22/10/2019
Мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар шаҳри Сиани Хитой
Дар доираи сафари кории худ ба музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Сиан – маркази маъмурии ин музофот бо зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ дидору мулоқот анҷом дод.
Раиси вилоят аз аҳволи донишҷӯёни мактабҳои олии Сиан, шароити зисту таҳсили онҳо пурсон шуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло ва интизоми намунавӣ ҳидоят намуд.
- Ватан аз шумо – мутахассисони баландихтисоси оянда умеди зиёд дорад, - зикр кард Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоташ бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ. – Дар баробари таҳсили хуб, бояд тавре кору рафтор намоед, ки обрую нуфузи Тоҷикистони азиз боз ҳам боло равад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитро барои таҳсилу касбомӯзии ҷавонони кишвар, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат, фароҳам овардааст. Аз ин ғамхориҳои давлат пурсамар истифода баред. Мо ҳамеша омодаи дастгирии шумо ҳастем. Муҳим ин аст, ки илму дониш андӯзед ва мутахассиси касбӣ шуда ба Ватан баргардед.
Донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Сиан таҳсил мекунанд, бо рӯҳбаландӣ аз вохӯриашон бо раиси вилояти Хатлон итминон доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ба халқу Ватан содиқона хизмат хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки Сиан маркази маъмурии музофоти Шэнсӣ буда, бо таърихи беш аз сеҳазорсолаи худ пойтахти фарҳангии Хитой низ маҳсуб мегардад. Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон созишномаи бародарвилоятӣ доранд. Ҷавонони тоҷик асосан дар риштаҳои нафту газ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар ихтисосҳои дақиқи мактабҳои олии музофоти Шэнсӣ таҳсил мекунанд.
Сафари кории раиси вилояти Хатлон ва ҳайати ҳамроҳонаш ба музофоти Шэнсии Хитой идома дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
04/07/2018
Баргузории Фестивали "Мархабо ба "Сугди Бостони"
07/06/2018
Якум, шинохти моҳият ва фазилати моҳи шарифи рамазон, аз олудаҳои хурофотӣ эмин доштани онҳо, дарки моҳияти рӯзадорӣ, хайру эҳсонкорӣ, риояи фарҳанги сариштакорӣ;
Дуюм, таҳкими мавқеи ниҳодҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шахсиятҳои баркамолу худшинос ва ба ҳамин васила, мусоидат намудан ба таҳкими худшиносӣ ва камолоти маънавии миллат, дарки муқаддасии истиқлолият ва ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои замони муосир;
Сеюм, муқовимат бар зидди ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва терроризм, сиёсӣ гардонидани ислом, ҳифзи ҷавҳари дини мубини ислом ҳамчун дини инсонгароёна, пешгирии амалҳои зиддиҷамъиятии ба дин робитадошта ва истифодаи дин барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсӣ. Чуноне ки омӯзишҳо нишон медиҳанд, дар замони бархӯрди тамаддунҳо тамаддунҳои пурқувват тамаддунҳои хурдро фурӯ мебаранд. Вале тамаддуни исломӣ имрӯз тамаддуне нест, ки онро ба осонӣ фурӯ бурда шавад. Бинобар ҳамин ҳам яке аз усулҳои стратегии заифгардонии он таъсиси даҳҳо ва садҳо гурӯҳу равияҳои тундгаро ва ифротӣ мебошад, ки аз диди иқтидори демографию иқтисодӣ ва зеҳнӣ ҷаҳони исломро заиф мегардонанд. Ин стратегия стратегияи хавфнок буда, воқеияти сиёсии ҷаҳони имрӯза онро собит намуда истодааст. Бинобар ҳамин зарур аст, ки дарки ин хатар аз ҷониби ҳар як узви ин тамаддун эҳсос карда шавад.
МАХФИРАТ ХИДИРЗОДА: МУҚОВИМАТИ УСТУВОР БА ТАҲДИДҲО – ОМИЛИ ТАҲКИМИ АМНИЯТ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсат ҳамчун соҳаи ҳаёти ҷомеа ва воситаи ба амал баровардани манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ ва самти фаъолият дар ҳар як давру...
04/06/2018
Тавре ки ҳар яки шумо хуб медонед, солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.
https://goo.gl/1GPrn9