Ғолибияти дастаи Сипар дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футзал.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд
Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Government Organization, к. К. Хуҷандӣ 81, Khujand.
04/06/2026
Дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷ.Расулов бозиҳои марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасони то 14 сола «ЛИГАИ ПЕШСАФ» ҷараён доранд.
Дар ин бозиҳо 18 даста иштирок дошта, ба 2 гурӯҳ тақсим шудаанд ва дар як давр байни ҳам бозӣ анҷом медиҳанд ва беҳтаринҳо ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегиранд.
04/06/2026
03/06/2026
«Шейхбурхон» дар бозии ҷолиб бар «Мусаффо» пирӯз шуд
Дар доираи мусобиқаи шаҳрии футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардида истодааст, бозии навбатӣ миёни дастаҳои «Шейхбурхон» ва «Мусаффо» доир гардид.
Вохӯрӣ хеле ҷолиб ва пуршиддат ҷараён гирифта, ҳар ду даста аз дақиқаҳои аввал барои ба даст овардани ғалаба муборизаи беамон бурданд. Дар рафти бозӣ футболбозон маҳорати хуби техникӣ ва омодагии ҷисмонии худро нишон дода, ба тамошобинон бозии диданӣ пешкаш намуданд.
Дар натиҷаи рақобати пуршӯр дастаи «Шейхбурхон» бо ҳисоби 6 бар 4 бар дастаи «Мусаффо» ғалаба ба даст овард. Бозӣ аз серголтарин вохӯриҳои мусобиқа ба ҳисоб рафта, ҳар ду даста барои натиҷаи мусбат то лаҳзаҳои охир талош карданд.
Мусобиқа бо мақсади рушди футбол, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш идома дошта, рӯзҳои наздик бозиҳои навбатӣ баргузор хоҳанд шуд.
Ба ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ барои рақобати солим ва иштироки фаъолона барору муваффақият таманно менамоем.
03/06/2026
*Хушхабар барои олимони ҷавони кишвар: Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи гирандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ зиёд гардид**
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2026, №307 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2023, №207» қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур, шумораи гирандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, аз 12 нафар ба 30 нафар расонида шуд.
Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки доираи васеи олимони ҷавон, ки бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва навовариҳои худ дар рушди илм, техника, технологияҳои муосир ва иқтидори инноватсионии кишвар саҳми арзанда мегузоранд, қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.
Ҳамзамон, банди 18-и Низомномаи Ҷоиза дар таҳрири нав қабул гардида, квотаҳо аз рӯи самтҳои илмӣ ба тартиби зерин муайян карда шуданд:
— илмҳои табиӣ ва риёзӣ — 5 ҷой;
— илмҳои техникию технологӣ — 5 ҷой;
— илмҳои иқтисодӣ — 3 ҷой;
— илмҳои кишоварзӣ — 3 ҷой;
— илмҳои гуманитарӣ (бо назардошти илмҳои ҳуқуқшиносӣ) — 6 ҷой;
— илмҳои ҷомеашиносӣ — 4 ҷой;
— илмҳои тиб — 4 ҷой.
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон яке аз воситаҳои муҳими ҳавасмандгардонии ҷавонон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва эҷодии онҳо, инчунин рушди илм, техника, технология ва инноватсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қабули қарори мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат ба рушди илм ва дастгирии олимони ҷавон буда, ҳамчун намунаи равшани татбиқи сиёсати ҷавононпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими иқтидори илмӣ ва инноватсионии мамлакат арзёбӣ мегардад.
03/06/2026
⚡Ситораи ҷаҳонии футзал Рикардинйо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол ба Хуҷанд даъват гардид
Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бошукӯҳи футбол баргузор гардид.
Чорабинӣ, ки бо ташаббуси бошгоҳи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба иди ҳақиқии кӯдакону наврасон табдил ёфт. Меҳмони фестивал ситораи футзали ҷаҳонӣ, Рикардинйои португалӣ буд.
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тавҳидбонк -2026 гардид. Ҳамчунин, ҷашнвора бо бозии дӯстона миёни собиқадорони дастаи футзали «Сипар» ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Тавҳидбонк» анҷом ёфт.
