Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Share

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ба мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак Президенти ҶТ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ дар соли 2015 ба зарурати таъсис додани ниҳоди ВҲК таъкид намуд.

15 марти соли 2016 ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Боби нави 51 илова карда шуд, ки мутобиқи он вазифаи муовини Ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳу

Photos from Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 11/12/2021

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ РАСМКАШӢ «ЗОДАГОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ» БАРОИ КӮДАКОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 75-СОЛАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ
8 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ бо иштироки Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Бобоҷонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Ғанизода, , Роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон У. Маккавӣ маросими қадрдонии ғолибони даври ниҳоии озмуни расмкашии «Зодагони даврони истиқлол» барои кӯдакони шаҳри Душанбе зери унвони бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 - солагии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид.

Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 40% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию чисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва мавқеи шаҳрвандии онҳо, ташаккули ҷаҳонбинӣ, зебоипарастӣ ва таҳкими нерӯи эҷодии кӯдакон баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пайваста талош намуда, бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо сохторҳои СММ аз ҷумла, бо намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Дар маросими қадрдонӣ зикр гардид, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 1356 нафар хонандагон дар се гуруҳи синну соли байни хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9-11 иштирок намуданд. Баъд аз хулосабарории ҳайати ҳакамони даври ниҳоии озмуни расмкашии “Зодагони даврони Истиқлол” барои кӯдакони шаҳри Душанбе тибқи Низомномаи озмуни мазкур вобаста ба гурӯҳҳо (гурӯҳи 1–хонандагони синфҳои 1-4, гурӯҳи 2–хонандагони синфҳои 5-8 ва гурӯҳи 3–хонандагони синфҳои 9-11) аз байни 30 адад корҳои эҷодии пешниҳодгардида, 9 адад расмҳои беҳтарин интихоб гардида, ғолибони озмун муайян карда шуданд.
Гурӯҳи 1: хонандагони синфҳои 1-4: Давлатхоҷаева Муҳайса Абдураҳмоновна - хонандаи синфи 3 Гимназияи №3 шаҳри Душанбе барои хонандагони болаёқат, сазовори ҷои якум, Ҷумаева Шоҳина Шокировна- хонандаи синфи 4 МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои дуюм ва Раҳимов Билол Сатторович хонандаи синфи 4 МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.
Гурӯҳи 2: хонандагони синфҳои 5-8: Абдуллоев Шоҳнур Саидакбарович- хонандаи синфи 8 Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №3-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Саломзода Наима Салимшоҳ - хонандаи синфи 7 МТМУ №17-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои дуюм ва Каримова Мафтуна Аҳтамҷоновна - хонандаи синфи 7 МТМУ № 128-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.
Гурӯҳи 3: хонандагони синфҳои 9-11: Аҳмадова Нилуфар Эраҷовна - хонандаи синфи 11 МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи якум, Одинаева Шукрона Ҷамшедовна - хонандаи синфи 11 Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷои дуюм ва Махкамов Алишер Бахтиерович - таълимгирандаи маҳфили “Расмкашӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” сазовори ҷои сеюм дониста шуда, ҷойҳои якум ҳар кадоме бо маблағи пулии 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар баробари ғолибони озмун бо пайравӣ ба сиёсат ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат 9 – нафар омузгорони хонандагоне, ки шогирдонашон дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойҳои номоён гаштаанд бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Озмӯзгорони ғолибони озмун: Аз гурӯҳи синну солии синфҳои 1- 4 - Сафарова Сокина Султоновна. ҷойи якум, Ачилова Зулфия Саъдуллоевна - ҷойи дуюм ва Арусмамадова Азиза Нурмаҳмадовна – ҷойи сеюм.
Аз гурӯҳи синну солии синфҳои 5-8 Қурбонова Миҷгона Раҷабалиевна ҷойи якум, Ромонова Валентина Анатолевна. ҷойи дуюм ва Қодирова Назирахон Абдураҳимовна - ҷойи сеюм.
Аз гурӯҳи синнусолии синфҳои 9-11 - Ачилова Зулфия Саъдуллоевна. - ҷойи якум, Назарова Гулҷаҳон Искандаровна. – ҷойи дуюм ва Газарян Аида Армиковна. - ҷойи сеюм бо сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ барои ҷойҳои якум 1 ҳазору панҷсад сомонӣ, ҷойҳои дуюм 1 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, 250 нафар иштирокчии фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ дар мисоли маводҳои расмкашӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бори дигар бояд кайд намоем, ки кӯдакон ҳамчун ояндаи кишвар ва ояндаи миллат мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд.
Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода мешаванд. Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.
Бо пайравӣ ба ин принсипи конститутсионӣ таъмини шароити мусоид барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии кӯдак, таъмини эътироф, риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ гаштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак - санади байналмилалие, ки ҳуқуқи кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда фаро мегирад, ба тасвиб расонида, тамоми кӯшиши худро ба дарёфти роҳҳои таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак равона кард.
ҶТ протоколҳои иловагии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро, ки уҳдадориҳои давлатро оид ба пешгирӣ намудани иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва савдои кӯдакон, фоҳишагӣ ва порнографияи кӯдаконро пешбинӣ менамоянд, ба тасвиб расонид.
Кафолатҳое, ки Конститутсияи ҶТ ва санади байналмилалии мазкур барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намудаанд, дар як қатор санадҳо, аз ҷумла кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Барномаю Стратегия ва Консепсияҳои дар ин самт қабулшуда мушаххас гардонида шудаанд.
Баҳри таҳкими ҳуқуқи кӯдакон, зери ғамхории махсуси давлат қарор додани кӯдакон, дар муҳити оилавӣ таълим ва тарбия ёфтани кӯдакон чораҳои мушаххас андешида шуда, бо ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуданд.
Бо кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти давлат барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Хусусан дар самтҳои таъмини ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои ятимону бепарасторон, кӯдакони дорои маъюбият пешравиҳо назаррасанд.

