Mаркази фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд مرکزفرهنگی سفارت ایران درخجند

Mаркази фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд مرکزفرهنگی سفارت ایران درخجند

Share

Mаркази фарҳангии Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Хуҷанд


وابستگی فرهنگی سفارت ج.ا.ایران در تاجیکستان، خجند

Photos from ‎Mаркази фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд مرکزفرهنگی سفارت ایران درخجند‎'s post 21/04/2017

Маҳфили рӯнамои аз се китоби тозанашри
Абдуҷҷаббори Сурӯш

Маҳфили рӯнамои аз се китоби тозанашри
Абдуҷҷаббори Сурӯш, пажӯҳишгар ва шоири
тоҷик, ба муносибат 50 солагии ӯ бо ҳузур ва
суханронии асотиди донишгоҳ, нависандагон ва
шоирони тоҷик, дар толори китобхонаи маркази
устон суғд баргузор шуд.
Дар ин маросим ибтидо Баҳром Мирсаидов,
раис китобхонаи марказии устони Суғд бо номи
Тошхоҷа Асири дар бораи ҷойгоҳи Абдуҷҷаббори
Сурӯш дар адабиёти муосири тоҷик сухан гуфт
ва пас аз он, Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоир халқии
Тоҷикистон ва раиси иттифоқи нависандагони
устон Суғд, дар хусуси фаъолияти илмӣ ва
таҳқиқии ин шоир ва муҳаққиқ, гуфт: Сурӯш дар
тӯли фаъолияташ, коре мушкил ва пурзаҳмат,
яъне таҳияи Фарҳанги ашъор Камоли Хуҷандиро
бо роҳбарии профессор Абдулманнон
Насриддин ба ӯҳда гирифт ва онро дар
муддати кӯтоҳ омода кард ва дар канори он
ҳамчунон ба иншои шеър машғул буд ва бо
нашри маҷмӯаҳои шеъраш, сазовори бовари ва
баҳои баланди шоири шаҳир, устод Лоиқ Шералӣ
шуд.
Дар идома Нурали Нурзод, раис шӯъбаи илм ва
навоварии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар бораи
маҷмӯаи ашъори Сурӯш бо номи «Дарахт, сапеда
ва оина» , ки бо хатти форсӣ ва бо ҳиммати
Вобастагии фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд
мунташир шудааст, суханрони кард.
Нурали Нурзод дар бораи шеърҳои сафед,
суннатӣ ва вежагиҳои сабки Сурӯш, бо овардани
шоҳидҳое аз ашъори ин шоир, таъкид кард, ки
аҳли қалам, Абдуҷҷаббор Сурӯшро ҳамчун
шоири соҳибсабк ва соҳибмактаб
мешиносанд.
Сипас Саидумрон Саидов, мудири курсии
адабиёти классики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ҳам зимн муаррифии маҷмӯа тозанашри сад
ғазал Сурӯш таҳти унвони «Шабнами нафас»,
дар бора ҳунари ғазалсроии ӯ изҳори назар ва
таъкид кард: Саҳми Сурӯш дар ҳифз ва эҳёи
суннатҳои шоирон ғазалсрои классик зиёд аст. Х,амчунин Ромзи Абдуллоҳ, устоди Донишгоҳи
Хуҷанд ҳам бо мавзӯъи «Назокати сухан ва
латофати маъно дар рубоиёти Сурӯш» суханрони
карда, бар асоси маҷмӯаи тозанашри ӯ бо номи «Мӯҳри
меҳр» дар бораи ҳунари шоирии у дар саройши ин гунаи
шеъри форсӣ, тавзеҳоте ироя дод.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона Хуҷанди низ
бо зикри ҷовдонагии шеър ва сухан ва
ҷовдонаномии шоирон ва суханварон классик,
орзу кард, ки шеър ва шахсият Сурӯш низ
дар таърихи адабиёти форсизабонон мондагор
бошад.
Дар поёни маҳфил Абдуҷҷаббори Сурӯш, чанд
шеъри тоза сурудаи худро хонд ва ба тафсири
онҳо пардохт ва таъкид кард,ки; Љомеа ба
арзиши ҳар нафас ва ҳар ҳамнафас бирасад, ишқ
ва зебоиро арҷ гузорд ва инсонгароиро шиори
зиндагии худ созад.
Дар бораи Сурӯш
Абдуҷҷаббор Шоҳаҳмад мутахаллис ба Сурӯш,
13 апрел сол 1967 мелодӣ дар рустои Искодари
кӯҳистони Зарафшон дар вилоят Суғди Ч,умҳурии
Тоҷикистон дар хонаводаи омӯзгор мутаваллид
шуд. Таҳсилоти муқаддамотиро дар мадрасаи
русто фаро гирифт, сипас дар риштаи забон ва
адабиёти тоҷик дар донишкадаи омӯзгории шаҳр
Хуҷанд таҳсил кард. Вай дар фосилаи солҳои
1992 то 1996 «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷанди»-ро дар ду ҷилд таълиф кард, ки ҷилди аввали он
бо эҳтимоми Сафорати Љумҳурии Исломии Эрон
дар Тоҷикистон дар сол 1996 бо ҳуруфи
кириллӣ мунташир шуд. Пас аз он Сурӯш ба
такмили ин фарҳанг пардохт, ки нусха комили
ин асар бо шарҳи беш аз 17 ҳазор вожа ва
иборати бакоррафта дар ашъори Камоли
Хуҷанди дар сол 2015 тавассути интишороти
«Хуросон» дар Хуҷанд ба чоп расид.
Х,амчунин бо пешгуфтор ва тасҳеҳи Сурӯш,
Девони комили Камоли Хуҷанди бо ҳуруфи тоҷикӣ
ва форси дар ҳамон сол мунташир шуд. Аз
Сурӯш маҷмӯаҳои шеъри бо номҳои «Фарёди
силсилаи хомӯши», «Симоби маҳбус», «Салиби
сафед», «Ч,азираи танҳои» ва «Бишинав аз най
..», «Шабнами нафас», «Мӯҳри меҳр» ва «Дарахт,
сапеда ва оина» мунташир шудааст.
Маҷмӯаи ашъори Абдуҷҷаббори Сурӯш бо номи
«Дарахт, сапеда ва оина» замистони соли
гузашта бо ҳимояти Вобастагии фарҳангии
Сафорати Эрон дар Хуҷанд, тавассути
интишороти «Хуросон» дар 494 сафҳа бо хатти
форси мунташир шуд.

Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон | АМИТ "Ховар" 23/03/2017

Барқияи табрикии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон | АМИТ "Ховар" Дар иртибот ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудани барқияву номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо идома дорад.

16/03/2017

Бо тарроҳии барномаи корбурдии «Фонус», ки барои телефонҳои ҳушманд ва таблет (планшет)-ҳо арза шуда, акнун алоқамандон ба осори бузургони адаби форсӣ метавонанд нусхаи маҷозии шарҳи бархе аз шоҳкорҳои адабиро ба роҳатӣ ба рӯи дастгоҳҳои худ насб кунанд.
Ин нармафзор дар остонаи Наврӯз ва ба ҳиммати Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон таҳия шуда ва тайи тавофуқ бо «Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» дар дастраси донишомӯзони тоҷик ва сойири алоқамандон ба осори ин бузургон қарор гирифтааст.
Ин нармафзор шомили шарҳи мунтахаби ашъори Рӯдакӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва ғазалиёте аз Ҳофизи Шерозист, ки ба ду хат – форсӣ ва кириллӣ таҳия шудааст.
Дар нармафзори «Фонус» ин ду нусха рӯ ба рӯи ҳам намоиш дода мешавад, то барои корбарон имкони татбиқ ва шинохти имлои вожаҳо ба хатти ниёкон низ фароҳам шавад.
Лозим ба зикр аст, ки нусхаи чопии ин китобҳо қаблан ба кӯшиши мудири Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Шарифмуроди Исрофилниё ва зери назари Ҳасани Қарибӣ – раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ мунташир шудааст.
Шарҳи осори дигаре аз адабиёти форсӣ низ дар ҳоли ҳозир тавассути ин Пажӯҳишгоҳ таҳия мегардад.
Гуфтанист, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи ин осорро тавсия намуда ва пеш аз ин бо ҳимояти Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе теъдоди 5 000 нусха аз онҳо мунташир ва дар мактабҳои Тоҷикистон тавзеъ шуда буд.
Бо боргузории нармафзори «Фонус» акнун афроде, ки ба ин китобҳо дастрасӣ надоранд, метавонанд ба шарҳи ин осори мондагор дастрасӣ пайдо кунанд.
Алоқамандон бо муроҷиа ба вебгоҳи пажӯҳишгоҳ ба нишонии www.pertaj.com ва ё дар App Store ва Play Store метавонанд нусхаи ва ё андроидии ин нармафзори корбурдиро ба сурати ройгон дарёфт кунанд.

