Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Share

Мы работаем на благо нашего молодежи и спортсмены

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ВАНҶ: САНҶИШ ВА РАСОНИДАНИ ЁРИИ МЕТОДИИ АМАЛӢ БА СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛИИ КУМИТА

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода санҷиши фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и ноҳия гузаронида шуд.

Зимни санҷиш ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳо, пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти тарбиявию варзишӣ, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Ҳамзамон ба ҳайати роҳбарият ва масъулини сохторҳои маҳаллӣ вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилӣ, тақвияти корҳои тарғиботию иттилоотӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ёрии методии амалӣ расонида шуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи маърифату худогоҳии ҷавонон, рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардида, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ВАНҶ: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ "ГУШТИНГИРӢ" БО УСУЛИ " ДЕҲА БА ДЕҲА"

Дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ "Гуштингирӣ" бо усули "деҳа ба деҳа" байни наврасону ҷавонон баргузор гардид.

Мусобиқа бо мақсади рушди гӯштини миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш роҳандозӣ карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки гӯштини миллӣ ҳамчун яке аз намудҳои маъмули варзиши тоҷикон дар тарбияи ҷисмониву маънавии насли наврас нақши муассир дошта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҷасорат ва иродаи қавӣ мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни мусобиқа иштирокчиён байни ҳам рақобатҳои ҷолибу диданӣ баргузор намуда, маҳорати баланди варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ ва рӯҳияи рақобатпазирии худро ба намоиш гузоштанд. Қувваозмоиҳо дар фазои дӯстона ва риояи принсипҳои варзишӣ сурат гирифт.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон аз рӯйи вазнҳои муайяншуда муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Чорабинӣ ба таҳкими дӯстӣ, рушди гӯштини миллӣ ва оммавигардонии варзиш миёни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ВАНҶ: БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ПЕШ АЗ ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ «ГУШТИНГИРӢ» БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ВАНҶ: МУЛОҚОТ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 23441А - ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4 июни соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 23441 А-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ мулоқот баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти қисми ҳарбӣ иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани худогоҳии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди ҷомеа ва таҳкими амнияту суботи кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор афсарону сарбозони фаъол барои хизмати намунавӣ, дастовардҳои варзишӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипосномаи Кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ВАНҶ:МУЛОҚОТ БО АФСАРОНУ САРБОЗОНИ КОМЕНДАТУРАИ САРҲАДИИ 0406

4 июни соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Комендатураи сарҳадии 0406- и ноҳияи Ванҷ мулоқот баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, сардори Комендатура подполковник Саидов Алишер ,сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Солеҳҷон Амирҷонзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани худогоҳии миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди ҷомеа ва таҳкими амнияту суботи кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор афсарону сарбозони фаъол барои хизмати намунавӣ, дастовардҳои варзишӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо Сипосномаи Кумита ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ДАРВОЗ: САНҶИШ ВА РАСОНИДАНИ ЁРИИ МЕТОДИИ АМАЛӢ БА СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛИИ КУМИТА

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода санҷиши фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и ноҳия гузаронида шуд.

Зимни санҷиш ҳолати иҷрои нақшаи чорабиниҳо, пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, фаъолияти тарбиявию варзишӣ, ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Ҳамзамон ба ҳайати роҳбарият ва масъулини сохторҳои маҳаллӣ вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилӣ, тақвияти корҳои тарғиботию иттилоотӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ёрии методии амалӣ расонида шуд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи маърифату худогоҳии ҷавонон, рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона гардида, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ДАРВОЗ: БАРГУЗОРИИ СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНУ ҶАВОНОНИ ДЕҲА

Дар деҳаи Рузвайи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз бо иштироки масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолон ва ҷавонони деҳа мулоқоти судманд баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими вобаста ба ободонии маҳал, баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди деҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити имрӯза ҳар як сокини деҳа, бахусус ҷавонон, бояд барои тозагии муҳити зист, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ободонии маҳал ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорад. Ҳамзамон, иштирокчиён ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ, нигоҳдории иншооти ҷамъиятӣ ва рушди ташаббусҳои созанда пешниҳодҳои худро иброз намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот сокинон ва ҷавонони деҳаи Рузвай омодагии худро барои иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти маҳал изҳор намуда, таъкид карданд, ки барои боз ҳам зебову обод гардидани деҳа кӯшиш хоҳанд кард.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ДАРВОЗ: ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАВОНОН - ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ"

Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 уми майи соли равон дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид.

Дар кори ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд шуд, ки гирандагони Стипендияи Президентӣ ҳамчун ҷавонони фаъолу ташаббускор бояд бо донишандӯзӣ, ахлоқи намунавӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ барои ҳамсолони худ намуна бошанд.

Дар ҷараёни ҳамоиш хонандагони фаъол барои шаш моҳи таҳсил маблағи стипендия дар ҳаҷми 6048 сомонӣ дарёфт намуданд, ки ин иқдом ҳамчун нишонаи қадршиносӣ аз талошу муваффақиятҳои онҳо арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонон аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо таҳсили аъло ва хизмат ба Ватан ба ин боварӣ сазовор хоҳанд буд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ДАРВОЗ: БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА»

Дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии волейбол бо усули «деҳа ба деҳа» баргузор гардид.

Мусобиқа бо мақсади рушди варзиш миёни аҳолӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни сокинони деҳаҳо роҳандозӣ карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин мусобиқаҳо барои дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва оммавигардонии варзиш дар маҳалҳо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Дар фарҷоми мусобиқа ба дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Photos from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон's post 04/06/2026

#ДАРВОЗ:БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ПЕШ АЗ ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА " БО ИШТИРОКИ МАСЪУЛИНИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Want your business to be the top-listed Government Service in Khorog?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Khorog