Таджикский государственный медицинский Университет имени Абуали ибни Сино

Таджикский государственный медицинский Университет имени Абуали ибни Сино

Share

Официальная страница ТГМУ имени Абуали ибни Сино

Photos from Эмомалӣ Раҳмон - Emomali Rahmon's post 12/06/2026
Photos from Таджикский государственный медицинский Университет имени Абуали ибни Сино's post 10/06/2026

ДАСТОВАРДИ ОЛИМОНИ ТОҶИК МУБОРАК!

Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандон ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, профессорон, олимони соҳаи тиб Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ва Ибодзода Саидмуқим Тиллохуҷҷаро барои ба аъзоияти вобастаи Академияи илмҳои Осиё интихоб гардиданашон табрику муборакбод намуда, дар рушд додани илми тибби тоҷик барояшон бурдбориҳо орзу менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки ба аъзогии комили (академикҳои) Академияи мазкур олимони дигари варзидаи тоҷик Саймумин Ятимов, Насриддинзода Эмомалӣ, Сайфиддин Давлатзода, Талбак Назаров ва дигарон низ шомил гардиданд.
Муборак бошад!

Photos from Таджикский государственный медицинский Университет имени Абуали ибни Сино's post 10/06/2026

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ, вусъат бахшидан дар пешрафти кори ин соҳа санаи 09.06.2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳа, таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусамадзода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Шабнам, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Орзу Раҳмоналиев, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳоди табибони ҷавони Тоҷикистон Бобоҷон Сафаралиев ва доираи васеи табибони ҷавони кишвар ширкат доштанд.

Дар раванди ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами илми тиб, дастовардҳои соҳа дар замони Истиқлолият, нақши ҷавонон дар пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимии ҷомеа маърӯзаҳо карда, барои боз ҳам вусъат бахшидан дар ин самт таклифоту тавсияҳо пешниҳод гардид.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи супориши Ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, дар асоси Фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши болозикр сохторҳои муовинати тарбияи донишгоҳ низ иштирок доштанд.

Боиси сарфарозист, ки мувофиқи Фармоиши махсуси Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода, дастаи “Шифо”-и Донишгоҳ дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сафарбар гардиданд. Аз ин лиҳоз, аъзои даста бо омодагии хуб ва маҳорати баланди ҳунарӣ хотири аҳли толорро шод намуданд.

Дар интиҳо, дар қатори дигар ҷавонони фаъоли соҳа, инчунин, узви фаъоли дастаи “Шифо”-и Донишгоҳ, донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ, Муминов Муминҷон, сазовори “Сипоснома”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ин шоистаи аҳсант ва сарбаландист.

✍️Шуъбаи идеологӣ ва фарҳанги муовинати тарбия

10/06/2026

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Санаи 9 июни соли 2026 дар МДТ “Литсейи Умари Хайём” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси комиссияи даври дуюми озмун, муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода С.С., инчунин ғолибону иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар маҷмуъ, 12 нафар донишҷӯи Донишгоҳ бо ишғоли ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовори диплом ва мукофотпулӣ гардиданд.

Муваффақияти донишҷӯён дар ин озмуни бонуфуз нишондиҳандаи сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва таваҷҷуҳи онҳо ба китобхонӣ ва омӯзиши мероси адабии миллӣ мебошад. Раёсати Донишгоҳ ғолибонро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун барояшон комёбиҳои бештар орзу менамояд.

✍️Муовинати тарбия

10/06/2026

АЗ ИФТИХОРИ СИНО ТО ПАРВАРИШИ СИНОҲОИ НАВ

Дар таърихи 23-юми майи соли 2026 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб қабул гардид. Дар фармон таъкид шудааст, ки фонди ин ҷоиза ва Низомномаи он таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.

Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки дар айвони СММ муҷассамаи чор шахсияти фархундаи миллати тоҷику порс Закарёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём дар зери сақфи нақшу нигораи тамаддуни Ҳахоманишӣ гузошта шудааст.

Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки дар пешайвони СММ чаҳормисраи Шайх Саъдии Шерозӣ чун беҳтарин ҳикмати маънавиёти башар нигошта шудааст.

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар зумраи нодиртарин дастоварди башар дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ қайд ва зикр гаштаанд.

Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маншаи ҷаҳонии қавонини ҳуқуқи байналмиллал дониста шудааст.

