Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Contact information, map and directions, contact form, opening hours, services, ratings, photos, videos and announcements from Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Political Party, Panjakent.
Саҳифаи расмии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент
Шумораи аъзоён дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 18590 нафар.
30/05/2026
30/05/2026
ПАНҶАКЕНТ: 30.05.2026
МО ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ!
Баҳри дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани идҳои миллӣ, имрӯз бо ибтикори ТИҲ "Маърифат" ( Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент) бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд.
Дар рафти шанбегӣ, кӯчаҳои шаҳр ва атрофи бинои муассиса аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд.
Тоза кардани атрофи кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо ва майдонҳои сабз дар арафаи идҳо, ки яке аз идҳои муҳими миллӣ мебошад, хеле муҳим аст.
Шанбегӣ на танҳо бо мақсади нигоҳ доштани тозагӣ ва ободонӣ, балки барои таъмини муҳити солим ва қулай барои ҳама шаҳрвандон, махсусан барои афроди дорои маъзияти биноӣ, ки бояд дар шароити беҳтарин зиндагӣ кунанд, анҷом дода мешавад.
Ҳадафи баргузории шанбегӣ ин тоза кардани муҳити зисти худ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии мебошад.
30/05/2026
ПАНҶАКЕНТ: 30.05.2026
МО ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ!
Баҳри дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани идҳои миллӣ, имрӯз бо ибтикори ТИҲ "Ворисони Сино" ( Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент) бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуд.
Дар рафти шанбегӣ, кӯчаҳои шаҳр ва атрофи бинои муассиса аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд.
Тоза кардани атрофи кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо ва майдонҳои сабз дар арафаи идҳо, ки яке аз идҳои муҳими миллӣ мебошад, хеле муҳим аст.
Шанбегӣ на танҳо бо мақсади нигоҳ доштани тозагӣ ва ободонӣ, балки барои таъмини муҳити солим ва қулай барои ҳама шаҳрвандон, махсусан барои афроди дорои маъзияти биноӣ, ки бояд дар шароити беҳтарин зиндагӣ кунанд, анҷом дода мешавад.
Ҳадафи баргузории шанбегӣ ин тоза кардани муҳити зисти худ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии мебошад.
30/05/2026
30/05/2026
ПАНҶАКЕНТ: 30.05.2026
САҲМИ КОРМАНДОНИ ОСОРХОНА ДАР КОРҲОИ ОБДОНӢ: ШАНБЕГИИ НАВБАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 30.05.2026, дар ТИҲ "Осорхона" муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент» шанбегии навбатии дастаҷамъонаи кормандон баргузор гардид.
Ҷараёни шанбегии имрӯза ба чанд санаи муҳими давлативу байналмиллалӣ ва созанда бахшида шуд. Иҷрои дастурҳо дар доираи соли 2026 - «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст ва ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аҳли коллективи осорхона, махсусан ҷавонони фаъоли муассиса, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятнокӣ ба ободонии боргоҳи маърифат оғоз намуданд. Дар рафти шанбегӣ ҳудуди атрофи осорхона, гулгаштҳо ва ҷӯйборҳо тоза карда шуда, бехи дарахтони сояафкану ороишӣ нарм ва обёрӣ гардиданд.
Осорхонаи мо, ки симои фарҳангӣ ва таърихии шаҳри бостонии Панҷакентро муаррифӣ мекунад, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки бо тарҳу намуди тоза, озода ва ҷолиби худ хотири бинандагонро шод гардонад.
Биёед якдилона ватанамонро обод ва насли хурдсолро шод гардонем!
Дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
30/05/2026
ПАНҶАКЕНТ: 30.05.2026
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 30-май қабули шаҳрвандон дар қабулгоҳи ҷамъиятии КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби Охунов Зиёқул - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент баргузор гардид. Дар ҷараёни қабул шаҳрвандон бо масъалаҳои марбут ба дастрасӣ ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хусусигардонии дороиҳо, расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ, сохтмони маркази савдо, гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Охунов Зиёқул- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент пас аз шунидани муроҷиатҳои шаҳрвандон ба онҳо ваъда карданд,ки дар доираи ваколатҳояшон ба онҳо кӯмаки худро мерасонад.
Дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
30/05/2026
ПАНҶАКЕНТ: 30.05.2026
ШУКУФОИИ ШАҲР - МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН
Шанбегии умумӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бо мақсади тозаву озода намудани муҳити атроф ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, дар Кумитаи иҷроия шанбегии умумӣ баргузор гардид. Ҳизбиёни шаҳр нисбат ба тозагии муҳити атроф бетараф нестанд, дар шанбегӣ иштирок намуда бо ин васила саҳми арзандаи худро дар тозагиву ободонии муҳити атроф саҳм гузоштанд. Боиси зикр аст, ки тозакории дастаҷамъона омили назофату покизагӣ буда, ба вазъи санитарию гигиенӣ ва экологии муҳити зист инчунин ба маърифати экологии сокинон таъсири мусбат мерасонад.
Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Category
Contact the business
Telephone
Website
Address
Panjakent
Opening Hours
| Monday | 08:00 - 17:00 |
| Tuesday | 08:00 - 17:00 |
| Wednesday | 08:00 - 17:00 |
| Thursday | 08:00 - 17:00 |
| Friday | 08:00 - 17:00 |
| Saturday | 08:00 - 17:00 |
