Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Share

Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Public & Government Service, Мавлонбеков 1, Khujand.

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 04/06/2026

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ОМӮЗГОРОН ОҒОЗ ГАРДИД
https://hgu.tj/tj/news/post/tavseai-amkorioi-bajnalmilali-kursi-takmili-ihtisos-baroi-omuzgoron-ogoz-gardid.html

Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Руссия аз 1 то 6 июни соли 2026 дар Донишгоҳ курсҳои байналмилалии такмили ихтисос барои омӯзгорон оғоз гардиданд.
Маросими ифтитоҳи курсҳои бозомӯзӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва намояндагони муассисаи шарик баргузор шуда, дар он масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои академӣ ва илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Малоҳат Эҳсонзода намояндагони Маркази таҳсилоти кушоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои самараноки байнидонишгоҳӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва таҳкими робитаҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи барномаи таълимӣ дотсентони кафедраи математика ва методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой-Оксана Сергеевна Гибельгауз ва Ирина Геннадьевна Кулешова ба ҳайси роҳбарони курсҳои бозомӯзӣ фаъолият намуда, барои иштирокчиён 36 соати академии машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро баргузор менамоянд.
Курси такмили ихтисос таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионӣ дар таълими фанҳои физика ва математика» роҳандозӣ гардида, дар он 60 нафар омӯзгорони факултетҳои математика, физика ва техника, инчунин таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус иштирок доранд. Дар ҷараёни омӯзиш масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири таълим, усулҳои фаъоли омӯзгорӣ, рақамикунонии раванди таълим ва таҷрибаҳои пешқадами таълими фанҳои дақиқ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Ташкили чунин курсҳои байналмилалии такмили ихтисос ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, такмили сатҳи донишҳои забонӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров" дар доираи сиёсати байналмилаликунонии таҳсилот пайваста ҷиҳати роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ бо муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида, барои рушди неруи зеҳнӣ ва такмили иқтидори касбии омӯзгорону муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 01/06/2026

Конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ: «Масъалаҳои мубрами илмҳои дақиқ ва графикӣ: дурнамо ва тамоюлҳо»

Дар Арт-галереяи «Монӣ»-и факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами илмҳои дақиқ ва графикӣ: дурнамо ва тамоюлҳо» конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсияи мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ба баррасии масъалаҳои муҳими рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои муосир, санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин таҳкими робитаи илм, маориф ва истеҳсолот равона карда шуд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ дотсент Ятимзода Содиқ Бақо ҳусни оғоз бахшида, оид ба аҳаммияти илмҳои дақиқ ва графикӣ дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози назар намуд.
Дар идомаи конференсия як қатор устодону муҳаққиқон, аз ҷумла Салимбой Ҳасанов дар мавзуи «Таъсири санъати Юнони Қадим ба ташаккул ва рушди санъати ҷаҳонӣ», Бимукаррам Дадобоева дар мавзуи «Роҳҳои баландбардории сифати таълими фанҳои технология (таълими меҳнат)» ва Фарҳодҷон Яҳёев дар мавзуи «Нақши дизайн ва эргономика дар сохтани ҷузъҳои моддӣ» бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.
Зимни муҳокимаҳо масъалаҳои вобаста ба нақши санъати қадим дар ташаккули санъати муосир, роҳҳои такмили сифати таълими фанҳои технология, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои инноватсионӣ дар раванди таълим, инчунин аҳаммияти дизайн ва эргономика дар офариниши муҳити моддӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия директори Китобхонаи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, дотсенти факултети физика Мӯминҷон Шамсиддинов, дотсентони факултети таърих ва ҳуқуқ Шавкат Шарипов ва Сафаралӣ Эркаев, инчунин номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов оид ба масъалаҳои матраҳгардида андешаву пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш аҳаммияти густариши ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, рушди истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ таъкид гардида, нақши илмҳои дақиқ ва графикӣ дар таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҷомеа махсус зикр шуд.

Маркази иттилоот

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 26/05/2026

ХУШХАБАР: ҒОЛИБИЯТ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии кишвар табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии озмун муаррифии фарҳангу ҳунари миллӣ, эҳёи анъанаҳои асили санъати тоҷик, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати ниёгон ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Дар доираи баргузории даври шаҳрии озмун мудири бахши фарҳанги Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иброҳимов Муҳаммадҷон дар номинатсияи сарояндагии жанри анъанавӣ миёни иштирокчиёни синни аз 18 то 35-сола сазовори ҷойи аввал гардид.
Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ин дастоварди арзишмандро ба Иброҳимов Муҳаммадҷон самимона табрик гуфта, дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун ва фаъолияти эҷодии ӯ фатҳи қуллаҳои нави ҳунарӣ ва комёбиҳои пайвастаро орзу менамоянд.

