27/02/2017
Ҳар сол санаи 23 феврал сокинони Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллиро бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизи худ ҷашн мегиранд.
Ин санаи фархундаро сокинони шаҳри Ҳисор низ дар толори Қасри фарҳанг таҷлил намуданд, ки дар он раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ширкат ва суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикри он дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро аз номи сокинони шаҳр ба ҳомиёни Ватан ва аҳли оилаи онҳо сидқан муборакбод гуфта, дар роҳи пуршарафу боифтихор – ҳифзи Ватан, татбиқи сиёсати пойбарҷои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини амнияти давлату миллат ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ барояшон хонаободию сарбаландӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хушбахтӣ ва пирӯзию муваффақиятро таманно дорам.»
Баъдан чанд нафар аз фаъолони шаҳр бо Сипосномаи раиси шаҳр қадршиносӣ шуданд ва барномаи фарҳангӣ, ки фарогири суруду оҳангҳои ватандӯстонаву хештаншиносӣ буд аз ҷониби ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Ҷовидон бод Тоҷикистон бо Артиши сулҳпарвар ва боқудрати худ.
16/02/2017
Бахшида ба солгарди баровардани қӯшунҳои собиқ Давлати шӯравӣ аз давлати Афғонистон дар маҷлисгоҳи шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ва сарбозони башардӯст ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомадро раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Аъзамов И. ифтитоҳ намуда, аз таърихи набардҳои хунин ва қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик дар хоки Афғонистон ёдрас шуд.
Баъдан раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода маърӯза намуда, зикри он дошт: «Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавассути сиёсати башардӯстонаву оқилонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба зиндагиномаву корнамоиҳои фарзандони асилу қаҳрамони миллат ба як самти муҳими фаъолият табдил ёфтааст ва мо ҳамеша хизмату корнамоиҳои шуморо қадр ва эҳтиром менамоем.
Имрӯз ифтихор аз он дорем, ки шумо фарзандони асили Ватан дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунин ба хотири пойдории сулҳу оромӣ ва таъмини зиндагии осоишта дар кишвари Афғонистон далерона ҷангида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ саҳмгузор ҳастед.
Таърихи ҷанги Афғонистон бори дигар собит намуд, ки бузургтарин неъмати рӯи замин Сулҳ аст ва мо бояд ба қадри сулҳ ва оромию осудагии Ватан бирасем ва онро чун гавҳараки чашм муқаддас дорем...”
Сипас чанд нафар аз сарбозони башардӯст бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ шуданд.
04/02/2017
Санаи 31 январ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода баргузор гардид. Дар иктифо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов аз фаъолияти ҳизб дар соли 2016 ахбори муфассал пешниҳод кард. Баъдан Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода дар назди фаъолони ҳизб суханронӣ намуда, андешаҳояшро ҷиҳати беҳбудии фаъолият ва тарғиби ғояҳои ҳизб баён намуд. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ зикри он дошт: «Боиси хурсандист, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ба ободию созандагӣ нигаронидашудаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор сол аз сол обрӯю нуфузи ин ҳизб ва ҳизбиён боло рафта, нақшу мақомашон дар ҷомеа равшантар зоҳир мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳамеша ҷонибдори ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳизбӣ, пеш аз ҳама Комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ мебошад ва ин ҳамкорӣ пайваста самараи хуб медиҳад…»
Сипас чанде аз фаъолони ҳизб дар муҳокимаи масъала ширкат намуданд ва ба шаҳрвандоне, ки ба аъзогии ҳизб пазируфта шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Маҷлис ҷиҳати иҷрои масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул кард.
27/01/2017
Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» санаи 26 январ нишасти матбуотии раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода бо рӯзноманигорон аз ҳафтанома ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ баргузор гардид. Раиси шаҳр оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2016 маълумоти муфассал пешниҳод намуд ва баъдан ба пурсиши аҳли қалам оид ба масъалаҳои мубрами мавҷуда посух дод.
Мавсуф зикри он дошт, ки дар асоси амри мазкур ҳамкорӣ ва равобити мақомоти давлатӣ бо ВАО хеле густариш ёфт ва ин тадбири муҳим ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ ва дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум мусоидат менамояд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ, судманд ва чун тақвиятбахши фаъолияти минбаъда сурат гирифт.
24/01/2017
Санаи 12 январ дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор мулоқоти раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода бо ҷавонони фаъол бахшида ба «Соли ҷавонон» баргузор гардид. Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар суханронии худ зикр дошт, ки «Ҳадафи мулоқоти мо бо шумо, дар навбати аввал ин тарғиб ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбитиашон ба мардуми кишвар, таҳлили корҳои то имрӯз анҷомгардида дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми онҳо дар пешрафту тараққиёти шаҳр, баррасии ҳолати воқеии ҳаёту фаъолият, муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.
Имрӯз ҷавонони мо чун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ҷониби Пешвои миллат соли 2017 эълон шудани «Соли ҷавонон» моро вазифадор менамояд нисбати ҳастии Ватани азизамон Тоҷикистон ва рушду нумӯи он бетараф набошем ва соли ҷорӣ чунон кору фаъолият намоем, ки шоистаи омӯзиш ва ибрати дигарон бошад.»
Дар мулоқот ҷавонони шаҳр оид ба масъалаҳои мавҷуда, бардошти худ аз боздиди НОБ-и Роғун ва нақшаҳои фаъолияти худ ибрози андеша намуданд. Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва озоду судманд доир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини якуми раиси кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсов Ҷумъахон иштирок ва суханронӣ намуд.