وبگاه مرکز آموزش زبان فارسی بنیاد سعدی 16/03/2017

Фарохони 84-умин давраи донишафзоии забон ва адабиёти форсӣ

Бунёди Саъдӣ ба манзури тақвияти бунёди илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши устодони донишгоҳ, муаллимони мактабҳои миёна ва донишҷўёни ихтисоси забон ва адабиёт ва ихтисосҳои наздик ба он 84-умин давраи донишафзоии забон ва адабиёти форсиро дар тобистони соли 1396 баргузор мекунад. Алоқамандон барои номнависӣ ба сайти www.sflc.ir муроҷиат намоянд.

А) Ҳадаф аз баргузории ин барнома
1. Тақвияти дониши забонӣ ва маҳоратҳои иртиботии устодони хориҷии забон ва адабиёти форсӣ
2. Ошноӣ бо таърих, тамаддун, фарҳанг ва одобу русуми мардуми Эрон
3. Тақвияти маҳоратҳои шунидан, гуфтугў, хондан, навиштан ва тавсеаи тавони иртиботии форсиомўзони хориҷӣ
4. Шиносоии забономўзон мумтоз барои идомаи таҳсил дар Эрон

Б) Муддати барнома
Ин барнома аз санаи 4 июл то 3 августи соли 2017 баргузор мегардад

В) Нақшаи барнома
Ин барнома шомили ду бахши омўзишӣ ва фарҳангӣ мебошад.
1.80 соат омўзиши маҳоратии забони форсӣ
2.Барномаи фарҳангӣ \ Саёҳат аз маконҳои таърихӣ ва фарҳангӣ \ Дар интиҳои давраи омўзишӣ як сафари серўза ба Исфаҳон

Г) Шароити ширкаткунандагон
1. Тасаллути нисбӣ ба чаҳор маҳорати аслӣ дар забони форсӣ (навиштан, хондан, шунидан ва суҳбат кардан
2. Бархурдорӣ аз саломати комили ҷисмӣ ва равонӣ
3. Синни доваталаб камтар аз 50 сол бошад

Д) Завобити давра
1. Маблағи иқомат, пазироӣ, омўзиш, беҳдошт, саломат ва умури фавқи барнома ба уҳдаи Бунёди Саъдӣ мебошад
2. Ҳазинаи билети рафту баргашт ва судури раводид(виза) ба уҳдаи довталаб аст.
3. Риояти қонунҳои дохилии Ҷумҳурии исломии Эрон, ки қабл аз сафар эълон мегардад, барои ширкаткунандагон ҳатмӣ мебошад.
4. Бунёди Саъдӣ пас аз баррасиҳои лозим номгуи шахсиятҳои пазируфташударо эълон мекунад.

وبگاه مرکز آموزش زبان فارسی بنیاد سعدی

Photos from ‎Mаркази фарҳангии Сафорати Эрон дар Хуҷанд مرکزفرهنگی سفارت ایران درخجند‎'s post 14/02/2017

Рўзи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон

Маросими Рўзи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳиммати Вобастагии фарҳангии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури аҳли фарҳангу адаб, рўзноманигорон, эрониҳои муқим, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар толори «Садбарг»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар ибтидои маросим Масъуди Аҳмадванд-Вобастаи фарҳангии Эрон дар шаҳри Хуҷанд аз дастовардҳои муҳими ин кишвар дар солҳои пас аз инқилоб дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техналогӣ ёдовар шуд.
Сипас, Валерий Алексеевич Бондаренко-сарконсули Федератсияи Руссия зимни табрики Рўзи миллӣ дар робита ба ҳамкориҳои хуби Эрону Русия дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, ҳалли буҳрони Сурия ёдовар шуд.
Вай таъкид дошт, ки дар бахшҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва фарҳангӣ низ ҳамкориҳои ду кишвар рўз аз рўз густариш ёфта, умед аст, ки дар оянда ин ҳамкориҳо равнақи бештарро касб менамояд.
Консули Ҷумҳурии Қирғизистон Аскаралӣ Мирмахмедов низ дар мавриди ҳамкориҳои ҳасани ду кишвари Эрону Қирғизистон ёдовар шуда ва таъкид дошт, ки аз нахустин рўзҳои истиқлоли ин кишвар Эрон Ҷумҳурии Қирғизистонро ба расмият шинохт ва муносиботи неку дўстонаро ба роҳ монд, ки имрўз он равобит дар сатҳи матлуб ва муносибе ҷараён дорад.
Асилбек Булатов консули Қазоқистон дар вилояти Суғд низ тайи суханронии хеш аз ҳамкориҳои неки ду кишвар ёдовар шуда, ифтитоҳи роҳи оҳани Қазоқистон-Туркманистон-Эронро як хатти муҳими ҳамкории кишвараш бо Эрон арзёби кард.
Дар идома Бахтиёр Қосимов –мудири шўъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд зимни табрики Рўзи миллӣ аз муштаракоти фарҳангии ду кишвари Эрону Тоҷикистон ёдовар шуд.

