23/05/2026
Деҳоти Ёрӣ/Dehoti Yori
Саҳифаи расмии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, шаҳри Панҷакент
23/05/2026
23/05/2026
ТАБРИКОТИ РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЁРӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОН
Бо камоли эҳтиром ҳамаи ҷавонони кишвар, аз ҷумла ҷавонони деҳоти Ёриро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас обрӯ ва нуфузи Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Комёбиҳои ҷавонон дар илму маориф, фарҳангу варзиш, технологияву иноватсия ва соҳибкорӣ далели равшани неруи бузурги зеҳнӣ ва эҷодии насли нав мебошад.
Дар шароити ҷаҳони муосир аз ҷавонон сатҳи баланди маърифат, ҳисси худшиносии миллӣ, садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ тақозо мегардад.
Ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳиму муқаддаси ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар ин рӯзи фархунда ба тамоми ҷавонони Тоҷикистон бахту иқболи баланд, иродаи қавӣ ва муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!
22/05/2026
Вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Ëрӣ Деҳоти Ёрӣ/Dehoti Yori
22 майи соли 2026 дар толори Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ёрӣ вохӯрии муовинони раиси шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, Хушвақтзода Эркин, прокурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳматзода Искандар ва муовини сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент подполковники милитсия Боқизода Фарҳод бо сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла саҳмдорони кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид.
Нахуст муовини раиси шаҳр Хушвақзода Эркин масъалаҳои мансуб ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла вазъи кишту кор ва иҷрои нақшаи картошкаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Прокурори шаҳр Раҳматзода Искандар вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, пешгирии зуроварӣ дар оила, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак" ва дигар масъалаҳои ташвишовари ҷамоат суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо вусъат додани тадбирҳои созандагиву ободонӣ мунтазам рушд намуда, бо кушишу талошҳои пайвастаи сарвари давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу зиндагии сокинони кишвар ва шароити таълиму тарбия беҳтар гардидааст. Бо вуҷуди ин риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан содиршавии ҷиноят аз тарафи сокинон, бемасъулиятӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ва ҳолатҳои дигари қонунвайронкунӣ мавҷуд мебошад.
Инчунин, қайд карда шуд, ки дар бисёр ҳолатҳо уҳдадории падару модар вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак" риоя нагардида, боиси татбиқи ҷавобгарии маъмурӣ мегардад.
Ҳамзамон, прокурори шаҳр Раҳматзода Искандар аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ва ғайримақсаднок истифода шудани қитъаи замин аз тарафи заминистифодабарандагон изҳори нигаронӣ намуда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои нақшаҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноки заминҳои захираи давлатӣ ба масъулини соҳаи кишоварзӣ, кооперативҳои тиҷоратии "Хуросон", "Ёрӣ" ва дигар саҳмдорони хоҷагиҳои инфиродӣ вазифагузорӣ намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Шукурзода Мурод вобаста ба дастовардҳои 35-соли Истиқлолият, арзиши сулҳу суботи кишвар ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён намуда, аз ҳозирин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи меъёру анъанаҳои миллӣ, даст кишидан аз фарҳанги бегона ва ҷалб намудани диққати ҷиддӣ нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, даъват ба амал овард.
Дар анҷом раиси ҷамоат Абдушаҳидов Абурайҳон барои роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи хоса дар рушди Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ба намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҳифзи ҳуқуқ изҳори сипос баён намуд.
20/05/2026
МАҶЛИСИ ҶАМОАТ БО ФАЪОЛОН
Дар маҷлиси назоратӣ дастуру супоришҳои раиси шаҳри Панҷакент вобаста ба вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои нақшаи кишт, бақайдгирии ҳоҷагиҳои деҳқонӣ дар Раёсати омор ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини дахлдор дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
19/05/2026
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЁРӢ
15/05/2026
ЭЪЛОН: ҲАМА БА ҲАШАРИ ТОЗАКОРИЮ ОБОДОНӢ
Бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пагоҳ- рӯзи 16 май, дар саросари шаҳру деҳот бо ҷалби кормандони воҳидҳои сохторӣ, ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо новобаста ба шакли моликияташон шанбегӣ баргузор мешавад.
Аз ҳамаи роҳбарони корхонаю муассисаҳо даъват карда мешавад, ки ҷомеаҳои меҳнатиро ба ҳашари тозакорию ободонӣ сафарбар намуда, дар тоза кардани ҳудуди муассиса, кӯчаю хиёбон, роҳҳои пиёдагард, ҷӯйбори канори роҳҳо, соҳили рӯдҳо,гулшинонию сабзкорӣ, бардоштани партовҳо ва дигар корҳои ободонӣ саҳм гузоранд.
Аз корҳои иҷрошуда дар рӯзи шанбегӣ то соати 15 бо телефони 5-22-44,5-72-25 ва ба таври хаттӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр гузориш ирсол намоянд.
09/05/2026
Чорабинии идона ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба Деҳоти Ёрӣ/Dehoti Yori
08/05/2026
Темиров Бунёдҷон пас аз ду соли ихтиёран сафарбар шудан ба хизмати Ватан сабаландона ба деҳаи худ баргашт.
Дар маросими пешвози сарбоз намояндагони Ҷамоати деҳоти Ёрӣ барои шуҷоату далерӣ ба сарбоз ва ба падару модари ӯ барои тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ арзи сипос баён намуданд.
Click here to claim your Sponsored Listing.
Location
Category
Website
Address
Panjakent
