Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Share

Саҳифаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

30/05/2026

🇹🇯 ЭЪЛОН! - КӮДАКОН ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТАНД!

Ба таваҷҷуҳи кулли сокинон ва меҳмонони ноҳияи Ҷаббор Расулов расонида мешавад, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон санаи 1 июн, соати 08:00 дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи "Абдуғафур Саматов" чорабинии бошукуҳи идона баргузор мегардад.

Дар доираи барномаи фарҳангӣ барои кӯдакон барномаҳои рангини консертӣ, суруду рақс, бозиҳои шавқовар, озмунҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ташкил карда мешаванд.

Аз сокинону меҳмонон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳамроҳи фарзандони худ дар ин чорабинии идона иштирок намуда, ба кӯдакон лаҳзаҳои хушу фаромӯшнопазир ҳадя намоянд.

МАРҲАБО БА ТАНТАНАИ ИДОНА!!!

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 28/05/2026

БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВИИ ХУСУСӢ ВОҚЕЪ ДАР ДЕҲАИ ҚӮРҒОНЧАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАЁТИ НАВ

28.05.2026

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 28/05/2026

ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН! - ТАҶЛИЛИ 32 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Санаи 28 майи соли 2026 ба ифтихори 32 - солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба деҳаи Қӯрғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи ватанро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуданд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек зимни ироаи баромади хеш зикр доштанд, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон менамоем, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст.

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.

Ҳанӯз дар оғози истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гуруҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Хушбахтона имрӯз тавоноӣ ва қудрати давлатдории мо имкон медиҳад, ки сарҳад аз ҷумла амнияти шаҳрвандонро бо сарбаландӣ дифоъ намоем.

Роҳбарияти давлату Ҳукумат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият бахшида истодааст.

Таъкид шуд, ки ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон бояд барои тамоми афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад - иброз намуданд Раиси ноҳия.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони шуҷоъву далер бо истифода аз шароити фароҳамгардида манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон, сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 28/05/2026

🇹🇯🇰🇬РАВОБИТИ ДӮСТОНАИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ПОЯНДА БОД!

Қирғизистон яке аз давлатҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон буда, бо ҷумҳурии мо равобити деринаи таърихӣ дорад.

Ёдовар мегардем, ки санаи 13 марти соли 2025 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифта буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гарму самимӣ истиқбол гирифт. Дар ҷараёни сафар гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардиданд ва аз рӯйи натиҷаҳои он 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Хушбахтона, дар оғози фасли зебои баҳорин ин сана дар таърихи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон саҳифаи наверо бо умеди ҷовидон будани пайванди дӯстӣ боз кард ва дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот медонад. Аз тарафи дигар, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардидааст.

Дар баробари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қолаби бисёрҷониба низ инкишоф меёбанд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар даврони соҳибистиқлолӣ саъю кӯшишро бар он равона месозанд, ки робитаҳои мутақобилан судманди онҳо дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ рушди бештар намуда, фазои боэътимод байни мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст ҳамеша пойдор бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судмандро бо кишварҳои хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як давлати фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи васеъ пайдо кардаанд ва асосан ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор нигаронида шудаанд. Ин ташаббусҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, барои ҳалли мушкилоти глобалӣ саҳми муҳим гузоштаанд.

Дар ин замина, санаи 21 майи соли 2026 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, инчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лайлак муовини Раиси ноҳия Муталибзода Зумрад бахшида ба "Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" дар ноҳия як гуруҳ фаъолони ноҳияи Лайлакро пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон аз рафти фаъолияти кӯдакистони №6-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов , инчунин аз дастовардҳои муассисаи мазкур дидан намуданд.

Барои мо, халқи Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки баъзе нофаҳмиҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки як баҳси деринаи марзӣ буд ва давра ба давра ба даргириҳои мусаллаҳона табдил меёфт, бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат ва ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври куллӣ ҳалли худро ёфт.