Photos 09/01/2017

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари бар асари сактаи қалбӣ даргузаштани Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсатмадорони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андӯҳи мо гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба мардуми дӯсти Эрон иброз дошта, барои пайвандон ва наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам.
Худованд ҷояшонро ҷаннат ва маъвои охираташонро пурнур гардонад»

http://khovar.tj/2017/01/bar-iyai-tasalliyati-emomal-ra-mon-ba-raisi-um-urii-islomii-eron-doktor-asani-r-on/

وابستگی فرهنگی جمهوری اسلامی ایران - خجند - اخبار > فراخوان سومین دوره جایزه دانشجویی حافظ 23/09/2016

فراخوان سومین دوره جایزه دانشجویی حافظ

«سومین دوره جایزه دانشجویی حافظ» به همت وابستگی فرهنگی جمهوری اسلامی ایران در خجند در سه بخش بخش مقاله نویسی، شرح غزل و حفظ اشعار لسان‌الغیب حافظ شیرازی برپا می‌شود.
براساس فراخوان «سومین دوره جایزه دانشجویی حافظ» دانشجویان مقاطع کارشناسی و کارشناسی ارشد همه دانشگاه‌ها و دانشکده‌های ولایت سغد می‌توانند در سه بخش مقاله نویسی، شرح غزل و حفظ اشعار لسان‌الغیب حافظ شیرازی در این دوره از جایزه حافظ شرکت کنند.
دانشجویان علاقمند به شرکت در بخش مقاله نویسی می‌توانند با انتخاب یکی از چهار موضوع «راز ماندگاری حافظ»، «مفهوم رند در اشعار حافظ»، «مراسم، باورها و سنت‌های مردمی در اشعار حافظ» و «شرح جلوه‌های گوناگون عشق در غزلیات حافظ» در این بخش حضور یابند.
همچنین در بخش شرح غزلیات دانشجویان می‌توانند یکی از چهار غزل با مطلع‌های «رواق منظر چشم من آشیانه توست»، «هر که شد محرم دل در حرم یار بماند»، «دوش دیدم که ملائک در میخانه زدند» و «صبا به تهنیت پیر می فروش آمد» را شرح دهند. در بخش حفظ غزلیات نیز دانشجویان می‌توانند با حفظ 100 غزل از دیوان حافظ شیرازی در این مسابقه شرکت نمایند. به نفرات اول تا سوم بخش‌های مقاله نویسی و شرح اشعار به ترتیب 500، 300 و 200 سامانی و به نفرات برتر بخش حفظ غزلیاتحافظ به ترتیب 800، 600 و 400 سامانی به همراه یادبود و لوح سپاس در مراسم اختتامیه این دوره از مسابقات که همزمان با روز حافظ در بیستم مهرماه برگزار می‌شود، اهدا خواهد شد.
در این برنامه علاوه بر اهدای جوایز به دانشجویان برگزیده، اساتید دانشگاه درخصوص جایگاه حافظ سخنرانی خواهند کرد و پس از آن مراسم شعرخوانی و اجرای موسیقی شش مقام با بهره‌مندی از اشعار این شاعر بلند آوازه برپا می‌شود. سال گذشته در همین زمان، دومین دوره جایزه دانشجویی حافظ برگزار شد.

http://khujand.icro.ir/index.aspx?fkeyid=&siteid=465&pageid=38458&newsview=660203

وابستگی فرهنگی جمهوری اسلامی ایران - خجند - اخبار > فراخوان سومین دوره جایزه دانشجویی حافظ «سومین دوره جایزه دانشجویی حافظ» به همت وابستگی فرهنگی جمهوری اسلامی ایران در خجند در سه بخش بخش مقاله نویسی، شرح غزل و حفظ اشعار لسان‌الغیب حافظ شیرازی برپا می‌شود.