Маркази иттилоот

26/05/2026

МО ДАР ВАО: «Бузургонро бузургон зинда медоранд...»

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 26/05/2026

АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ЭҲЁИ МИЛЛАТ

Дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳ таҳти унвони “Адолати таърихӣ ва эҳёи миллат” чорабинии илмӣ- маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ ба масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои қаҳрамонони миллат ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба овардани капсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад бахшида шуд.
Чорабиниро декани факултети забонҳои шарқ Тоҳирзода Осимҷон оғоз намуда, оид ба нақши шахсиятҳои таърихӣ дар ташаккули давлатдории тоҷикон суханронӣ кард.
Мудири шуъбаи табъу нашр, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳимов Ислом дар мавзуи “Инъикоси ҳақиқати таърихӣ дар матбуот ва воситаҳои ахбори омма” ва мудири шуъбаи тарбия Ҷалолзода Хайёмиддин дар мавзуи “Бозгашти мушти хок – эҳёи хотираи миллат” маъруза ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки бо таҳдидҳои геополитикӣ ва таҳаввулоти фарҳангӣ тавсиф мешавад, ҳифзи хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба ниёгон заминаи асосии устувории давлатдории миллиро ташкил медиҳад. Маҳз бо ташаббус ва дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, овардани капсулаҳо бо хоки рамзӣ аз маҳалли дафни љонфидоёни миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ходими барҷаста Нисор Муҳаммад рӯйдоди бузурги сиёсӣ, маънавӣ ва таърихӣ буда, ин иқдом на танҳо як маросими рамзӣ, балки амали соҳибдавлатӣ ҷиҳати барқарор намудани адолати таърихӣ ва пайванди маънавии наслҳо мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба таърих ва хизматҳои фарзандони содиқи миллат дар тарбияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.

Маркази иттилоот

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 26/05/2026

АНҶУМАНИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

Дар шаҳри Душанбе Анҷумани омӯзгорони забони олмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров омӯзгорони факултети забонҳои хориҷӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббус ва ҳамкории муштараки Embassy of Germany in Tajikistan, Embassy of Switzerland in Tajikistan, Goethe-Institut ва German Academic Exchange Service ташкил гардида, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва таълими забони олмонӣ мусоидат намуд.
Дар доираи Анҷуман бо иштироки мутахассисону лекторони хориҷӣ семинарҳои омӯзишӣ ва машғулиятҳои амалӣ баргузор шуда, дар доираи он омӯзгорон бо методҳои муосир ва интерактивии таълими забони олмонӣ, роҳҳои ташкили дарсҳои коммуникативӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим шинос шуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни Анҷуман имконият пайдо намуданд, ки бо ҳамтоёни худ ва мутахассисони байналмилалӣ мубодилаи таҷриба намуда, масъалаҳои муҳимми рушди омӯзиши забони олмонӣ ва такмили методикаи таълимро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба омӯзгорон китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар маводи муосири таълимӣ дастрас карда шуданд, ки барои ғанӣ гардонидани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати дарсҳо мусоидат хоҳанд кард.
Иштироки омӯзгорони Донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои такмили маҳорати касбӣ, густариши робитаҳои байналмилалии илмӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадам дар низоми таълим аҳаммияти муҳим дошта, дар оянда ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази иттилоот

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 26/05/2026

Гузориши тасвирӣ аз иштироку намоиши ҳунарҳои дастии устодону донишҷӯёни факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар Фестивали об дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (ш.Душанбе, 26.05.2026)

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 26/05/2026

Тасвиргузориш аз ҷараёни ҳузури устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар Фестивали футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Photos from Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров's post 26/05/2026

САФИ ДОКТОРОНИ ИЛМ МЕАФЗОЯД

Дар Шурои якдафъинаи диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи рисолаи доктории дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҷабзода Саодат баргузор гардид.
Рисолаи илмӣ дар мавзуи «Системаи методии ташаккули маданияти педагогии донишҷӯёни ихтисоси математика тавассути муносибати босалоҳият» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10 – Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ) (5.3.10.1 – Назария ва технологияи таълими математика) пешниҳод гардид.
Мушовири илмии рисола доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сатторов Абдурасул мебошад.
Ҳимоя дар доираи татбиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» барои солҳои 2026–2030 баргузор гардида, ба рушди иқтидори илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ дифои сарбаландонаи рисолаи докториро табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ, корҳои эҷодиву таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони варзида барору комёбиҳои пайваста таманно менамояд.

Маркази иттилоот

Want your business to be the top-listed Government Service in Khujand?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


Мавлонбеков 1
Khujand
735700