02/06/2026
ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
Аз 29 то 31 майи соли 2026 дар шаҳри Домодедовои Федератсияи Россия Чемпионати ҷаҳон (Первенства ҷаҳон) миёни кӯдакон ва наврасон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 18 варзишгар ва 2 довар иштирок намуда, маҳорати баланди варзишӣ ва омодагии хуби худро ба намоиш гузошт.
Дар натиҷаи рақобатҳои шадид варзишгарони тоҷик ба дастоварди назаррас ноил гардида, сазовори 10 медал шуданд:
🥇 3 медали тилло
🥈 4 медали нуқра
🥉 3 медали биринҷӣ
Ин натиҷаи арзанда самараи заҳмати пайвастаи варзишгарон, мураббиён ва дастгирии соҳаи варзиши мамлакат буда, боз як дастоварди муҳим дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Ба ҳамаи ғолибону ҷоизадорон ва ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи Ватан муборакбод гуфта, дар мусобиқаҳои минбаъда барору комёбиҳои нав орзу менамоем.
01/06/2026
🥈 БАҲРОМОВ ИДРИС СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРАИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ГАРДИД
Варзишгари ҷавони тоҷик Баҳромов Идрис дар Чемпионати Осиё байни наврасони то 17-сола (U17) оид ба гӯштини соҳилӣ, ки дар шаҳри Дананги Ветнам баргузор гардид, дар вазни 80 кг ҳунари баланд нишон дода, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Ин дастоварди арзандаро ба варзишгар, мураббиён ва аҳли варзиши кишвар табрик гуфта, ба ӯ дар мусобиқаҳои минбаъда комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоем.
01/06/2026
#МАҚОЛА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи июн таҷлил мегардад, яке аз санаҳои ҳаётан муҳим, пурарзиш ва таърихӣ дар тақвими умумиҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ин рӯзи муқаддас танҳо як ҷашни оддии тақвимӣ барои шодию хурсандии насли наврас нест, балки як даъвати ҷиддӣ, амиқ ва умумибашарӣ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Он рамзи масъулияти бузурги инсоният дар вобастагӣ ба ҳифзи ҳуқуқ, таъмини саломатӣ, фароҳамсозии шароити мусоиди таълим ва кафолати ояндаи дурахшони насли наврас аст. Кӯдакон сарвати бебаҳо ва қиматтарини ҳар як миллат, давлат ва ояндасози сайёра мебошанд, аз ин рӯ, таъмини зиндагии шоиста ва босаодат барои онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як фарди соҳибмаърифат маҳсуб меёбад.
Сиёсати давлатӣ ва ғамхориҳои падарона дар Тоҷикистон
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санаи муҳими байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса ва махсус зоҳир карда мешавад. Сиёсати давлатии кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон нигаронида шудааст. Қабули қонунҳои миллӣ ва барномаҳои стратегии давлатӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, бунёди мактабҳои муосири замонӣ, боғчаҳои бачагона ва марказҳои зеҳниву варзишӣ гувоҳи барҷастаи ин ғамхориҳои падарона мебошанд. Кӯдакони тоҷик имрӯз дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва озодии комил ба камол расида, барои омӯзиши илмҳои дақиқ ва ҳунарҳои муосир аз тамоми имкониятҳо бархӯрдоранд.
Ҳифзи кӯдакон мафҳуми хеле васеъ, фарогир ва амиқи иҷтимоию ҳуқуқиро соҳиб аст. Ин раванд танҳо бо таъмин кардани онҳо бо ғизо ва сарулибос маҳдуд намешавад, балки фароҳам овардани муҳити мусоидро барои рушди зеҳнӣ, маънавӣ, равонӣ ва ҷисмонии онҳо тақозо мекунад. Тарбияи дуруст ва солими кӯдак, пеш аз ҳама, аз оилаи солим оғоз меёбад. Муҳити гарми оилавӣ, ки дар он меҳру муҳаббат, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, заминаи асосии ташаккули шахсияти комил ва ватандӯсти кӯдакро мегузорад. Ҷомеа, мактаб ва воситаҳои ахбори омма низ дар ин раванди ҳаётан муҳим нақши калидӣ дошта, вазифадоранд кӯдакро аз таъсири манфии унсурҳои бегона ва зӯроварӣ муҳофизат намоянд.