Photos 22/09/2016

Сеюумин давраи Ҷоизаи донишҷӯии Ҳофиз

Сеюмин давраи озмуни Ҷоизаи донишҷӯии Ҳофиз дар се бахш- мақоланависӣ, шарҳи ғазалиёт ва ҳифзи ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор мешавад.

Муқаррарот:
-Донишҷӯёни бакалавр ва магистрии ҳамаи донишгоҳҳои вилояти Суғд метавонанд дар ин озмун ширкат намоянд.
-Як нафар метавонад дар ҳамаи бахшҳо ширкат намояд.
-Шарҳи ғазалиёт ва мақолаҳо бояд нав ва эҷодӣ бошанд. Навиштаҳои рӯбардоршуда пазируфта намешаванд.

Дар бахши мақоланависӣ мавзӯоти зерин пешниҳод мегардад:
-Рози мондагории Ҳофиз
-Мафҳуми «ринд» дар ашъори Ҳофиз
-Шарҳи ҷилваҳои гуногуни ишқ дар ғазалиёти Ҳофиз
-Маросим, боварҳо ва суннатҳои мардумӣ дар ашъори Ҳофиз
Ҷоизаҳои ин бахш:
Ҷои якум: 500 сомонӣ
Ҷои дувум: 300 сомонӣ
Ҷои савум: 200 сомонӣ

Дар бахши шарҳ, ғазалиёти зерин пешниҳод мегардад:
-Равоқи манзари чашми ман ошёнаи туст
-Ҳар ки шуд маҳрами дил дар ҳарами ёр бимонд
-Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд
-Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад
Ҷоизаҳои ин бахш:
Ҷои якум: 500 сомонӣ
Ҷои дувум: 300 сомонӣ
Ҷои савум: 200 сомонӣ

Бахши ҳифзи ғазалиёт:
Довталабон бояд 100 ғазал аз девони Ҳофизи Шерозиро ба интихоби худ ҳифз намоянд.
Бояд ба маънии калимот, иборот ва истилоҳоте, ки дар матни ғазалҳо омада тасаллут дошта бошанд. Барои шарҳи байтҳо низ омода бошанд.
Ҷои якум: 800 сомонӣ
Ҷои дувум: 600 сомонӣ
Ҷои савум: 400 сомонӣ

Шарҳи ғазалиёт ва мақолаҳоро то санаи 10.10.2016 ба эмайли зерин [email protected] ирсол намоед.
Донишҷӯёни ширкаткунанда дар бахши ҳифзи ғазалиёт то рӯзи душанбеи 10.10.2016 барои ширкат дар озмун ҳамроҳ бо унвони ғазалҳои ҳифзнамудаашон ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, №144, идораи Вобастагии фарҳангии Эрон дар Хуҷанд. Тел:83422 6-44-04, 6-48-04

وابستگی فرهنگی جمهوری اسلامی ایران - خجند - اخبار > کنفرانس بین‌المللی کمال خجندی برگزار می‌شود 21/09/2016

کنفرانس بین‌المللی کمال خجندی برگزار می‌شود
کنفرانس بین‌المللی «خواجه کمال خجندی، تشکّل ادبیات شناسی و روابط ادبی» از طرف موسسه دولتی مرکز علمی کمال خجندی هفتم و هشتم آبان ماه سال جاری در شهر خجند برگزار می‌شود. بر اساس فراخوان منتشر شده توسط این مرکز، محققان و پژوهشگران می‌توانند خلاصه مقالات خود را بر اساس موضوعات محوری کنفرانس تا هشتم مهرماه به نشانی دبیرخانه ارسال نمایند. با هماهنگی‌های انجام شده پژوهشگران ایرانی می‌توانند مقاله‌های خود را با خط فارسی ارسال کنند.

http://khujand.icro.ir/index.aspx?fkeyid=&siteid=465&pageid=38458&newsview=658945

وابستگی فرهنگی جمهوری اسلامی ایران - خجند - اخبار > کنفرانس بین‌المللی کمال خجندی برگزار می‌شود کنفرانس بین‌المللی «خواجه کمال خجندی، تشکّل ادبیات شناسی و روابط ادبی» از طرف موسسه دولتی مرکز علمی کمال خجندی هفتم و هشتم آبان ماه سال جاری در شهر خجند برگزار می‌شود.

Want your business to be the top-listed Government Service in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Kamale Khujandi
Khujand
144

Opening Hours

Monday 09:00 - 17:00
Tuesday 09:00 - 17:00
Wednesday 09:00 - 17:00
Thursday 09:00 - 17:00
Friday 09:00 - 17:00