Ва ҷойи ифтихор аст, ки ҳар кадом қавму нажоде, ки оддитарин ишора барои дастдарозии азхудкунии ин бузургони миллати порсу тоҷик доранд, талош меварзанд, ки таърихи қавми худро ба ин нобиғаҳои ҷаҳонӣ рабт диҳанд. Аз ин набояд ранҷид, балки ифтихор бояд кард.

Аз он, ки дар Аврупо “Авитсиена” рамзи сиҳат ва кашшофии илми тиб дониста шудааст, аз он ки мафҳумангезон Авитсиенаро бо “медисина” ва медидсинаро ба “мадади Сино” таккони маънӣ медиҳанд, сарбаланд бояд буд.

Барҳақ, Сино нобиға аст. Таърих навишта, ки ӯ муаллифи 450 асар дар 29 риштаи илм аст. Агарчи, мутаассифона то дасти имрӯзи башар танҳо 274-тои он дастрас аст. Сино намояндаи фалсафаи Арасту дар Шарқ аст. Ӯ симои фарзонатарин ва пуртаъсиртарин олими фалсафаи асримиёнагии олами илм аст.

Ӯ шоир аст. Илмро дар нафосати каломи бадеъ баён кардааст. Дар замони мо гоҳо таъни аҳли ҷаҳл бар сари шуарро меборад, ки аз кулчаи шеър коми чӣ касе лаззат ёфта. Ин ҷоҳилакони хирад ғофил аз шеъри саропо фалсафӣ ва илмии Синову Хайёму дигар олимони тамаддунсози худ ҳастанд. Онҳо шеъри волоро ҳатто дарк накунанд. Ҳамин рубоии Сино кифояти ишорати ин баҳси таҳқиромеза аст, ки:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Чаро бештари олимони фарҳехта шоиранд. Чун шеър ин шуур, шоир дарккунандаи нозукӣ ва илм нозукист. Дар зикри феъли Сино ӯро чунин тавсия кардаанд; файласуф, шоир, нуҷумшинос, табиб, мусиқишинос, моддашинос (физик), олими ҳисоб ва риёзӣ, кимиёшинос, ахлоқшинос, фақеҳ, нависанда ва ғайра. Дар миёни ин фазли маърифатӣ дар маркази диққати осори Сино тиб, фалсафа, нуҷум, илми ҳаракат (механика), кимиё, мантиқ, шеър ва илми муҳит истодааст. Китоби “Ал қонун фи-т-тиб”-и ӯ то соли 1650 дар тамоми донишгоҳҳои ҷаҳонӣ тадрис мешуд.

Тавассути фармони Президенти кишвар таъсис додани ҷоизаи ибни Сино дар соҳаи тиб чанд паҳлӯи арзишнок дорад. Рақами аввал ин пос доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат аст. Шинохти як миллат ба шумораи он нест. Ба он аст, ки ин қавм барои ақвоми умумибашар чӣ нафъе оварда. Дигар он аст, ки таъини як ҷоиза ба номи як олим худ эҳтиром гузоштан ба илм аст. Дар ҷомеае, ки доно қадр шавад, он ҷомеа пешрафт хоҳад дошт.
Шоире ҳакимона гуфтааст, ки:

Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат ба он диёр, ки доно нашуд азиз.

Сари шарҳи ин байт ихтилофҳои назарист, аммо ин ҷо мо дунболи ихтилофоти он нест. Ба ҳамин иқрор хоҳем кард, ки: Лаънат ба он диёр, ки доно нашуд азиз.

Сиҳати башар аз афзалтарин неъматҳои олами моддӣ ва маънавист. Сиҳат ин хушии рӯзгор аст. Ин байтулҳикматро шоир фармуда, ки:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,
Ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Хушии умр рақами аввал дар сиҳат аст, баъдан дар иҷтимоъ ва рӯҳу равон. Аз ин ҷо ривоҷи илми тиб дар ҳар давру замон аз аввалтарин иқддомҳост. Беҳуда нест, ки беҳтарин табибонро ашрофтарини ашрофон ба айвони худ даъват мекунанд, чуноне ҳам, ки Сино ба ин рӯзгор сар хӯрда буд.