Бояд бо таассуф эътироф кард, ки дар ҷаҳони муосир ҳанӯз ҳам мушкилоти ҷиддие мавҷуданд, ки ба ҳаёту саломатии кӯдакон таҳдид мекунанд. Миллионҳо кӯдак дар нуқтаҳои мухталифи сайёра аз ҷангҳои харобкор, гуруснагӣ, бемориҳои сироятӣ ва набудани шароити таҳсил азият мекашанд. Истифодаи ғайриқонунии хизмати ҷисмонии кӯдакон ва зӯроварӣ нисбат ба онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ мебошанд, ки таваҷҷуҳи фаврии созмонҳои байналмилалиро талаб менамоянд. Рӯзи 1-уми июн ба мо ёдрас мекунад, ки ҳеҷ як кӯдак набояд аз ҳуқуқҳои табиии худ маҳрум бошад ва садои они ҳамеша шунида шавад.
Хулоса .Кӯдакон оинаи софи ҷомеаи мо ва созандагони фардои дурахшони инсоният мебошанд. Сармоягузорӣ ба таълим, тарбия ва саломатии онҳо, дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи устувору қудратманди давлату миллат аст. Биёед, на танҳо дар ин рӯзи ҷашнӣ, балки ҳар рӯзи ҳаёти худро ба он равона созем, ки барои кӯдакон ҷаҳони бехатар, амн, пур аз меҳру муҳаббат ва имкониятҳои нав эҷод кунем. Табассуми бериёи кӯдакон бузургтарин ва гаронбаҳотарин сарвати рӯи замин аст, ки мо вазифадорем онро бо тамоми ҳастӣ ҳифз намоем.
ҚУДРАТОВА ДИЛАФРУЗ-ГИРАНДАИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ АЗ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
01/06/2026
КӮДАКОН - ОЯНДАИ ИМРӮЗУ ФАРДО ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ БОСАОДАТИ МИЛЛАТ
Таҳти ҳамин унвон санаи 1 - июни соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии "Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор"-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумита иштирок ва баромад намуда, таъкид доштанд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо яке аз самтҳои калидии иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, чунки ояндаи дурахшони миллати мо аз онҳо вобастагии калон дорад.Дар фарҷоми чорабинӣ ба дӯстрӯякони Муассиса тӯҳфаҳои хотиравии Кумита тақдим карда шуд.
01/06/2026
Дарси ватандорӣ аз зиндагии абармардони миллат бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, роҳбарият ва кормандони Кумита, инчунин кӯдакону наврасон аз Оромгоҳи Лучоб ба хотираи абармардони миллат арҷ гузоштанд.
Иштирокчиён бо ҳаёт, фаъолият ва корномаи арбобони барҷастаи давлатӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон шинос гардида, дар бораи саҳми онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва рушди ҷомеа маълумоти муфассал гирифтанд.
Ҳамчунин, ба кӯдакону наврасон шарҳ дода шуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки қаҳрамонони миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад ба Ватан баргардонида шуда, дар Оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.
Раиси Кумита зимни суҳбат бо кӯдакону наврасон таъкид намуд, ки омӯзиши зиндагӣ ва корномаи чунин абармардони миллат барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи халқи тоҷик аҳаммияти бузург дорад.
Боздиди мазкур дар замири кӯдакону наврасон ҳисси ифтихор аз миллат, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба хизматҳои фарзандони фарзонаи Тоҷикистонро таҳким бахшида, онҳоро ба пайравӣ аз роҳи пуршарафи қаҳрамонони миллат ҳидоят намуд.
#Ватандӯстӣ #Тоҷикистон 🇹🇯