Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Share

Саҳифаи расмии МИМҲД-и шаҳри Панҷакент

Photos from Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент's post 03/06/2026

ҚИТЪАҲОИ ХАРОБШУДАИ КАНАЛИ МАРҒЕДАР БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАНД

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барқарор намудани қитъаҳои ба асари сел харобшудаи канали Марғедар идома дорад.

Тавре аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон иттилоъ доданд,ба асари боронҳои пуршиддат ва омадани сел 7 километри канал бо лою қум пур шуда, дар 42 метр соҳили он шуста, корношоям шудааст.

Барои барқарор кардани оқибати сел дар ин иншооти муҳими обёрӣ,ки тавассути он беш аз 5000 гектар замин обёрӣ карда мешавад, ҳоло ҳар рӯз 12 техникаи махсус ва то 40 нафар ҳашарчиён сафарбар мешаванд.

Ба ин васила то имрӯз дар масофаи 5 километр хати канал аз лойу қум тоза карда, барои барқарор намудани соҳили рахнашуда беш аз 1000 мошини бузургҳаҷм хоку қум ва гил кашонида, селгузарҳои зери хати канал барқарор ва бетонрезӣ карда шуд.

Ҳоло бетонрезии хати рахнашудаи канал дар масофаи 42 метр оғоз шуда, бо анҷоми он рӯзҳои наздик ба он об баста мешавад.

Photos from Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент's post 02/06/2026

МУМФАРШКУНИИ КӮЧАҲОИ ДЕҲАИ МАЗОРИ ШАРИФ

Соли гузашта сокинони деҳаи Мазори шарифи деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр як қитъаи роҳи мошингардро то деҳаи Баҳор мумфарш карда буданд.

Имсол дар арафаи таҷлили 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз роҳи асосӣ то осорхонаи шоир ба масофаи беш аз 1 км мумфарш карда шуд.

Имрӯз мумфаршкунии кӯчаҳои дигари деҳа дар масофаи се километр оғоз шуда, бо мусоид шудани вазъи обу ҳаво корҳо дар ин самт вусъат дода мешавад.

Ба мумфарш кардани кӯчаҳои деҳа техникаи зарурӣ ҷалб шуда, сокинон дар ин кор фаъолона ширкат меварзанд.

01/06/2026

КАРТОШКА - НОНИ ДУЮМ

Photos from Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент's post 01/06/2026

ДАР МУҲОКИМА - РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ ШАҲРСОЗИЮ МЕЪМОРӢ

Ҳолати риояи қонуну қоидаҳои шаҳрсозию меъморӣ дар ниҳодҳои марбутаи мақомоти шаҳрдорӣ ва ширкатҳои бинокорӣ дар ҷаласаи корӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи як Искандар Раҳматзода, идораи шаҳрсозӣ ва меъморӣ, сохторҳои назоратӣ ва роҳбарони ширкатҳои бинокорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни шунидани натиҷаи санҷиши прокурорӣ оид ба ҳолати риояи қонуну қоидаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, пурсиш аз масъулони соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ, ширкатҳои бинокорӣ, аъзоёни комиссияи қабули давлатии иншоот, роҳбарони сохторҳои назоратӣ, идораҳои лоиҳакашӣ таваҷҷӯҳи онҳо ба ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда дар мавриди риоя нашудани нишондоди лоиҳаҳои сохтмони биноҳои баландошёна дар як қатор ширкатҳои бинокорӣ,истифодаи масолеҳи пастсифат, риоя нашудани “хати сурх”, сарфи назар намудан аз бунёди майдончаҳои бозии кӯдакон ва истироҳат,таваққуфгоҳи нақлиёт, нуқтаи партов аз ҷониби баъзе ширкатҳои бинокорӣ ҷалб карда шуд.

Таваҷҷӯҳи масъулони мақомоти шаҳрдорӣ оид ба соҳаи сохтмон, идораҳои лоиҳакашӣ, комиссияи қабули давлатии иншоот, ширкатҳои бинокорӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои марбута ба риояи ҳатмии нақшаи генералии шаҳрсозӣ, талаботи дар лоиҳаи биноҳои баландошёна пешбинишуда, пурзӯр намудани назорати муаллифӣ ва муҳандисӣ ба сифати корҳои бинокорӣ, бақодории сохтмон, такмили хати обу ташноб ва дигар самтҳои шаҳрсозию меъморӣ ҷалб карда шуд.
*
НА РАССМОТРЕНИИ- СОБЛЮДЕНИЕ НОРМ ГРАДОСТРОИТЕЛЬСТВА И АРХИТЕКТУРЫ

Вопрос соблюдения законов и норм градостроительства и архитектуры в соответствующих учреждениях органов городского хозяйства и строительных компаний был рассмотрен на рабочем совещании в исполнительном органе государственной власти города Пенджикент.

В совещании приняли участие первый заместитель председателя города Сабур Собирзода, прокурор города, советник юстиции первого класса Искандар Рахматзода, Управление градостроительства и архитектуры, контрольные структуры, а также руководители строительных компаний.
*
UNDER DISCUSSION- COMPLIANCE WITH URBAN PLANNING AND ARCHITECTURAL STANDARDS

The issue of compliance with laws and regulations on urban planning and architecture in the relevant institutions of the city administration and construction companies was discussed at a working meeting held at the Executive Body of State Power of the city of Panjakent

The meeting was attended by the First Deputy Chairman of the city Sabur Sobirzoda, the Prosecutor of the city, Justice Advisor of the first class Iskandar Rahmatzoda, the Department of Urban Planning and Architecture, supervisory bodies, and heads of construction companies.