Абуалӣ ибни Сино лузуми тибро дар ду майдон макон додааст. Як дар шахсияти табиб ва баъдан дар дониши ӯ. Ӯ нигоштааст, ки табибонро мебояд беморро аввал ба сухан табобат кунад. Агар муяссар нашуд, давот диҳанд. Чун мурод ҳосил нагашт, ханҷар ба даст гиранд. Мурод аз ханҷар ба даст гирифтан, илми ҷарроҳист. Табобат бо сухани шайх Сино аввалтар аз ҳамаст. Зеро илми кунунӣ низ тасдиқ кардан дорад, ки иллати бисёре аз бемориҳои ҷисмонӣ дар рӯҳу равон аст. Беҳуда нест, ки агар бемор худ рӯҳан ба сиҳати худ ва рафъи маризии худ бовар надошта бошад, агар бемор табиби худро мояи шифои худ эътироф надошта бошад, ҳама гуна заҳматҳои табиб барбод хоҳад рафт. Пас ин ҳукми шайх Сино мебояд аввалхати ҳаракати ҳар табиб бошад.

Дар атрофи кунҷковии тиббии Сино ривояту устураҳои зиёдест. Чаро ривоят ва чаро устура. Чун ҳақиқати онро маъхази нигораи таърихнависи ҳақнависе чун Байҳақиву Ҷарири Табарие ёддошт накардааст. Балки маъхаз сарчашмаи бадеъ-ул-баён аст. Чунончи, гуфтаанд ба ташхиси Сино мардуми зиёде дар саҳни ҳавлии ӯ ҷамъ меомад ва шайх аз назди ҳар кадом мегузашту тадовии ӯро мефармуд. Рӯзе аз назди яке аз беморон хомӯш гузашт. Он бемор ба ин натиҷа расид, ки агар Сино дарди ӯро даво нафармуд, пас марг дар пеши қадами навбатии ӯст. Ва чун ба хона рафт, аз хӯрдан даст кашид.

Парастандагони бемор дар назди ӯ косаи ширеро гузоштанду рафтанд, чун пофишориҳо бесуд гашта буд. Ногаҳ аз кунҷи хона мори афъие пайдо шуд ва он косаи ширро фурӯ бурд ва ҳамоно онро қай карду рафт. Бемор гуфт: Аз ин умри навмедона марг афзалтар аст. Қайи морро фурӯ барам ва ҷон ба таслим раваду машаққати нафас фориғ шавад. Чун қайро хӯрд, соат ба соат ба ҷои ранҷу озори дард, ҳолаш сабук шуд ва пас аз чанд рӯзе хешро бедард ёфт. Гуфт, ин Синоро таърифи иғроқ кардаанд. Биравам ва ӯро мазаммат кунам, ки ин манам, касе, ки ту ӯро шафоъати шифо наёфти ва марги ӯро қарин донистиву дар кори ташхисаш оҷиз монди. Чун дар сафи беморон буд, шайх омад ва ҳангоме, ки ба ин мард нигарист, ҳайраташ афзуд ва гуфт: Ту қайи афъиро аз куҷо дарёфт карди? Он мард пеши ҳаким-Сино ба зону зад ва гуфт:

Оре, туро кам тавсиф кардаанд.

Ривояти дигар ин аст, ки гӯянд писари Сино бемории қулинҷ доштаасту шайх дар табобати он оҷиз будааст. Ва писарро ин дард ба коми марг бурдааст. Шайх аз пораи гушти варами беморӣ бо худ гирифтаасту дар халате, ки дар он чоқуи бараш будааст, гирифтааст. Ва рӯзе барои чидани пӯдина (ҳулбӯ, ҳулба, наъно) ба пӯдиназоре рафтаву он халтаҳамёнро он ҷо афтонидааст. Баъдан, чун огаҳ шудааст, ба он пӯдиназор рафтаву халтаҳамёнро ёфтааст, ки дар халта чоқу истодаву гӯшти варамидаи қулинҷ об шудааст. Ва шайх бо таассуф гуфта: Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем. Албатта, шояд ин асотирҳои халқ бошад, ки аз эътимоду иззату меҳр ба номи ин аълома бофта бошанд.

Табиист, ки замони мо замони Сино нест. Шарту шароити илми тибби имрӯза шарту шароити замони Синои ҳаким нест. Аммо ҳар давр паҳлӯҳои мураккабияти худро дорад. Замони Сино замони покии муҳити нафас, покии ғизо, бо мураккабияти камии донишҳо ва таҷрибаҳо будааст.

