РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Share

Страница Управлении Агентства по государственному фи?

01/10/2021

Ролики иҷтимоӣ -2

Photos from РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд's post 31/05/2021

Варақаи матбуотӣ
Раёсати Агентӣ назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд давраи моҳи январ соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 15-солагии таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун таҳти унвони “Коррупсия падидаи номатлуби ҷаҳони муосир” дар наминатсияҳои иншои беҳтарин, расм ва саҳначаи беҳтарин байни хонандагони синфҳои 9-11 ва дар наминатсияҳои мақолаи публитсистии беҳтарин, шиор ва ролики иҷтимоии беҳтарин байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд эълон намуда буд.
Дар ин замина, 28 майи соли 2021 дар ҳамкорӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, суд, шоирону нависандагон, масъулин ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилояти Суғд дар Қасри ҷавонони маркази шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти озмунӣ мазкур баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар чорабинии зикршуда, барномаи консертӣ ҷойдода шуд, ки аз ҷониби иштирокчиёни озмуни мазкур хеле хуб пазирои карда шуд.
Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии толибилмон ва донишҷўён, фароҳам овардани фазои таҳаммулнопазирӣ ба падидаҳои номатлуби коррупсионӣ ва саҳмгирӣ дар таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад.
Озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдошт, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории созанда ва натиҷабахш баргузор шуда, ғолибони озмун ва иштирокчиёнӣ фаъол бо тўњфаҳои арзанда ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилояти Суғд ва сарпарастон барои саҳми арзанда дар амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки аз натиҷаи озмун китоб дар доираи иншо ва мақолаҳои публисистии толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёна умумӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба нашр расонида мешавад.

РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Суғд

19/04/2021
Photos from РАНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд's post 08/02/2021

Тибқи нақшаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 02 феврали соли 2021 дар бинои Раёсати андози вилояти Суғд барои кормандони мақомоти андоз семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» доир карда шуд. Дар семинар-машварати омӯзишӣ роҳбарият ва кормандони Раёсати андози вилоят, Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Суғд ширкат доштанд.
Дар семинар-машварати омӯзишӣ оид ба моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки 7 августи соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шудааст маълумоти пурра пешниҳод шуда, оид ба ҳама бобу моддаҳои ин қонун дар алоҳидагӣ тариқи слайд шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Семинар-машварати омӯзишӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи қоидаҳои бехдошт, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва натиҷабахш баргузор шуда, дар раванди баргузории он иштирокчиён ба саволҳои хеш посуҳои мушаххас гирифтанд.

Сардори ШМК-и Раёсат,
майори адлия Мутавалиён Ш.А.

01/02/2021

Санаи 22 январи соли 2021 дар маҷлисгоҳи «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, подполковники адлия Қодирҷонзода А.Қ. мизи мудаввар бо иштироки кормандони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, сарварони муассисаҳои зертобеъ, роҳбарони театрҳои касбӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор карда шуд.
Чорабинии зикршуда оид ба моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки моҳи августи соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шудааст, доир гардид.
Ба иштирокчиёни мизи мудаввар мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия, усулҳои муқовимат ба коррупсия, кафолати дахлнопазирии субъектони дар муқовимат ба коррупсия мусоидаткунанда ва дигар масъалаҳо шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар равиши баргузории мизи мудаввар иштирокчиён ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдошт, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории созанда ва натиҷабахш баргузор гардид.

Сарнозири шуъбаи муқовимат
ба коррупсияи Раёсати Агентӣ дар
вилояти Суғд,
подполковники адлия Қодирҷонзода А.Қ.

Want your business to be the top-listed Government Service in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Address


Khujand