Photos from Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент's post 01/06/2026

КӮДАКИ МАН ШОД ЗӢ, ОЗОД ЗӢ!

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Панҷакент

Дар кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки доираи васеъи тарбиягирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр, мураббияҳо ва волидони онҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ботантана таҷлил карда шуд.

Дар оғози ҳамоиш кӯдакон чун анъана дар рӯи асфалт расм кашиданд ва ҳунари тарбиягирандагони кудакистонҳо ба намоиш гузоштанд.

Ба ҳозирин паёми табрикии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода ироа намуд.

Дар он, аз ҷумла, таъкид шудааст, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ғамхорӣ ба кӯдакон, муҳайё намудани шароити мусоиду созгор барои тарбияю таълими онҳо ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст ва маҳз ба ҳамин хотир бо дастури Сарвари давлат барои бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳар маҳали аҳолинишин тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр низ барои ба тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, беҳдошти шароити таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо чораҳо андешида, волидонро барои тарбияи дурусти фарзандонашон, иҷрои муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи фарзанд” вомедорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ тарбиягирандагони кӯдакистонҳо барои ҳамсолонашон ва ҳозирин барномаи ҷолиби рақсу суруд пешкаш намуданд, ки инъикосгари кӯдакии хушбахтона дар паноҳи ғамхории давлат, ҷомеа ва волидон буд.
*
Мой ребёнок, живи счастливо, живи свободно!

В Культурном дворце города Пенджикент имени Олима Бобоева торжественно отметили Международный день защиты детей.

В мероприятии приняли широкое участие воспитанники дошкольных учреждений города, воспитатели, родители, а также представители различных организаций и учреждений.

В начале праздника дети, по традиции, рисовали на асфальте, а детские сады продемонстрировали таланты и творческие выступления своих воспитанников.

Заместитель председателя города Мурод Шукурзода зачитал присутствующим поздравительное послание председателя города Абдухолика Холиқзода по случаю Международного дня защиты детей.

В завершение мероприятия воспитанники детских садов представили для своих сверстников и гостей яркую концертную программу из песен и танцев, отражающую счастливое детство под заботой государства, общества и родителей.
*
My child, live joyfully, live freely!

In the Olim Boboev Cultural Palace of the city of Panjakent, International Children's Day was solemnly celebrated with the broad participation of preschool children of the city, their educators, parents, as well as representatives of organizations and institutions.

At the beginning of the event, children, following tradition, drew pictures on the asphalt, and kindergartens showcased the talents of their pupils.The Deputy Chairman of the city, Murad Shukurzoda, delivered the congratulatory message of the Chairman of the city, Abdukholiq Kholiqzoda, on the occasion of International Children's Day to all those present.

At the end of the event, preschool children presented an exciting program of songs and dances for their peers and guests, reflecting a happy childhood under the care and protection of the state, society, and parents.

01/06/2026

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН
Ҳамватанони арҷманд!
Волидайни муҳтарам!
Кӯдакону дӯстрӯякони азиз!
Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям.
Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст.
Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд.
Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад.
Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям.
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!

01/06/2026

ПАЁМИ
табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Ҳамдиёрони арҷманд!
Кӯдакони хуштолеъи даврони истиқлол!

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро, ки ҳамасола рӯзи якуми июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, ба ҳамаи кӯдакону наврасон, волидони онҳо муборакбод гуфта, барои шумо даврони саодатбори наврасӣ, оромию осудагӣ ва хандаи ҷовидонаи беғаши тифлиро орзу дорам.

Ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи кўдакон ва наврасон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлатдории навини тоҷикон қарор дорад ва онҳо сарвати асосии халқу миллат ва бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар дониста шудаанд.

Боиси таъкид аст, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат барои амалишавии орзуву ормонҳои кӯдакон, ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо, хоса бачагони ятиму бепарастор, дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.

Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои муовини якуми раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кӯдакони бесаробон, ғолибони озмуну олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ихтироъкорони ҷавон ба ғамхории доимӣ фаро гирифта, дастгирӣ карда мешаванд.

Бунёду таъмир ва тармими муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо синфхонахои иловагӣ низ ба хотири ба таълиму тарбияи созгор бештар фаро гирифтани кӯдакону наврасон аст ва дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар ҳар маҳали аҳолинишин бунёд намудани муассисаи томактабӣ ҳоло корҳо идома доранд.

Ин ҳама ғамхориҳо барои таъмини фардои ободу босаодати кӯдакон ҳамчун хазина ва заминаи гаронбаҳои фардои ҷомеа мебошанд.

Боварӣ дорам, ки дар оянда кӯдакони мо ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг ва ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расида, аз мактаби бузурги давлатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ мегиранд, миллат, забон, Ватани худро дӯст медоранд ва ба он шоиста хидмат мекунанд

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар кӯдакони хушбахти даврони истиқлолро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният гуфта, таманно дорам, ки онҳо чун номбардори ҳақиқии миллат ва Ватан ба камол мерасанд!

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!

Want your business to be the top-listed Government Service in Panjakent?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


хиёбони Рудакӣ 122
Panjakent