ дар асоси хулосаи иштирокчиёни он, аз ҷониби директори Институт, д.и.ф.м. А.Қ. Зарифзода изҳори қаноатмандӣ аз маърӯза ва ҳамчунин миннатдории самимӣ аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки асоси бунёдӣ барои мубодилаи судманди афкори илмии олимони Институт бо муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии хориҷӣ ва имконияти муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад, баён карда шуд.