Ин рӯз замони муҳити заҳрогин, ғизои бо заҳрҳо омехта ва бемориҳои ғайримаъмули ғайритаҷрибавист. Аммо ин замон адабиёти фаровон, таҷрибаҳои андӯхтаи башар аз оғоз то ҳол, технологияҳои нав ба нави тиббист. Бемориҳо ҳам ҷома табдил мекунанд. Хоҳ сироятӣ бошанду хоҳ ғайрисироатӣ. Яъне ҳар замон мушкилоти худро дорад, низ илми тиб.

Авҷ гирифтани бемориҳои фишори хун, сактаҳои қалбӣ дар натиҷаи плокатҳо (трамбоз)-ҳои гуногун, авҷи саратон, омосҳои гӯштиву пӯстӣ, ҷароҳатҳои меъдаву рӯда, афзоиши бемориҳои рӯҳӣ ва равонӣ тақозои онро дорад, ки табибон касби табибро фақат шуғл надониста, онро чун илм, дониш ва таҷриба муносибат намоянд.
Ва, ногузир аст, ки мақомоти идоракунии давлатии тиб дар кори шинохти табибон даст аз гурӯҳбозиву даврабозӣ дар канор дошта, майдони назар ва амалро барои табибоне васеъ доранд, ки онҳо чашму дил ва дониши Синоӣ дошта бошанд.

Он ки дар миёни мардум андешаҳои ғализе нумуъ кардан дорад, ки тиб ҳам як навъи тиҷорат шудааст, ногуфтаҳои бисёреро барои соҳибтафаккур гуфтан дорад.

Солҳои нооромиҳои кишвар мо ду табиби фархунда-Минҷоҷ Ғуломов-равонпизишки сатҳи ҷаҳонӣ ва Юсуф Исҳоқӣ-ҷарроҳи фавқуллодаро қурбони ҷаҳолати худ қарор додем. Ин талхтарин ва манҳустарин фоҷиа барои як қавму миллат аст. Ҳоло ҳамаи мо ба номи Сино мефахрем. Аммо кори мо бо номи Синоҳову Закарёҳову Хайёмҳову Беруниҳоямон тамом нест. Илми замон Синоҳои нав мехоҳад. Берунии нав мехоҳад. Закарёи нав мехоҳад. Хайёми нав мехоҳад. Чун он чи эшон дар замони худ фаттоҳӣ дар илм карданд, акнун он донишҳо алифбои илми вақт шуданд. Қуллаҳои навро бояд фатҳ намуд, то баъд аз даҳсолаҳои дигар дар тангнои ёддошти тамаддун хотирае барои фахр дошта бошем. То фарҳанги қавму миллати худро бо шаъну шони ин нобиғаҳои доиратулмаъорифи худ ном бурда тавонем.

Барои пос доштани амалкардҳои масъулиятшиноснаи Президенти кишвар масъул ҳастем, ки носипос набошем. Сари риштаро Раиси Ҷумҳури миллат ба миллат ёфту дод, риштани калобаи фахр ба ҳар кадом фарди ҷодаи сиёсат, илм, дониш, фазлу маърифат вобаста аст.

Ташаббуси таъсиси ҷоизаи Абуалӣ ибни Синои Луқмони ҳакими худро ташаббусгар бояд бошем. Ин ҷоизаро барои табибоне лоиқ донем, ки ифтихори Закарёи Розиву Синои табибамонро барои замони нав, илми муосир фахрсоз бошанд. Чунон амал намоем, ки сафҳаи таърихи рӯзгори мо барои наслҳои пасин сафҳаи нанг ва сархамӣ набошад.


✍️Шарипов А.М.-доктори илмҳои тиб, мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакон

10/06/2026

МУВАФФАҚИЯТИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Донишҷӯёни Донишгоҳ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои «Биология» ва «География» ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ин дастоварди арзишманд бори дигар сатҳи баланди омодагии илмӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва қобилияти таҳлилӣ доштани донишҷӯёни Донишгоҳро нишон медиҳад.

