28/10/2026
Баргузории бозиҳои дӯстона байни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Қатар дар Давҳа
Рӯзҳои 24 ва 27 октябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа, дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17-сола ду бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Дар бозии аввал, ки 24 октябр доир шуд, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 бар дастаи Қатар пирӯз гардид. Бозии дуюми дӯстона 27 октябр баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Бозиҳои мазкур аз марҳилаҳои муҳими омодагиҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2026 мебошанд.
_____
Проведение товарищеских матчей между юношескими сборными Таджикистана и Катара в Дохе
24 и 27 октября 2026 года в городе Дохе в рамках подготовки к чемпионату мира по футболу среди юношей до 17 лет состоялись два товарищеских матча между юношескими сборными Таджикистана и Государства Катар.
В первом матче, состоявшемся 24 октября, юношеская сборная Таджикистана одержала победу над командой Катара со счётом 1:0. Вторая товарищеская встреча, прошедшая 27 октября, завершилась нулевой ничьей — 0:0.
Данные матчи стали важными этапами подготовки юношеской сборной Таджикистана к чемпионату мира по футболу 2026 года.
_____
Friendly Matches Between the U-17 National Football Teams of Tajikistan and Qatar Held in Doha
On 24 and 27 October 2026, two friendly matches between the U-17 national football teams of Tajikistan and the State of Qatar were held in Doha as part of their preparations for the FIFA U-17 World Cup.
In the first match, held on 24 October, Tajikistan's U-17 national team secured a 1–0 victory over Qatar. The second friendly match, played on 27 October, ended in a goalless draw (0–0).
These matches marked important stages in the Tajikistan U-17 national team's preparations for the FIFA U-17 World Cup 2026.