ҲХДТ Шоҳмансур

ҲХДТ Шоҳмансур

Share

Саҳифа аз ҷониби шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур идора карда мешавад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Photos from ҲХДТ Шоҳмансур's post 03/06/2026

ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

03/06/2026
03/06/2026

МАҲФИЛ – ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДӢ ТАҲТИ УНВОНИ “СУФРАИ МОДАР” БАЙНИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

02.06.2026

Photos from ҲХДТ Шоҳмансур's post 02/06/2026

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛ – ОЗМУНИ ҲУНАРМАНДӢ ТАҲТИ УНВОНИ “СУФРАИ МОДАР” ДАР МАҲАЛЛАИ ЯҲЁ АФЗАЛИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

2-юми июни соли 2026 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҳфил - озмуни ҳунармандӣ таҳти унвони "Суфраи Модар", ки миёни занону бонувони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ миёни занону бонувон, эҳёи таомҳои миллӣ ва тарғиби он байни ҷавондухтарон, ҷалби занону бонувон ба фаъолияти ҷамиятӣ, ташкили чорабиниву озмунҳои пазандандагӣ бо иштироки занону бонувон ва мубодилаи донишу таҷриба байни онҳо, инчунин, гиромидошту посдории фарҳанги миллӣ, тарғиби пӯшиши либоси миллӣ, ҷалби ҷавондухтарон ба анъанаҳои зардӯзиву нақшдӯзӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни занону бонувон роҳандозӣ гардида истодааст, дар маҳаллаи Чиноро 2-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Маҳфил дар доираи эълон гардидани соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиб ва посдории фарҳанги миллӣ, тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, чеҳракушоии бонувони ҳунарманд, тарбияи ҷавондухтарон ва нигоҳдории захираи хӯрока ташкил ва баргузор гардида, дар он ҳайъати ҳакамон аз рӯйи шартҳои дар Низомномаи маҳфил - озмун овардашуда баҳогузорӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маҳфил – озмуни ҳунармандӣ таҳти унвони “Суфраи модар” байни занону бонувони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ғолибон аз рӯйи холҳои бадастоварда муайян мегарданд.

Photos from ҲХДТ Шоҳмансур's post 02/06/2026

КӮДАКОН — ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

1 июни соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии томактабии №1-и ноҳияи Шоҳмансур чорабинии идона ва фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, тарбиятгирандагони муассисаро ба муносибати ин санаи муҳими байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, хушбахтӣ, донишандӯзӣ ва ояндаи неку дурахшон орзу намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли соҳибмаърифату ватандӯст аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар идомаи чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба тарбиятгирандагони муассисаи мазкур туҳфаҳои идона ва бозичаҳо тақдим карда шуд.

Чорабинӣ дар фазои идона, шодиву нишот ва руҳияи баланди кӯдакона баргузор гардида, боз як намунаи ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ва таваҷҷуҳ ба тарбияи фарзандони кишвар арзёбӣ гардид.

02/06/2026

БА ВАТАН БАРГАРДОНДАНИ МУШТИ ХОКИ ОРОМГОҲИ
ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ – ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва равандҳои босуръати сиёсию фарҳангии ҷомеаи имрӯза тарбияи насли ватандӯст ва худшиносу худогоҳ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтааст. Ин аст,ки дар чунин шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва таърихсозии давлатҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диқати ҷиддӣ дода бо иқдомҳои наҷибонаи худ борҳо исбот намудаанд, ки ҷонсупоридан дар роҳи наҷоти миллат ва давлат шараф буда, фарзандони ҷоннисор ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърих ва масири давлатдорӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ нахоҳанд рафт. Таърих гувоҳ аст, ки шахсиятҳои бузург барои ҳифзи Истиқлол, эҳтироми миллӣ, забон ва фарҳанг, ваҳдат ва осудагии ҷомеа ҷоннисориҳо намуда бо кирдори нек, андешаи баланд ва эҳсоси масъулият собит кардаанд, ки хизмат ба Ватан волотарин ифтихори инсон аст.

Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз сарсупурдаҳои ватану меҳани хеш буда ҳамеша ба таъриху фарҳанг ва гузаштагони бонангу номуси миллат арҷ гузошта хотираи неки онҳоро пос медорад. Гувоҳи ин гуфтаҳо иқдоми бузурги таърихӣ бо мақсади эҳёи хотираи миллӣ, арҷгузорӣ ба хидматҳои беназири қаҳрамонони миллат дар роҳи бунёди давлатдории тоҷикон ва барқарорсозии адолати таърихӣ, ин санаи 19 майи соли 2026 ба ватан баргардонидани капсулаҳои ҳомили хоки се фарзанди бузурги миллат - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад, аз Маскав ба Душанбе буд.