Аз рӯйи номинатсияи «Биология» ҷойи якум насиби Абдуллоев Диёрбек, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ гардид. Ҷойҳои дуюмро Улуков Диловар, донишҷӯи курси 6-уми факултети тиббӣ ва Юсупов Камол, донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ соҳиб шуданд. Ҳамчунин, Раҷабов Иброҳим, Юсупов Илҳомҷон ва Қодиров Сулаймон сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Дар номинатсияи «География» бошад, Маруфов Сухроб, донишҷӯи курси 2-уми факултети тиббӣ, ҷойи сеюмро ба даст овард.
Қобили зикр аст, ки ин дастовардҳои назаррас маҳз натиҷаи заҳматҳои пайваста ва фаъолияти пурсамари олимаи тоҷик, дотсенти кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи ба номи профессор Бердиев Н. Б., номзади илмҳои биологӣ Шаҳсуфбекова Оимнисо Маҳмадназаровна мебошанд.

Маҳз бо роҳнамоӣ, талошҳои хастанопазир ва таҷрибаи ғании омӯзгориву илмии ин омӯзгори соҳибэҳтиром донишҷӯён ҳамасола дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва даврҳои гуногуни озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» иштироки фаъол намуда, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ мегарданд.

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмунро бо ин муваффақияти арзанда самимона табрик намуда, ба онҳо дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд. Ин дастовардҳо далели равшани таваҷҷуҳи Донишгоҳ ба рушди неруи зеҳнӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд.

✍️Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ба номи профессор Бердиев Н.Б.

10/06/2026

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО: ЗАМИНАИ НАВИ ДИПЛОМАТИЯИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФАЗОИ ҶАҲОНӢ

Муқаддима
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ нақши илм ҳамчун воситаи ҳамкорӣ, муколама ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ торафт меафзояд. Агар дар асрҳои гузашта неруи иқтисодӣ ва ҳарбӣ нишондиҳандаи асосии нуфузи давлатҳо маҳсуб мешуд, имрӯз кишварҳо тавассути дастовардҳои илмӣ, фарҳангӣ ва зеҳнӣ низ мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳким мебахшанд. Дар чунин шароит мафҳуми «дипломатияи илмӣ» (Science Diplomacy) ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷӣ ва рушди устувор аҳамияти хос пайдо кардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои охир таваҷҷуҳ ба истифодаи имкониятҳои илм ва фарҳанг дар таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар бештар гардидааст. Дар ин замина таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 ҳамчун иқдоми муҳимми сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ мешавад. Ин ҷоиза на танҳо ба қадршиносии дастовардҳои олимону муҳаққиқон равона гардидааст, балки метавонад ба абзори муассири дипломатияи илмии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ табдил ёбад.

Дипломатияи илмӣ ва аҳамияти он дар муносибатҳои байналмилалӣ

Дар даҳсолаҳои охир илм аз доираи фаъолияти сирф академӣ берун баромада, ба яке аз унсурҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони Ҷамъияти Шоҳигарии Британия (Royal Society) ва Ассотсиатсияи Амрико оид ба рушди илм (AAAS) дипломатияи илмиро ҳамчун истифодаи ҳамкориҳои илмӣ барои таҳкими муносибатҳои байни давлатҳо ва ҳалли мушкилоти глобалӣ муайян намудаанд.

Тағйирёбии иқлим, пандемияҳо, амнияти озуқаворӣ, рушди технологияҳои нав ва ҳифзи муҳити зист масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо танҳо тавассути ҳамкории байналмилалии илмӣ имконпазир аст. Аз ин рӯ, бисёр давлатҳо тавассути таъсиси ҷоизаҳои илмӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва форумҳои байналмилалӣ кӯшиш мекунанд, ки нуфузи илмии худро густариш диҳанд.

Ҷоизаҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷоизаи Нобел, Ҷоизаи Ласкер дар соҳаи тиб ва Ҷоизаи Абел дар риёзиёт, танҳо воситаи қадрдонии олимон нестанд. Онҳо ба рамзи эътибори илмии кишварҳои ташаббускор табдил ёфта, ба густариши ҳамкориҳои илмӣ мусоидат менамоянд. Дар ҳамин замина таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино барои Тоҷикистон имконияти нав фароҳам меорад, то дар фазои илмии ҷаҳон мавқеи фаъолтар касб намояд.

Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи ҷаҳонии илм

Интихоби номи Абӯалӣ ибни Сино барои ҷоиза тасодуфӣ нест. Ӯ аз ҷумлаи нодиртарин шахсиятҳои таърихи башар мебошад, ки мероси илмии ӯ пас аз ҳазор сол ҳам аҳамияти худро гум накардааст.