03/06/2026
ТОҶИКИСТОН: САДОИ КӮҲҲОИ АЗАЛӢ ВА НАБЗИ ДИЛИ ИНСОНӢ
Дар он ҷое, ки осмон бо қуллаҳои барфпӯши Помир даст ба гиребон мешавад ва абрҳо чун пардаҳои сафед дар миёни дараҳои амиқ рақс мекунанд, сарзамине воқеъ аст, ки онро Тоҷикистон меноманд; сарзамине, ки на танҳо як макони ҷуғрофӣ, балки гаҳвораи тамаддуни ориёӣ ва макони зисти мардумест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо вуҷуди ҳамаи талотумҳои таърихӣ, тавонистаанд забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Агар ба умқи таърихи ин сарзамин назар афканем, мебинем, ки ҳар як санги кӯҳсори он, ҳар як қатраи оби дарёҳои пуртуғёни он, аз қабили Панҷу Вахш, ки чун рагҳои ҳаётбахш дар бадани замин ҷорӣ ҳастанд, ҳикояте аз қаҳрамонии ниёгонро дар худ ниҳон доранд; ниёгоне, ки дар замони давлатдории Сомониён, вақте ки илму адаб дар ин сарзамин ба авҷи камоли худ расида буд, тавонистанд на танҳо давлати муқтадир бунёд кунанд, балки бо шоирону донишмандони бузурги худ, мисли Рӯдакию Сино, ҷаҳонро бо нури хирад мунаввар созанд.
Меҳмоннавозӣ дар ин сарзамин на танҳо як одат, балки як фалсафаи зиндагӣ аст, ки решаҳои он ба замонҳои қадим мерасад; зеро дар фарҳанги тоҷикӣ, меҳмонро чун фиристодаи Худованд мешуморанд ва дастархони пур аз нозу неъмат, ки бо нони гарми танӯрӣ ва чойи хушбӯй ороста шудааст, нишонаи он аст, ки соҳибхона омода аст ҷони худро низ барои роҳати меҳмон фидо кунад, ҳатто агар дар дасти ӯ танҳо як бурда нон бошад, онро бо меҳмон тақсим мекунад, то ки риштаи дӯстӣ ва бародарӣ ҳеҷ гоҳ канда нашавад.
Табиати Тоҷикистон, ки бо зебоиҳои нотакрори худ, аз кӯлҳои зулоли Искандаркул, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбаланд мисли нигини фирӯза медурахшад, то боғҳои пур аз меваҳои шаҳдбори водии Вахш, ҳар як бинандаро мафтун месозад, далели он аст, ки ин сарзаминро Худованд бо назари лутф офаридааст; ва ин табиат на танҳо манбаи зебоӣ, балки сарчашмаи илҳоми шоирон ва нависандагонест, ки дар тӯли асрҳо бо қаламҳои худ ин зебоиҳоро дар саҳифаҳои таърих абадӣ гардонидаанд.
Дар бораи мардуми сарбаланди тоҷик сухан гуфтан, ин дар бораи устувории кӯҳҳо сухан гуфтан аст; зеро ин мардум, ки аз сардиҳои зимистон ва гармиҳои тобистон наҳаросидаанд, ҳамеша бо сари баланд ва бо ифтихор аз гузаштаи худ, ба сӯи оянда қадам мегузоранд ва бо вуҷуди ҳамаи мушкилоте, ки дар роҳи зиндагӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ҳеҷ гоҳ умеди худро ба фардои дурахшон аз даст намедиҳанд, балки бо меҳнати софдилона ва бо иродаи пӯлодин, барои ободии Ватани худ талош меварзанд.
