11/06/2026
БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИИ ЧИН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Имрӯз, 11 июни соли 2026, дар доираи баргузории Форуми ҳизбҳои сиёсӣ таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ», ки бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯсту шарик дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, муовини сардори шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Сунь Хайянь бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии муассиса муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва дигар масъулини осорхона истиқбол намуда, аз ташрифи онҳо ба ин муассисаи муҳими фарҳангӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Зимни боздид барои меҳмонон тавассути роҳбалади осорхона бо забони чинӣ сайри муфассали осорхонавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он меҳмонон бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои арзишманди таърихиву фарҳангӣ, инчунин дастовардҳои тамаддуни чандҳазорсолаи тоҷикон аз наздик шинос шуданд.
Ҳамзамон, оид ба марҳилаҳои асосии рушди давлатдорӣ, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон ба онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Пас аз анҷоми боздид, хонум Сунь Хайянь аз сатҳи баланди ташкилу баргузории намоишгоҳҳо ва муҳтавои ғании толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таассурот ва андешаҳои худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» сабт кард.
Дар фарҷом ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона, ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
11/06/2026
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ КОРМАНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.
Рӯзи 10 июни соли 2026, бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ таҳти унвони «Робияи Балхӣ – нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ҳамоиш омӯзиш ва баррасии ҳамаҷонибаи мероси адабӣ, фарҳангӣ ва маънавии Робияи Балхӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик, инчунин таҳқиқи ҷойгоҳ ва саҳми ӯ дар рушди адабиёти занона ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ гардид.
Дар кори конференсия олимон, муҳаққиқон, адабиётшиносон ва коршиносони соҳаи фарҳанг аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷӣ иштирок намуда, доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Робияи Балхӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод карданд.
Дар ҷараёни кори конференсия сардори шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷумаи Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Халилова Шоҳида низ иштирок намуда, дар мавзуи «Нақши зан дар эҷодиёти Робияи Балхӣ дар асри X» маърӯзаи илмӣ ироа намуд.
Зимни суханронӣ мавсуф ба таҳлили ҷойгоҳ ва мақоми зан дар осори Робияи Балхӣ пардохта, нақши ин шоири номварро дар ташаккули андешаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии ҷомеаи асримиёнагии форсу тоҷик мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки мероси адабии Робияи Балхӣ ҳамчун намунаи олии суханварӣ ва бозгӯкунандаи арзишҳои инсонӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ то имрӯз аҳаммияти илмӣ ва фарҳангии худро ҳифз намудааст.
Конференсия дар фазои илмии созанда баргузор гардида, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули афкор миёни муҳаққиқон ва таҳкими омӯзиши мероси адабии Робияи Балхӣ ҳамчун яке аз нахустин намояндагони адабиёти классикии тоҷику форс саҳми назаррас гузошт.
11/06/2026
ТАШРИФИ УЗВИ РАЁСАТИ ҲИЗБИ «ЕНИ ОЗАРБОЙҶОН»
БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Дирӯз, 10.06.2026 дар доираи баргузории Форуми ҳизбҳои сиёсӣ таҳти унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ», ки бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯсту ҳамкор дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» ва вакили Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Азер Бадамoв бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг, тамаддун ва мероси ғании халқи тоҷик ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии муассиса директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъули осорхона истиқбол намуда, аз ташрифи онҳо ба ин муассисаи муҳими фарҳангӣ изҳори хушнудӣ карданд.
Зимни боздид ба меҳмонон тавассути роҳбаладони осорхона сайри муфассали осорхонавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он намояндагон бо нигораҳои нодир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, намунаҳои арзишманди фарҳангӣ ва таърихӣ, инчунин дастовардҳои тамаддуни чандҳазорсолаи тоҷикон аз наздик шинос шуданд. Ба меҳмонон оид ба марҳилаҳои асосии рушди давлатдорӣ, фарҳанг, санъат ва ҳунарҳои мардумии тоҷикон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Меҳмонон ба ганҷинаҳои таърихию фарҳангии ба намоиш гузошташуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, сатҳи баланди ҳифз, нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳангии миллатро дар Осорхонаи миллӣ баланд арзёбӣ карданд.
Пас аз анҷоми боздид, узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» ва вакили Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Азер Бадамов аз сатҳи баланди ташкилу баргузорӣ ва муҳтавои ғании толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таассурот ва андешаҳои худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ» сабт намуд.
Дар охир, ҳамчун рамзи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона, ба меҳмонон армуғонҳои хотиравии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардида, ба онҳо барои ташриф ва таваҷҷуҳашон ба таъриху фарҳанги тоҷикон изҳори сипос карда шуд.
10/06/2026
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир тасмим гирифтаанд, ки дар доираи ҳамкории фарҳангӣ намоишгоҳҳои муштаракро дар осорхонаҳо ташкил намоянд.
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти осорхонадорӣ тақвият мебахшанд — АМИТ "Ховар"
ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир тасмим гирифтаанд, ки дар доираи ҳамкории фарҳангӣ намоишгоҳҳои муштаракро дар осорхонаҳо та....
06/06/2026
ШАНБЕГӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” дар Осорхонаи миллӣ кормандон мунтазам ба сабзкорӣ ва тозагардонии муҳити атрофи муассиса ҷалб карда мешаванд.
Ҷиҳати сазовор таҷлил гирифтан аз ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани муҳити атроф, субҳи имрӯз ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ ба маъракаи шанбегии навбатӣ ҳозир гардиданд.
Кормандони муассиса дар доираи шанбегӣ саҳн, роҳравҳо ва гирду атрофи биноро аз баргҳои хазон, ҷуйборҳоро аз хасу хошок ва партовҳо тоза намуда, алафҳои бегонаро чида гирифта, муҳити атрофро покиза намуданд. Дар дохили бинои муассиса гурӯҳи дигари кормандон тирезаву витринаҳои намошӣ, утоқҳои корӣ, эскалатору роҳравҳо ва дигар гӯшаҳои лозимиро тозаву шустушӯ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи миллӣ ба қабули тамошобинон омода аст.
Суратгузориш аз рафти шанбегӣ:
05/06/2026
МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ШОҲИГАРИИ МУТТАҲИДАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ВА ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХОНУМ КЭТРИН СМИТТОН ДАР РОСТОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИФАРҲАНГӢ
Имрӯз, 05.06.2026, дар Осорхонаи миллӣ мулоқоти директори муассиса Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон, ки дар асоси дархости расмии ҷониби сафорат сурат гирифт, баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо дар дар иртибот ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии фаъолияти Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои роҳандозии намоишҳои муштарак миёни Осорхонаи миллӣ ва ҷониби Британияро вобаста ба мероси таърихию фарҳангии ниёгони тоҷикон (ориёиҳо) баррасӣ намуданд.
Зимни суҳбат ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои осорхонадорӣ, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки фарҳангӣ таъкид намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба нишони эҳтироми мутақобил ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.