Абӯалӣ ибни Сино соли 980 мелодӣ дар Афшанаи назди Бухоро ба дунё омада, дар муддати кӯтоҳи умри худ садҳо асар дар соҳаҳои гуногуни дониш таълиф намуд. Осори ӯ соҳаҳои тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, риёзиёт, мусиқӣ ва ахлоқро фаро мегирад. Аммо маҳз асари машҳури ӯ — «Ал-Қонун фи-т-тиб» — номи ӯро ҳамчун яке аз асосгузорони тибби илмӣ дар таърихи ҷаҳон ҷовидона гардонидааст.

Таърихнигори маъруфи илм Ҷорҷ Сартон Абӯалӣ ибни Синоро «бузургтарин донишманди ҷаҳони ислом ва яке аз нобиғаҳои барҷастаи таърихи инсоният» номидааст. Ба андешаи файласуфи муосир Сайид Ҳусайн Наср, ибни Сино миёни мероси илмии Юнони қадим, тамаддуни исломӣ ва илми Аврупои навин ҳамчун пули пайвандкунанда хизмат кардааст.

Маҳз ҳамин хусусияти фаромиллӣ ва умумибашарии мероси илмии ӯ имкон медиҳад, ки номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун рамзи ҳамгироии илмӣ ва фарҳангии халқҳо истифода шавад.

Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино ва тақвияти нуфузи илмии Тоҷикистон

Дар ҷаҳони муосир давлатҳо бештар мекӯшанд шахсиятҳои барҷастаи таърихии худро ҳамчун воситаи муаррифии фарҳанг ва тамаддуни миллӣ истифода намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба эҳёи мероси бузургони миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии ҳамин сиёсат мебошад. Ин ҷоиза метавонад Тоҷикистонро ба яке аз марказҳои муҳими муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи тиб ва илм табдил диҳад. Бо гузашти вақт гирди ин ҷоиза шабакаи байналмилалии олимон, муҳаққиқон ва муассисаҳои илмӣ ташаккул ёфта метавонад, ки барои рушди ҳамкориҳои илмӣ аҳамияти бузург хоҳад дошт.

Ҳамзамон ин ҷоиза имконият фароҳам меорад, ки саҳми олимони тоҷик дар рушди илмҳои тиббӣ бештар муаррифӣ гардад. Ҷалби олимон ва мутахассисони хориҷӣ ба ҳамоишҳо, форумҳо ва чорабиниҳои илмии вобаста ба ҷоиза метавонад ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

Ҷоиза ҳамчун унсури нерӯи созанда (Soft Power)

Дар илми сиёсатшиносӣ мафҳуми «Неруи созанда» аз ҷониби донишманди амрикоӣ Ҷозеф Най пешниҳод гардидааст. Ба андешаи ӯ, давлатҳо метавонанд на танҳо тавассути иқтидори иқтисодӣ ё низомӣ, балки тавассути ҷаззобияти фарҳангӣ, илмӣ ва арзишҳои миллӣ ба муҳити байналмилалӣ таъсир расонанд.

Аз ҳамин нигоҳ, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино метавонад ба яке аз абзорҳои муҳими неруи созандаи соҳаи илмӣ Тоҷикистон табдил ёбад. Зеро номи ибни Сино дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рамзи дониш, маърифат ва инсонгароӣ шинохта шудааст. Пайвастани номи Тоҷикистон ба чунин шахсияти бузурги таърихӣ метавонад симои байналмилалии кишварро боз ҳам таҳким бахшад.

Ғайр аз ин, ҷоиза метавонад таваҷҷуҳи ҷомеаи илмии ҷаҳониро ба Тоҷикистон бештар намояд ва барои рушди сайёҳии илмӣ, мубодилаи академӣ ва лоиҳаҳои муштараки тадқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам созад.

Илм, инсонгароӣ ва арзишҳои синоӣ

Яке аз хусусиятҳои муҳими таълимоти Абӯалӣ ибни Сино инсонгароии амиқи он мебошад. Ӯ тибро танҳо воситаи табобати бемориҳо намедонист, балки онро ҳунари ҳифзи шаъну шарафи инсон меҳисобид.