Ва дар ниҳоят, вақте ки мо ба ояндаи ин сарзамин менигарем, мебинем, ки Тоҷикистон, бо таърихи ғании худ, бо фарҳанги беназири худ ва бо мардуми меҳмоннавозу сарбаланди худ, ҳамчун як чароғи равшан дар миёни кӯҳҳои Осиёи Марказӣ медурахшад ва ба тамоми ҷаҳон паём медиҳад, ки инҷо макони сулҳ, макони дӯстӣ ва макони ишқ ба зиндагӣ аст, ки дар он ҳар як инсон метавонад худро дар оғӯши гарми Ватан эҳсос кунад ва бо ифтихор бигӯяд: "Ман фарзанди ин сарзамини афсонавӣ ҳастам"
ГУЛСЕВАР БОБОЕВА
- донишҷӯйи ихтисоси забони англисии МДТ "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд"
03/06/2026
ТОҶИКИСТОН: САДОИ КӮҲҲОИ АЗАЛӢ ВА НАБЗИ ДИЛИ ИНСОНӢ
Дар он ҷое, ки осмон бо қуллаҳои барфпӯши Помир даст ба гиребон мешавад ва абрҳо чун пардаҳои сафед дар миёни дараҳои амиқ рақс мекунанд, сарзамине воқеъ аст, ки онро Тоҷикистон меноманд; сарзамине, ки на танҳо як макони ҷуғрофӣ, балки гаҳвораи тамаддуни ориёӣ ва макони зисти мардумест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо бо вуҷуди ҳамаи талотумҳои таърихӣ, тавонистаанд забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Агар ба умқи таърихи ин сарзамин назар афканем, мебинем, ки ҳар як санги кӯҳсори он, ҳар як қатраи оби дарёҳои пуртуғёни он, аз қабили Панҷу Вахш, ки чун рагҳои ҳаётбахш дар бадани замин ҷорӣ ҳастанд, ҳикояте аз қаҳрамонии ниёгонро дар худ ниҳон доранд; ниёгоне, ки дар замони давлатдории Сомониён, вақте ки илму адаб дар ин сарзамин ба авҷи камоли худ расида буд, тавонистанд на танҳо давлати муқтадир бунёд кунанд, балки бо шоирону донишмандони бузурги худ, мисли Рӯдакию Сино, ҷаҳонро бо нури хирад мунаввар созанд.
Меҳмоннавозӣ дар ин сарзамин на танҳо як одат, балки як фалсафаи зиндагӣ аст, ки решаҳои он ба замонҳои қадим мерасад; зеро дар фарҳанги тоҷикӣ, меҳмонро чун фиристодаи Худованд мешуморанд ва дастархони пур аз нозу неъмат, ки бо нони гарми танӯрӣ ва чойи хушбӯй ороста шудааст, нишонаи он аст, ки соҳибхона омода аст ҷони худро низ барои роҳати меҳмон фидо кунад, ҳатто агар дар дасти ӯ танҳо як бурда нон бошад, онро бо меҳмон тақсим мекунад, то ки риштаи дӯстӣ ва бародарӣ ҳеҷ гоҳ канда нашавад.
Табиати Тоҷикистон, ки бо зебоиҳои нотакрори худ, аз кӯлҳои зулоли Искандаркул, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбаланд мисли нигини фирӯза медурахшад, то боғҳои пур аз меваҳои шаҳдбори водии Вахш, ҳар як бинандаро мафтун месозад, далели он аст, ки ин сарзаминро Худованд бо назари лутф офаридааст; ва ин табиат на танҳо манбаи зебоӣ, балки сарчашмаи илҳоми шоирон ва нависандагонест, ки дар тӯли асрҳо бо қаламҳои худ ин зебоиҳоро дар саҳифаҳои таърих абадӣ гардонидаанд.
Дар бораи мардуми сарбаланди тоҷик сухан гуфтан, ин дар бораи устувории кӯҳҳо сухан гуфтан аст; зеро ин мардум, ки аз сардиҳои зимистон ва гармиҳои тобистон наҳаросидаанд, ҳамеша бо сари баланд ва бо ифтихор аз гузаштаи худ, ба сӯи оянда қадам мегузоранд ва бо вуҷуди ҳамаи мушкилоте, ки дар роҳи зиндагӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ҳеҷ гоҳ умеди худро ба фардои дурахшон аз даст намедиҳанд, балки бо меҳнати софдилона ва бо иродаи пӯлодин, барои ободии Ватани худ талош меварзанд.