Бо мақсади эҳтиром ба бузургони хеш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар назди ҳавопаймо ҳозир шуда, бо эҳтироми амиқ ба мушти хоки қаҳрамонон таъзим гузоштанд, ки ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ дили ҳар як тоҷики ватандӯстро ба ҳаяҷон оварда арҷгузорӣ ва қадршиносии Пешвои миллати тоҷикон аз фарзандони сарсупурдаи миллат абадан дар сафҳаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Хизматҳои ин абармардони миллат беназир буда онҳо тавонистанд дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза баранд ва маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи қавии хеш пояҳои давлатдории тоҷиконро таҳким диҳанд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси тоҷик ва бахусус насли ҷавони имрӯза бояд дониста бошанд, ки Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозида, барои ҳуқуқи халқи тоҷик мубориза бурд ва нахустин касе буд, ки эълон дошт: "Тоҷикон миллатанд, на гурӯҳи этникӣ. Онҳо Ватан мехоҳанд, на минтақа". Нусратулло Махсум бо биниши сиёсӣ, хирадмандӣ ва иродаи устувори хеш дар роҳи шаклгирии давлатдории тоҷикон, баргардондани сарзаминҳои аҷдодӣ ва мақоми забони модарӣ нақши барҷастаро иҷро намудаст.

Шириншо Шотемур низ бо огоҳии миллӣ ва фидокории камназир дар ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои миллати тоҷик ва бунёди давлати миллии тоҷикон номи ҷовидонаро аз худ бар ҷой гузошт ва сазовори номи баланди Қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Ин қаҳрамони миллат бо номи «суханвари Помир дар Маскав» маъруф аст, ва дар масъалаҳои маориф, ҳуқуқи занон ва рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳми босазо гузоштааст.

Ҳамзамон, хидматҳои Нисор Муҳаммад низ дар масири рушди маънавии миллат, ҷалби наврасону ҷавонон ба илму маърифат, ташкили мактабҳо ва таълифи китобҳои дарсӣ бузург буда, ӯ яке аз поягузорони илму маориф дар Тоҷикистон мебошад. Вай ҳамчун нахустин вазири маорифи Тоҷикистон, дар рушди фарҳанг ва таълими миллӣ хидмати шоён кардааст. Аммо мутаасифона ҳар се нафар соли 1937 қурбони дасисаҳои сиёсӣ гардида, дар хоки бегона дафн карда шуданд. Онҳо маҳз ҳамин роҳи сахту пуршарафро тай карда, имрӯз дар хотираи миллат ҷовидона пойдор мондаанд.

Мусаллам аст, ки сарзамини тоҷикон аз қадим макони мардони шуҷоъ, ватандӯст ва ҷоннисоре аз қабили Спитамен, Деваштиҷ, Шерак, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик ва Восеъ мебошад, ки ҳар кадоме тавонистанд дар пойдории миллати тоҷик саҳмгузор бошанд. Имрӯз ватан ба фарзандони вафодору фидокори худ ифтихор мекунад, зеро онҳо сутунҳои устувори ҷомеа ва чароғи равшани ояндаи миллат мебошанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани маҳбубамон хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат мавриди омӯзиш ва қадршиносии шоиставу олӣ қарор гирифта, номи нек ва корномаҳои онҳо ҳамчун намунаи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳиву фидокорӣ ба давлату миллат гиромӣ дошта мешавад.

Бори дигар исбот карда шуд, ки ёди шаҳидону қаҳрамонони миллат доимо дар хотираҳо боқӣ монда ҳаргиз намемиранд. Мафҳуми Ватан барои тоҷикон ҳамеша муқаддас буда, ҳатто дар лаҳзаҳои охирини ҳаёт фарзандони миллат орзу мекарданд, ки атри кафанашон аз хоки Ватан бошад. Набояд фаромӯш сохт,ки Ватан танҳо як қаламрав набуда, балки ҳастии миллат, рамзи номус, шараф ва ифтихори инсон мебошад.

Ба ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ эҳёи адолати таърихӣ буда, аҳамияти баланди тарбиявӣ дошта бори дигар собит карда шуд, ки миллати тоҷик фарзандони содиқи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад, хотираи поки онҳо то абад дар қалби мардум зиндаю ҷовид монда барои наслҳои оянда ҳамчун чароғи роҳнамои ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ хизмат хоҳад кард.

Сайдмадзода Ҳусноро - аъзои КИИ "Маорифчиён"-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

02/06/2026

КӮДАКОН - ПАЙРАВОНИ МАКТАБИ САДОҚАТ ВА ВАТАНДӮСТӢ

02/06/2026

ТАРАННУМИ ВАФО БА ВАТАН ВА ЭҲТИРОМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ЗАБОНИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

02/06/2026

НАВРАСОН - ПАРВАРДАГОНИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ!

Want your business to be the top-listed Government Service in Dushanbe?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


Рӯдакӣ 6
Dushanbe
734013

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:30 - 12:00