Дар охир ба ифтихори ғолибони даври шаҳрии “Озмуни расмкашии “Зодагони даврони истиқлол” барои кӯдакони шаҳри Душанбе аз ҷониби наврасони соҳибистеъдоди Муассисаи давлатии “Маркази кудакон ва наврасони шаҳри Душанбе” барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

10/04/2021
Photos from Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 31/12/2020

Аёдати кӯдакон дар арафаи Соли нав

Санаи 30 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибулозода Р., бо мақсади аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва табрикоти онҳо бо фарорасии Соли нави 2021 ба Муассисаи давлатии "Маркази дастгирии оила ва кӯдакон" - и № 1 ш.Душанбе ташриф оварданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тарбиятгирандагон ва кормандони муассисаро бо соли нав табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

31/12/2020

Дорогие друзья!
Поздравляем Вас с Наступающим Новым 2021 годам!
Желаем, чтобы в Ваших сердцах оставались только хорошие воспоминания о прошедшем годе.
В новом году желаем Вам, Вашим родителям и близким здоровья, радости, успехов в учебе, верных и добрых друзей и исполнения всех Ваших желаний.
Пусть в каждой семье нашей родной страны будет взаимопонимание и достаток.
С Новым годом!

31/12/2020

Дӯстони азиз!
Фарорасии Соли нави 2021-ро ба Шумо муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки танҳо хотираҳои нек дар бораи соли гузашта дар қалбҳои Шумо боқӣ монанд.
Дар Соли нав ба Шумо, волидайн ва наздиконатон саломатӣ, табъи болида, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназир орзумандем. Ба Шумо хониши хубу аъло, дӯстони вафодору меҳрубон ва амалишавии тамоми орзую ниятҳоятонро таманно дорем.
Бигзор дар ҳар як хонаводаи Тоҷикистони азизамон мустаҳкамии оила, ҳамдигарфаҳмӣ ва беҳбудӣ ҳувайдо бошад.
Соли наватон Муборак!

Photos from Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 20/11/2020

Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон рӯзҳои 19-20 ноябр мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Р.Ҳ. бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии №№ 11, 55 ва 66 шаҳри Душанбе доир гардид.

Photos from Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон's post 20/11/2020

ТАБРИКОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ КӮДАКОН


Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстон ва волидони азиз!

Шуморо самимона ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон табрик менамоям.
Ин ҷашни дурахшон ғамхорӣ ва муҳаббатро нисбат ба шаҳрвандони хурдсол ифода мекунад. Кӯдакон сарвати бебаҳои мо мебошанд. Барои онҳо мо кор ва зиндагӣ мекунем, нақшаҳо тартиб медиҳем ва ба хушбахтӣ умед мебандем. Барои амалӣ шудани ин умедҳо мо калонсолон бояд кӯдаконро таҳти ғамхорӣ ва ҳимоя қарор дода, муносибати эҳтиромонаи онҳоро ба мероси гузашта ташаккул диҳем, меҳрубонӣ ва инсондӯстиро ба онҳо омӯзем. Ин вазифаи масъули ҳар яки мо ва тамоми ҷомеа аст.



Фарзандони мо ояндаи Ватан мебошанд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврас, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад. Сиёсати давлат оид ба дастгирии оила, стратегияҳои нисбат ба кӯдакон амалишаванда ва дастовардҳои солҳои охир дар ин самтҳо тасдиқи дурустии роҳи интихобкардаи мо мебошад.
Воқеияти ҷаҳони муосир, таҳдидҳои наве, ки кӯдакон ба онҳо дучор меоянд, аз қабили ҷангҳо, камбизоатӣ ва бемориҳои вазнин, бепарвоӣ ва бераҳмии калонсолон, маълумоти барои кӯдакон зараровар ва баъзан хатарнок моро водор менамоянд, ки кӯдаконро аз ин таҳдидҳо ҳимоя намоем. Танҳо мо, калонсолон метавонем кӯдакии фарзандонамонро пурмазмун, осоишта ва бехатар гардонем. Кӯдакон ҳама вақт ба мо ниёз доранд.
Бигзор кӯдакон ҳамеша хушбахт бошанд ва беҳтарин мукофоти мо хандаву табассумҳои дурахшони онҳо бошад.

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Dushanbe
734025

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00
Saturday 09:00 - 12:00