10/01/2017
Тарғиб ва иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар бармеояд, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор маҳсуб ёфта, дар идомаи амал бо иштирок ва суханронии Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода дар деҳаи Ночии боло Маркази саломатӣ ва пули тозаасос, ки аз ҷониби соҳибхоназани саховатпеша Ҳайдарова Зулайхо ва соҳибкор Алимардонов Абдуалӣ бунёд гардид, мавриди истифода қарор гирифт.
“Пешвои миллат доимо таъкид менамоянд, ки ба таҳкими базаи моддӣ–техникии муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхис, табобат ва ҷарроҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардад. Бунёди чунин як муассисаи тиббии замонавӣ иқдоми наҷиб буда, барои нигаҳдошти саломатии ҷомеа хизмати шоистаро анҷом хоҳад дод.”- зикр дошт дар суханронии худ Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода
Маркази саломатии мазкур бо технологияи замонавӣ таъмин буда, барои деҳаҳои Ночии боло, Нуробод, Хучилдиёри боло, Сурхчашмаи боло, ки 6 ҳазору 300 нафар аҳолӣ сукунат доранд, хизмат мерасонанд. Дар марказ 8 нафар табибони касбӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.
23/12/2016
Дар ҳамаи корхонаву муассиса ва ташкилоту ҷомеаҳои меҳнатии шаҳри Ҳисор тамошои дастҷамъонаи кормандон, аҳли зиё ва омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардида, аҳли ҷомеа Паёми навбатии Пешвои миллатро чун раҳнамо ва дастури ояндасоз пазируфтанд. Пас аз анҷоми ироаи Паём беш аз 3 ҳазор ҷавонони шаҳр ба истиқболи эълон шудани соли 2017- соли ҷавонон чун рамзи истиқбол раҳпаймоӣ намуданд ва дар назди Қасри фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби консертии ҷавонони санъаткор манзури аҳолии шаҳр гардид. Соли ҷавононро ба кулли ҳамватанон таҳният гуфта, итминони комил дорем ин иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пиёдасозии олитарин ормонҳои миллӣ вусъати тоза хоҳад бахшид.
25/11/2016
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор раҳпаймоии меҳнаткашону ҷавонон, барафрохтани Парчами давлатӣ ва ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабиниҳо Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иштрок ва суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла зикри он дошт: «Мардуми тоҷик ва сокинони шаҳри Ҳисор зери Парчами давлатии худ мувофиқати манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, барои устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, сулҳу субот кору фаъолият доранд...
Дар идомаи сиёсати ватанпарварона ва хештаншиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифт, майдонеро бо номи Парчам бунёд намояд. Дар пояи баландиаш 20 метр парафшон шудани Парчами давлатӣ ва бунёди ин майдон ба андешаи мо эҳсоси дустдории Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатиро дар замири мову шумо дучанд намуда, моро барои расидан ба олитарин ормонҳои давлатдориамон бештару беҳтар ҳидоят хоҳад кард».
Ҳамаи шумо ҳамшаҳриёни азизро бо Рӯзи Парчами давлатӣ сидқан муборакбод гуфта, бароятон сарбаландиву саодати рӯзгор ва фатҳи қуллаҳои азими меҳнатиро таманно дорам. Бигзор Парчами давлатии мо чун сари мардуми сарбаландамон ҳамеша боло ва боиси ифтихору эътиқоди аҳли башар бошад – афзуд дар хотимаи сухан Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумазода
РАСМҲО ҲИКОЯТ МЕКУНАНД...
22/11/2016
Бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанони азизро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баланд орзу менамоем.
Бигзор ин рамзи давлати соҳибистиқлоли мо чун нишонаи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод ва сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то абад парафшон бошад.
Солгарди рамзи муқаддас ва тақдирсоз муборак!
15/11/2016
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанон ва тоҷикони олам аз номи сокинони шаҳри Ҳисор муборакбод гуфта, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи кабири тоҷик бурдборию музаффариятҳои беназирро таманно дорем.
Эй ҳамватан биё як ҷону тан шавем,
Фархунда вориси номи Ватан шавем.
05/11/2016
Мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор
05.11.2016
http://www.president.tj/node/13443
Дар шаҳри Ҳисор пас аз ифтитоҳи Комбинати металлургии тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчунин ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Ҳисор ба ҳозирин ва кулли шаҳрвандони мамлакат муборакбод гуфтанд.
Оид ба анҷоми корҳои ободонию созандагӣ суханронӣ карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин тадбирҳо минбаъд низ ба хотири рушди иқтисодиёт, ободу зебо гардонидани сарзамин ва беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум вусъат дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки соли 2015 барои мардуми Ҳисор пурфайзу бобарор ва соли таърихӣ буд. Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори 3000 - солагии Ҳисори бостон ва баҳри мақоми шаҳрро соҳиб шудани Ҳисор корҳои муҳим, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ амалӣ гардид.
Имсол бошад, дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр иншооти нави таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки дар иҷрои он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯсту бонанги шаҳри Ҳисорро назаррас маънидод карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги саноатии Комбинати металлургии тоҷик баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, торафт ободу пешрафта гардидани шаҳри Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоӣ ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин дар мулоқот бо сокинон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди босуръати соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст. Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумат соли 2015 бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ корхонаҳои саноатии мамлакат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 11 фоиз афзоиш дода, ба маблағи қариб 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимияти нақшаву барномаҳо ва ҳадафҳои созанда Ҳукумати мамлакат вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки минбаъд ҳам тавассути воридоти технологияҳои муосир ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва тақвияти иқтидори содиротии кишварро таъмин намоянд.