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 28/05/2026

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ ИЛОВАГИИ КӮДАКИСТОНИ РАҚАМИ 9 ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 28/05/2026

АЁДАТИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ, БЕМОРОНУ МАЪЮБОН БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ҚУРБОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 28/05/2026

ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШИИ ЗАМОНАВӢ БА НОМИ "СУЛТОН" ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

Дар пайравӣ ба иқдомҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои шоистаи рушди варзиш миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалӣ гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳаи Ӯзбекқишлоқи Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек толори варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Толори варзишӣ барои тамрин аз намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, чудо ва самбо пешбинӣ карда шуда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Темирова Сайёра ба маблағи умумӣ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дарозии толори варзишӣ 18 метр, паҳноияш 12 метр буда, масоҳати умумии он ба 216 метри мураббаъ баробар аст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, ҷавонон ва варзишгарони деҳаи мазкур имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани иншооти варзишӣ Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба соҳибкори ватандӯст Темирова Сайёра ва ташкилкунандагони ин ташаббуси созанда миннатдории худро баён намуда, зикр намуданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат ин соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад ва вобаста ба ин иншооти варзишии мазкур барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ гардида, тақвият бахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад.

Дар фарҷом бо чанде аз варзишгарони варзидаи деҳаи мазкур суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуданд.

28/05/2026

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ 32 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сарҳадбонони гиромӣ!
Рафиқону афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Бо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст, ҳар кадоми Шуморо ба ифтихори 32 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.

Ҳанӯз дар оғози истиқлоли давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем. Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гуруҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун нерӯи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.

Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:

«Афсарону сарбозони шуҷои кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарон низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Бори дигар ҳамаи Шумо - марзбонони далеру шуҷои кишвар ва муҳофизони марзу бум ва хоки муқаддаси Ватани азизамонро ба ифтихори 32 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафатон – ҳимояи марзҳои давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ва амнияти сокинони ноҳия барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед, ҳомиёни содиқи Ватан!

Бо эҳтироми самимӣ
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов
Юлдошзода Олимбек

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 27/05/2026

ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Қурбон таъкид намудаанд, ки “Ин иди муқаддас, пеш аз ҳама, эҳтиром ва шинохти қадру манзалати ҳамдигар, бахусус, падару модар, дигар калонсолон, шукронаи зиндагии орому осуда, хайру саховат, тарғиби ростиву растагорӣ ва сафои ботини шахси мусулмон мебошад”.

Санаи 27 майи соли 2026 ба шарофати соҳибистиқлоливу суботи миллӣ ва таъмини фазои озодӣ дар кишвар сокинони шарафёри ноҳияи Ҷаббор Расулов чун кулли дигар мусалмонони мамлакат имрӯз намози иди Қурбонро хонданд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба масҷиди ҷомеаи ба номи Абдуғафур - Ота воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташриф оварда, намозгузоронро ба муносибати ин иди фархунда табрик намуданд.

Раиси ноҳия зимни табрикоти худ иброз намуданд, ки иди Қурбон яке аз суннатҳои волою арзишманди мусалмонон буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни мақом ва ҷойгоҳи ин Иди саид таъкид намудаанд, ки "Моҳияти иди Қурбон яке аз суннатҳои эътиқодии мардуми мо аз хайру саховат, дӯстиву муҳаббат ва дастгирии байниҳамдигарии инсонҳо ҳамчун омили саодати зиндагии ҷомеа иборат мебошад".

Қайд гардид, ки дар такя бар гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, муоширати хуб бо аҳли хонадон, муҳаббату самимият ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотеҳа дар ҳаққи гузаштагонро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, хусусан дар айёми ид бояд эҳтиром ва риоя намоем.

Ҳамзамон роҷеъ ба анҷоми амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарбияи шоёни насли ҷавон, роҳ надодан ба зиёдаравиву исрофкорӣ, ҳифзи сулҳу субот ва фирефта нагардидан ба дасисаву доми гуруҳҳои тундрав даъват ба амал оварда шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осударо таманно намуданд.

Photos from Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов's post 26/05/2026

ҶАВОНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА ВА НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ! - РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

21.05.2026

Want your business to be the top-listed Government Service in Proletarsk?

Click here to claim your Sponsored Listing.

Location

Telephone

Address


кӯчаи И. Нурматов №5
Proletarsk
735820

Opening Hours

Monday 08:00 - 17:00
Tuesday 08:00 - 17:00
Wednesday 08:00 - 17:00
Thursday 08:00 - 17:00
Friday 08:00 - 17:00
Saturday 08:00 - 12:00