Дар осори ӯ масъалаҳои ахлоқи тиббӣ, муносибати инсонӣ бо беморон, масъулияти иҷтимоии табиб ва нақши маънавият дар нигоҳдории саломатӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Имрӯз низ ин арзишҳо барои рушди тибби муосир аҳамияти калон доранд.

Аз ҳамин ҷиҳат, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино на танҳо қадршиносии дастовардҳои илмӣ, балки тарғиби арзишҳои инсонгароӣ, масъулият ва хизмат ба ҷомеа низ мебошад. Ин паём барои ҷаҳони муосир, ки бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ва ахлоқӣ рӯ ба рӯ аст, аҳамияти махсус дорад.

Хулоса

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб яке аз муҳимтарин иқдомҳои фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон дар солҳои охир мебошад. Ин ҷоиза метавонад ба абзори муассири дипломатияи илмӣ табдил ёфта, дар таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.

Номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърихи инсоният барои муаррифии арзишҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон заминаи устувор фароҳам меорад. Ҳамзамон, ин ҷоиза метавонад ба густариши ҳамкориҳои илмӣ, рушди тадқиқотҳои тиббӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ мусоидат намояд.

Дар маҷмӯъ, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино рамзи пайванди гузашта ва оянда, илм ва фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ мебошад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо такя ба мероси гаронбаҳои таърихии худ метавонад дар ташаккули фазои нави ҳамкориҳои илмии байналмилалӣ нақши арзанда бозад.

Адабиётҳои илмии истифодашуда

1. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб».

2. Материалҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино.

3. АМИТ «Ховар» Саид Абдуллозода, доктори илмҳои тиб, 01.06.2026 Ҷоизаи байналмилалии АбуалӢ ибни Сино. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид.

4. Abu Ali ibn Sina. Al-Qanun fi al-Tibb (The Canon of Medicine). Various English translations.

5. George Sarton. Introduction to the History of Science. Baltimore: Williams & Wilkins, 1927.

6. Seyyed Hossein Nasr. An Introduction to Islamic Cosmological Doctrines. Harvard University Press.

7. Joseph Nye. Soft Power: The Means to Success in World Politics. New York: Public Affairs, 2004.

8. Royal Society & American Association for the Advancement of Science. New Frontiers in Science Diplomacy, London, 2010.

9. Маҷаллаи илмии UNESCO. Science Diplomacy Reports and Global Scientific Cooperation Studies.

Муаллиф: Мутахассиси Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» Аюбов Д.Қ.

Photos from Таджикский государственный медицинский Университет имени Абуали ибни Сино's post 09/06/2026

ТАШРИФИ ДОНИШҶӮЁН БА МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ БАРҚАРОРСОЗИИ СОЛИМИИ КӮДАКОН

Photos from Таджикский государственный медицинский Университет имени Абуали ибни Сино's post 09/06/2026

ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ «ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН» – ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҲКИМИ НАҚШИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Дар давраи кунунии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки масъалаҳои таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва тарбияи насли худшиносу ватандӯст аҳамияти аввалиндараҷа касб намудаанд, нақши занону бонувон ҳамчун неруи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа рӯз аз рӯз бештар мегардад. Маҳз, дар чунин шароити таърихӣ баргузор гардидани нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб рафта, аҳамияти он аз доираи як ҳамоиши расмӣ хеле фаротар мебошад.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳое мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки воқеан, ба ояндаи ҷомеаи мо робитаи мустақим доранд. Ҳанӯз аз оғози ҳамоиш эҳсос мегардид, ки иштирокчиён на барои шунидани гузоришҳои навбатӣ, балки барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди ташаббусҳои созанда ҷамъ омадаанд. Боиси зикри махсус аст, ки Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» бори аввал таъсис ёфта, фаъолияти худро оғоз намуд. Ташкили ин сохтори муҳими ҷамъиятӣ, маҳз, бо ташаббуси Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша роҳандозӣ гардид. Ин иқдом аз нигоҳи мазмун ва ҳадафҳои худ ба ниёзҳои воқеии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷавобгӯ буда, барои муттаҳид намудани неруи занони фаъол ва соҳибтаҷрибаи кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз, ҳамин буд, ки имрӯз садои занони тоҷик, ки тарафдори сулҳ, рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар ҷаҳон мебошанд, дар сар то сари сайёра ба гӯш мерасад. Онҳо аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар ин раванд сухан мегӯянд. Аз пешрафти тафаккури сиёсии занон ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳокимияти давлатӣ интихоботҳои парлумони кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин, таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки имкониятҳои мавҷуда боз ҳам бештар истифода гардида, занони фаъол ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ҷалб карда шаванд.
Аз ҳамин нуқтаи назар, таъсиси Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» метавонад, ба як минбари муассири ҳамандешӣ ва ҳамгироӣ табдил ёбад. Ҳадафи асосии он муттаҳид сохтани иқтидор, дониш, таҷриба ва имкониятҳои занони кишвар барои саҳмгузории бештар дар пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, ба тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, пешгирии хурофотпарастӣ, таассубгароӣ, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногуни идеологӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар чунин шароит масъулияти занону модарон бештар мегардад. Зеро маҳз, модар аввалин омӯзгор ва тарбиятгари фарзанд буда, ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, ҳисси миллӣ ва маърифати ӯро ташаккул медиҳад. Агар оила солим бошад, ҷомеа низ солим хоҳад буд. Агар модар соҳибмаърифат бошад, насли оянда низ соҳибмаърифат ба воя мерасад.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини ҷаласа он буд, ки масъалаи мубориза бо хурофот ва таассуб ҳамчун вазифаи умумимиллӣ арзёбӣ гардид. Таҷрибаи ҷомеа нишон медиҳад, ки роҳи муассиртарини муқовимат ба чунин падидаҳо баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати аҳолӣ мебошад. Дар ин самт нақши занон, бахусус модарон, хеле муҳим аст. Онҳо метавонанд, тавассути тарбияи дуруст фарзандонро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ эмин нигоҳ доранд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ба масъалаи рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занони соҳибкор, таҳкими фаъолияти ҷамъиятии бонувон ва ҷалби онҳо ба корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Дар ҳақиқат, занони тоҷик дар ҳама давру замон пешбарандагони фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва арзишҳои ахлоқӣ будаанд. Имрӯз низ онҳо метавонанд, дар муаррифии фарҳанги миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа нақши боз ҳам фаъолтар дошта бошанд. Махсусан, фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир қобили таваҷҷуҳ мебошад. Бояд эътироф намуд, ки баъди ба вазифаи Раиси Кумита таъйин гардидани муҳтарам Файзиддинзода Бунафша фаъолияти сохтор дар бисёр самтҳо ҷоннок гардидааст. Ташаббусҳои нав, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои иҷтимоии занон ва оила, инчунин роҳандозии платформаҳои нави ҳамкорӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки дар фаъолияти Кумита мушоҳида мешаванд.

Маҳз, таъсиси Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» низ аз ҷумлаи ҳамин ташаббусҳои арзишманд ба ҳисоб меравад. Зеро ҷомеаи муосир ба майдонҳое ниёз дорад, ки дар онҳо афроди фаъол ва соҳибтаҷриба тавонанд, андешаҳои худро озодона баён намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷомеа пешниҳодҳои мушаххас ироа намоянд.

Метавон иброз дошт, ки аз иштирок дар ин ҷаласа бардошти бисёр мусбат ба даст омад. Дар фазои ҳамоиш руҳияи баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба хизмат ба ҷомеа эҳсос мегардид. Ҳар як андеша ва пешниҳод аз ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ сарчашма мегирифт.

Бо итминон метавон гуфт, ки Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» дар оянда ба яке аз сохторҳои бонуфузи ҷамъиятӣ табдил ёфта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таҳкими оила, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Имрӯз Тоҷикистон ба неруи созандаи занони худ ниёз дорад. Занони донишманду фаъол, модарони соҳибмаърифату ватандӯст ва бонувони ташаббускор метавонанд, дар бунёди ҷомеаи пешрафта нақши ҳалкунанда бозанд. Нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» нишон дод, ки барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо ирода, имконият ва неруи кофӣ вуҷуд дорад. Акнун муҳим он аст, ки ин неру ба манфиати рушди давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли арзандаи Тоҷикистон самаранок сафарбар карда шавад.

✍️Аҳрориён З.А.-муовини ректор оид ба тарбия, узви Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон»

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


г. Душанбе, р. Сино, Улица Сино 29-31
Dushanbe
734003