Дар миёни ганҷинаҳои таърихии Тоҷикистон шаҳри бостонии Хуҷанд ҷойгоҳи вижа дорад; шаҳре, ки таърихи он беш аз 2500 солро дар бар гирифта, ҳамчун яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ шинохта мешавад. Ин шаҳри афсонавӣ, ки дар соҳили дарёи Сир доман густурдааст, дар тӯли асрҳо ҳамчун маркази муҳими тиҷорат, фарҳанг ва тамаддун дар масири Роҳи Бузурги Абрешим нақши арзанда бозидааст. Қадам гузоштан дар кӯчаҳои Хуҷанд гӯё сафар ба саҳифаҳои таърих аст, зеро ҳар як гӯшаи он аз гузаштаҳои пурифтихор ва корномаҳои фарзандони фарзонаи миллат қисса мекунад.
Мардуми Хуҷанд бо фарҳанги воло, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ ва хирадмандии худ шуҳрати хосса доранд. Аз ин сарзамини куҳан садҳо олимону адибон, ҳунармандон ва шахсиятҳои барҷаста ба камол расидаанд, ки дар рушди илм, адаб, фарҳанг ва давлатдории миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Бузургии мардуми Хуҷанд дар фазилатҳои инсонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан таҷассум меёбад. Имрӯз низ ин шаҳри таърихӣ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар бо рӯҳи созандагӣ ва пешрафт ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад ва ҳамчун гавҳари дурахшони Тоҷикистон ифтихори ҳар як тоҷик ба шумор меравад.
Ва дар ниҳоят, вақте ки мо ба ояндаи ин сарзамин менигарем, мебинем, ки Тоҷикистон, бо таърихи ғании худ, бо фарҳанги беназири худ ва бо мардуми меҳмоннавозу сарбаланди худ, ҳамчун як чароғи равшан дар миёни кӯҳҳои Осиёи Марказӣ медурахшад ва ба тамоми ҷаҳон паём медиҳад, ки инҷо макони сулҳ, макони дӯстӣ ва макони ишқ ба зиндагӣ аст, ки дар он ҳар як инсон метавонад худро дар оғӯши гарми Ватан эҳсос кунад ва бо ифтихор бигӯяд: "Ман фарзанди ин сарзамини афсонавӣ ҳастам".
ГУЛСЕВАР БОБОЕВА
- донишҷӯйи ихтисоси забони англисии МДТ "Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд
03/06/2026
#СУҒД:ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ МАҲФИЛИ “ВАТАНПАРВАР” БАРГУЗОР ГАРДИД.
Имрӯз, тибқи нақшаи чорабиниҳои маҳфили «Ватанпарвар»-и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли таҳсили 2026 бо иштироки ҷавонон ва аъзоёни маҳфил дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Исматзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромади худ мавсуф иброз доштанд, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзишманд мегузоранд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омода намудани ҷавонон ба ҳимояи марзу буми Ватан аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки маҳфили «Ватанпарвар» дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон нақши муҳим дорад.
Сипас роҳбари маҳфили «Ватанпарвар» Сидиқов Ғиёс оид ба натиҷаҳои фаъолияти маҳфил дар семоҳаи аввали соли таҳсили 2026 ҳисобот пешниҳод намуда, аз дастовардҳо, чорабиниҳои баргузоргардида ва иштироки фаъоли аъзои маҳфил ёдовар шуд. Зикр гардид, ки дар ин давра як қатор вохӯриҳо, машғулиятҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва ватандӯстона баргузор гардида, ҷавонон имконият пайдо намуданд, ки донишу малакаи худро такмил диҳанд ва ҳисси баланди ватандӯстии худро тақвият бахшанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба аъзои фаъол ва пешсафи маҳфил барои иштироки фаъолона, интизоми намунавӣ ва саҳми арзандаашон дар пешбурди фаъолияти маҳфил сертификатҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Чорабинӣ дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои саҳмгузории боз ҳам бештар дар рушди фаъолияти маҳфил ва таҳкими арзишҳои ватандӯстӣ миёни ҷавонон иброз намуданд.
35 СОЛИ НУРИ ИСТИҚЛОЛ - ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Category
Contact the business
Telephone
Website
Address
к. К. Хуҷандӣ 81
Khujand
735700
Opening Hours
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 08:00 - 17:00 |
| Saturday | 09:00 - 16:00 |
